Аслиддин Насрудинзода,
унвонҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бояд зикр кард, ки гуногунии шаклҳои таълими забони англисӣ яке аз намудҳои фаъолияти омӯзгор мебошанд ва ин раванд аз педагог эҷодкорона муносибат карданро тақозо дорад. Вобаста ба ҳар мавзуи дарсҳои забони англисӣ шаклҳои гузаронидани он ҳам тағйир меёбанд. Шаклҳои таълимии раванди машғулиятҳои забони англисӣ мухталиф мебошанд ва дар ин навишта мо чанде аз онҳоро номбар намуда, шарҳ медиҳем.

МАСТЕР-КЛАСС
Мастер-класс як омӯзиши кӯтоҳмуддат оид ба мавзуи пешниҳодгардида мебошад. Чунин дарсҳо метавонанд, дар мавзуъҳои гуногун баргузор карда шаванд. Дар чунин дарсҳо вақт ва ҷой ба эътибор гирифта намешавад. Дар оғози дарсҳои мастер-класс маълумоти ҷолиб ва мувофиқ оид ба мавзуъ ба хонандагон пешниҳод мегардад. Дар мастер-классҳо педагог метавонад аз аксҳо, видеоҳо ва ашёи аёнӣ истифода барад. Дарсҳои мастер-класс аз дигар шаклҳои таълим бо ҳамкории мутақобилаи хонандагон ва омӯзгор, ҷалби фаъолонаи ҳарду ҷониб, муносибатҳои инфиродии хонандагон, ғояҳои ҷолиб ва имкони баёни андешаҳо фарқ мекунад.

КЕЙС-ТЕХНОЛОГИЯ
Кейс-технология омӯзиш, дарк, таҳлил ва ҳалли мушкилот ё ҳолатҳои мушаххасро дар бар мегирад. Ин шакли фаъолияти педагогии муосир, то андозае дар шароити кунунии муассисаҳои таълимӣ маъмул нест. Тавассути шакли таълимии кейс-технология як қисми ҳаёти воқеӣ ба раванди машғулияти англисӣ ворид карда мешавад, ки хонандагони синфҳои болоӣ бояд онро муҳокима карда, ҳалли асосноки масъаларо пешниҳод кунанд. Истифодаи технологияи кейс дар дарсҳои забони англисӣ ду ҳадафи иловагиро дорад:
— такмили салоҳияти коммуникатсионии хонандагон;
— салоҳияти забонӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ.

САВОЛУ ҶАВОБ ВА БАҲОГУЗОРӢ
Дар мактабҳои муосир айни замон низоми баҳогузории панҷбала арзи ҳастӣ дорад. Ҳангоми баҳогузорӣ ба хонандагон дар раванди дарсҳои забони англисӣ ба эътибор гирифтани андешаи дигарон нисбат ба баҳои мувофиқ ба шахси мушаххас муҳим арзёбӣ мегардад. Ва худи арзёбии одии шифоҳӣ аксар вақт барои хонанда арзишманд ва муҳим мебошад, зеро фикри омӯзгор ё ҳамсинфон нисбат ба баҳои додашуда дар гурӯҳ муҳокима карда мешавад, ки ин маромнокии дигар хонандагонро бедор мекунад. Саволу ҷавоб кардани хонандагон дар дарсҳои забони англисӣ ду намуд мешавад: инфиродӣ ва гурӯҳӣ.
Саволу ҷавоб кардан бо як хонанда ба омӯзгор имкон медиҳад, ки дар бораи дараҷаи азхудкунии мавзуи дарс, сатҳи ҷаҳонбинӣ, нутқи бурро ва тафаккури ӯ маълумоти мушаххас ба даст орад. Аммо, ин раванд норасоии назаррас низ дорад. Яъне, дар ҷараёни саволу ҷавоби инфиродӣ дигар хонандагон ба машғулият фаро гирифта намешаванд. Дар давоми дарс танҳо як хонанда ба саволи омӯзгор ҷавоби инфиродӣ медиҳад ва боқимонда камфаъол мемонанд. Аз ин рӯ, омӯзгорро мебояд, шакли машғулиятро каме тағйир дода, саволе пешниҳод намояд, ки ҳамаи хонандагонро фаъол гардонад. Дар чунин ҳолат хонандагон метавонанд, ба саволи омӯзгор дар радифи ҷавоби ҳамсинфон тарзи дурусти ҷавоби худро пешниҳод кунанд ё хатоҳои ҳангоми ҷавоб додан ба саволи пешниҳодгардида аз ҷониби ҳамсинфашон содиршударо ислоҳ кунанд. Чунин шакли фаъолияти педагогӣ хонандагонро машғули дарс намуда, шавқу рағбатро ба дарсхонӣ ва ҷанбаҳои маърифатӣ, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги муоширати онҳоро ташаккул медиҳад.

