Сулаймони ҲАКИМЗОД,
ассистенти кафедраи фанҳои табиии
коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,
Марҳабо ҲАКИМОВА,
омӯзгори мактаби №11-и шаҳри Ваҳдат

Табиате, ки моро иҳота кардааст, хеле мураккаб буда, қонуниятҳои худро дорад. Дар зери қонуниятҳо зуҳуроти гуногуни табиӣ ба вуҷуд меояд, ки он метавонад дар ҳар қабати сайёраи Замин рух диҳад.

Яке аз ин гуна зуҳурот офатҳои табиӣ мебошад. Ба офатҳои табиӣ, пеш аз ҳама, бод, борон, жола, барф, зилзила, вулқон, гармсел, обхезӣ, шусташавии хок (эрозияи хок) ва ғайра, дохил мешаванд. Ин ҳама ҳодисаҳои табиӣ вобаста ба фаслҳои сол ба амал меоянд. Офатҳои табиӣ ба олами наботот, ҳайвонот ва ҳаёти инсонӣ зарари калон мерасонанд. Инчунин, ба бешазорҳо, майдонҳои кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва ғайра, зарар расонида, ҳатто, ҳаёти одамонро низ зери хавф мегузоранд.

Мувофиқи маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз ҳама осебпазири минтақа ба тағйирёбии иқлим мебошад. Ҳамасола дар кишвар офатҳои табиӣ, ба мисли тарма, заминларза, сел ва ярч рух медиҳанд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар давраи аз солҳои 1997-2023 ҳамасола зиёда аз 150 офати табиӣ рух додааст.

Инсон аз он даме, ки ба ҳаёти бошуур шуруъ намуд, пешгирии офатҳои табииро дар назди худ вазифа гузошт. Дар натиҷаи тараққиёти илму техника ва ба даст овардани комёбиҳои бузург, инсон роҳҳои гуногуни истифодабарии офатҳои табиӣ, масалан, бодро ба фоидаи худ ҳал намудааст. Аз сабаби он ки фишори ҳаво дар маҳаллаҳои хурдтарин ҳам якхела нест, пас ҳамеша ҳаво аз ҷойи фишори баланд ба ҷойи фишори паст ҳаракат мекунад. Ин гуна ҳаракати горизонталии ҳаворо «бод» меноманд. Бодҳо, асосан, дар натиҷаи нобаробар гармшавии сатҳи замин, ки сабаби гуногун будани фишор мебошанд, ба амал меоянд. Фарқи фишор чи қадар баланд бошад, суръати ҳаракати ҳаво ва қувваи бод ҳамон қадар тез мешавад.

Хелҳои бод гуногун мешаванд. Аз рӯйи пайдоиш, хосиятҳои умумӣ ва моҳият бодҳо ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: насим, мусон, пассадҳо, гирдбод, тундбод ва ғайра. 

Яке аз офатҳои табиие, ки инсон ба фоидаи худ истифода мекунад, ин бод ба ҳисоб меравад, ки он яке аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия буда, таърихи истифодаи он ба соли 200-уми қабл аз мелод мерасад. Вале истифодаи неруи шамол барои истеҳсоли қувваи барқ аз охирҳои асри ХIХ оғоз мегардад, зеро нахустин неругоҳи барқии шамолӣ соли 1890 дар кишвари Дания бунёд гардида, аллакай дар соли 1908 шумораи онҳо дар ин кишвар ба 72 адад расид, ки иқтидорашон аз 5 то ба 25 кВт мерасид. Намунаи аввалин неругоҳи барқии шамолии муосир бо меҳвари амудӣ бошад, соли 1931 дар шаҳри Ялта (собиқ СССР) сохта шуд, ки тавоноияш 100 кВт буд.

Жола як навъи боришоти атмосфериест, ки дар бисёр ҳолат офати табиӣ ҳисоб мешавад. Жола, аслан аз қатраҳои бороне ба вуҷуд меояд, ки аз таъсири ҳавои сард ба ях мубаддал мегарданд. Андозаи донаҳои жола аз 5 то 55 мм мешавад. Жола одатан дар нимаи дуюми баҳор ва аввали тобистон ҳангоми раъду барқ ва аз 200С зиёд будани ҳарорати ҳавои сатҳи замин ва беш аз 10 м/сон ба амал меояд. Суръати ҳавои болобароянда бо сел ва борон якҷоя мебарояд. Жола ба хоҷагии қишлоқ зарари калон мерасонад, киштзору, токзор, гулу меваю дарахтон ва ҳатто, чорвою парандаҳоро нобуд мекунад. Зарари жола, махсусан, ба ниҳолҳои наврустаи пахта зиёд аст. Барои пешгирӣ кардани жола бо ёрии тири тӯп (снарядҳо) дар қабати абрҳои жолаовар моддаҳои махсус (одатан, дуди нодири нуқра, гази карбонат ва ғайра) паҳн мекунанд. Дар натиҷа донаҳои жола калон шуда, поён мефароянд ва ҳангоми дохилшавӣ ба қабати ҳавои гарми назди замин ба борон табдил меёбанд, ки ин амал ба манфиати деҳқонон ва чӯпонҳо мебошад.

Борон низ як навъи боришотест, ки аз абр дар шакли чакраҳои об мерезад. Борон аз об шудани зарраҳои барфу ях ё конденсатсияи бухори об ба вуҷуд меояд. Андозаи чакраҳои борон то 7 мм мешавад. Борони андозааш то 0,5 мм -ро борони сис-сим, борони сахти кӯтоҳмуддатро борони сел меноманд. Шиддати борон 0,25 мм/с аст. Борон, асосан, аз абрҳои омехта (бештар аз абрҳои қабатнок ва серқабати боронӣ) мерезад. Чунин абрҳо дар таркибашон чакраҳои сард ва зарраҳои ях дорад. Баробари калону вазнин шудани зарраҳои ях аз абр поён меояд ва баъди ба қабатҳои ҳарораташ мусбат расидан об шуда, ба чакраҳои борон табдил меёбад.

Гармсел (тафбод, боди самум) – боди гарми хушкест, ки дар дашту нимбиёбон ва биёбонҳо вазида, ба наботот, хусусан, ба зироати хоҷагии қишлоқ ва дарахтони мевадор зарари зиёд мерасонад. Аз таъсири гармсел (бухоршавии зиёди намӣ) рустанӣ пажмурда ё тамоман хушк мешавад. Суръати гармсел ҳар қадар зиёд бошад, зарараш ҳамон қадар меафзояд. Дар Осиёи Марказӣ ин навъи бод аз ҳаракати ҳавои тафсони биёбонҳои Қизилқум ва Қароқум гармсел ҳосил мешавад. Суръати гармсел 15-20 м/с буда, ҳарораташ то 400С мерасад. Рутубати нисбии он то 5% паст мефарояд ва дар натиҷа, рустаниҳо зарари калон мебинанд. Бунёд намудани дарахтзор, корам кардани дашту биёбон, рӯякӣ шудгор кардани замин ва ғайра, усулҳои муҳимтарини пешгирии гармсел аст.

Эрозияи хок (обшусташавии хок) аз обу бод вайрон шудани қабати болоии хок аст. Инчунин, эрозияи хок аз бемаврид гузаронидани моли майда ба минтақаҳои чарогоҳ, ки метавонад растаниҳои наврӯидаро поймол намуда, то ба решаи растанӣ таъсири манфӣ расонида, онро хушконад, ки ин гуна минтақаҳо ба обшусташавии хок дар нишебиҳое, ки обҳои борон ё барф ҷорӣ мешаванд, ба амал меоянд. Эрозия сатҳӣ (сатҳи хок нисбатан як хел обшӯйӣ мешавад), равон (оббурдашавии заминро ба осонӣ бартараф кардан мумкин) ва чуқур (хоку ҷинсҳои кӯҳиро селоба мешӯяд) мешавад.

Бодселшавии хок дар ҳар гуна релефи замин, аз ҷумла, дар замини ҳамвор низ рӯй медиҳад. Бодсели доимӣ (шамоли суст зарраҳои хок-ро бо ҳаво бардошта ба ҷойҳои дигар мебарад) ва хокбод мешавад.

Мубориза ба муқобили эрозияи хок яке аз муҳимтарин вазифаҳои давлатист. Барои ҳалли ин масъала тадбирҳо — агротехникӣ, мелиоративӣ, гидротехникӣ андешида мешаванд. Киштукори қитъаҳо, шудгори такрор ва нарм кардани хок ба поён фиристодани оби барфу борон мусоидат намуда, обшусташавии хокро хеле кам мекунад.Дар ноҳияҳое, ки бодхӯрди хок бештар рӯй медиҳанд, сатҳи заминро бо култиваторҳо нарм мекунанд. 

Дар натиҷаи об шудани барфу яхҳо, инчунин, боришоти зиёд обхезӣ мешавад. Обхезӣ бештар ҳангоми дар маҷрои дарё ҷамъ шуда мондани ях ё пеши обро гирифтани яхпораҳои калон ба амал меояд.

Дар ҷараёни обхезӣ маҳаллаҳои аҳолинишин зери об мемонанд, пулу роҳ ва киштзорҳо зарар мебинанд. Барои пешгирӣ намудани обхезӣ дар назди дарёҳо обанбор сохта, ҷараёни обро танзим ва маҷрои онро тоза мекунанд. Дар шароити Осиёи Марказӣ сабаби асосии обхезӣ боронҳои сел ва об шудани пиряхҳо мебошад.

Дар зери таъсири заминҷунбӣ, боришот, эрозия, офтоб ва ғайраҳо, дар баландкӯҳҳо кӯчидани қуллаҳо дида мешавад, ки дар натиҷа роҳи об гирифта шуда, кӯлҳои гуногунҳаҷм ба вуҷуд меоянд. Ба ин навъ кӯлҳо Искандар, Марғузор ва ғайраҳо, ки дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгиранд, мисол шуда метавонанд. Яъне, офатҳои табиӣ дар баробари он ки зараррасон мебошанд, аммо дар навбати худ метавонанд, бо истифода аз ақли солим ва дониши комили соҳавӣ истифодаи муфид шаванд. Ҳарчанд, ки онҳо ба табиат зарари зиёд расонида метавонанд. 

Фаъолияти инсон ва омилҳои антропогенӣ ба табиат таъсири мусбат ва манфӣ мерасонад.  Бинобар ин, ҳар фард бояд қонунҳои табиатро донаду риоя кунад, табиатшинос бошад ва ба ҳифзу нигаҳдории он эътибори калон диҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *