Фарзона НАЗАРИЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №26-и ноҳияи
Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон

Синфҳои ибтидоӣ ‒ зинаҳои аввалини таҳсилоти мактабӣ дар ташаккули шахсияти хонанда нақши муҳим доранд. Дар низоми маорифи кишвар ба ин зинаи таҳсил ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, зеро маҳз дар ҳамин давра кӯдак хондан, навиштан ва ҳисоб карданро меомӯзад, ҷаҳонбинии ӯ шакл мегирад ва муносибаташ ба мактаб, омӯзгор ва ҷомеа муайян мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳо ва ироаи паёмҳои солона ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Пешвои миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид мекунанд, ки ояндаи давлату миллат аз сатҳи дониш ва тарбияи насли наврас вобаста мебошад. Сарвари давлат борҳо иброз доштаанд, ки омӯзгор бояд дар ҷомеа мавқеи баланд дошта бошад, зеро маҳз омӯзгорон пояи маърифат ва худшиносии миллиро мегузоранд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ҷойгоҳу мақоми ин касби пуршарафро боз ҳам дар ҷомеа баланд бардошт. Дар ин замина, тадбирҳо оид ба беҳтар намудани шароити корӣ, зиёд намудани музди меҳнат ва бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар ҳама гӯшаву канори мамлакат амалӣ гардида истодаанд.

Ин ҳама таваҷҷуҳ ва ғамхориҳо ба соҳаи маориф нишон медиҳад, ки Роҳбари давлат рушди ин соҳаи калидиро омили асосии пешрафти кишвар меҳисобанд. Ин ғамхорӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардониҳо омӯзгоронро вазифадор месозад, ки бо масъулияти бештар дар тарбия ва соҳибмаърифату донишманд гардидани насли наврас саҳм гузоранд.

Дар раванди таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти насли наврас нақши омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ хеле муҳим аст, зеро маҳз дар ҳамин зина пояи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи кӯдак гузошта мешавад. Агар дар синфҳои ибтидоӣ асоси дониш мустаҳкам бошад, хонанда дар зинаҳои болоии таҳсил низ муваффақ мегардад.

Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар баробари ёд додани хондану навиштан дар тарбия ва ташаккули шахсияти хонандагон нақш мегузоранд. Тамоми кӯшишу талоши омӯзгорон бояд ба баланд бардоштани сифати таълим равона карда шавад.

Бояд гуфт, ки сифати таълим ифодакунандаи сатҳи дониш, маҳорат ва малакаҳое мебошад, ки хонандагон дар раванди таълим аз худ менамоянд ва метавонанд онҳоро дар амал истифода баранд. Сифати таҳсил ба ҳаҷми маълумоти гирифташуда ва қобилияти тафаккури мустақилона, эҷодкорӣ ва ҳалли масъалаҳо низ вобаста аст. Сифати таълим нишондиҳандаи он аст, ки то чи андоза раванди таълим ба талаботи ҷомеа ва меъёрҳои давлатӣ ҷавобгӯ мебошад. Сифати баланди таҳсил заминаи рушди шахсият ва пешрафти ҷомеаро фароҳам месозад. Аз ҳамин сабаб баланд бардоштани сифати таълим дар синфҳои ибтидоӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар омӯзгор мебошад.

Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бояд дарсҳоро бо истифода аз методҳои муосир ва технологияҳои инноватсионӣ гузаранд. Таҷрибаҳои шахсӣ нишон медиҳанд, ки агар дарс бо усулҳои интерактивӣ ташкил карда шавад, фаъолнокии хонандагон зиёд мегардад.

Дар раванди дарс дар синфҳои ибтидоӣ истифода аз методҳои муосири зерин муфид мебошад:

  1. Таълими интерактивӣ. Дар ҷараёни ин усул ҳамкории фаъоли омӯзгор ва хонандагон дида мешавад. Саволу ҷавоб, мубоҳиса, кори гурӯҳӣ ва бозиҳои таълимӣ шавқу рағбати хонандагонро нисбат ба аз худ кардани дарс зиёд менамояд.
  2. Таълими лоиҳавӣ. Дар ин раванд хонандагон мустақилона ё дар гурӯҳҳо лоиҳа омода мекунанд. Ин усул малакаҳои таҳқиқотӣ ва эҷодии онҳоро инкишоф медиҳад.
  3. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК). Истифодаи компютер, тахтаи электронӣ ва барномаҳои таълимӣ раванди омӯзишро ҷолиб ва самаранок мегардонанд. Масалан, барномаҳои интерактивӣ ё платформаҳои омӯзишӣ метавонанд дар фаҳмонидани мавзуъҳои мураккаб ёрӣ расонанд. Истифодаи технологияҳои муосир, аз қабили рӯнамоӣ ва видеоҳои таълимӣ ба фаҳмиши амиқи мавзуъ мусоидат менамояд. Масалан, дар дарсҳои табиатшиносӣ бо намоишҳои видеоҳои кӯтоҳ дар бораи табиат хонандагон мавзуъро на танҳо мешунаванд, балки мебинанд ва дар хотир беҳтар нигоҳ медоранд.
  4. Методи тафаккури интиқодӣ. Ин усул хонандагонро водор месозад, ки фикр кунанд, таҳлил намоянд ва хулосабарорӣ кунанд.

Яке аз усулҳои самараноке, ки зимни дарс дар синфҳои ибтидоӣ пайваста  истифода мебарам, «фаъолияти дастаҷамъонаи таълимӣ» мебошад. Дар ин метод хонандагон дар гурӯҳҳо фаъолият намуда, масъалаҳоро якҷоя ҳал мекунанд. Ин тарзи кор ба рушди малакаи муошират, эҳтироми фикри дигарон ва ҳисси масъулиятшиносӣ мусоидат мекунад.

Ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва методҳои фаъол имкон медиҳад, ки раванди таълим зинда, шавқовар ва муассир гардад.

Дар раванди таълим ба рушди тафаккури эҷодии хонандагон аҳаммияти ҷиддӣ бояд дод. Хонандагон бояд худро дар дарс озод эҳсос кунанд. Барои ин истифода аз методи «Саволу ҷавоби озод» муфид мебошад. Ин усул ба хонандагон имкон медиҳад, ки фикри худро озодона баён намоянд ва маҳорату малакаи пурсишу посух ва фикр карданро ташаккул диҳанд. Ин раванд ба баланд гардидани эътимод ба худ ва рушди нутқи шифоҳӣ мусоидат мекунад.

Дар баробари таълим, тарбияи ахлоқӣ низ бояд самти муҳимми кори ҳар як омӯзгор бошад. Кӯшиш бояд кард, ки дар ҳар дарс унсурҳои тарбиявӣ ҷой дошта бошанд. Мебояд эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ, дӯст доштани Ватан, ифтихор аз гузашта, ҳурмати калонсолон, дӯстиву рафоқат бо ҳамсолон, ростқавлӣ ва дигар одатҳои неки инсонӣ дар ниҳоди ҳар хонанда парвариш дода шавад.

Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар татбиқу амалисозии дастуру ҳидоятҳои  Пешвои миллат дар робита ба рушди соҳаи маориф масъулияти бузург доранд. Мо бояд дар баробари додани дониш насли соҳибахлоқ, хирадманду худшинос ва ояндасозро тарбия намоем.

Бовар дорам, ки агар ҳар омӯзгор бо дилсӯзӣ ва ҳисси масъулият фаъолият намояд, насли имрӯза ба инсонҳои созанда, босавод ва ватандӯст табдил меёбад ва ин беҳтарин сармоягузорӣ ба ояндаи давлату миллат аст.

Такмили сифати таълим дар синфҳои ибтидоӣ яке аз вазифаҳои асосии низоми маориф мебошад. Истифодаи методҳои нави таълим имкон медиҳад, ки раванди омӯзиш самаранок, ҷолиб ва ба талаботи замон мутобиқ гардад. Зеро танҳо тавассути татбиқи усулҳои инноватсионӣ ва рушди касбии омӯзгорон метавон ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва тарбияи насли босаводу фаъол ноил гардид.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *