Ҳасан АЗИЗӢ,
«Маърифати омӯзгор»
Бо фарзандон, ҳар вақте имкон даст диҳад, тариқи шабакаи “Баҳористон” филмҳои бачагонаи хориҷиро, ки дар онҳо, маъмулан, кӯдакону наврасон нақшҳои асосиро мебозанд, бо тарҷумаи тоҷикӣ тамошо мекунем. Боре духтарчаам Бибиоиша, ки 9 сол дорад, аз ман пурсид: “Дадаҷон, чаро дар телевизионҳои худамон филмҳои тоҷикиро, ки махсус барои кӯдакону наврасон бошанд, кам нишон медиҳанд? Магар дар кишварамон ин гуна филмҳо сохта намешаванд?”
Баъди шунидани ин суол ҳайрон шуда, надонистам чӣ ҷавоб гардонам, зеро худам ҳам дар ин маврид тасаввуроту иттилои зиёде надоштам. Аз ин рӯ, гуфтам, ки «духтарҷон, мумкин ту телевизионро кам тамошо мекунӣ, барои ҳамин намедонӣ, ки филмҳои бачагонаи истеҳсоли Тоҷикистонро намоиш медиҳанд ё не?».
— Не, дадаҷон, ман телевизиони “Баҳористон”-ро зиёд тамошо мекунам, чунки тамошои ин шабакаро дӯст медорам, барномаҳои хуби рангоранг дорад. Агар филми тоҷикиеро барои мо наврасон намоиш медоданд, ҳатман онро медидам. Дар ин шабака бештар филмҳоеро намоиш медиҳанд, ки хориҷианд, — бо боварӣ ҷавоб дод Бибиоиша.
Дар ҳақиқат, чаро чунин аст? Чаро таваҷҷуҳи филмноманависон, коргардонҳо ва дигар масъулини соҳаи кино ба офаридани филмҳои кӯдакона хеле кам аст? Ин мулзамият дар ростои саволи фарзанд боис шуд, ки масъаларо таҳқиқ намоям ва рӯй биоварам ба масъулин ва мутахассисони соҳа.
Сиёвуш Хидирзода, муовини аввали директори Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон” дар ин бора мегӯяд, ки тарҷума ва дубляжи филмҳои ҳунарӣ, илмӣ-оммавӣ ва аниматсионӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин ниҳод ба шумор меравад. Имрӯз дар «Баҳористон» барои бештар намудани мавод бо забони тоҷикӣ ду студияи сабти овоз фаъолият менамояд, ки бо таҷҳизоти соҳавӣ таъмин мебошанд. Ҳангоми интихоби филмҳо барои тарҷумаву дубляж дар баробари мазмуну муҳтаво, инчунин, талаботи техникии он ба инобат гирифта мешавад. Ҳамзамон, «Телевизиони кӯдакону наврасон-Баҳористон» ба муносибати эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» силсилафилмҳои илмӣ-оммавиро низ аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дубляж намуд. Маводи пешниҳодгардида доир ба кайҳон, олами ситораҳо, сайёраҳо, растаниҳо, табиат ва падидаҳои он, қонунҳои физикӣ, баҳру уқёнусҳо, ихтироот, ҳаёти ҷонварон, қитъаҳои олам ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Бо мақсади пур кардани фазои барномаҳои телевизионӣ бо филмҳои тоҷикӣ шабака филмҳои бачагонаи бадеиро мунтазам таҳия ва пешниҳоди тамошобинон мегардонад. Силсилафилмҳои «Боварӣ ба худ», «Феъли бад», «Осуда будан мехоҳам», «Духтари боғбон», «Асири дуд», «Рӯйхати сиёҳ», «Гунаҳкор» аз ҷумлаи онҳоянд. Филмҳо пеш аз пахш бо дастури аъзои Шурои маъмурият ба мутахассисони шуъбаи танзими барномаҳо барои тамошо ва баррасӣ пешниҳод мегарданд. Мавод дар ҳолате барои пахш иҷозат дода мешавад, ки он дорои хусусияти маърифативу омӯзишӣ, тарбиявӣ, талқинкунандаи дӯстиву якдилӣ, ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ бошанд.
Кам будани филмҳо барои кӯдакону наврасон мавзуест, ки мутахассисони соҳаи кино дар мавриди он назарҳои гуногун доранд. Муҳиддини Музаффар, коргардони ҷавон масъаларо ба сабт нашудани филмҳо ва ҷиддиву пайгирона сари он кор накардан рабт медиҳад. Мавсуф таъкид месозад, ки мушкилоти имрӯзаи мо, пеш аз ҳама, кам ба навор гирифтани филмҳои телевизионӣ, ҳам барои бузургсолон ва ҳам барои кӯдакону наврасон мебошад. Агар мо тавонем филми хубу тамошобоби телевизионӣ бисозему ба омма пешниҳод кунем, ҳатман он харидори худро пайдо мекунад.
Назар Назаров, сармуҳаррири Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир ба сабти филмҳои гуногуншакли “Гунҷишки сафед”, “Бачаи обӣ”, “Додараки фариштаҳо” ва филми тасвирии “Алифбо” дар даврони истиқлол ном мебарад, вале барои ҳар як соҳибандеша маълум аст, ки ин миқдор филми бачагона барои Тоҷикистон, ки беш аз 10 миллион аҳолӣ дорад, кам аст. Мавсуф мегӯяд, ки дар аксари филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм» кӯдакону наврасон ва ҷавонони диёр нақш бозӣ мекунанд. Ин барои ҷалби насли ҷавони кишвар ба соҳаи синамо муфид мебошад. Бояд гуфт, ки “Тоҷикфилм” ниҳоди эҷодиву истеҳсолӣ буда, яке аз вазифаҳои асосии он истеҳсоли филмҳои гуногунжанр аст. Агар мо гӯем, ки масъули асосии сохтани филмҳои бачагона танҳо “Тоҷикфилм” аст, нодуруст мебошад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ барои фароғату болидаруҳии кӯдакону наврасон телевизиони “Баҳористон” фаъолият мекунад ва ба ин нукта аҳли кормандони он низ бояд таваҷҷуҳ дошта бошанд. Мо бояд дар ҳамкорӣ бо «Баҳористон” барои бачаҳо филмҳои хуб истеҳсол кунему дар телевизионҳо ба намоиш гузорем.
— Имрӯз барои офаридани филмҳои бачагона, тасвирӣ, достониву таърихӣ маблағи кофӣ ҷудо мешавад, танҳо идеяи бузург ё филмномаи хуб лозим аст. Вақти он расидааст, ки филмноманависон, адибон, шоирон, нависандагон ва дигар шахсони эҷодкор ҳунарашонро нишон диҳанд ва сенарияҳои хуб пешниҳод кунанд. «Тоҷикфилм» дар самти филмбардорӣ ҳамеша омодаи ҳамкорӣ аст. Ман ҳамчун сармуҳаррири “Тоҷикфилм” бо эътимоди комил мегӯям, ки имрӯз муассиса ягон мушкилии техникиву молиявӣ надорад. Пас, суоле пеш меояд, ки чаро то имрӯз дар самти филмбардорӣ барои кӯдакон ва наврасон иқдоми шоистае анҷом нашудаву филми мондагоре сохта нашудааст. Аксари соҳибназарон ба мушкилоти кадрӣ ва пешниҳод накардани филмномаҳои арзишманд ишора мекунанд. Пас, чӣ тавр дар замони собиқ Шуравӣ филмҳои бачагонаи хубе ба навор мегирифтанд? Коргардони номвар, равоншод Борис Кимёгаров филмноманависони ботаҷрибаро аз дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ даъват намуда, бо онҳо ҳамкорӣ мекард. Мо низ бояд доираи ҳамкориҳоямонро вусъат бахшем, зеро гуфтаанд: “Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад, Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад”, — илова менамояд Назар Назаров.
Воқеан, солҳои охир истеҳсоли кино барои бачаҳо хеле кам дида мешавад. Чаро таваҷҷуҳ ба истеҳсоли филми бачагона аз тарафи масъулини соҳа кам аст? Оид ба ин масъала коргардони ҷавон Муҳиддини Музаффар изҳор дошт: “Айни замон фазои филмсозӣ барои бачаҳо тақрибан холист, ки ин ҳол боиси нигаронист. Агар ба назари таҳлил ба он бингарем, ин мавзуъ паҳлуҳои гуногун дорад. Ба назари ман, имрӯз замоне расидааст, ки ҳар як соҳа қаҳрамонҳои худро бояд соҳиб шавад. Ҳамасола аз ҷониби кормандону афсарони сохторҳои қудратию низомӣ даҳҳо қаҳрамониву корномаҳо ба вуқуъ мепайвандад. Ҳамин оромиву осоиштагии Тоҷикистон аз ҷоннисориву қаҳрамониҳои кормандони сохторҳои қудратӣ мебошад. Пас, чаро дар бораи онҳо ва қаҳрамониҳояшон мо филми диданӣ наофарем? Моҳи сентябри соли 2023 дар яке аз кинобозорҳои шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок доштам. Он ҷо киностудияҳои кишварҳои ҷаҳон филмҳояшонро ба намоиш мегузоранд ва мефурӯшанд. Ҳангоми намоиш омори давлатҳоро мушоҳида карда, дар ҳайрат мондам. Синамогарони Ҷумҳурии Ёқутистони Федератсияи Россия, ки аҳолияш 10 баробар аз аҳолии кишвари мо камтар аст, дар як сол 12 филми ҳунарии пурра, 3 филм дар бораи варзишгарон, 2 филми таърихӣ, 54 филми кӯтоҳи ҳунарӣ ва 44 филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирифтаанд. Офаридани филмҳо дар бораи чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, варзишгарон чанд паҳлуи муҳимму тарбиявӣ дорад. Вақте кӯдак ё наврасе онро тамошо мекунад, ба ӯ тақлид карда, мекӯшад мисли ин варзишгар шавад… Хуб мешуд, ки намояндагони вазорату идораҳо ҳамкории худро ба масъулини соҳа, филмнависону коргардонҳои касбӣ зич намоянд, то ки дар ҳамбастагӣ филмҳои хубӣ бачагона, бадеӣ, таърихиву ҳуҷҷатӣ бисозему ба мардум пешниҳод кунем”.
Ҳамзамон, коршиноси соҳаи кино Тиллои Некқадам доир ба мушкилоти мазкур чунин изҳори назар намуд: “Дар солҳои охир дар мавзуи бачаҳо кам филм ба навор гирифта шудааст, ки чанде аз онҳоро метавон ном бурд: “Овора”-и Далер Раҳматов ва Гуландом Муҳаббатов (соли 2005), “Муҷассамаи ишқ”-и Умед Мирзоширинов (соли 2003) ва “Баррачаи хаёлӣ”-и Абдулҳай Зокиров (соли 2010). Ҳарчанд дар ин солҳо пешниҳоди бисёре барои офаридани филми кӯдакона аз рӯйи асарҳои устод Садриддин Айнӣ: “Мактаби куҳна”, “Ятим” ё асарҳои Сотим Улуғзода “Субҳи ҷавонии мо” буд, вале афсӯс, дар ин самт коре анҷом нашуд. Ба мавзуи офаридани филмҳои бачагона филмноманависону коргардонҳо рӯ намеоранд. Шояд аз он рӯ таваҷҷуҳ намекунанд, ки кори бениҳоят мушкил ва хеле нозуку заҳматталаб аст. Барои навиштани сенария ва офаридани филмҳои бачагона филмноманавису коргардон, пеш аз ҳама, бояд психологияи бачаҳоро хуб омӯзанд, аз дунёи онҳо огоҳ бошанд. Ботур Арабов ё Елизавета Кимёгарова ҳикоя мекарданд, ки вақте мо филмро дар мавзуи кӯдакону наврасон ба навор гирифтанӣ мешудем, ба мактабҳо рафта, соатҳо, рӯзҳо, ҳафтаҳо дар синф нишаста, ҳар як ҳаракату рафтори хонандаро назорат мекардем. Баъди назорату мушоҳидаҳои зиёд, наворбардории филмро оғоз мекардем. Дар ҳақиқат, офаридани филм барои бачаҳо ва дар мавзуи онҳо хеле мушкил аст”.
Номбурда изҳор дошт, ки дар давраи Шуравӣ киностудияи «Тоҷикфилм» мувофиқи нақша соле як ё ду филми бачагона ҳатман ба навор мегирифт. Маълум аст, ки филмҳои тарбиявӣ ба руҳияи бача бисёр таъсири ҷиддӣ дорад, аз ин рӯ, киноро ҳамчун воситаи тарбия истифода мебурданд. Дар филми машҳури “Темур ва командаи ӯ” қаҳрамони асосӣ Темур даҳ ҳамсафи худро, ки дар синфи поёнӣ таҳсил мекунанд, ҷамъ карда, як даста ташкил медиҳад. Онҳо ба аҳолии деҳаи худ, ба пирону дармондагон кумак мекарданд. Аз дастони шахсони солхӯрда кӯзаи об ё дигар борҳои вазнинашонро гирифта, то манзилашон мерасонданд. Мо айёми наврасӣ ин филмро тамошо мекардему дар зеҳнамон амалҳои хайрашон нақш мебаст ва кӯшиш мекардем, мисли онҳо ба касе кумак расонем…
Тавре аз андешарониҳои мутахассисону коршиносон бармеояд, вақтҳои охир ба истеҳсоли филмҳои бачагона, ки мазмуну мундариҷаи баланд дошта, ғояҳои миллиро таблиғ бикунанд, таваҷҷуҳ кам шудаву аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ филмҳои каммазмуне, ки дар он зӯроварӣ бештар дида мешавад, ё мелодрамаҳое, ки дар шакли сериалҳои беохир пайдо шуданд, намоиш дода мешаванд. Филмҳои кӯдакона низ аксаран истеҳсоли хориҷа ҳастанд. Бархе соҳибназарону коршиносони соҳа бар он ақидаанд, ки имрӯз барои фарзандони мо филми бачагона тақрибан сохта нашудааст.
