Номвар ҚУРБОН,
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика
ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳон буда, Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалии сайёра аз ташаббускорони байналмилалӣ мебошад. Дар ин мақола моҳият, масъалаҳо ва равандҳои ҷаҳонӣ таҳлил шудааст, ки барои ҳар як омӯзгори риштаҳои табиатшиносӣ ва таъриху сиёсатшиносӣ муҳим мебошанд.
Яке аз мушкилоти мураккаб, печида ва ҳалталаби экологӣ, ки ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон таъсир расонида, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор монеъ мешавад, тағйирёбии глобалии иқлим мебошад. Ҳарчанд таъсироти манфии равандҳои мазкур ҳам ҷанбаҳои фаъолият ва ҳам инфрасохторҳои мавҷударо дар тамоми гӯшаю канори сайёра фаро гирифтаанд, вале таъсири онҳо ба захираҳои об аз ҳама бештар зоҳир мегардад. Ин мушкилот, алалхусус, дар Осиёи Марказӣ, ки об дар минтақаи мазкур на танҳо асоси рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва саноатию энергетикӣ, балки омили муҳимми таъмини амнияти миллию минтақавӣ арзёбӣ мегардад, пуршиддат шудааст. Зеро тибқи натиҷаҳои илмӣ [1], давоми солҳои 1956-1990 захираи пиряхҳои Осиёи Марказӣ беш аз 3 маротиба коҳиш ёфтааст, ки ин ба ҳар соле, ба ҳисоби миёна 0,6-0,8% ва 0,1% кам шудани майдону ҳаҷми яхҳо баробар аст. Ҳамзамон, тибқи маълумот, пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистон, ки манбаи асосии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд, дар давоми асри пор зиёда аз сеяки ҳаҷми худро гум кардаанд. Зиёда аз ин, ба андозаи 2-3°С боло рафтани ҳарорати ҳавои наздизаминӣ раванди коҳишёбии пиряхҳоро дар тамоми манотиқи кураи замин тақвият бахшидааст. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз минбарҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ пайваста густариш ёфтани мушкилоти экологиро таъкид намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд баҳри ҳалли масоили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани шиддати он даъват менамоянд.
Бо дарназардошти ин нуктаҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати дар якҷоя амал намуданро афзал дониста, баҳри коҳиш додани пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқ гардидан ба раванди мазкур устуворона қадам мегузорад. Дар ин самт иқдоми умедбахш қабули Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва баргузории конференсияҳои тарафҳои Конвенсияи мазкур аст. Зеро то имрӯз 29 конференсияи тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим [2] доир гардидааст. Боз дар ҳар Конференсияи иқлимӣ ва ё Саммити иқлимӣ (COP) як масъалаи меҳварии ҷадид мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегирад. Фарзи мисол, натиҷаи ниҳоии COP7 (Марокаш, 2001) тасдиқи механизми тиҷоратии квотаҳои партовҳои газҳои гулхонаӣ ва нақшаи татбиқи он, мавзуи меҳварии COP9 (Милан, 2003) масъалаи кумак ба кишварҳои рӯ ба рушд дар масири мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим, ҳадафи асосии COP13 (Бали, 2007) қабули харитаи роҳ барои таҳияи созишномаи ҷадид ба ҷойи Протоколи Киото, масоили меҳварии COP16 (Канкун, 2010) ташкили марказҳои интиқоли технологияҳои «сабз» ва таъсиси Фонди Иқлими Сабз барои кумак ба кишварҳои ба тағйирёбии иқлим осебпазир, ҳуҷҷати натиҷавии COP19 (Варшава, 2013) қабули созишнома оид ба низоми маблағгузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи ҷангалҳои тропикӣ ҳамчун фурӯбарандаи асосии гази карбон ва натиҷаи асосии COP25 (Мадрид, 2019) тасмим дар бораи пешниҳоди гузоришҳои дусола оид ба таносуби фаъолияти кишварҳо бо динамикаи партовҳои CO2 мебошанд.
Аз ин ҷо маълум аст, ки вобаста ба масоили дар саммитҳои иқлимӣ баррасишуда ва натиҷаҳои аз ҳар конференсия бадастомада хулосабарорӣ гардида, дар асоси онҳо ҳуҷҷат қабул карда мешаванд, ки Протоколи Киото [3] ва Созишномаи Париж [4] муҳимтаринашон мебошанд. Зеро асноди мазкур ҳамчун ҳуҷҷати иловагӣ ба Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва созишномаи зикршуда дар доираи ин конвенсия қабул карда шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба беш аз 10 конвенсияи байналмилалии экологӣ ҳамроҳ шудааст. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 7.01.1998 ба Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ҳамроҳ гардида, санаи 21.10.2008 Протоколи Киото ва санаи 22.04.2016 Созишномаи Парижро ба тавсиб расонидааст.
Протоколи Киото созишномаи байналмилалиест, ки баҳри коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера дар масири мубориза бо гармшавии глобалӣ баста шудааст. Ҳадафи асосии он [3] ба эътидолории сатҳи консентратсияи газҳои гулхонаӣ дар атмосфера то дараҷае мебошад, ки ба таъсири хатарноки антропогенӣ ба системаи иқлимии Замин имкон надиҳад. Протокол ба принсипи масъулиятҳои умумӣ, вале фарқкунанда асос ёфтааст.
Дар рафти саммитҳои иқлимӣ доир ба тадбирҳое, ки пас аз анҷоми давраи дуюми уҳдадориҳо (соли 2020) андешида шуданд, зарурати қабули ҳуҷҷати ҷадид – Созишномаи Париж дар соли 2015 ба миён омад. Ин созишнома тасҳеҳ ба Протоколи Киото набуда, созишномае дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим мебошад, ки тадбирҳоро барои коҳиш додани гази карбон дар атмосфера аз соли 2020 ба танзим медарорад. Созишномаи Париж аз ҷониби 104 узви Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати ниҳоии COP21 (Париж, 2015) қабул гардид. Дар кори COP21 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла, иброз доштанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи миллии худро дар ҷавоб ба даъвати Созмони Милали Муттаҳид оид ба муқаррароти созишномаи Париж дар робита ба нигаҳдории ҳарорати миёнаи сайёра баён намуда, дар ин раванд дар доираи Гурӯҳи кории Дурбан ҳамкориҳои дахлдорро ба анҷом расонид» [5].
Дар ин радиф, лозим ба ёдоварист, ки аз соли 2005 инҷониб, дар рафти конференсияҳои иқлимӣ, ҳамоиши ҷонибҳои Протоколи Киото низ баргузор мегардад. Зеро дар рафти COP11 (Монреал, 2005) пешниҳод гардид, ки ҷиҳати иҷрои муқаррароти протоколи мазкур бояд механизми эътирофи уҳдадориҳои ихтиёрии кишварҳои рӯ ба рушд таъсис дода шавад, то онҳо тавонанд стандартҳоро барои коҳиш додани партовҳои CO2 мувофиқи манофеи миллӣ ва вазъи иқтисодии худ муайян намоянд. Ҳарчанд пешниҳоди мазкур дар соли 2005 ҷонибдорӣ пайдо накард, вале пас аз таҳлилу муҳокимаҳо дар конференсияҳои баъдӣ, он ба ҳуҷҷати натиҷавии COP15 (Копенҳаген, 2009), яъне, ба Созишномаи Копенҳаген ворид карда шуд.
