Дилафрӯз ҚУРБОНЗОДА,
“Маърифати омӯзгор”,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҳама давру замон нақш, саҳм ва мақому манзалати занону бонувон дар ташаккули маърифату маънавият, тарбияи насли нав, пойдории оила ва рушди ҷомеа ҷойгоҳи хос ва беназир доштааст. Зан, пеш аз ҳама, модар, тарбиятгар, нигоҳдорандаи муҳити гарми хонавода, меросбару интиқолдиҳандаи анъанаҳои миллӣ ва ҳомии арзишҳои фарҳангист. Агар ба таърихи инсоният бо диди таҳқиқ назар афканем, возеҳу равшан мебинем, ки дар миёни гирдоби ҳаводис ва моҷароҳои давру замон маҳз бо заҳмату талошҳои занон пояҳои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеаи башарӣ устувории хешро нигоҳ дошта, то ба имрӯз омада расидаанд.
Қаҳрамонӣ, талош баҳри ҳифзи марзу бум, шаъну шараф, нангу номус, мубориза баҳри озодиву соҳибихтиёрӣ, пайкор бо зулму истибдод, таҳоҷуми бегонагон ва фидокориҳои бемисл аз достони шуҷоати зан-модари тоҷик аст, ки дар саҳифаҳои абадии китоби таърих сабт гардидаанд. Ин саҳифаҳо пур аз исми занони қаҳрамонест, ки дар радифи родмардони шуҷоъ бо иродаи матин ва қалби пур аз меҳри Ватан дар муқобили ҳама душвориҳо истодагарӣ намуда, ҳадаф ва ормону омоли некро баҳри саодати насли хеш амалӣ сохтанд. Зан-модари тоҷик ҳамеша рамзи садоқат, матонат ва фидокорӣ буда, дар ҳар давру замон бо корнамоиҳои худ ба наслҳо дарси ибрат додааст.
Боиси шарафмандӣ ва ифтихори бузург аст, ки бо соҳиб гардидан ба неъмати бемисл – Истиқлоли давлатӣ бо ибтикороти Роҳбарияти олии кишвар мақому манзалат ва ҷойгоҳи занону бонувон дар кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон ба якборагӣ боло рафт ва зан-модари тоҷик ба арсаҳои бузурги ҳаёт ворид гардид. Ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои муҳимми меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки барои таъмин намудани ҳуқуқу имконоти баробар ва иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оварданд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қадами ҷиддӣ дар роҳи таҳкими мавқеи занон дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Ин санад барои ҷалби бештари занон ба идоракунии давлатӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ заминаи воқеӣ гузошт. Дар идомаи ин сиёсати созанда, қабули Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу нақши занон» далели равшани таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи давлат нисбат ба занону бонувон мебошад.
Бояд гуфт, ки соли 2009 дар асоси Фармони Президенти кишвар 8 март дар ҷумҳурӣ расман ҳамчун Рӯзи Модар эълом гардид, ки ин нишонаи равшани арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан-модар мебошад. Ин рӯзи хос рамзи эҳтиром ба корномаву талоши тамоми занону бонувонест, ки бо заҳмату азми устувори худ дар рушди ҷомеа ва пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳм мегузоранд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин маъниро чунин иброз доштаанд: «Ин рӯзи муборак на танҳо рамзи эҳтиром ба модар ва арҷгузорӣ ба мақому манзалат ва қадру қимати ӯ мебошад, балки нишонаи эътирофи саҳми басо назарраси занон дар пешрафти давлат ва пойдории ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Занону бонувон бо нақши созандаи худ ҳамеша дар саргаҳи ибтикороти судманди давлатӣ ва ҷамъиятӣ қарор доранд. Инро ба назар гирифта, давлат ва Ҳукумати кишвар ба боз ҳам баланд гардидани нуфузу ҷойгоҳи занон дар ҷомеа талош меварзад. Тавре ки дар Паёми навбатӣ (16.12.2025) Сарвари хирадпешаи кишвар иброз доштанд: «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем. Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем».
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон иброз дошт, ки занони тоҷик дар тамоми бахшҳои ҷомеа, аз маорифу тандурустӣ то иқтисоду идоракунии давлатӣ, фаъолона иштирок намуда, ҳамчун мутахассисони варзида ва роҳбарони масъул шинохта шудаанд. Занону бонувон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ҳамчун шарикони боэътимоди давлат фаъолона саҳм мегузоранд. Занони қаҳрамон дар раванди бунёдкориву созандагӣ, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маърифат, фарҳангу ҳунар, тақвияти пояҳои давлатдорӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ нақши муассир доранд. Ҳузури густурдаи занону бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда низ далели он аст, ки давлат ва ҷомеа ба қобилият ва неруву тавоноии ин қишри инсонсозу меҳрпарвар эътимод дорад. Хусусан, дар соҳаи илму маориф, ки соҳаи калидӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад, саҳми занону бонувон бисёр чашмрасу бузург мебошад. Ҳоло даҳҳо ҳазор занону бонувони таҳсилдида дар муассисаҳои таълимӣ ба таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон машғуланд ва ба фарзандони ин миллат дарси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дода, бо омӯзонидани роҳу равиши дурусти зиндагӣ дар ташаккули тафаккури созанда ва тарбияи шахсияти комил саҳми арзишманди хешро мегузоранд.
Дар замони таҳаввулу тазод ва вазъияти тағйирпазир, ки ҷаҳон ҳар лаҳза шоҳиди ҳаводиси нав мегардад ва таҳдиду хатарҳои нав ба миён меоянд, масъулияти занону модарон боз ҳам бештар гардидааст. Ҷаҳонишавӣ, таъсири фарҳангҳои бегона ва рушди технология тақозо мекунад, ки модарон дар тарбияи фарзандон бештар ҳушёру масъул бошанд. Зеро маҳз модар тавоноии онро дорад, ки бо меҳру рағбати беандоза дар зеҳну шуури ҷигарбанди хеш эҳсоси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро ташаккул диҳад. Бо дарназардошти вазъияти кунунӣ Пешвои миллат низ дар суханрониҳои худ пайваста ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид менамоянд, ки тарбияи дурусти фарзандон омили муҳимми таъмини суботи ҷомеа ва амнияти давлат мебошад. Дар ҳамин замина, дар Паёми хеш Роҳбари давлат бо эътимод ба нақши созандаи занону бонувон чунин таъкид намуданд: «Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму оинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла, сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд».
Ин боварӣ ва эътимоди комили Роҳбари хирадгустари давлат тамоми занону бонувон, хусусан, мо — аҳли маорифи кишварро вазифадор месозад, ки бо эҳсоси баланди масъулият ва дар партави сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат фаъолияти худро ба роҳ монем. Ин суханон моро ба фаъолияти боз ҳам пурмаҳсул ҳидоят менамоянд. Ҳоло вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи мо – модарону бонувон аз он иборат аст, ки насли наврасро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, андӯхтани илму дониш, худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ тарбия намоем, зеро танҳо бо ҳамин роҳ метавонем ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизро таъмин намуда, ҷомеаи пешрафта ва мутамаддин бунёд созем.
Албатта, ояндаи давлат аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон вобастагии мустақим ва амиқ дорад. Агар мо имрӯз насли босавод, ватандӯст ва дорои ахлоқи ҳамида тарбия намоем, фардо ҷомеаи пешрафта ва кишвари қудратманду устувор хоҳем дошт.
