Рухшона ШОДМОНОВА,
омӯзгори МТМУ №26-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд

Дарс дар синфҳои ибтидоӣ барои хонанда раванди мураккаби фаъолияти зеҳнӣ, эҳсосӣ ва ҷисмонӣ ҳисоб меёбад. Бинобар ин, дар нимаи дарс бисёре аз хонандагон тамаркузро аз даст дода, хотирпарешон мешаванд, бархе суръати иҷрои супоришҳоро суст мекунанд, баъзеҳо бошад, баръакс, фаъол мегарданд. Ин гуна ҳолатҳо на нишонаи бенизомӣ, балки вокуниши табиии кӯдак ба кори пуршиддат мебошад. Аммо агар омӯзгор ин омилро ба назар нагирад, хастагӣ тадриҷан ба мушкили ҷиддии равонӣ ва педагогӣ мубаддал мешавад.

Хусусиятҳои психофизиологии кӯдакони синни хурди мактабӣ тавре шакл гирифтаанд, ки диққати ихтиёрии онҳо муддати маҳдудро дар бар мегирад. Ба ҳисоби миёна, кӯдаки 6–10-сола метавонад аз 7 то 10 дақиқа хоҳишу иродаи фаъоли худро дар иҷрои супориш нигоҳ дорад. Пас аз он пастравии қобилияти корӣ ба назар мерасад. Дар кӯдакон изтироб, асабоният ва камшавии шавқу ҳавас ба донишандӯзӣ пайдо мешавад.

Аз ин рӯ, пешгирии хастагӣ ҷузъи муҳимми салоҳияти касбии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба шумор меравад. Сухан дар бораи таваққуф (ист)-ҳои кӯтоҳи банақшагирифта меравад, ки ба таври дуруст таваҷҷуҳро иваз намуда, захираҳои дигари бунияро фаъол мегардонанд. Танаффуси кӯтоҳи 1-2-дақиқаӣ метавонад тамаркузро барқарор кунад, гардиши хунро беҳтар намояд, шиддати мушакҳоро паст созад ва хонандагонро дар фаъолияти таълимӣ бо неруи тоза таъмин намояд.

«Тамрини зеҳнӣ» метавонад яке аз усулҳои самаранок бошад, зеро дар он ҳаракат бо фаъолияти фикрӣ якҷо карда мешавад. Масалан, дар дарси забони тоҷикӣ омӯзгор метавонад пешниҳод намояд, ки хонандагон ҳангоми шунидани исм каф зананд, ҳангоми шунидани феъл дастҳоро боло бардоранд ё ҳангоми шунидани сифат гардиши сабук анҷом диҳанд. Дар дарси математика метавон чунин шарт гузошт: агар адад ҷуфт бошад – нишинанд, агар тоқ бошад – андаке биҷаҳанд. Ин гуна машқҳо на танҳо шиддати ҷисмониро коҳиш медиҳанд, балки фаъолияти зеҳниро низ нигоҳ медоранд. Хонанда муҳити омӯзишро тарк намекунад, аммо шакли фаъолиятро иваз мекунад.

Хусусан, дар дарсҳои математика, ки аксаран бо ҳисобҳои якрангу гоҳе хастакунада алоқаманданд, эҳсоси хастагӣ зудтар падид меояд. Дар чунин ҳолат гузаронидани «эстафетаи математикии диққат» хеле муфид аст. Омӯзгор бо суръати пурҷунбуҷӯш ва шавқовар пай дар пай супоришҳои шифоҳӣ медиҳад: «Ба адади панҷ серо илова кунед. Аз натиҷа дуро тарҳ кунед. Ҳосилро ба ду зарб намоед». Пас аз анҷоми ҳисоб метавон аз унсури вокуниш кор гирифт: агар натиҷа ҷуфт бошад – хонандагон даст бардоранд, агар тоқ бошад – бархезанд. Чунин фаъолияти динамикӣ фазои синфро фаъол месозад, ҳатто, хонандагони камфаъолро ҷалб мекунад ва ҳисси якнавохтиро аз байн мебарад. Кӯдакон онро ҳамчун бозӣ қабул мекунанд, вале ҳамзамон, малакаҳои ҳисоб ва таваҷҷуҳро дар худ такмил медиҳанд.

Бозии «лаҳзаи тағйири мавқеъ» низ барои рафъи хастагӣ самарабахш мебошад. Нишастани тулонӣ миён, пушт ва гарданро зери фишор қарор медиҳад ва эҳсоси хастагиро зиёд мекунад. Ҳаракатҳои сода, монанди қоматро рост кардан, хам шудан, бо китфҳо ҳаракати даврӣ анҷом додан, ҳамагӣ як дақиқа вақт мегиранд, вале ба беҳбудии ҳолати ҷисмонӣ таъсири назаррас мерасонанд. Пас аз чунин танаффус хонандагон оромтар, мутамарказтар ва дубора ба идома додани кор моил мегарданд.

Бояд таъкид кард, ки самаранокии чунин машқҳо аз маҳорати педагогӣ вобаста аст. Омӯзгор бояд лаҳзаеро ҳис кунад, ки диққати синф суст мешавад ва тақрибан ҳар 10–15 дақиқа ивазшавии фаъолиятро ба нақша гирад. Илова бар ин, лаҳни некбинона, дастгирии пайваста, тағйири суръати шарҳ ва истифодаи аёният метавонад хастагиро дар хонандагон пешгирӣ намоянд.

Ғамхорӣ нисбат ба қобилияти кории хонандаи синфҳои ибтидоӣ заминаи асосии таҳсилоти босифат ва рушди шахсият мебошад.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *