Саъдӣ ҚОСИМӢ,
профессори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,
Обидҷон МАҲМУДЗОДА,
дотсенти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсию илмӣ мебошанд, ки дар онҳо самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ таҳлилу шарҳ ёфта, стратегияи рушди давлатдорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, татбиқи нақшаҳои муҳимми миллӣ ва амнияту ҳифзи суботи сиёсии кишвар муайян гашта, муваффақияту дастовард ва ҳолати рушду нумуи ҳама соҳаҳои ҷамъиятӣ нишон дода шудаанд. Ҳамзамон, дар ин росто, мушкилоту муаммоҳои ҷойдоштаи самтҳои асосӣ ба таври мушаххасу асоснок баррасӣ шуда, ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати роҳҳои ҳалли дурусти ин масоил пешниҳоду тавсияҳо манзур мегардад. Дар умум, метавон паёмҳои ҳарсолаи Пешвои муаззами миллатро ҳамчун дастуру раҳнамои тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар номид.
Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, ки 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ба мисли паёмҳои гузашта маҳз ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, хушҳолию некуаҳволии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амнияти минтақаву ҷаҳон ва баланд бардоштани шаъну эътибор ва нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ роҳандозӣ шуда, дар ин замина тавонистааст, ки руҳияи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди зиндагии шоиста боз ҳам болида гардонад.
Сарвари давлат дар Паём тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии халқро дар асоси омору маълумоти мушаххасу дақиқ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд. Паём ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишварро руҳбаланд менамояд, то бо як ҳисси баланди миллӣ ва меҳандӯстӣ Ватани азизи худ – Тоҷикистони озоду ободро боз ҳам ободтар намуда, нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорад.
Дар Паём дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ: интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳалли пурраи масоили сарҳадии байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон; ба имзо расидани шартномаи сеҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ; баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”; қабули қатъномаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист, доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ”; қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”; ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ва қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ”, ки ташаббусоти беҳтарин дар сиёсати ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд, ба таври возеҳ зикр шуданд.
Инчунин, Сарвари давлат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ҳамчун самти муҳимми кори Ҳукумати мамлакат дахл намуда, доир ба ҳиссаҷудокунии молиявӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ, масъалаҳои омӯзиши касбу ҳунар, маблағгузории соҳаҳои калидӣ – илму маориф, бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омӯзиши пиряхҳо ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатӣ андешаҳои созандаи худро баён намуданд, ки иҷрои саривақтии онҳо вазифаи ҳар як омӯзгори асили кишвар аст.
Масоили бедории хотираи таърихӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва рушду такомули тафаккури таърихии миллат яке аз қисматҳои меҳварии Паёми имсолаи Пешвои миллат ва сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шуданашон ҷиҳати эҳёву бедории фикрии миллат ва насли наврасу ҷавон амалҳои шоистаеро ба анҷом расониданд, ки дар таърихи халқу миллати тоҷик ва давлатдории он назири худро надоранд. Иншои бузургтарин асарҳои таърихию адабӣ ва сиёсию фарҳангӣ, таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои миллию мардумӣ, аз қабили “панҷҷашн”-ҳо – Наврӯзу Тиргону Меҳргону Садаю Ялдо (Шаби чилла), бузургдошти хотираи чеҳраҳои мондагори динию фарҳангӣ ва адабию сиёсӣ, аз ҷумлаи Абуҳанифа Имоми Аъзам, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо олимону адибони номдори тоҷик, таҷлили бошукӯҳи 1100-солагии давлати Сомониён ва дигар масъалаҳои таърихии Тоҷикистон иқдомҳое мебошанд, ки миллату халқи тоҷикро мардуми дунё шинохтанд ва эътироф намуданд.
Бо ташаббуси Сарвари давлат дар 10 соли охир 150 иншооти фарҳангӣ ба истифода дода шуда, 350 иншооти дигари соҳа таъмиру азнавсозӣ шуд. Ҳамзамон, дар пойтахти кишвар Театри миллӣ бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд гашта, 900 номгӯйи адабиёти бадеиву кӯдакона интишор ва ба китобхонаҳо дастрас гардида, 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба аҳолӣ туҳфа карда шуданд.
То соли 2025, дар умум, ба тадриҷ ворид гардидани 34 мероси фарҳанги моддии ғайриманқул ва унсури мероси фарҳанги ғайримоддии кишвари мо ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО гувоҳи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат буда, ҷиҳати эҳёи хотираи таърихии халқ ва таҳкими худшиносию худогогҳии миллӣ саҳми арзанда мегузоранд. Танҳо дар соли 2025 бо саъю талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ” ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели раднопазири мавқеи хоссаю муҳим доштани меросу арзишҳои фарҳангию маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарист. Ҳамчунин, танзими ҳамоишҳо зери унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” ва ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани Борбади Марвазӣ “ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ” боиси муаррифии шоистаи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати тоҷик мегардад.
Масъалаи дигари муҳимме, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат матраҳ гардид, аз эҳё намудану умри ҷовидонӣ бахшидан ба арзишҳои милливу фарҳангии худ – оину суннату анъанаву ҷашнҳои милливу мардумӣ, аз ҷумла, Наврӯзи ҷаҳонӣ иборат мебошад. Дар ин маврид Сарвари давлат мефармояд: “Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд”.
Дар замони ҷаҳонишавӣ танҳо миллату халқе метавонад худро ҷовидонӣ гардонад, ки таърихи бостониву куҳанбунёд дошта, ҳамзамон, ба арзишҳои фарҳангии миллӣ – расму оинҳо ва маросиму ҷашнҳои қадимаи мардумӣ ва чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанги худ арҷ гузорад. Таърих худ гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд дар таърихи башар аз худ асар гузоштаву ҷомеаи ҷаҳонӣ ориёинажод будани ин халқиятро эътироф намудаанд. Беҳуда Фирдавсии бузургвор чунин нагуфтааст:
Ниёгони мо ҳар кӣ буданд, пеш,
Нигаҳ доштандӣ ҳам оину кеш.
Мардуми мо аз қадим ба арзишҳои фарҳангию оинҳои хеш эътимод дошта, ҳар як унсури суннатҳои мардумиро дар ҳофизаи фарҳангии худ нигоҳ медоштанд ва ҳамчунин, асолати инсондӯстонаро ба наслҳо интиқол медоданд.
Мусаллам аст, ки ҳар як халқу миллату қавм расму оинҳои ба худ хос дорад. Дар байни мардуми тоҷик “Чорҷашн” — Наврӯзу Тиргон ва Меҳргону Сада, ки ҳамчун шиносномаи миллат эътироф гардидаанд, ҷашнҳои асосию муҳим ҳисоб меёбанд.
Наврӯз оинномаи ҷашнҳои миллии тоҷикӣ буда, “ифтихори зоиши тамаддунро дар оғӯш дорад”. Наврӯз мактаб аст, мактаби асосии омӯзиши ҷашнҳо, мактаби пажуҳиши илмҳои табиатшиносиву кайҳоншиносӣ, фарҳангшиносиву фалсафӣ, инсоншиносию адабӣ ва мактаби муҳташами худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмии одамон.
Наврӯз волотарин ва бузургтарин шиносномаест, ки дар он садои қалби ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ инъикос ёфтааст. Таърихи он – таърихи фарҳанг, хулқ, анъана ва одати мардум аст, ки мо дар оинаи тамомнамои оинҳои наврӯзӣ худро мешиносем. Ашъори зерини устод Муъмин Қаноат ифодакунандаи ваҳдатсозии Наврӯз аст:
Рамузи ваҳдат аз Наврӯз омӯз,
Ва ё аз тифли навомӯз омӯз.
Зудудан дидаҳои осмонро,
Ба зери осмон аз рӯз омӯз.
Дар меҳвари сиёсати фарҳангии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи ҷашни Наврӯз чун мероси бузурги таърихии тоҷикон мақоми калидию асосӣ дорад. Аз ҷумла, дар яке аз суханронияшон чунин омадааст: «Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии мо – Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тули таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии мо – тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд… Дар робита ба ин, мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоям, ки Наврӯз бо ҳама таърихи ғанӣ ва рангинаш дар кишвари мо маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум табдил ёфтааст». Воқеан:
Аҷамро ҷамъ Наврӯзи Аҷам кард,
Шукӯҳи тозае дар тахти Ҷам кард.
Будем мо ҳар кадоме мисли ангушт,
Ва Наврӯз мисли мушт моро ба ҳам кард.
Хулоса, Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ба маънои воқеияш рисолати раҳнамункунанда дошта, барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ин ҳуҷҷати муҳимму сиёсӣ бояд ҳамчун барномаи мукаммали пешбурди кори фардию ҷамъиятӣ бошад.