Файзулло Файзов, коргардони ҷавони кишвар оид ба набудани филмҳои бачагона изҳори таассуф намуда, қайд менамояд, ки он чанд филме, ки дорем ва дар он кӯдакон ё наврасон нақш бозида бошанд ҳам, сужаи филмнома, мавзуву муҳтавои он барои синни кӯдакону наврасон мутобиқ нест. Дар филми “Бачаи обӣ” (коргардон Файзулло Файзов) писарбачае дар нақши асосист, вале мавзуи меҳварии филм, мавзуи глобалӣ буда, бинандаҳояш ашхоси синну соли болотар мебошанд, чунки мазмуну муҳтаво ва пешниҳодҳое, ки дар филм аст, онҳоро танҳо бузургон дарк мекунанд. Ман андеша намекунам, ки бачаҳои хурдсол мазмуни филми мазкурро ба пуррагӣ бифаҳманд ва он ҳадафу мақсадҳоеро, ки мо-аҳли эҷод гузоштем, ба тамоми вуҷудаш дарк карда бошад. Филми “Муҷассамаи ишқ” хеле хуб сохта шудааст, аммо барои насли наврас нест. Шояд як бахши он, лаҳзаҳое, ки писарбача ошиқи духтар-қаҳрамони филм шудааст, каме мутобиқ бошад, аммо қаҳрамонҳои асосии филм калонсолон ҳастанд ва баҳсу талоши аз ҳама бештари қаҳрамони асосӣ расидан ба бонуе ба номи Санам аст. Мо бояд тавре кино бисозем, ки мавзуъ ва муҳтавои филм танҳо ба бачаҳо бахшида шуда бошад. Эҳсос мекунам, ки шояд аҳли ҷомеа, махсусан, мо-филмсозон зарурати сохтани филмҳои бачагонаро хуб дарк накардаем. Ҳамеша таъсири тасвир, тасвири ҳолат ё филм барои як бача болотар аз гапи хушку холист. Кино қудратҳои зиёде дорад, ки ҳамаи онҳоро тасвир кардан хеле мушкил аст.
— Ҷойи таассуф аст, ки фарзандони мо филмҳои бачагона, аниматсионӣ ва ё тасвириро аз шабакаҳои телевизионии хориҷӣ, аз тариқи моҳвора тамошо мекунанд. Бача ҳангоми тамошои филм, чунон ба раванди намоиши он дода мешавад, ки тамоми вуҷуди худро ба он мебахшад ва бо тамоми ҳастияш филмро тамошо мекунад. Вақте дар ин ҳолат аз ӯ чизе пурсӣ, ҷавоб намегардонад. Агар телевизорро хомӯш бикунӣ, мегиряд, яъне, нороҳат мешавад. Аз ин бармеояд, ки бача нозукиҳои киноро дар зеҳни худаш ҷой дода, ба тамоми вуҷудаш бо қаҳрамони филм ҳамзотпиндорӣ мекунад. Набояд фаромӯш бикунем, ки кӯдакону наврасон зеҳни қавӣ дошта, ин тасвиру наворҳо мисли нақше бар санг дар зеҳни онҳо доимӣ мемонад. Мисол, ман, як ҷавони 34-35-сола ҳар гоҳе мусиқие ё гуфтореро ба забони ҳиндӣ мешунавам, ба гӯшам форам садо медиҳад, зеро дар бачагӣ филмҳои ҳиндиро бисёр тамошо мекардем. Солҳои пеш аз шабакаи телевизионӣ ҳар ҳафта шаби ҷумъа як филми ҳиндӣ намоиш медоданд ва мо онро бесаброна интизор мешудем. Ин аз чӣ далолат мекунад? Қудрати синамо ва таъсири он бениҳоят бузург аст ва мо масъулини соҳа ва тамоми аҳли ҷомеа бояд онро нодида нагирем. Барои баъзе ҳунарҳо ва дигар арзишҳое, ки барои инсон ва миллату давлат муқаддас аст, барои муаррифӣ ва муқаддас нигоҳ доштани он, мо бояд ҳеҷ чизро дареғ надорем. Агар «Тоҷикфилм» дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илм ҷиҳати офаридани филмҳои синнусолии бачагона тасмим бигиранд, кори мондагоре мешавад, чунки дар замони рушди илму техника, хусусан, интернет омода сохтани филмҳои бачагона масъалаи муҳим аст. Соҳибкорони саховатпеша низ метавонанд дар пешрафти ин бахши муҳим саҳм гузоранд, — зикр намуд дар идома Ф. Файзов.
Бояд гуфт, ки кинои бачагона баъд аз соли 1917 ташаккул ёфтааст. Филмҳои “Сигнал” (соли 1918 коргардон А. Аркатов) ва “Шайтончаҳои сурх” (1923 коргардон Перетиани) аз осори нахустини кинои бачагонаи даврони собиқ Шуравӣ ба шумор мераванд. Истеҳсоли мунтазами филмҳо барои бачаҳо ва наврасон соли 1924 огоз ёфтааст. Таъсиси киностудияҳои “Союздетфилм” (1936-1948), “Союзмултфилм” (1936) ва Киностудияи марказии филмҳои бачагону наврасон ба номи М. Горкий (1963) ба инкишофи кинои бачагонаи давлати Шуравӣ, ки он вақт Ҷумҳурии Тоҷикистон низ узви он буд, баланд шудани сифати бадеӣ ва эстетикии филмҳои бачагона кумаки зиёд расонд. Соли 1958 бошад, дар назди ЮНЕСКО Маркази байналхалқии филмҳои кӯдакону наврасон (Брюссел) таъсис ёфт.
Доираи мавзуъ ва мундариҷаи кинои бачагона хеле васеъ буда, қаҳрамонӣ, диловарӣ, ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ ва ғайраро тарғиб мекунад. Филмҳои “Адреси Ленин” (соли 1929), “Фринц Бауэр” (соли 1930), “Гулливери нав” (соли 1935), “Бачаи маршал” (соли 1938), “Сафари баҳр хуш бод” (соли 1949), “Писархонди полк” (соли 1946), “Васёк Трубачёв ва рафиқони ӯ”, “Бачаҳо”, “Сад рӯзи баъди бачагӣ” ва дигарҳо, ки дар асоси асарҳои А. Гайдар, А. Толстой, В Катаев, К. Чуковский, В. Осеева, қиссаву афсонаҳои халқӣ офарида шудаанд, дар инкишофи кинои бачагона нақши муҳим бозидаанд.
Кинои бачагонаи тоҷик, асосан, аз филми “Ҳикояҳои хурд дар бораи бачаҳое, ки…” — коргардонҳо М. Маҳмудов ва А. Ҳамроев (соли 1961) ҳусни оғоз ёфтааст. Филмҳои бадеии зерин аз рушди кинои бачагонаи тоҷик гувоҳӣ медиҳанд: “Бачагони Помир”- коргардон В. Мотил (соли 1962), “Тобистони 1943”- коргардон М. Қосимова (соли 1968), “Паланг лозим”- коргардон Б. Арабов (соли 1974), “Ҷинояткор ва муҳофиз”- коргардон Ю. Юсуфов (соли 1981), филмҳои бадеӣ-телевизионии “Ба пеш, гвардиячиён”- коргардон А. Аҳадов (соли 1971), “Ҳабиб-ҳокими морҳо”- коргардон А. Тӯраев (соли 1972), “Шераки далер”- коргардон М. Маҳмудов, (соли 1976) ва ғайра.
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, ки офаридани филм барои кӯдакону наврасон хеле мушкил аст. Барои ҳамин на ҳар кас ҷуръат мекунад, ки ба ин кор даст занад. Кӯдак дурӯғро, сохтакориро қабул надорад. Барои ҳамин як сабк ва ё як мактаби хос доштан даркор аст, ки дунёи кӯдакиро фаро бигирӣ ва ба воситаи филм, достон, шеър ва тасвиру расми худат ворид шавӣ ва як муколамае дар сатҳи онҳо дошта бошӣ. Филмҳои офаридаи Умед Мирзоширинов — “Муҷассамаи ишқ” ва “Додараки фариштаҳо”, ки аз рӯйи ҳикояи ҳамноми равоншод Сайф Раҳимзоди Афардӣ рӯйи навор омадааст, дунёи бачагиро хуб тасвир кардааст. Филми Муҳиддин Музаффар — “Тангно” сирф ҳунарӣ буда, барои доираи бачаҳо офарида шудааст. Дар умум, тайи солҳои охир барои кӯдакону наврасон ҳудуди 5-6 филм офарида шудааст, ки ин қонеъкунанда нест. Дар соҳаи филмсозӣ барои филмҳои бачагона бояд бахши алоҳида таъсис дода, мутахассисони соҳибкасб ба кор ҷалб шаванд. Вақте фазо холӣ монд, ҳатман ҷойи онро дигар чиз пур мекунад. Солҳои пеш, Вазорати маориф ва илм як бахши алоҳида — филмхона (филмотека) дошт, ки ҳар сол ба «Тоҷикфилм» филмҳо оид ба фанҳои дақиқ, гуманитарӣ ва ғайра, ки хусусияти таълимию тарбиявӣ доштанд, фармоиш медод. Ба ин восита, филмҳои мувофиқ ба синну соли бачаҳо ба навор гирифта шуда, ба тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар дастрас мегардид. Яке аз рисолатҳои ниҳодҳои масъул ин аст, ки барои офаридани филмҳои бачагона мисли солҳои пеш буҷаи махсус муайян кунанд ва бояд ҳамкории зичи худро бо «Тоҷикфилм» ва дигар студияҳои филмофарӣ ва филмсозон хуб ба роҳ монанд”.
Коргардон Файзулло Файзов, вобаста ба рушди кинои бачагона ва дар умум, филми тоҷик бар он назар аст, ки агар мудирияти дуруст бошад ва як тарҳи нави синамои миллӣ, як барномарезии панҷ ё даҳсолаи аниқу дақиқ пешниҳод шаваду он тасдиқи худро ёбад ва маблағи мушаххас ҷудо шавад, ҳатман натиҷаҳои назарраси худро медиҳад. Масалан, кишварҳои туркзабон Созмони байналмилалии “Турксой” таъсис додаанд. Дар он ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Туркия шомил ҳастанд. Ин давлатҳо бо ҳамдигар барномарезии аниқу дақиқ кардаанд, ки барои сокинони Осиёи Марказӣ бояд филмҳои зиёди таърихӣ, аниматсионӣ ва мустанад бисозанд. Чӣ гунае ки имрӯз мебинем, мардуми мо зери таъсири филму силсилафилмҳои хориҷӣ мондаанд. Мо ҳам бояд барои ояндаи дурахшони миллату халқи худамон филмҳои хубу мондагор бисозем. Бо ин роҳ метавонем урфу одат ва фарҳангӣ имрӯзаамонро баъди солҳо ба насли оянда ба ёдгор бигузорему намоиш бидиҳем.
Дар ҳақиқат, кино як ҷаҳони маънавии бузургест, ки инсон ҳаёти худро бе он тасаввур карда наметавонад. Бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон таъсири онро ба инсон дарк карда, ба соҳаи филмофарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Ҳунарманди театру синамо, коргардони машҳур Армен Ҷигархонян дар яке аз мусоҳибаҳои худ таъкид карда буд: «Ҳангоми сохтани филмҳо барои кӯдакон, мо ба онҳо як чизи бениҳоят муҳимми иттилоотӣ ва генетикиро мегузорем, ки метавонад дар оянда, баъд аз 20-30 сол зоҳир шавад».
Хуршед Ховарӣ, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” вобаста ба мушкилоти мазкур изҳор дошт, ки барои насли наврас кори қобили мулоҳизае анҷом дода нашудааст. Мавсуф аз ду барномаи давлатӣ дар самти рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2022 ва 2023-2027 ёдовар шуда, мегӯяд, ки дар ин барномаҳо ба филмҳои кӯдакона ҳеҷ ишорае нест, ба истиснои филмҳои тасвирӣ. Дар ин миён мебояд синамогарони мо ба масъалаи кӯдакону наврасон низ таваҷҷуҳ намоянд.
— Ҳар як филме, ки аз ҷониби филмсозон таҳия мегардад, ҳадафи хос ва паёми вижае дорад, ки ба мардум расонида мешавад. Барои офаридани филмҳое, ки дар он қаҳрамониву тавонмандӣ тарғиб шавад, мо чандон мушкил нахоҳем кашид. Ҳар як қаҳрамони “Шоҳнома” худ як филму як нақши барҷаста аст. Ҳамзамон, метавонем аз ҳаёти паҳлавонону варзишгароне мисли Расул Боқиев, Беҳрӯз Хоҷазода, Дилшод Назаров ва Мавзуна Чориева ва дигар чеҳраҳои намоён филмҳои диданиро ба навор гирем. Ин аз ҳар нигоҳ ба манфиати кор хоҳад буд, дар замона гумномтарин халқҳоро дар арсаи ҷаҳон бо филмҳояшон мешиносанд, — афзуд Х. Ховарӣ.
Мутаассифона, ба ғайр аз филмҳои камарзиш, ба мафкураи наврасону ҷавонон, ҳамчунин, шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди “Тик-ток”, “Инстаграмм”, “Одноклассники”, “Телеграмм” ва “Фейсбук” таъсири манфӣ расонида истодааст. Онҳо бештари вақти худро ба ин сомонаҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд, на ба китобхониву омӯхтани илм.
Илова бар ин, бо сабаби кам будани филмҳои хуби тоҷикӣ насли наврас рӯ ба киноҳои хориҷӣ, хусусан, туркиву амрикоиву куриёӣ овардаанд, ки ба равони бачаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар аксар филмҳои хориҷӣ мо танҳо зӯровариву ҷангу хушунатро мушоҳида менамоему халос.
Равоншиносон ба он назаранд, ки имрӯз филмҳо ва сериалҳои хориҷӣ воситаи асосии тарғиби фарҳангу оини онҳо ба ҳисоб мераванд. Тамошои филмҳое, ки ба синну соли кӯдакон номувофиқанд, таъсири манфӣ дорад. Онҳо хурд ҳастанду аз арзишҳои миллӣ ва ҷомеаи худ ҳанӯз огаҳии дуруст надоранд, бинобар ин, зуд таҳти таъсири ин филмҳо қарор гирифта, ба фарҳанги кишварҳои созандаи филм тақлиди кӯр-кӯрона мекунанд. Ҳолатҳои дар филм буда, дар зершуури кӯдакон нақш мебандаду наврасон ба қаҳрамонҳои филмҳо пайравӣ намуда, хислатҳои гуногуни онҳоро такрор мекунанд.
— Мутаассифона, қисме аз модарон дар тамошои филмҳои хориҷиву ба синну соли кӯдак номувофиқ, бевосита фарзандони худро ҷалб месозанду фикр намекунанд, ки он филмҳо аз ҷиҳати равонӣ ба кӯдакон таъсири бад мерасонанд. Вақте кӯдак филми бегонаро тамошо мекунад, дар вай оҳиста-оҳиста ба ҷойи арзишҳои миллӣ ва меъёрҳои рафтори иҷтимоие, ки дар ҷомеаи воқеии худ қабул шудааст, меъёрҳое таҳмил мешаванд, ки хоси миллати дигаранд. Чунин филмҳо ба кӯдакон зудтар таъсир мерасонад, чун онҳо он амалҳоеро иҷро мекунанд, ки дар филм онро мушоҳида мекунанд. Барои дуруст тарбия намудан ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани ҳолати равонии кӯдакон яке аз омилҳои таъсиррасон телевизион ва синамост. Бояд гуфт, ки филмҳои ғарбӣ ба мафкураи мардум, хосатан, наврасон аз чанд ҷиҳат таъсири манфӣ расонда, боиси коста шудани ахлоқи наврасон, тақлиди ноогоҳонаи наврасон бар қаҳрамонони филмҳо, бедор намудани ҳисси нобоварӣ дар масъалаи муҳаббат ба оилаву оиладорӣ, ҷанбаҳои равонӣ ва нобоварӣ ба худ мегардад.
Дар ин хусус, чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки зумрае аз наврасони пойтахт ба авбошӣ ва азият додани ҳамсолони худу раҳгузарон машғул буданд. Маълум мегардад, ки ин амали онҳо, ба қавли мардум, аз рӯи тамошои чунин филмҳо, хусусан, филми коргардони рус Жорой Крижовников бо номи “Слова пацаны”, ки чанд вақт боз дар интернет давр мезанад, сарчашма гирифтааст. Силсилафилм моҳи ноябри соли 2023 намоиш дода шуд ва дар ҷаҳони интернет фавран ба рӯйхати филмҳои пурбинандатарини Россия дохил шуд. Сериал аз рӯйи романи ҳуҷҷатии рӯзноманигор аз Тотористон Роберт Гараев «Слово пацана» сохта шуда, доир ба гурӯҳҳои ҷиноятии наврасону ҷавонон, ки дар охири солҳои 1980-ум дар шаҳри Қазон вуҷуд доштанду тартиботи ҷамъиятии шаҳрро халалдор мекарданд, ҳикоят мекунад.
Равоншиноси шинохта Нафиса Юнусова иброз дошт:
— Наврасону ҷавонони мо, ба ғайр аз дигар жанрҳо, ба тамошои жанри драма, хусусан, силсилафилмҳои кореягӣ низ рӯ овардаанд. Дар драмаҳо ҳунармандон, хусусан, мардҳо ба симо, чеҳра, сару либос, ороиши мӯй, абрӯву мижгон ва ғайра бештар таваҷҷуҳ мекунанд. Ин образи онҳо барои наврасону ҷавонони мо намунаи ибрат шудааст, ки хеле бад аст, зеро онҳоро аз хислатҳои мардона кам-кам дур месозад. Қаблан дар филмҳо образи мард ҷасорату далерӣ, нотарсиву қаҳрамонӣ, бузургҷусса будан, меҳнатдӯст будан ва амсоли инҳоро инъикос мекард. Мутаассифона, имрӯз миёни наврасону ҷавонон намоиши чеҳраи мард дигар шудааст, чунки солҳои охир зебоиписандӣ дар ҷойи аввал меистад. Модаре писари наврасашро барои машваратӣ психологӣ овард. Писарак дар синфи даҳ таҳсил мекардааст ва аз он нигаронӣ дошт, ки дар рӯяш ду-се доначаи сиёҳ пайдо шудааст. Аз ин сабаб, мехост даст ба худкушӣ бизанад. Ҳолати равонии ӯро модараш дида, назди чанд духтур бурдааст, то ки ин доначаҳоро нест кунанд, аммо бенатиҷа. Баъд аз он маҷбур назди ман барои машварати психологӣ овард. Ҳангоми суҳбат аз вай пурсидам, ки писарҷон, барои чӣ мехоҳӣ, доначаҳоро аз рӯят нест кунӣ? Вай бо чашмони маҳзун чунин ҷавоб дод:
— Ин доначаҳо чеҳраи маро доғдор кардаанд. Дар синфи мо як духтарак мехонад, рӯяш сафеду хеле зебост, мехоҳам рӯи ман ҳам мисли ӯ шавад.
Фаҳмондам, ки ту мард ҳастӣ, каме бузург шавӣ, ин доначаҳо дигар халал намерасонанд. Ҳамсинфи ту малҳамҳои гуногунро, ки барои ороиши бонувон аст, истифода мебарад. Аммо писарак ҳеҷ қабул кардан намехост. Аз тамоми волидон ва калонсолон хоҳиш мекунам, ки фарзандон, наберагон ва дигар хешовандони худро аз тамошои филмҳои ба фарҳанги миллии мо бегона дур созанд.
Имрӯз кам будани филмҳои бачагона на танҳо коршиносон, балки омӯзгоронро низ бетараф нагузоштааст. Асадулло Шарифзода, омӯзгори собиқадор мегӯяд, ки филмҳо дар ҳаёти наврасон нақши муҳим мебозанд ва дар наврас некукорӣ, ҳисси масъулият, ҳақиқатшиносӣ, барои ба ҳаёти воқеӣ омода шуданро талқин мекунад. Кино замина мегузорад, наврасон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷамъият ба воя расанд. Вай ба бача хоҳиши ба даст овардани мустақилият, истиқлол ва озодиро ҳидоят мекунад. Аз ҳама муҳим, филм ба таври аёнӣ нишон медиҳад, ки ба ҳар лаҳзаи пурқимати ҳаёт арҷ бояд гузошт…
Вақти суҳбатҳо бо мутахассисон, баъзеҳо ишора ба кам будани маблағ карданд, аммо рӯзноманигор Ворис Калонов дар яке аз мақолаҳои худ дар нашрияи “Садои мардум” бисёр хуб дарҷ кардааст: “Даврони мо замони тиҷорат аст. Дар ин дунё ҳама чизро мехаранду мефурӯшанд, аммо виҷдон, имон, таърих, суннат, фарҳанг, дарахти тановари шуури миллиамонро ҳаққи фурӯхтан, ба он зиён расонидан надорем. Инҳо муқаддасоте ҳастанд, ки дар ҳастии миллат шакл мегиранд ва моро зиндаву ҷовид нигоҳ медоранд”.
В. Г. Белинский навишта буд: «…Китобҳои кӯдакон барои таълим навишта мешаванд ва таълим кори бузург аст, ки тақдири инсонро ҳал мекунад». Ин гуфтаҳо ба филмҳои бачагона низ дахл дорад. Хуб мешавад, ки соҳибкорону масъулон ҳам дар ҳамбастагӣ барои ин кори наку саҳм бигузоранд, то ки ин соҳаи муҳим пешрафт кунад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста таъкид мекунанд, ки насли ояндаро хуб тарбия кардан лозим аст. Роҳбари давлат бо таваҷҷуҳ ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони зудтағйирёбанда аз масъулини соҳа талаб мекунанд, ки ба тарбияи насли наврас ҷиддӣ машғул шаванд. Сарвари кишвар ҳамеша таъкид мекунанд, ки: «Ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус, ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд». Пас, кино ҳам мондагор аст ва барои таълиму тарбия намудани насли наврас нақши калидиро мебозад. Барои ҳамин моро зарур аст, ки ба ин соҳаи ниҳоят бузургу таъсиррасон бетаваҷҷуҳӣ зоҳир накунему ҷиҳати рушди он саҳми худро бигузорем ва ба насли оянда филмҳои хубу диданиро ба мерос гузорем.
Адабиёт:
1. Энсиклопедияи «Адабиёт ва санъат», ҷилди 2, саҳ. 31
2. Сомонаи расмии “Садои мардум”, №16 (3653) 16.02.2017
3. Сомонаи расмии “Ҷавонони Тоҷикистон”, 18.12.2023