“Маърифати омӯзгор”,
Душанбе-Дарвоз-Ванҷ-Рӯшон-Шуғнон
-Роштқалъа-Мурғоб-Ишкошим-Хоруғ-Душанбе
Гузориши сафари хидматии сармуҳаррири маҷаллаи
“Маърифати омӯзгор” ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори
Кӯҳистони Бадахшон
Бо мақсади ташвиқу тарғиби маҷаллаи “Маърифати омӯзгор”, ҷамъоварии мавод барои чопи мақолаҳо, ҷоннок намудани маъракаи обуна ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо аҳли маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода (таҳти №1008, аз 29 августи соли 2024) сармуҳаррири маҷалла Дилафрӯз Қурбонзода ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сафари хидматӣ анҷом дод. Дар навиштаи мазкур фишурдаи мулоқоту суҳбатҳои анҷомёфта бо раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардори раёсати маориф, ректорони донишгоҳҳо, мудирони шуъбаҳои маориф ва аҳли маорифи 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ манзур мешавад.
НОҲИЯИ ДАРВОЗ
Сафар аз ноҳияи Дарвози ВМКБ оғоз ёфта, дар раванди он сараввал вохӯрии сармуҳаррири маҷалла бо раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон сурат гирифт. Дар рафти суҳбат раиси ноҳия иброз дошт, ки дар фаъолияти хеш ба соҳаи маориф, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, афзалият медиҳад ва барои рушди он бо аҳли маорифи ноҳия заҳмати аҳлона мекашанд.
— Дар суханронии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш тазаккур доданд, ки «… ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Такроран таъкид менамоям, ки мо бояд ба хотири фардои ободи давлат ва ҷомеа сидқан ба илму маориф рӯ оварем ва бо саъю талоши якҷоя мушкилоти соҳаро бартараф намоем». Дар партави ин дастуру супоришҳои саривақтии Роҳбари давлат на танҳо бо аҳли маориф, балки бо кулли сокинони ноҳияи Дарвоз кӯшиш менамоем, ки баҳри ноил шудан ба пешравиҳои назаррас дар ин соҳаи калидӣ ва баланд бардоштани мақоми устодону омӯзгорон дар ҷомеа иқдому ташаббусҳои созандаро рӯи даст гирифта, амалӣ гардонем.
Умедҷон Носирзода дар мавриди ҳадафҳои сафари сармуҳаррир изҳор дошт, ки барои амалӣ гаштани ин иқдомҳои нек дар ҳамбастагӣ бо аҳли маориф тамоми талоши худро хоҳанд кард.
Сипас, дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Диловар Қосимӣ, мудири шуъбаи маориф Сайраҳмон Мирмамадов ва аҳли маорифи ноҳия мулоқоти фарогир баргузор шуд, ки дар он сармуҳаррир аз ҳозирин даъват намуд, ки ҳамкориро бо нашрияҳои соҳавии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, аз ҷумла, маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” тақвият бахшанд ва дар бораи бурду бохти соҳа, чеҳраҳои намоёни олами маорифи ноҳия матлабҳои хубу таҳлилӣ омода намуда, ба нишонии маҷалла бифиристанд.
Аҳли маориф аз вохӯрӣ ва суҳбати самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки дар ин замина саҳми арзандаи хешро хоҳанд гузошт.
Баъд аз мулоқот бо устодону омӯзгорон мудири маориф Сайраҳмон Мирмамадов оид ба вазъи соҳаи маориф иттилоъ дода, гуфт, ки дар ноҳия 47 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ ва 14 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 4237 хонанда таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 576 нафар омӯзгор таълим медиҳанд. Дар мактабҳои ноҳия 29 кабинети фаннӣ, аз ҷумла, 2 синфхонаи математика, 9 синфхонаи физика, 7 утоқи химия, 9 синфхонаи биология, 1 кабинети лингофонӣ, 1 кабинети робототехника ва 32 кабинети технологияҳои иттилоотӣ мавҷуданд. Илова бар ин, муассисаҳои таълимии ноҳия дорои 380 компютер, 119 принтер, 13 тахтаи электронӣ ва 29 видеопроэктор мебошанд.
Барои такмили донишу маҳорат 51 омӯзгори ноҳия ба курсҳои Филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ сафарбар шудаанд. Доштани шароити созгор ва заҳматҳои шабонарӯзии устодону омӯзгорон аст, ки хонандагони ин муассисаҳои таълимӣ дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат варзида, бо дастовардҳои зиёде ноил шудаанд. Аз ҷумла, дар даври вилоятии олимпиадаи фаннӣ 7 нафар сазовори ҷойҳои 2-юм ва 3-юм гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд. Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хонандагони муассисаҳои таълимии Дарвоз фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ба даст меоранд.
С. Мирмамадов ҳамчунин, фаъолияти Маркази технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсия, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Дарвозро таҳлил намуда, фаъолияти онҳоро низ хуб арзёбӣ намуд.
Пас аз суҳбат бо мудири маориф сармуҳаррир барои дарёфти маълумоти бештар аз чанд муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, аз Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати ба номи О. Кабири ноҳияи Дарвоз дидан намуд.
НОҲИЯИ ВАНҶ
Сафар дар ноҳияи Ванҷ аз дидани 4 мактабу кӯдакистони ҳудуди ноҳия ва суҳбат бо устодону омӯзгорон ва мураббиҳо оғоз гашт. Сипас, дар толори шуъбаи маорифи ноҳия бо ҳузури мудир Файзиддин Ҳусейнов ва аҳли маориф мулоқот доир гардид, ки дар он сармуҳаррир аз муҳиммияти рушди ҳамкориҳо бо нашрияҳои соҳавии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва инъикосу интишори дастовардҳои омӯзгорону донишомӯзони ноҳияи Ванҷ дар маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” сухан гуфта, ҳозиринро даъват намуд, ки нигоштаҳои худро дар самти муаррифии чеҳраҳои хидматгузори соҳа ба унвонии нашрия ирсол намоянд. Пешниҳод аз тарафи ҳозирин бо самимият пазируфта шуд ва дар ин маврид мубоҳисаи судманд сурат гирифт.
Дар идомаи сафар мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ оид ба вазъи соҳаи маориф иттилоъ дода афзуд, ки ба сохтмон, таъмир ва азнавсозии биноҳои муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, шароити таълиму тадрис сол то сол беҳбуд меёбад. Аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд дар ноҳия корҳои лоиҳакашию бунёди чандин мактабу кӯдакистон идома дорад. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ҳудуди ноҳия 51 муассисаи таҳсилоти умумӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 5656 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз ин миқдор 28 адад муассисаи таҳсилоти миёна, 9 адад муассисаи таҳсилоти асосӣ ва 14 адад муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ мебошад. Дар ин муассисаҳо 766 омӯзгор ба хонандагон донишу маърифат меомӯзонанд. Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм 16 хатмкунандаи муассисаҳои олии касбӣ ва 10 нафар аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев барои таълиму тарбияи насли наврас ба ноҳия сафарбар гардиданд ва бо мусоидати директорони мактабҳо бо шароити корӣ таъмин гаштаанд. Муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ихтисосманди математика, физика, технологияи иттилоотӣ, биология ва география таъмин буда, аз фанҳои мазкур норасоии кадрӣ дида намешавад. Лоиқи зикр аст, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия кабинетҳои фаннӣ (биология ва химия) дастрас шуда, ҳамчунин, муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд. Ба бозомӯзӣ ва аз курсу семинарҳо гузаштани омӯзгорон диққат дода шуда, то имрӯз 185 омӯзгори фанҳои биология, химия, физика, география, технологияи информатсионӣ, роҳбарони синфҳои ибтидоӣ ва созмонҳои хонандагон аз курсу семинарҳои ФДҶТИБКСМ дар ВМКБ гузашта, маҳорату лаёқатҳои касбии худро такмил бахшидаанд. Инчунин, бо мақсади омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ таҷрибаи кории 3 омӯзгори соҳибкасби ноҳия барои дигар омӯзгорон дастрас гардонида шуд.
Таҳсилоти томактабӣ яке аз бахшҳои ҷиддӣ дар раванди таълиму тарбия буда, ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Айни ҳол дар ноҳия 2 кӯдакистон бо фарогирии 240 тарбиятгиранда ва 22 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 247 кӯдак амал мекунанд.
Кори марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳсилоти иловагии ноҳия низ самарабахш мебошад. Дар назди 18 муассисаи таҳсилоти умумӣ маҳфилу дарсҳои иловагӣ аз фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ амал мекунад. 13 хонандаи ноҳия дар олимпиадаи даври вилоятӣ аз фанҳои дақиқ ғолиб омада, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтаанд.
НОҲИЯИ РӮШОН
Зимни мулоқот дар ноҳияи Рӯшон раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом Шамол иброз дошт, ки тайи солҳои охир дар партави дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишвар рушд намуда, аз ҷумла, ин бахши инсонсоз дар ноҳияи Рӯшон низ дастовардҳои зиёдеро соҳиб гаштааст. Имрӯзҳо бо мақсади сазовор таҷлил гирифтани аз ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия ҷараёни бунёдкорию созандагӣ дар авҷ буда, иншооти гуногун, аз ҷумла, муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда истодаанд (аксари иншоот ба фаъолият оғоз кардаанд), ки бешубҳа ба симои ноҳия ҳусни дигаре зам хоҳанд кард ва дар самти беҳбуди сифати таҳсилот ва раванди самарбахши таълиму тарбияи насли наврас нақши мондагор хоҳад гузошт.
Мудири шуъбаи маориф Арамбегим Ҷаъфариева дар суҳбат иброз дошт, ки бо мақсади беҳтар кардани сифати таҳсилот кабинети методии шуъбаи маориф фаъолияти худро баҳри амалӣ намудани масъалаҳои такмили шакл, усулҳои фаъоли таълими салоҳиятнокӣ ва расонидани ёрии амалии таълимию методӣ ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар сатҳи хуб ба роҳ мондааст. Инчунин, барои омӯхтани фаъолияти амалии омӯзгорон, мураббиён, дарёфти таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ, таъмини талаботи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тарғиби он, дарёфти омӯзгорони навҷӯю эҷодкор корҳои судманде иҷро шудаанд.
Айни ҳол дар ноҳия 45 муассисаи таҳсилоти умумӣ амал мекунад, ки 28 муассиса таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассиса таҳсилоти умумии асосӣ ва 9 муассиса таҳсилоти ибтидоӣ мебошад. Ҳамзамон, дар ноҳия 1 Интернати ҷумҳуриявӣ ва 1 интернати наздимактабӣ (№24) фаъолият доранд. Дар ин муассисаҳо 694 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошад.
Теъдоди хонандагони муассисаҳои таълимӣ 4044 нафарро ташкил медиҳад. Ҳодисаи аз таҳсил берун мондани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия вуҷуд надорад. Яке аз самтҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ мебошад, ки дар ин самт низ корҳои назаррас ба анҷом расидаанд. Сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ аз самтҳои асосии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар буда, дар ин замина низ корҳои назаррас ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Н.Додхудоев кӯдакистони дорои шароити муосир барои 120 кӯдак сохта шуд. Дар қаламрави ноҳия 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо 19 мураббӣ 320 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд.
Муассисаҳои таълимии ноҳия дорои 377 компютер, 60 ноутбук, 78 принтер, 54 сканер, 32 тахтаи электронӣ, 51 проектор, 172 мизи махсуси компютерӣ ва 2 китобхонаи электронӣ мебошанд. Инчунин, муассисаҳои таълимии ноҳия бо 2826 адад маводи таълимии электронӣ (фиттаҳо) ва китобҳои электронӣ, дастур ва видеодарсҳо таъмин гардидаанд, ки омӯзгорону хонандагон дар таълими фанҳо аз онҳо самаранок истифода мебаранд. Давра ба давра усулҳои нави инноватсионӣ, ки омӯзгорон ба онҳо ниёз доранд, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, 257 омӯзгор аз курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаштаанд.
Соли равон 235 хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштанд, ки 100%-и нақшаро ташкил мекунад. Тибқи квотаи Президентӣ дар соли таҳсили 2023-2024 16 довталаб ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шуданд, ки аз ин теъдод 8 нафараш духтарон мебошанд.
Дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштироки фаъол дошта, дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ 19 хонанда иштирок карда, 5 нафар бо медали биринҷӣ ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.
Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия дар самти ташкилу гузаронидани чорабиниҳо корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар доираи татбиқи «Барномаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» фаъолияти омӯзгорони равияи фанҳои дақиқ, комёбиҳо ва камбудиҳои омӯзгорон мавриди муҳокимаву таҳлил қарор дода шуд. Барои бо манфиат ва самарабахш гузаштани вақти холии хонандагон дар давраи таътили тобистона нақша-чорабиниҳои махсус таҳия гардида, мувофиқи он хонандагон ба чорабиниҳои мухталифи таълимию тарбиявӣ, маданию маърифатӣ, фарҳангию фароғатӣ ва чорабиниҳои варзишӣ ҷалб карда шудаанд.
Дар вохӯрӣ бо аҳли маорифи ноҳияи Рӯшон масъалаи рушди ҳамкориҳо бо маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” низ баррасӣ гардид. Ҳозирин аз иқдоми роҳбарияти Вазорати маориф ва илм истиқбол карда, иброз доштанд, ки чунин ташаббусҳо ба манфиати кор буда, боиси муаррифии кормандони соҳаи маорифи ноҳия дар сатҳи ҷумҳурӣ мегардад.
НОҲИЯИ ШУҒНОН
Сафар дар Шуғнон аз мулоқот бо раиси ноҳия Комил Шоисматуллозода оғоз ёфта, дар раванди он раиси ноҳия иброз дошт, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти соҳаи маорифи ноҳия ҳамвора тадбирҳои мушаххас андешида шуда, бо азму талоши комил онҳоро амалӣ мекунанд. Зеро Сарвари давлатамон ба афзудани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва таъмини рӯзгори шоистаи онҳо, бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо лавозими зарурии таҳсил, баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот ва дар умум, пешрафти чашмгири соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
— Дар ин замина, мо низ, ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат, бояд талош намоем, ки ба аҳли маориф диққати махсус диҳем ва барои фаъолияти пурборашон шароиту имкониятҳои муносиб фароҳам бикунем.
Ҳамчунин, вобаста ба мавзуи рушди бештари ҳамкориҳо бо маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» бо муовини раиси ноҳия, сарпарасти соҳа Гулноро Тайғунзода, мудири шуъбаи маориф Кабир Ризо Охирназар, устодону омӯзгорон, аҳли маорифи Шуғнон мулоқоту суҳбатҳои муфид анҷом ёфт.
Мудири шуъбаи маориф қайд кард, ки дар ҳудуди ноҳия ду кӯдакистон фаъолият дошта, дар онҳо 110 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дар ҳамкорӣ бо Шарикони рушд 35 адад, аз тарафи ЮНИСЕФ 20 Маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия ташкил гардидаанд. Дар ин марказҳо 53 мураббӣ ба тарбияи 605 кӯдак машғул мебошанд.
Дар ноҳия 56 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд, ки аз он 35 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 9 муассисаи таҳсилоти асосӣ мебошанд. Хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Шуғнон дар соли таҳсили 2023-2024 294 нафарро ташкил дод. Аз ҳисоби хатмкунандагон 16 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори номи донишҷӯ гардиданд. Шумораи умумии хонандагони ноҳия 5573 нафар буда, ба таълими онҳо 915 омӯзгор машғуланд. Дар соли равон 42 мутахассиси ҷавон бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи маорифи ноҳия фиристонда шуданд. Дар мактабҳои ноҳия 42 китобхона мавҷуд буда, хонандагон бо китобҳои дарсӣ пурра таъмин ҳастанд. Барои ҳавасманд шудани омӯзгорони ҷавон 5 нафари онҳо бо қарзи имтиёзнок барои хариди занбӯри асал ба маблағи 30 000 сомонӣ таъмин шуданд.
Татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, “Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шуғнон низ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар мактабҳои ноҳия 44 кабинети технологияи информатсионӣ, 25 кабинети химия, 12 кабинети физика, 5 кабинети биология мавҷуд буда, аз ин шумора, 9 кабинети физика, 6 кабинети химия ва 2 кабинети биология бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шарикони рушд муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамчунин, мактабҳо бо 65 проэктор, 49 сканер, 42 тахтаи электронӣ, 1092 маводи таълимии электронӣ (китобҳои дарсӣ дар намуди фитта), 1 китобхонаи электронӣ ва 1 кабинети лингофонӣ таъмин мебошанд. Аз тарафи раёсати маорифи ВМКБ ба мактабҳои №№22, 23 дар Рӯзи Дониш 5 компютер тақдим карда шуд. Бояд ёдовар шуд, ки дар ноҳия таҳсил дар ду баст ба роҳ монда шуда, ягон нафар соли хониши 2023-2024 аз таҳсил дур намондааст.
Фаъолияти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъба назаррас аст. Таври мисол, дар олимпиадаи даври чоруми ҷумҳуриявӣ аз муассисаҳои таълимии ноҳия 34 хонанда иштирок намуда, сазовори 17 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, 3 ҷойи дуюм, 14 ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон, хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ фаъолона ширкат меварзанд.
Таҳсилоти иловагӣ ҳамчун қисми таркибии таҳсилоти умумӣ имкон медиҳад, ки майлу рағбат ва қобилияти кӯдакон инкишоф дода шавад. Айни замон дар ноҳия 2 Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд. Маркази таҳсилоти иловагии рақами 1 дар Ҷамоати деҳоти Поршинев, дар бинои мактаби №11 ҷойгир буда, дар он 24 маҳфил бо фарогирии 642 хонанда фаъолият мекунанд. Маркази таҳсилоти иловагии рақами 2 дар деҳаи Кулеви Ҷамоати деҳоти Навобод буда, бинои алоҳида дорад ва дар 71 гурӯҳ 734 хонанда ба машғулият фаро гирифта шудаанд.
Мулоқот бо аҳли маорифи ноҳияи Шуғнон фараҳангез баргузор шуда, сардабири маҷалла аз чанд муассисаи таълимии ноҳия дидан намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуд.
НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА
Дар ноҳияи Роштқалъа муовини раиси ноҳия Роза Гулаҳмадшоҳзода зимни суҳбат бо сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” иброз дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, дар соҳаи маориф, пешрафтҳои чашмгир дида мешавад. Бунёду сохтмони муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир яке аз он дастовардҳо мебошад.
Мулоқот бо аҳли маорифи ноҳия хотирмону ҷолиб баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш муовини раиси ноҳия Роза Гулаҳмадшоҳзода, мудири кабинети методии раёсати маорифи ВМКБ Ақлимо Мустаҷобова, мудири шуъбаи маориф Мамадамбар Давлатқадамов ва аҳли маорифи Роштқалъа ширкат ва суханронӣ карда, аз муҳиммияти амалишавии мавзуъҳои болозикр ёдрас гардиданд. Устодону омӯзгорон оид ба фаъолияти маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” ибрози андеша намуда, барои тақвияти ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуданд. Дар анҷоми нишаст пешниҳоду дархостҳои аҳли нишаст низ ироа гардид. Илова бар ин, аз муассисаҳои таълимии ноҳия боздид карда шуд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия М. Давлатқадамов дар суҳбат қайд кард, ки дар Роштқалъа 41 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 6 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва 1 кӯдакистон фаъолият дорад. Инчунин, 37 Маркази инкишофи барвақтии кӯдак низ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 520 кӯдак таъсис дода шудаанд. Бунёди муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди ноҳия бомаром идома дорад, ки ин нукта боиси руҳбаландии аҳли маориф аст. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 4243 хонанда таҳсил менамояд, ки ба онҳо 718 муаллим дарс мегӯянд. Дар асоси роҳхати Вазорати маориф ва илм 53 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба мактабҳои ноҳия фиристода шуданд, ки 12 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ таҳсил кардаанд.
Дар ноҳияи Роштқалъа як ширхоргоҳ-кӯдакистон фаъолият дошта, дар он 60 кӯдак, дар чор гурӯҳи аз 1,5 то 6-сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, як интернати давлатии назди муассисаи таълимии №26 низ аз соли 1959 дар ноҳия фаъолият мекунад, ки дар он 55 нафар ба таҳсил ҷалб шудааст. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 59 кабинети фаннӣ (компютер 35-то, физика 7-то, химия 7-то ва технология 10-то) амал мекунад. Соли равон аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои №№2, 22, 26 ва 29 кабинетҳо барои фанҳои физика, химия, биология ҷиҳозонида шуд.
Боиси ифтихор аст, ки Ҳафиза Мамадаёзова омӯзгори математикаи мактаби №9 дар даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” сазовори ҷойи якум гардида, дар даври вилоятӣ низ фаъолона ширкат варзид. Фаъолияти Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ низ пурбор буда, айни замон дар тавозуни МТИК ва муассисаҳои таълимии ноҳия 423 компютер, 135 принтер, 36 тахтаи электронӣ ва 59 проэктор мавҷуд мебошанд. Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъба низ олимпиадаву озмунҳои зиёдро ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор карда, ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия 18 маҳфил, дар 44 гурӯҳ, бо ҷалби 428 хонанда фаъолият менамояд. Аз шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 4091 нафар узви Созмони хонандагон мебошанд.
Шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа барои мавсими зимистон маводи сӯхт ва дигар маҳсулоти заруриро захира карда, дар ин самт омодагии ҷиддӣ дорад.
НОҲИЯИ МУРҒОБ
Сафар ба ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб 2 рӯзро дар бар гирифту бисёр пурбор буд. Кор кардан дар ин ноҳия, ки шароити хоси ҷуғрофӣ дорад, осон нест, аммо аҳли маорифи Мурғоб бо сарварии раиси кордони ноҳия Ҳусния Раҷабзода бо шавқу дилбастагӣ ба кор пардохтаанду дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд. Номбурда, ки зимни сафари ҳайати эҷодии маҷалла дар яке аз мавзеъҳои дурдасти ноҳия қарор дошт, дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки туфайли ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳияи дурдасти кӯҳӣ ва дорои иқлими мутафовит, симои Мурғоб рӯз ба рӯз дигаргуну зеботар шуда истодааст.
Сипас, мулоқоти сармуҳаррири маҷалла бо муовини раиси ноҳия Мурзамад Абдуқаюм ва мудири шуъбаи маорифи Мурғоб Тӯтиё Муродзода сурат гирифт. Мурзамад Абдуқаюм иброз дошт, ки мактабу маориф дар роҳи рушду нумуи иҷтимоию иқтисодӣ ва зеҳнию ақлонии ҳар як инсон манзалату мавқеи муҳим дорад.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Т. Муродзода қайд кард, ки сохтмони мактабҳо ва дигар иншооти муҳим дар ин ноҳияи кӯҳӣ бомаром идома дорад, ки аз ёрмандиҳои доимии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи калидӣ сарчашма мегирад. Айни замон дар ноҳияи Мурғоб 13 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолияти пурсамар дошта, дар онҳо 2309 хонанда таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 305 омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Имсол бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 мутахассиси ҷавон барои кор ба ноҳия фиристода шуда, ҳамчунин, омӯзгорони ҷавон аз қарзҳои имтиёзнок бархурдор шуданд.
Дар Мурғоб 6 кӯдакистон фаъолияти пурсамар дошта, дар онҳо 187 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, бо мақсади фарогирии бештари кӯдакони синни томактабӣ алҳол дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия 8 Маркази инкишофи кӯдак ташкил гардидааст, ки 110 кӯдакро фаро гирифтаанд. Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои тахассусии омӯзгорон 65 омӯзгор аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта, маҳоратҳои касбии худро сайқал додаанд. Боиси сарфарозист, ки дар даври вилоятии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №14-и ноҳия Бибиёсуман Шоҷиева аз худ маҳорати хуби касбӣ нишон дода, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Дар озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” низ мураббии кӯдакистони “Бобуна” Мендигул Назарбекова дар даври вилоятӣ фаъолона иштирок карда, ҷойи ифтихориро соҳиб гашт. Соли 2024 муассисаҳои таълимии ноҳияро 110 нафар хатм намуда, аз ин теъдод, 28 нафар тариқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дохил гардиданд. Шуъбаи маорифи ноҳияи Мурғоб ҷиҳати татбиқи тамоми барномаву стратегияҳои дар соҳаи маориф қабулшуда тадбирҳои амалӣ андешида, дар ин замина дастовардҳоро низ соҳиб гаштааст.
Пасон, дар маҷлисгоҳи Ҷамоати шаҳраки Мурғоб бо аҳли маорифи ноҳия мулоқот баргузор гардид. Дар ҳамоиш Мурзамад Абдуқаюм аз ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мурғоб ёдовар шуда, таъкид кард, ки Ҳукумати мамлакат ва Пешвои маърифатпарвари мо-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи калидию афзалиятноки кишвар таваҷҷуҳи хосса намуда, бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва дар ин замина, фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳли маорифи кишвар ҳамарӯза тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Сардабири маҷалла ҳозиринро бо Рӯзи дониш ва ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки дар партави дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар соҳаи маориф пешрафтҳои чашмгир дораду вазъи он рӯз ба рӯз рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ҳам барои комёбиҳои бештар дар бахши таълиму тарбия тадбирҳои судманд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот, таъминоти муассисаҳои таълимии миқёси ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти мутобиқ ба талаботи имрӯза, таҳияву нашри китобҳои дарсӣ ва ғайра, меандешанд. Тақвияти ҳамкориҳои нашрияву маҷаллаҳои соҳавӣ бо аҳли маорифи ҷумҳурӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорати маориф ва илм қарор дорад, то устодону омӯзгорони кишвар аз ин минбари бонуфузу беминнати хеш самаранок истифода баранд ва дар инъикоси пешрафтҳои соҳаи маорифи шаҳру навоҳии хеш, навиштани маводу мақолаҳои таҳлилию методӣ, илмию таҳқиқӣ, педагогию оммавӣ, пешниҳоди таҷрибаи пешқадами омӯзгориашон пешсафиро аз даст надиҳанд.
Дар идома, омӯзгорони ноҳияи Мурғоб оид ба масъалаҳои ироашуда андеша ва пешниҳодоти худро иброз доштанд ва музокироти судманд сурат гирифт.
НОҲИЯИ ИШКОШИМ
Сафар дар Ишкошим аз суҳбат бо мудири шуъбаи маориф Маликшо Диловаров оғоз гардид. Мавсуф таъкид намуд, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли маориф кӯшиш ба харҷ дода, мутобиқ ба қонунҳои амалкунандаи соҳаи маориф, дастуру сипоришҳои Вазорати маориф ва илм, фармоишҳои вазири маориф ва илм корҳои назаррасро анҷом медиҳанд. Айни замон дар ноҳия 45 муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, ки аз ин теъдод, 33-тои он муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4-то муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 8-то муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ мебошад. Дар онҳо 5050 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст ва 857 омӯзгор ба шогирдон дарс мегӯянд, ки дар рушди соҳа саҳми беназир доранд. Лоиқи зикр аст, ки ҳолати аз таҳсил дур мондани хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ вуҷуд надорад.
Зинаи таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои муҳим дар ташаккули шахсияти кӯдакон мебошад ва фарогирии тифлакон ба кӯдакистонҳо низ яке аз бахшҳои афзалиятнок маҳсуб мегардад. Дар ҳудуди ноҳия 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта, 310 тарбиятгиранда ба таълиму тарбия ҷалб шудаанд. Кори ин кӯдакистонҳо мунтазам таҳти таваҷҷуҳи кабинети методии шуъбаи маориф қарор дорад. Бояд қайд кард, ки дар назди 31 муассисаи таълимии ноҳия Маркази инкишофи кӯдак ташкил гардида, 475 кӯдак ба онҳо ҷалб шудаанд.
Пас аз суҳбат бо М. Диловаров дар мактаби №21-и ноҳия мулоқоти сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” бо аҳли маорифи Ишкошим баргузор шуда, оид ба рушди ҳамкориҳо ва вусъат бахшидан ба раванди обуна гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Сардабири маҷалла изҳор дошт, ки дар ноҳияи Ишкошим чеҳраҳои шинохтаи маориф, омӯзгорони навҷӯю навандеш ва муаллимони соҳибтаҷрибаву ба касби хеш содиқ зиёд буда, муаррифии бештари онҳо, паҳн намудани таҷрибаи кории пешқадами ин омӯзгорон ба оммаи омӯзгорони кишвар муҳим мебошад. Пешниҳод намудани роҳу усулҳои нави таълим аз тариқи навиштани мақолаву матлабҳои таълимӣ ба маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” ва чопи онҳо боиси руҳбаландию ҳавасмандии бештари аҳли маорифи ноҳия мегардад.
Аҳли нишаст доир ба масъалаҳои ироашуда фикру андешаҳои хешро иброз дошта, қайд карданд, ки вусъат бахшидани ҳамкориҳо ва истифодаи босамар аз минбари беминнати омӯзгорон — “Маърифати омӯзгор” ба манфиати кори кулли омӯзгорони ҷумҳурист ва аҳли маорифи ноҳия низ дар ин раванд фаъолона иштирок мекунанд. Дар зимн, устодону омӯзгорони ноҳияи Ишкошим пешниҳодҳои худро дар робита ба фаъолияти боз ҳам пурсамари маҷалла иброз доштанд.
ШАҲРИ ХОРУҒ
Дар ҷараёни сафар ба ВМКБ дар шаҳри Хоруғ вохӯрии сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” бо раиси шаҳр Назарзода Ризо Шодӣ ба вуқуъ пайваст ва дар он вобаста ба масъалаҳои мақсади сафар гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Раиси шаҳр зикр намуд, ки маориф соҳаи афзалиятноку сарнавиштсози ҷомеа ба шумор рафта, пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Маҳз ба ҳамин хотир дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди бештари ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуда, дар замони истиқлол ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқарорсозии онҳо дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва татбиқи амалии онҳо мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардошта, муаллимро «ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он» номидаанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти кори муаллим ва беҳбудии рӯзгори ӯ пайваста ғамхориҳо мекунад. аз ҷумла, муқаррар намудани як қатор имтиёзҳо барои муаллимон, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба он хотир аст, ки омӯзгор тамоми донишу заковат, гармии дили хешро бедареғ ба фарзандони халқ бидиҳад ва ҳамзамон, худро хушбахт шуморад.
Ҳамчунин, вобаста ба мавзуи рушди бештари ҳамкориҳо бо маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” бо муовини раиси шаҳри Хоруғ Парӣ Ғуломҳайдарзода, узви Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи назорати дастур, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Шодигул Қонунзода, устодону омӯзгорон, аҳли маорифи шаҳр суҳбатҳои муфид анҷом дода шуд.
Ш. Қонунзода иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешрафти соҳаи маориф ва марҳила ба марҳила таҳким бахшидани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешида, ҷавобан ба ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи калидии кишвар аҳли маорифи шаҳри Хоруғ мекӯшанд, содиқона аз пайи иҷрои рисолати касбии хеш бошанд.
Дар шаҳри Хоруғ алҳол 14 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 2 муассисаи типи нав: Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ ва Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат мебошанд. Шумораи умумии хонандагон 5736 нафар буда, ба онҳо 474 омӯзгор дарс медиҳанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр 643 компютер, 132 принтер, 76 видеопроэктор, 60 тахтаи электронию дигар маводҳои электронӣ ва 71 кабинети фанниву 6 озмоишгоҳ мавҷуд ҳаст.
Дар нуҳ моҳи соли 2024 аз тарафи Вазорати маориф ва илм ба шуъбаи маорифи шаҳр 162 номгӯй китобҳои дарсӣ бо шумораи 13 412 адад дохил гардида, дастраси муассисаҳои таълимӣ шуданд.
Имрӯзҳо теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Хоруғ ба 6 адад ва шумораи тарбиятгирандагон ба 1020 нафар расидааст. Ба таълиму тарбияи ин кӯдакон 52 мураббӣ машғуланд. Маркази инкишофи кӯдакон дар назди Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хорӯғ бо фарогирии 338 кӯдак ва 24 мураббӣ фаъолият мекунад. Инчунин, дар назди 3 муассисаи таълимии шаҳр Маркази инкишофи кӯдак фаъол аст. Дар маҷмуъ, фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи зинаи томактабӣ дар шаҳри Хоруғ ба 1587 нафар расидааст, ки 80%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, такмили малакаю маҳорати омӯзгорон, истифодаи боз ҳам бештари усулҳои муосир, дарёфти мураббиёну омӯзгорони соҳибистеъдод, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо ҳамасола мураббиёну омӯзгорони шаҳри Хоруғ дар озмунҳои “Мураббии соли Тоҷикистон” ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон” фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд.
Аз 381 хатмкунанда 341 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, 378 нафар ба донишгоҳҳои дохилу хориҷи кишвар дохил шуданд. Қобили зикр аст, ки дастовардҳои хонандагони шаҳри Хоруғ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳҳои гуногун назаррас буда, бо иштирокашон дар ин чорабиниҳо ба дастовардҳои соҳаи маорифи шаҳр комёбиҳои навин меоранд. Масалан, дар даври чоруми олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар умум, 347 нафар иштирок карда, 54 хонанда сазовори ҷойҳои намоён, аз ҷумла, медалҳои тиллою нуқра гардиданд.
Раванди омодасозии муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ба мавсими сармо дар сатҳи баланд қарор дошта, то имрӯз бо гармкунакҳои барқӣ ва захираи кофии ангишт таъмин гардидаанд.
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ
БА НОМИ МОЁНШО НАЗАРШОЕВ
Дар доираи ин сафар бо роҳбарият ва ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев низ дидору суҳбат баргузор шуд.
Тавре иттилоъ дорем, донишгоҳи мазкур зодаи даврони истиқлол буда, 5 августи соли 1992 таъсис дода шудааст. Барои хизматҳои шоён дар назди халқу миллат, ин муассиса дар асоси Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 октябри 1994 ба номи ходими намоёни давлатӣ, олими маъруф, академик Моёншо Назаршоев номгузорӣ шудааст. Нахустин ректори донишгоҳ доктори илмҳои физика-математика, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов буд, ки дар ташкилу поягузории он ва ҷалби мутахассисони илмӣ-омӯзгорӣ ба донишгоҳ фаъолияти пурсамар намуд. Дар солҳои минбаъда донишгоҳро узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шодравон Хаёлбек Додихудоев, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирганд Шаҳбозов, доктори илмҳои физика-математика, профессор Гулхоҷа Ҷангибеков, доктори илмҳои техникӣ, профессор Имомёрбек Қаландарбеков, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, доктори илмҳои физика-математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода роҳбарӣ намуда, дар пешрафти донишгоҳ корҳои назаррасро анҷом додаанд. Айни замон вазифаи ректори донишгоҳро дастпарвари ин боргоҳи илму маърифат, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Комилбек Амид Ёрбек бар уҳда дорад. Ректори донишгоҳ зимни мулоқот иброз дошт, ки таъсиси ин махзани илму дониш дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ-маърифатии ВМКБ рӯйдоди муҳим буда, аҳаммияти бузурги сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ дорад. Ин падидаи муҳим дар китоби таърихи илму маориф ва фарҳанги вилоят як саҳифаи навро боз намуд. Донишгоҳ чун маркази илмӣ-маърифатӣ неруи зеҳнӣ-илмиро муттаҳид намуда, ба ташаккули кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва пешрафти соҳаҳои дигари хоҷагии халқ мусоидат намуд. Фаъолияти беш аз 32-солаи донишгоҳ собит намуд, ки дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва рушди вилоят аҳаммияти бузург дорад. Дар ин муддат муассисаро беш аз 20 ҳазор нафар хатм намуданд, ки имрӯз дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии кишвари азизамон Тоҷикистон софдилонаву содиқона кор мекунанд. Устодони донишгоҳ аз он мефахранд, ки аз байни дастпарварони донишгоҳ вазирон, вакилон, кормандони мақомоти давлатӣ, шоирон, рӯзноманигорон, даҳҳо номзаду доктори илм ба камол расиданд.
Дар идомаи суҳбат муовини якуми ректор оид ба таълим, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саид Ғоибназарзода қайд кард, ки ҳайати кормандони донишгоҳ бо нашрияву маҷаллаҳои соҳавӣ, аз ҷумла, «Маърифати омӯзгор» робитаҳои хубро ба роҳ мондаанд ва дар оянда низ ин ҳамкориҳоро тақвият хоҳанд бахшид.
ФИЛИАЛИ ДОНИШКАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ВМКБ
Дар доираи сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сардабири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» аз Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ дар шаҳри Хоруғ дидан намуд.
Директори ФДҶТИВБКСМ дар ВМКБ Раҳимдод Азизбеков дар суҳбат иброз дошт, ки филиали мазкур, ки айни замон бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф, коркарди таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ ва татбиқи онҳо, расонидани кумакҳои методӣ ба омӯзгорон ва татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф фаъолият карда истодааст, таърихи ҳаштоду ҳаштсола дошта, вобаста ба талаботи замон чанд сохтор ва мақоми худро иваз кардааст, аммо рисолати аслиаш ҳамоно бетағйир боқӣ мондааст. Аз ҷумла, соли 1936 дар назди Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон шуъбаи алоҳида дар шаҳри Хоруғ таъсис дода шуд, ки он то соли 1957 фаъолият намуд. Соли 1957 бо ба назар гирифтани ниёзи омӯзгорон ба бозомӯзӣ Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон соли 1957 Донишкадаи такмили ихтисоси вилоятро таъсис дод ва яке аз аҳли маорифи варзидаи вилоят Шодихон Ёрмамадовро директори он таъйин намуд. Донишкадаи такмили ихтисоси вилоят соли 1996 ба Маркази методии омӯзгорони ВМКБ табдил дода шуд ва то соли 1998 дар ҳамин мақом фаъолият кард. Муассиса солҳои 1998-1999 ба Маркази рушди касбии омӯзгорони ВМКБ тағйири ном кард. Аз соли 2000 то 2014-ум ин муассиса бо номи Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ фаъолият карда буд. Шуруъ аз соли 2015 то инҷониб, ҳамчун Филиали муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар ВМКБ фаъолият дорад.
Муовини директор оид ба таълим, илм ва инноватсияи ФДҶТИБКСМ Карам Парпишоев оид ба фаъолиятҳои илмӣ-методии филиал дар тӯли солҳои фаъолияташ чанд мисол овард, ки лоиқи таваҷҷуҳанд. Ӯ аз ҷумла, қайд кард, ки соли 1962 барои муаллимон рӯзи методӣ муайян карда шуд, ки дар ин рӯз омӯзгорон фориғ аз дарс, дар шаклҳои мухталифи корҳои методӣ савияи педагогӣ ва худомӯзии худро баланд мебардоштанд. Соли 1997 дар таърихи маорифи вилоят аввалин маротиба чопи варақаи иттилоотӣ-методӣ бо номи «Раҳнамо» бо мақсади такмили тахассуси касбии муаллимон ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарин ба роҳ монда шуд. Баъдтар он бо номи маҷаллаи «Мунис» ва аз моҳи январи соли 2008 то ин дам бо номи «Раҳнамои омӯзгор» нашр мешавад. Лоиқи зикр аст, ки солҳои 2003-2006-ум дар Тоҷикистон “Барномаи рушди маълумоти ибтидоӣ дар Тоҷикистон” қабул гардид, ки иҷрокунандаи асосии он Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ буд. Дар ин муддат донишкада мактабҳои такягоҳии ВМКБ, вилояти Хатлон (ноҳияҳои Шурообод, Муъминобод, Ховалинг) ва водии Раштро (Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Роғун) аз ҷиҳати моддӣ-техникӣ ва методӣ пурқувват намуд. Ҳамчунин, дар донишкада барномаи «Таълиму тарбияи тандурустӣ» амал намуда, тавассути он хонандагони синфҳои 4 ва 7-и ҳамаи мактабҳои вилоят донишу малакаҳои худро оид ба тарзи ҳаёти солим, муҳофизати бадан аз бемориҳои сирояткунанда, нашъамандӣ ва роҳҳои пешгирии он такмил доданд. Ҳамчунин, соли 2009 дар заминаи донишкада филиали Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Дар умум, пас аз шиносоӣ бо фаъолияти филиали донишкада маълум гардид, ки муассисаи мазкур дастовардҳои зиёд дошта, раванди кораш пурвусъат аст.
ДОНИШГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ
Дар ҷараёни сафари хидматӣ ба Бадахшон сармуҳаррири маҷалла, ҳамчунин, аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дидан намуда, бо шароити тадрису таълим ва будубоши донишҷӯёну омӯзгорон дар муассиса шинос гардид.
Директори донишгоҳ Холиқназар Кучакшоев дар бораи таърихи таъсиси он иттилоъ дода гуфт, ки муассисаи мазкур 14-уми сентябри соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидааст. Донишгоҳ дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз биноҳои таълимии дуошёна ва се ошёна иборат мебошад. Тибқи нақша бинои донишгоҳ, дар маҷмуъ, дар се қисмат бунёд карда мешавад. Қисмати якуми он, ки қомат афрохтаву ба фаъолият пардохтааст, бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии таълим мебошад. Донишгоҳи мазкур дорои ду ихтисос: омӯзиши илм дар бораи замин ва муҳити зист ва иқтисодиёт буда, ба донишҷӯён устодон аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим дарс мегӯянд. Айни замон шумораи донишҷӯёни донишгоҳ 196 нафарро ташкил дода, дар ин ҷо донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Покистон ва ғайра, таҳсил менамоянд. Ба донишҷӯён 25 омӯзгор дарс медиҳад. Самти таълим дар донишгоҳ, асосан, ба тадқиқот нигаронида шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан, технологияи компютерӣ ба омӯзиш ва корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд.
-Ёдам намеравад, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо омӯзгорон ва донишҷӯён чунин таъкид карда буданд, ки “дар чунин шароити фароҳам гардида, ки ба донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баробар аст, ба корҳои илмию тадқиқотӣ дар равияҳои барои кишвари мо муҳим, омӯзиши замин ва муҳити атроф ва иқтисодиёт бештар машғул шаванд ва донишу малакаи худро мукаммал намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ба воя расанд», — иброз медорад Х. Кучакшоев.
Дарсҳо дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, дар он мутахассисони рақобатпазир ба бозори ҷаҳонӣ омода карда мешавад. Тибқи низомнома донишҷӯён тариқи шартномавӣ қабул карда мешаванд ва ҳамзамон, ба ҷавонони лаёқатманд имтиёзҳо муқаррар гардидааст. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дорои синфхонаи муосири таълим, китобхона, китобхонаи электронӣ, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои омӯзгорон, ошхона ва ҳуҷраҳои истироҳатию фароғатӣ мебошад. Ҳамзамон, барои ба варзиш ва обу тоби бадан машғул шудани донишҷӯён маркази фитнес, тенниси рӯимизӣ ва дигар машғулиятҳои варзишӣ амал карда, инчунин, майдони варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол, толори болопӯшидаи варзишӣ сохта шудааст. Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омӯзгорон ва донишҷӯён бо хобгоҳҳои замонавӣ пурра таъмин гардидаанд. Ин муассиса дар заминаи дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бунёд гардида, он барои донишҷӯёни тоҷик ва дар оянда омода намудани мутахассисони соҳибихтисос дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи асосӣ фароҳам меорад.
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ
КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
Зимни сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” Дилафрӯз Қурбонзода бо раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ мулоқот намуд, ки дар раванди он оид ба масъалаи дурнамои ҳамкориҳо ба аҳли маорифи вилоят, вазъи соҳаи маориф ва ҷараёни маъракаи обуна ба маҷалла муколамаи судманд анҷом ёфт. Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки соҳаи маориф дар сархати сиёсати дохилии мамлакат чун соҳаи афзалиятнок мавқеъ гирифтааст ва дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши муҳим дорад. Ба ин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати пешрафту равнақи он тадбирҳои хеле судманд андешида шудаанд. Аз ин рӯ, вазъи таълиму тарбия, сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят таҳти таваҷҷуҳи хосса қарор дошта, ба тариқи доимӣ мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дода мешавад.
Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 215 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 43 ҳазор ҷои нишаст ба маблағи беш аз 450 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Ҳоло ба маблағи 144 миллион сомонӣ сохтмони боз 26 муассисаи таълимӣ барои 9 ҳазор хонанда идома дорад. Бояд гуфт, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кору фаъолияти омӯзгорон марҳилаи нав ворид гардид. Ин қишри ҷомеа рисолати худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ карданд, ки ба ин васила, дар тарбияи худшиносии насли наврас имконияти бештар фароҳам оварда шуд. Маҳз иҷрои вазифаҳои бузург мақому манзалати омӯзгорро дар ҷомеаи мо боло бардошта, ӯро соҳибэҳтирому соҳибиззат гардониданд.
Сардори раёсати маорифи вилоят Аминҷон Мирзоқанд ҳангоми суҳбат иттилоъ дод, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ВМКБ 5320 омӯзгор ба кори таълиму тарбия машғул буда, дар баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот саҳми арзанда мегузоранд. Ҷиҳати дастгирии мутахассисони ҷавон ба 39 омӯзгор қарзи имтиёзнок дода шудааст. Дар озмуни вилоятии Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ 3 омӯзгори Литсейи давлатӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ ғолиб дониста шуда, ҷиҳати иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Дар Форуми ҷумҳуриявии “Омӯзгори навовар”, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, омӯзгори биологияи мактаби №12-и ноҳияи Роштқалъа Сабзагул Хуромонова бо муаррифӣ кардани лоиҳаи худ сазовори ҷойи дуюм гардид, ки яке аз натиҷаҳои беҳтарини омӯзгорони вилоят дар соли 2024 мебошад. Дар соли таҳсили 2023-2024 барои кор дар соҳаи маорифи ВМКБ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 308 мутахассиси ҷавон фиристода шуд. Ҷиҳати таъмини хонандагон бо шароити хубу муосири таълим бо дастгирии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи сохтмони асосии ВМКБ, Шарикони рушд ва шахсони эҳсонкору саховатпеша барои амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ҷиҳати сохтмону таъсиси кудакистонҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, се бинои муассисаи томактабӣ барои 380 кӯдак сохта шуд. Айни замон сохтмони 7 бинои нави кӯдакистон ва марказҳои инкишофи кӯдак бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ барои 585 кӯдак бо маблағи умумии 13 миллиону 683 ҳазор сомонӣ идома доранд. Соли ҷорӣ гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо ҷалби мутахассисони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаҳои сохтмон ва меъморӣ, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазъи 118 бинои муассисаи таълимии ҳудуди вилоят шинос гардиданд, ки дар натиҷаи хулосабарориҳо 70 бинои муассисаҳои таълимӣ дар ҳолати садамавӣ ва 35 бино ба таъмири асосӣ ниёздошта арзёбӣ шуданд. Иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” ва раванди омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳолати хуб қарор дошта, то имрӯз миқдори зиёди маводи сӯхт захира карда шудааст. Боиси хушнудист, ки сол ба сол хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят дар олимпиадаҳои анъанавии фаннӣ, номӣ ва онлайнӣ шумораи бештари ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд. Дар маҷмуъ, 4224 хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ, озмунҳои сатҳи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)-и «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва озмуни сатҳи вилоятии «Маърифати ҳуқуқӣ-оини худшиносӣ» ширкат варзида, 814 нафараш пирӯз гардиданд. Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ аз 2191 хатмкунандаи синфи 11-и мактабҳо 1904 нафар барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба қайд гирифта шуданд, ки 87%-и нақшаро ташкил медиҳад. Бо мақсади ҷалби наврасон ба истироҳати тобистона дар соли равон, дар маҷмуъ, 1217 нафар хонанда, аз ҷумла, 632 наврас дар лагерҳои истироҳатии беруназшаҳрӣ ва 585 нафар дар истироҳатгоҳҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.
Сипас, дар толори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо аҳли маорифи вилоят мулоқот доир гардид, ки дар он сардори раёсати маорифи ВМКБ Аминҷон Мирзоқанд роҷеъ ба таърихи пурғановати маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” сухан ронда, муҳиммияти фаъолияти пурбор ва нақши мондагори онро дар соҳаи маориф таъкид намуд.
Собиқадори соҳаи матбуот, рӯзноманигори шинохта Ҷангибек Улфатшоев низ доир ба яке аз нашрияҳои калидию номвари Вазорати маориф ва илм будани маҷалла таъкид намуда, аз шебу фарози кор ва пурмазмуну пурмуҳтаво гаштани он сухан гуфт.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Шодигул Қонунзода зикр кард, ки имрӯзҳо маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” ҳамчун роҳнамои беминнати кулли омӯзгорони ҷумҳурӣ барои инъикоси навгониҳои соҳа, нашри мақолаҳои методию илмӣ, педагогию тарбиявӣ нақши арзанда дошта, омӯзгорон нашри навбатии ҳар як шумораи онро бесаброна интизорӣ мекашанд, зеро дар он барои ҳар як мутахассис-омӯзгорони фанҳои гуногун матолиби хонданию ҷолиб рӯйи чоп меояд.
Дар идома, аҳли нишаст, омӯзгорони номвари вилоят ба музокира баромада, атрофи масъалаҳои ироагардида фикру андешаҳои хешро иброз доштанд
ХУЛОСА
Дар маҷмуъ, натиҷаи сафари беш аз даҳрӯзаи сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” Дилафрӯз Қурбонзода ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нишон дод, ки роҳбарияти вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва аҳли маорифи вилоят бо шукргузорӣ аз таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти ин соҳаи калидию афзалиятнок пайи заҳмату пайкор буда, мекӯшанд, дар рушду нумуи бештари он саҳми арзанда гузоранд. Ҳар як нафар аҳли маорифи ВМКБ — устодону омӯзгорон бо ҳисси ҳамдилию ҳамбастагӣ содиқона ба иҷрои касби хеш камар баста, дар татбиқи барномаҳои давлатии соҳа, таълиму тарбияи волои наврасону ҷавонон ва пешбурди соҳаи муҳим худро масъул дониста, талош бар он доранд, маорифи вилоят дар оянда низ дастовардҳои назаррасу мондагор дошта бошад