Сайҳуна БАДИХОВА,
омӯзгор, шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд
Пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии оби ширини сайёра ба ҳисоб рафта, дар нигоҳдории тавозуни экологии табиат ва таъмини эҳтиёҷоти ҳаётан муҳимми инсонҳо нақши калидӣ мебозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо номи «Кишвари обҳои зулол» маъруф аст, бо доштани зиёда аз 13 ҳазор пирях, аз ҷумла, пиряхи Ванҷях (пештара Федченко) — бузургтарин пиряхи материкии ҷаҳон сарчашмаи асосии об барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аммо дар даҳсолаҳои охир, тағйирёбии иқлим, болоравии ҳарорати миёна ва коҳиши боришот боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардидаанд.
14 декабри соли 2022 дар ҷараёни иҷлосияи 77-уми Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории 153 кишвари узв ташаббуси панҷуми байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим якдилона қабул гардид. Бар асоси ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамасола ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Илова бар ин, барои ҳифзу нигоҳдории пиряхҳо Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт.
Масъалаи обшавии пиряхҳо танҳо мушкили муҳити зист нест, балки паёмадҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро низ ба бор меорад. Таназзули захираҳои об, хатари хушксолӣ, коҳиши иқтидори неругоҳҳои барқи обӣ ва ихтилофи эҳтимолӣ дар тақсими захираҳои об байни кишварҳо, аз ҷумлаи паёмадҳои ин раванд мебошанд. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо ва андешидани чораҳои фаврӣ барои пешгирии таназзули онҳо вазифаи муҳим ва оҷил барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан, кишварҳои дорои иқлими кӯҳӣ ба ҳисоб меравад.
Яке аз пиряхҳои калонтарини минтақа пиряхи Зарафшон ба шумор меравад, ки дар зери хатари тағйирёбии иқлим қарор гирифтааст. Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, ки дар муддати камтар аз ним аср пиряхи Зарафшон метавонад 4-5 км кӯтоҳ шавад ва то 35 фоизи ҳаҷми худро аз даст диҳад ва агар вазъ бетағйир монад, бо гузашти 150 сол пирях метавонад пурра аз байн равад. Гузаронидани таҳқиқоти мунтазами илмӣ ва мониторинги ҳолати пиряхҳо, аз ҷумла, суръати обшавӣ, тағйирёбии масоҳат ва ҳаҷм барои беҳтар фаҳмидани динамикаи тағйирот ва таҳияи стратегияҳои самараноки муҳофизат мусоидат мекунад. Натиҷаи босуръати обшавии пиряхҳо дар баъзе аз минтақаҳои водии Зарафшон назаррасанд.
Дар доираи ин таҳқиқ, мо тасмим гирифтем, бо истифода аз абзори муосири технологӣ, аз ҷумла, Google Earth таъсири гармшавии иқлимро дар водии Зарафшон ба таври мушаххас арзёбӣ намоем. Бо мақсади дарёфти мисоли равшан, мо обанбори сунъии деҳаи Шашкатро мавриди баррасӣ қарор додем. Ин ба мо имкон дод, ки ба таври возеҳ бубинем, чӣ гуна дар зарфи чанд сол ин манбаи муҳимми об зери таъсири тағйирёбии иқлим дучори хушкшавӣ ва камшавии масоҳат гардидааст.

Расми 1. Кӯли Ҳафтод
Нимаи якуми асри 20 дар мавзеи Шашкати Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент дар болои ҳамвории кӯҳӣ мардуми маҳаллӣ бо қувваи худ сатҳи теппаро андаке ҳамвор ва чуқур намуда, кӯли сунъиеро ба вуҷуд оварданд, ки аз ҳисоби оби пиряхҳо пур мешуд. Кӯли сунъии Ҳафтод ба мардуми деҳаи Шашкат ним аср зиёд хидмат мекард ва тамоми тобистон мардум аз оби ин кӯл барои нӯшокӣ ва соҳаи кишоварзӣ истифода мекарданд.
Оби кӯл экосистемаи ин маҳалро иваз намуд, талу теппаҳои як вақтҳо хушк аз об баҳравар шуда, олами наботот инкишоф ёфт, дарахтҳо сабзиданд, деҳқонон ба зироаткорӣ машғул шуданд. Вале таъсири глобалии обшавии пиряхҳо ба ин деҳаи кӯчак бетаъсир намонд. Мувофиқи гуфтаҳои мардуми маҳаллӣ кӯле, ки қариб тамоми сол мардумро бо об таъмин мекард, акнун дар аввалҳои моҳи июн тамоман хушк мешавад.
Чунон ки дар расми 2 (координатаҳо 39.38672149049642, 68.07105531443574) мебинем, дар ҷойи ҷудошуда ягон сабзаву дарахт мавҷуд нест ва сабаб дар он аст, ки объект дар моҳи сентябр аксбардорӣ шудааст.

Расми 2. Кӯли Ҳафтод
Мардуми маҳаллӣ, ки аз оби ин кӯл истифода менамуданд, тайи чанд соли охир дар гармиҳои тобистон беоб монда истодаанд.
Масоҳати умумии кӯли “Ҳафтод” 4914 м2 мебошад. Дар рӯ ба рӯйи саргаҳ бо теппаи фурӯхамида сарбанди думетра мавҷуд аст, ки ин имкони танзими обро дар вақти зарурӣ фароҳам меорад.
Чӣ тавре ки дар акси аз моҳвора гирифташуда маълум мегардад, кӯл хушк шудааст.
Метавон гуфт, ки гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо ин қисми табиати биҳиштосои диёрамонро хароб карда истодааст. Қисме аз пиряхҳои хурди кӯҳии ин маҳал низ дар ҳолати обшавии босуръат қарор дошта, сокинон хатари комилан аз байн рафтани ин кӯлро аз эҳтимол дур намедонанд.
Таҷҳизоти муосир ба мо имкон медиҳанд, ки раванди тағйирёбии иқлимро омӯзем ва бо гирифтани маълумоти дақиқ барои ҳалли муаммоҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешем.
Тавассути абзори Google Earth муайян гардид, ки дар зарфи 10 сол масоҳати обанбор қариб як маротиба кам шудааст. Дар аксе, ки 10.06.2007 гирифта шудааст, дидан мумкин, ки масоҳати умумии оби кӯл 4570 м2 (расми 3)-ро ташкил медиҳад, вале вақте ба акси дуюм, ки 16.06.2017 гирифта шудааст, назар афканем, масоҳати оби кӯл то 2922 м2 кам гардидааст. Пас, маълум мегардад, ки масоҳати кӯл бо фарқияти 10 сол ба таври назаррас кам шудааст (расми 4).

Расми 3. Кӯли Ҳафтод (соли 2007)
Мутаассифона, тавассути абзорҳои муосир мо натавонистем маълумоти дигарро низ таҳлил намоем, вале агар ба худи ҳамин 2 акс, ки бо фарқияти 10 сол гирифта шудаанд, назар кунем, таъсиргузории тағйирёбии иқлим дар ин минтақаро дуруст мушоҳида мекунем.

Расми 4. Кӯли Ҳафтод (соли 2017)
Чунин таҳлилҳо ба мо имкон медиҳанд, ки оид ба пешгирии нобудшавии экосистемаҳо, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо сари вақт чораандешӣ намоем ва барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва таъмини устувории муҳити зист заминаи мусоид фароҳам орем.