Дар кори COP15 низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, зимни суханронии хеш фикрҳои бикру андешаҳои ноберо баён доштанд ва аз ҷумла, ҷонибдории Тоҷикистонро нисбат ба қабули Созишномаи Копенҳаген чунин изҳор намуданд: «Тоҷикистон шартҳои асосии созишномаи навро доир ба иқлим, ки маҳдуд ва кам кардани истеъмоли сӯзишвории зеризаминӣ, истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, барқарорсозии ҷангалҳо ва беҳтар гардонидани вазъи истифодаи заминҳоро пешбинӣ мекунад, дастгирӣ менамояд» [6]. Ин мавқеъгирии Пешвои миллат хеле хирадмандона, дурандешона ва дар асоси далелҳои муътамади илмӣ мебошад, зеро ҳанӯз қабл аз баргузории ин конференсия мунозираҳо байни кишварҳои абарқудрат ва рӯ ба рушд оғоз гардида буд. Бо дарназардошти ин ҳолат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш дар COP15 тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои онро дар миқёси глобалӣ, минтақавӣ ва кишвар ҳамаҷониба таҳлил намуда, омодагии Тоҷикистонро дар беҳтар намудани иқлим ва аҳаммияти обанборҳои манотиқи кӯҳиро дар таъмини бехатарии об ва ҳифз аз офатҳои табиӣ хеле бамаврид иброз доштанд: «Дар шароити норасоии захираҳои обӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад, онҳо (обанборҳо) дар таъмини амнияти об нақши муҳим мебозанд, инчунин, барои пешгирӣ намудани офатҳои марбут ба об, чун обхезӣ ва селҳо мусоидат менамоянд». Чун таҷрибаи бисёр кишварҳо, алалхусус, кишварҳои воқеъ дар манотиқи кӯҳӣ собит намудааст, ки роҳи асосии пешгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об ва инчунин, ҳифзи экосистемаҳо бунёди обанборҳо мебошад. Зеро сохтмони обанборҳо дар шароити кӯҳсор, назар ба ноҳияҳои ҳамвор хароҷоти зиёдро талаб намекунад, инчунин, самаранокии экологӣ-иқтисодии хеле баланд дорад ва ҳамзамон, дар радифи истеҳсоли неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза, эрозияро кам мекунад, экосистемаҳоро ҳифз менамояд ва дар шароити камобӣ ягона роҳи пешгирӣ аз бӯҳрони энергетикию хушксолӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи миллии худро дар ҷавоб ба тамоми даъватҳои СММ, ки пас аз саммитҳои иқлимӣ қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд, аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои қарорҳои COP19 (Варшава, 2013) ва COP20 (Лима, 2014) саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншударо пешниҳод кардааст. Минҷумла, дар саҳми муайяншуда дар сатҳи миллии Тоҷикистон оид ба коҳиши партови газҳои гулхонаӣ ва таъсиррасонӣ ба системаи иқлими сайёра омадааст: то соли 2030 партови газҳои гулхонаӣ аз 80-90% сатҳи соли 1990 зиёд набуда, дар эквиваленти СО2 ба сари ҳар нафар 1,7-2,2 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳарчанд кишвари мо дар партови газҳои гулхонаӣ дар миқёси минтақаю ҷаҳон саҳми ночиз дорад, вале ба тағйирёбии иқлим бағоят осебпазир аст. Дар ин маврид Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш мефармоянд: «Ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад ва соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд» [5]. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати кишвар ҷиҳати коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ва паст намудани шиддати таъсири манфии тағйирёбии иқлим тадбирҳои мушаххас ва амалӣ меандешад. Агар ба маълумотҳои оморӣ назар намоем, Тоҷикистон аз ҷиҳати партови газҳои гулхонаӣ то солҳои 90-уми асри XX дар зинаҳои 80-ум қарор дошт.
Бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста саҳми миллиро барои тадбирҳои ба ҳалли масоили тағйирёбии иқлим равонагардида таҳия намуда, дар доираи уҳдадориҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим чор Ахбори миллӣ доир ба тағйирёбии иқлим (2002-2003, 2008, 2014, 2022), Нақшаи миллии амал оид ба коҳиш додани тағйирёбии иқлим (2003), Гузориши якуми дусола оид ба бақайдгирии газҳои гулхонаиро (2018) ба тавсиб расонида, се стратегия – Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037-ро қабул ва амалӣ намудааст. Ин нуктаро Сарвари давлат дар рафти COP27 (Шарм-аш-Шайх, 2022) хеле хуб баён намуданд: «Дар як муддати нисбатан кӯтоҳ мо тавонистем дар Тоҷикистон чанде аз санадҳои стратегиро дар ин самт таҳия карда, уҳдадориҳои худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷро намоем. Қабули Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030, ҳамзамон, Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, Гузориши чоруми миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва Гузориши дусола оид ба газҳои гулхонаӣ аз ин шаҳодат медиҳад» [7].
Аз ин ҷо аён аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса, Президенти кишвар ба омилҳои тағйирёбии иқлим, пайомадҳои он ва дигар масоили экологӣ эътибор ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати ҳалли ин мушкилот қадамҳои муҳим мегузоранд ва тамоми кӯшишро баҳри паст кардани оқибатҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона намудаанд. Маҳз бо ин мақсад, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масоили минтақавию глобалии марбут ба обу иқлим дар заминаи арзёбиҳои воқеӣ ва арзишҳои дақиқи илмӣ ташаббусҳои бузургеро пайгирӣ намуда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба беш аз 10 конвенсияи байналмилалии экологӣ ҳамроҳ гардида, уҳдадориҳои худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ саривақт иҷро менамояд ва дар масири мубориза ба тағйирёбии иқлим саҳми назаррас мегузорад. Бо мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз COP26 (Глазго, 2021) оғоз карда, дар саммитҳои иқлимӣ Павилиони миллии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд, ки эътирофу эътибори миллату меҳан дар арсаи байналмилалӣ низ мебошад.
Зимни баргузории COP29 (Боку, 2024) баҳри татбиқи амалии ташаббуси муштараки ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Фаронса, яъне, «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» [8-10] ва бо мақсади омӯзишу пажуҳиши ҳамаҷонибаю амиқи таъсири равандҳои тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳо, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки таҳти сарпарастии Созмони ҷаҳонии метеорологӣ дар Душанбешаҳр Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад [11]. Зеро бо тақвияту густариш ёфтани равандҳои тағйирёбии иқлим, пиряхҳо, ки дар маҷмуъ, 75%-и захираҳои оби тозаро ташкил медиҳанд, босуръат таназзул меёбанд. Бинобар ин, барои ҳалли ин масъалаи бағоят муҳимми глобалӣ чораҳои қатъӣ, амалҳои фаврӣ ва дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле зарур аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар пешниҳоди ғояҳои ҷаҳонии марбут ба об ва ҳам дар масири мубориза ба тағйирёбии иқлиму коҳиш додани пайомадҳои манфии он давлати пешсаф мебошад, зеро ба таъбири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Кишвари мо мавзуъҳои вобаста ба захираҳои об, истифодаи оқилона ва самараноки онҳо, инчунин, ҳифзи пиряхҳоро аз авлавиятҳои сиёсати давлатии худ муайян кардааст».

Адабиёт:

  • 1. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаи иқлим // URL: https://president.tj/event/speeches/2321
  • 2. Conference of the Parties (COP) // URL: https://unfccc.int/process/ bodies/supreme-bodies/conference-of-the-parties-cop.
  • 3. Kyoto Protocol to the United Nations Framework Convention On Climate Change, 1998 // URL: https://unfccc.int/resource/docs/convkp/kpeng. pdf.
  • 4. National Communication submissions from Non-Annex I Parties // URL: https://unfccc.int/non-annex-I-NCs.
  • 5. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйири иқлим // URL: http://www.president.tj/node/10393.
  • 6. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим // URL: https://president.tj/event/speeches/2101.
  • 7. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси бистуҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим // URL: https://president.tj/event/foreign_trips/26965.
  • 8. Номвар Қурбон. «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034»: талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ // АМИТ «Ховар» – https://khovar.tj/2024/08/da-solai-amal-baroi-ilm-oi-kriosfera-sol-oi-2025-2034-taloshi-sozanda-baroi-a-on-gardonidani-ilm-oi-utbshinos-va-yahshinos/.
  • 9. Номвар Қурбон. СММ шашумин ташаббуси ҷаҳонии кишвари моро ҷонибдорӣ кард // Рӯзномаи «Ҷумҳурият», №163 (25 026), 26.08.2024. — С.3.
  • 10. Номвар Курбон. ООН приняла резолюцию «Десятилетие действий в поддержку криосферных наук» // Газета «Народная газета», №35 (20 472), 28.08.20224. — С.6.
  • 11. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим // URL: https://president.tj/event/news/48897.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *