Аминҷон ЗАРИФӢ,
устоди Коллеҷи политехникии
ноҳияи Зафаробод, вилояти Суғд
“Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ яке аз асарҳои мондагори
таърихи миллатҳои ориёӣ буда, асолати миллию таърихии моро ба воситаи назми
равону малеҳ ба тасвир кашидааст. Ин асари асолатнишон дар давраҳои гуногуни
таърихӣ ба воситаи дастхатҳо то мо ба мерос расидааст. Агар дар вақту замонҳои
мухталиф ин китоб ба шаклҳои маҳдуд ва ё ҷузъӣ рӯйи нашр омада бошад, пас, дар
замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин асари бузург марҳилаи нави
таърихиро шоҳид гардид.
Иқдоми нодиртарин дар таърихи бунёди давлати миллии тоҷикон ва арзи
ҳастӣ доштани ин китоб, нашри академии китоби “Шоҳнома”-и безаволи ҳакими Тӯс
ва тақсими ройгони он ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон аст, ки муҳимтарин қадаме дар эҳёи асолат ва ҳувияти миллӣ мебошад. Дар
таърихи тамаддуни инсоният нашру тақсими ягон асар ба аҳолӣ, ба мисли
ташаббусҳои Пешвои миллат набудаву нест. Ҷаҳон ёд надорад, ки роҳбари кишваре,
ё сарвари давлате бо тақсими китобе ба аҳолӣ иқдом намудаву барои сарҷамъ
сохтани миллату поягузории давлати миллӣ чунин иқдоми мондагор намуда бошад.
Таърих гувоҳ аст, ки барои халқу миллатҳои ориёӣ, хирад дастуру
раҳнамо буда, озодагони ориёиро дар ҳамаи мушкилот ва давраҳои вазнину талх,
маҳз хирад дастгир будааст. Имрӯз, ки гирдоби ҷаҳонишавӣ дар баробари бисёр
падидаҳои нодири илмию технологӣ, ҳамчунон сабаб ва омили бархӯрду зиддият, аз
байн рафтани арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунии халқу миллатҳост, рӯй овардан ба
осори таърихӣ, адабӣ ва фарҳангии ниёгон сипари пӯлодинест, баҳри ҳифз,
бозомӯзӣ, бедорсозии ҳофизаи таърихии миллат. Ҳаким Фирдавсӣ чун паёмбари
зиндадорандаи таъриху тамаддуни мардумони ориёӣ дар охири асри X бо ҳазор орзую
умед асари ҷовидонае офарид ва хидмати бузургеро барои таърихи гузашта ва насли
оянда анҷом дод. Зинда намудани хотираи таърихӣ ва навиштани асари бузурге аз
таърихи шаҳаншоҳони ориёӣ бо назм, ҷонфидоӣ ва қаҳрамонӣ буд. Ин бори сангинро
донишманди тавоно ва таҳамтани ватандӯст Фирдавсии Тӯсӣ бар дӯш гирифта, зиёда
аз си сол умри хешро сарфи гирдоварии осори ниёгони арҷманд, омӯзиш ва назми
шоҳкоре намуд, ки як миллати бузурги наҷибзодаро аз маргу нобудӣ, фанову
фаромӯшӣ наҷот дод.
Ба бахти ақвоми озодагони ориёӣ
падид омадани шахсияти тақдирсозе дар тимсоли ҳаким Фирдавсӣ, зарурати таърихӣ
ва пайғоми аҳуромаздоӣ буд. Озодазодагони ориёӣ ба мисли Дақиқӣ ва Фирдавсии
бузургвор дарк намуданд, ки қавму қабилаҳои сомӣ бо баҳонаи дину оини нав халқу
миллатҳои бузурге чун, мисриён, бобулиён, ошӯриён, яманиҳо ва даҳҳои дигарро аз
забон, фарҳанг, тамаддун ва арзишои динию мазҳабияшон дур сохта, ба ғуломони
гунг табдил доданд ва ба нест намудани ҳувияти миллии эрониён оғоз кардаанд.
Дар ин баробар, давлатҳои навини пас аз шикасти давлати Сосониён ба вуҷуд
омадаи ақвоми эронӣ чун Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён бо фитнаю дасиса ва
низоъҳои мазҳабии сохтаи халифаҳои араб низ дар ҳоли заволу нобудӣ ҳастанд.
Инро дида, он бузургон хостанд бо нигоҳ доштани ғурури миллӣ ва баёни корномаи
силсилаи шоҳаншаҳон наслҳои навинро аз вартаи фанову махлутшавӣ нигоҳ доранд.
Офаридани “Шоҳнома” дар он даврон коре буд душвор ва хавфи ҷонӣ дошт. Дақиқии
ҷавони хунгарм, чу гуфт: “… ки аз дини ниёгони хеш нагзарам!…”, кушта
гардид ва назми “Шоҳнома” ногуфта монд.
Фирдавсии бохирад ва донистакор тавонист бо иншои “Шоҳнома” руҳи
миллӣ, хирад, озодагӣ, асолат, ғурур, ҷавонмардӣ, таҳамтанӣ, ватандӯстдорӣ,
наҷибзодагӣ ва ҳунару санъати ниёгони арҷмандро бо забони порсии тоҷикии нав
зинда нигоҳ дорад. “Шоҳнома” — ганҷи миллӣ, оинаи қаднамои таърихи миллат,
назми ватандорӣ, мумиёи пайвандгари варшикастагиҳои миллӣ, фарҳангомӯзи наслҳо,
забони қудсии озодагон, ҷон дар пайкари миллат аст, ки тули таърих пора-пора
чун пари симурғ ба мо расидааст.
Фурӯғи ин каломи аҳуроӣ ва ин ганҷи яздонӣ дар тоқдони чашми миллат
чун хуршеди тобоне мегардад, то миллат боз бар хеш ояд, гарди бегонагии
таърихро аз афкору зеҳну равон биафканад, асолати хеш дарёбад ва парчами коваён
бар сар ба сӯйи ҷаҳони илму хирад роҳ бигирад.
Тақсими ройгони ганҷи равони “Шоҳнома” ба ҳар хонадон дамидани руҳи
миллӣ бар тани миллат аст, зеро тули наздик ба 35 соли Истиқлоли давлатӣ
зербинои иқтисоду сиёсат, иҷтимоъ, фарҳанг, илм, маориф чун пайкараи навини
миллӣ сохта шуд. Акнун холигоҳи ғуруру ифтихороти миллӣ бо расидани “Шоҳнома”
мукаммал мегардад. “Шоҳнома” танҳо як асари баёни корномаи шоҳаншаҳон ва
тасвири разму базми каён нест, он таърихи заррин ва хотираи рангини миллат,
баёни асолат, ҳувият, озодагӣ, ҳикмат, фарҳанг, далерӣ, мардонагӣ, қаҳрамонӣ,
оини ростӣ, намоди Ватан ва ватандорист.
Ҳакими хирадманду ватандӯстдор — Фирдавсии бузургвор дар симои
таҳамтане чун Рустами Дастон шаҳомати асилзодагӣ ва ғурури ватандории озодагони
ориёиаслро тасвир намуда, посдории амну амонат, сулҳу оромии Ватанро аз ҳамаи
ғаризаҳои пайванди нафсонӣ боло медонад ва ҳатто, фарзандашро, ки дар либоси
душман ба набард омадааст, ҳалок месозад. Ин нуқтаи баландтарини тасвири бадеӣ
дар ватандорист.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун руҳи асилзодагӣ,
пас аз ҳазор соли бепуштибонӣ, оворагию гурезагӣ, гоҳе таҳқиру надомат ва
беэҳтиромӣ ба офаридгори ин ганҷи беназири миллӣ ҳакими тавоно Фирдавсии
бузургвор, ҳамчун сарвари сиёсӣ, роҳбари давлат, Пешвои тоҷикон ва
форсизабонони ҷаҳон ба ҳимояи сиёсӣ, давлатӣ ва миллии “Шоҳнома” ва Фирдавсии
озодаи ориёӣ бархостанд. Ин иқдоми сиёсию давлатӣ бузургтарин ҳимояти сиёсӣ аз
асолату ҳувияти миллӣ, таъриху фарҳанги беш аз ҳафтҳазорсолаи ориёӣ ва такони
бузурге дар бедории руҳи миллӣ ва ғуруру ифтихори ватандорист.
Хулоса, дастрасии “Шоҳнома” ба ҳар хонадон охири кор нест. Хониш,
азбарнамоӣ ва ташкили Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”, маҳфилҳои шоҳномахонӣ,
тадқиқоти илмӣ, матншиносӣ, таҳияи фарҳангу луғатномаҳо, пажуҳиши вожаву
таркибҳо ва воридсозӣ ба фонди луғавии забон, таҳияи силсилафилмҳои таърихию
бадеӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ, филмҳои кӯдаконаи тасвирӣ ва ҷорисозии номгузории ориёӣ
мутобиқи зебономҳои орёии “Шоҳнома” идомаи ин иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззами
миллат мебошанд.
Пас, ҳар яки моро лозим аст, ки ин асолатномаи миллати озодазодаи
ориёиро мутолиа намуда, ба ҳар байту мисраи он оқилона тафаккур намоем ва
таърихи миллату давлати худро бо хираду дониш бишносем.