ҲУҶУМИ ЗЕҲНӢ
Шакли таълимии ҳуҷуми зеҳнӣ яке аз намудҳои оҷилонаи ҳалли масъалаи муайян буда, ба ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодии хонандагон асос ёфтааст. Ҳадафи асосии ҳуҷуми зеҳнӣ рушди тафаккури эҷодӣ, тахайюлӣ ва инфиродии хонандагон мебошад. Ҳангоми ҳуҷуми зеҳнӣ аз ҷониби омӯзгор хонандагон ҳама гуна тарзҳои ҳалли масъаларо пешниҳод мекунанд ва аз онҳо танҳо ҳамон ғояе интихоб мегардад, ки дар амал истифода мешавад. Чунин шакли таълимӣ дар муддати 1 то 5 дақиқа идома меёбад.
Тибқи андешаи муҳаққиқон С.С. Конторусова, А.М. Устинов, Т.Д. Тарасов ва Б.И. Степанов ҳуҷуми зеҳнӣ ба қонуниятҳои психологию педагогии фаъолияти коллектив асос ёфтааст. Ҳуҷуми зеҳнӣ василаи бартараф кардани монеаҳои фикрӣ мебошад. Ба истилоҳ ҳуҷуми зеҳнӣ мубоҳисаест, ки барои озод баён кардани андеша ва нишон додани неруи эҷодии хонандагони синфҳои болоӣ мусоидат мекунад. Ба воситаи он ва тавассути ворид кардани шахсон ба муоширати интерактивӣ роҳҳои ҳалли мушкилоти мушаххас ошкор карда мешавад.
Ҳуҷумҳои зеҳнӣ бо истифода аз бозиҳои дидактикӣ дар раванди дарсҳои забони англисӣ ҷараёни дарсро тақвияти дучанд мебахшанд. Масалан: Ба хонандагони синфҳои болоӣ зарбулмасалҳо бо забони англисӣ пешниҳод намуда, талаб мекунем, ки ба мавзуи дарс мувофиқ ва ҳамзамон, зарбулмасалҳои ба онҳо монандро ёбанд:
1. Actions speak louder than words – Парандаро бо парвозаш баҳо диҳанд, одамро ба кораш.
2. A friend in need is a friend indeed – Дӯсти ҳақиқӣ дар сафар шинохта мешавад.
3. All’s well that ends well –Ҳама кор хуб аст, агар ба хубӣ анҷом ёбад.
4. Ask no questions and you’ll be told no lies – Аз сухани беҷо хомӯшӣ беҳтар аст.
5. Better late than never – Дер ояду шер ояд.
6. Haifa loaf is better than no bread – Аз оғили холӣ гови шохзан беҳтар аст.
7. Like mother, like daughter – Себ дар таги дарахти зардолу намеафтад.
8. Bad news travels fast – Мусибат пойи дароз дорад.
9. No smoke without fire – Дуд бе оташ намешавад.

ҲАРАКАТИ БЕТАРТИБОНА
Чунин шакли таълим ҳаракати хонандагонро дар тамоми синф бо мақсади ҷамъоварии маълумот ва ҷавоби мушаххас ба саволи пешниҳодгардида дар бар мегирад. Дар ин шакли таълим омӯзгор метавонад, саволро ба таври хаттӣ пешниҳоди хонандагон гардонад ва онҳо барои пайдо кардани ҷавоби мувофиқ ба назди ҳамдигар, мисли «ҳаракати бетартибона» раванд.
Хонандагон, ки озодии комил дар синфро доранд, бо ҳамсинфон муколама ва мубоҳисаҳои хурд ташкил намуда, кӯшиш мекунанд, ки барои саволи пешниҳодгардидаи омӯзгор ҳарчи бештар маълумоти мукаммалро ба даст оранд. Чунин шакли таълим барои фаъол гардонидани хонандагони синфҳои болоӣ шароит муҳайё карда, ба равандҳои маърифатӣ мусоидат ва ба бартараф кардани ҳисси хиҷолати онҳо замина гузошта, боварӣ ва ҷуръатро ба худ ташаккул медиҳад. Яъне, дар хонандагон ҳисси боварӣ ба худ, эътимод пайдо кардан ба рафиқон ва риштаи дӯстиро тақвият мебахшад.
Муҳаққиқ А.Г. Сухарев дар ин бора чунин андеша дорад, ки ҳаракати фаъол ба беҳтар шудани фаъолияти системаҳои асосии физиологии бадан, аз ҷумла, асаб, дилу рагҳо ва нафаскашӣ мусоидат карда, инкишофи ҷисмонӣ ва мотории дасту панҷаҳоро тақвият мебахшад.

БА ГУРӮҲҲОИ ХУРД ҶУДО КАРДАНИ СИНФ
Чунин шакли фаъолияти педагогӣ қобилияти таълимии хонандагонро баланд бардошта, барои фаъолноккунии онҳо шароит фароҳам меорад. Дар ин шакли фаъолият омӯзгор хонандагони як синфро ба ду ва зиёда гурӯҳҳо тақсим карда, раванди машғулияти забони англисиро дар асоси саволу ҷавоб ба роҳ мемонад. Самаранокии ин шакли фаъолият аз омӯзгори ботаҷриба ва сатҳи касбияти баланддошта вобастагии калон дорад. Чунки дар гурӯҳ ҳастанд, хонандагоне, ки фаъолияти таълимиашон суст ва камфаъол мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзгорро мебояд дар бароҳмонии чунин шакли таълим-гурӯҳҳоро тавре тақсим намояд, ки дар байни онҳо ҳам хонандагони фаъол ва ҳам хонандагони камфаъол ва сустхон шомил бошанд.
Ҳангоми якҷо фаъолият кардани хонандагон дар гурӯҳ онҳо кор кардани маълумотро бомуваффақият меомӯзанд. Аз ин лиҳоз, барои самаранок кор кардани гурӯҳҳои таълимӣ аз хонандагони дорои қобилиятдошта истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки тавассути восита, шакл ва усулҳои муосири таълимӣ дар раванди ташкили дарсҳои забони англисӣ сатҳи ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги муоширати хонандагони синфҳои болоӣ баланд гардида, фаъолияти муштараки эҷодӣ, ёрии байниҳамӣ, муносибатҳои дӯстию ҳамфикрӣ, нисбат ба ҳамдигар ҳисси эҳтиром ва самимият дар онҳо пайдо мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *