Шамшод ДИЛШОДЗОДА,
омӯзгори МТМУ №1-и
ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ бо тамоми вуҷуд ҳамосаи миллии мардуми тоҷику форс ва яке аз асилтарин конунҳои одамияту мардонагию ватандорӣ ва софтарин махзани хиради нобу дигар арзишҳову ифтихороти миллӣ ба шумор меравад.

Дар таърихи тамаддуни башарӣ нависанда ва шоироне ҳастанд, ки осори оламшумул эҷод кардаанд. Ба шумори чунин осори барҷаста «Маҳабҳарата» ва «Рамаяна» – устураҳои бостонии Ҳинд, «Илиада» ва «Одисея»-и Ҳомер, «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте ва фоҷеаҳои Шекспир мансуб мешаванд. «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ низ дар ин радиф қарор дорад.

Беҳтарину боризтарин нақше, ки «Шоҳнома» дар таъриху тамаддуни мо дорад, пуштибонӣ аз фарҳанг ва забони модарии мост. «Шоҳнома» ҳамосаи бузурги миллии мо буда, ин шоҳасар дар баробари шоҳкориҳои дигари ниёгон забони модарии моро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшидааст ва арзишҳои фарҳангии гузаштагонро, ки барои Истиқлоли миллӣ заминаи муҳимме ҳисоб мешуданд, ҳифз кардааст.

Дар китоби арзишманди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ‒ «Забони миллат ‒ ҳастии миллат» нақш ва хидмати бузурги Абулқосим Фирдавсӣ чунин арзёбӣ гардидааст: «Ба назар чунин мерасад, ки Фирдавсӣ бо таълифи  «Шоҳнома» ва ёдкарди гузаштаи пурифтихори пешиниёни худ мехост давлати рӯ ба заволовардаи Сомониёнро дубора барқарор ва руҳи шуҷоату диловарию ватанхоҳиро дар ин марзу бум дигар бор бедор намояд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем».

Гузашта аз ин, дар «Шоҳнома» ба тарбияти зан, одобу ахлоқ ва зиндагии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, онҳо дар «Шоҳнома» ҷасуру ғаюр тасвир шудаанд. Аз матни «Шоҳнома» бармеояд, ки аз қадим дар хонаводаи тоҷик зан–модар ҷойгоҳи басо воло ва шоистае доштааст.

 Дар «Шоҳнома» заноне, ки дар нақши модар зоҳир мешаванд, хирадманд, дилсӯз, роздор ҳастанд ва бо меҳру шафқат фарзандонашонро парвариш ва пуштибонӣ мекунанд. Фаронак, Синдухт, Катоюн, Рӯдоба, Гулшаҳр ва ғайра ҳамин гуна модарони хирадманду ҷасур ҳисоб меёбанд.

«Шоҳнома» ҳазорҳо махсусияти дигар низ дорад, ки дар ин навиштаи мухтасар имкони таҳлили онҳо нест. Муҳимтарин сифати ин шоҳасарро Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани нашри нави он чунин овардаанд: «Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила, таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хидмати наслҳои оянда гузошт».

Хушбахтона, дар доираи иқдоми наҷибу бузурги Пешвои миллат  шоҳасари мондагор — «Шоҳнома» нашр ва ба ҳар як хонадони тоҷик ройгон тақдим гардид.

Акнун замони он фаро расидааст, ки дар заминаи хираду ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ ҷавонону наврасон ва кӯдаконро ба таълиму тарбияи нек фаро бигирем, то ки имрӯз онҳо ба илму дониш, ҳифзи сарзамини кишвар, паҳлавонию далерӣ, инсондӯстӣ ва ҳунармандию касбомӯзӣ рӯ оварда, худро аз бегонашавӣ ва омезиш бо дигар фарҳангу оинҳо ҳифз намоянд. Ба назари мо, тақдими «Шоҳнома» ба мардум ба маънои туҳфа ва ё тақдими «китоб» нест, балки он фалсафаи хеле амиқу омӯзанда дорад. Аввалан, Пешвои миллат бо тақдими ин шоҳасар мардумро ба омӯзиши таърих ва рӯй овардан ба асолати миллӣ ҳидоят намуданд. Дуюм, тақдими «Шоҳнома» маънои онро дорад, ки ин асар оинаест, ки вақте хонанда бар он рӯй меорад, тамоми таъриху фарҳангу адаб ва тамаддуни гузаштаи худро мебинад ва аз ҷавонмардон, абармардон ва қаҳрамонону бузургони гузаштаи худ ибрат мегирад. Ҳифзи марзу бум, дӯст доштани миллат ва дигар амалҳои неки гузаштагонро сармашқи кори худ қарор медиҳад. Сеюм, «Шоҳнома» манбаи муҳимми панду андарз ва сарчашмаи таълиму тарбия ба шумор меравад.

«Шоҳнома» саршор аз панду андарз аст. Монанди «Андарз кардани Сиёвуш Фарангисро», «Андарз кардани Зол Кайковусро», «Андарз кардани Кайхусрав ба эрониён», «Андарз кардани Исфандиёр Рустамро», «Панд додани Зол Ковусро», «Панд додани Катоюн Исфандиёрро», «Панд додани Кайдофа Искандарро» ва ғайраҳо.

Дар тамоми панднома ва андарзномаҳои нигоштаи Фирдавсӣ ба тарбияи фарзанд аҳаммияти хос дода мешавад, ки ин аз суннатҳои наҷиби бостонии ниёгони мо ҳисоб меёбад. Яке аз куҳантарин пандномаҳои қадимӣ, ки шакли позандии он то рӯзгори мо барқарор мондааст, «Андарзи кӯдакон» аст, ки дар асоси андарзҳои бостонӣ дар асри VIII милодӣ барои таълиму тадриси  атфол мураттаб гардида, то ҳанӯз дар ҷомеаи зардуштиёни Эрону Ҳиндустон ин қоидаҳоро ба кӯдакон меомӯзонанд. Омӯзгори дабиристон ё мактабдор ба шогирдони худ ёд медиҳад, ки пагоҳ барвақт аз хоб хезанд, дасту рӯйро бишӯянд, одоби таом хӯрданро ба ҷо оранд, дар омӯзиш кӯшо бошанд, ҳурмати падару модар, калонсолон ва аҳли илмро ба ҷо оранд, дар омӯхтани касб ҷиддӣ бошанд ва обу заминро тоза нигоҳ доранд. Ин панду андарзҳоро ҳар як кӯдак чун дастури зиндагии ҳаррӯза мепазирад.

Хушбахтона, барои боз ҳам беҳтар омӯхтану аз бар кардану ҳифз намудани матнҳои ин шоҳасар бо иқдоми мондагору беназири Сарвари давлат Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ба роҳ монда шуд. Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ба мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осори адабии пурифтихори миллати тоҷик, таҳқиқи амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгон дар тули таърих, равнақ додани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, пурқувват кардани ҳофизаи мардум ва ба ин роҳ, ошно шудан ба саҳми мардуми куҳанбунёду фарҳангпарвари тоҷик дар тавсеаи тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома» инъикос ёфтаанд, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ба мисли дигар озмунҳо, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм ‒ фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва садҳо озмунҳои тахассусии дигар дар сайқал додани тафаккур, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, пешрафти фарҳанги ҷомеа ва рушд додани зеҳни мардум нақши калидӣ мебозад. Ба воситаи ин озмун ҷаҳонбинии насли наврас васеъ гашта, диду назари онҳо ба рӯзгору зиндагӣ дигар мешавад. Ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии онҳо дучанд зиёд мегардад ва бардоштҳои худро аз ин шоҳасари беҳамто дар зиндагӣ татбиқ мекунанд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *