Раҳматулло ХОЛОВ,
прокурори калони раёсати назорати иҷрои
қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 1

Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон ва халқи сарбаланду саодатманди он аҳаммияти бузурги ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва таърихӣ дорад. Бо шарофати ин неъмати бузург ва талошу азми қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо чун субъекти низоми сиёсии ҷаҳонӣ роҳи худро бо қабули Конститутсия ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуда, бо ташаккули низоми қонунгузории мувофиқ ба арзишҳои замон заминаи устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард ва ҷойгоҳу нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшид.

Низоми давлатдории миллӣ ва роҳи интихобнамудаи кишвари мо, ки бар пояи эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва масъулияти мутақобилаи давлату ҷомеа бунёд гардидааст, ба таҳкими суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар мусоидат намуд. Дар натиҷа, тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушд карда, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои бузург ноил гардид.

Тамоми ҷанбаҳои пешрафту тараққиёти кишвар ҳамасола бо ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардида, натиҷаҳои бадастомада таҳлил ва барои марҳилаҳои минбаъдаи рушд вазифаҳои мушаххасу стратегӣ муайян карда мешаванд. Яъне, паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин санади сиёсӣ ва барномавии кишвар ба шумор рафта, ҳамчун раҳнамо ва дурнамои рушди давлатдорӣ маҳсуб мешаванд. Ин санади сарнавиштсози давлат танҳо баёнгари мавқеи сиёсии роҳбарияти олии кишвар набуда, дар он маҷмуи ҳадафҳо, вазифаҳо ва механизмҳои амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа барои даҳсолаҳо муқаррар ва муайян мегарданд.

Дар муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид ва дар ҷомеа мавриди пазироии хосса қарор гирифт, дар баробари фарогирии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар, масъалаҳои вобаста ба таҳкими волоияти қонун, рушди низоми қонунгузорӣ, таъмини амният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо диди воқеъбинона ва масъулиятнок аз ҷониби Роҳбари давлат таҳлил гардиданд.

Пешвои миллат дар Паём ба зарурати тақвияти волоияти қонун, таҳкими сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар кишвар таъкид намуда, чунин ибрози назар карданд: «Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем. Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад. Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд».

Албатта, волоияти қонун бояд дар фаъолияти ҳамаи сохторҳои давлатӣ ҷойгоҳи устувор дошта, қарор ва амалҳо бар асоси талаботи қонун қабул ва амалӣ гарданд. Ин равиш такмили мунтазами қонунгузориро талаб намуда, мутобиқсозии санадҳои ҳуқуқиро ба таҳаввулоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба миён меорад.

Бояд гуфт, ки миллати тоҷик аз оғози қадам гузоштан ба роҳи тамаддун дар саргаҳи ибтикороти ташаккули назму низому қонун, муайяну мушаххас ва таъмин сохтани ҳуқуқҳои инсон ва бунёди ҷомеаи қонунсолор қарор дошт. Ҳамагон огаҳем, ки аввалин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз ҷониби Куруши Кабир — шоҳаншоҳи сулолаи Ҳахоманишиҳо қабул гардид, ки то ба имрӯз ҳамчун асоси тамоми санадҳои ҳуқуқӣ шинохта мешавад. Ин барои мо, ки ворисони аслӣ ва идомадиҳандаи роҳи аҷдоди хирадкешу донишмандамон ҳастем, боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст.

Имрӯз низ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи ташаббус ва иқдомҳои бузургу таъсиргузор дар ҳалли масъалаҳои умдаи ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла, мубориза бо терроризму экстремизм, гардишу муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир, қочоқи силоҳ, савдои одамон ва дигар мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ буда, бо пешниҳоди роҳкор ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд барои ҳалли онҳо замина мегузорад. Аз ҷумла, бо мақсади ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси қонунгузорӣ бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2027 дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём бо ёдоварӣ аз дастовардҳои байналмилалии кишвар ин пайку пайғоми некро чунин ба мардум расониданд:« …боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад».

Дар воқеъ, таҳкими волоияти қонун омили асосии суботи давлат ва ҷомеа арзёбӣ мегардад ва рушди устувори кишвар низ бидуни эҳтиром ва иҷрои қатъии меъёрҳои ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Бо дарназардошти вазъи ноороми сайёра ва бархӯрди арзишҳои фарҳангӣ чунин ташаббус дар самти маърифати ҳуқуқӣ аҳаммияти хос дошта, ба таҳкими фарҳанги қонунмеҳвар ва эҳтиром ба ҳуқуқ дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар шароите, ки ҷаҳон бо таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла, терроризм, экстремизм, радикализм, ҷинояткории фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ рӯ ба рӯ аст, масъулияти мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дучанд мегардад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин зарурат чунин иброз доштанд: «Вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад». Вазъияти мавҷуда талаб менамояд, ки мақомоти мазкур бо сатҳи баланди омодагии касбӣ ва садоқат ба манфиатҳои миллӣ фаъолият намоянд. Чуноне ки Пешвои миллат таъкид намуданд: «Сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд».

Беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва шароити иҷтимоии хидматчиёни ҳарбӣ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ масъалаи беҳтар намудани шароити иҷтимоии хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба назар гирифта, супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хидматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад. Ин иқдоми нек ва наҷиб ба ҳавасмандӣ ва тақвияти масъулияти мо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мусоидат менамояд.  

Бояд дар хотир дошт, ки барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва пойбанд ба арзишҳои ҳуқуқӣ тарбия ва ба камол расонидани насли огоҳу донишманд ва соҳибмаърифат зарур аст. Агар фарзандони мо дорои ахлоқу рафтори намунавӣ, ҷаҳонбинӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ бошанд, ояндаи босаодати худ ва давлату ҷомеаро таъмин хоҳанд кард. Дар ин замина, тарбия ва таълим нақши ҳалкунанда дошта, маҳз тавассути онҳо сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, эҳсоси масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун дар зеҳну шуури наврасону ҷавонон ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф ва масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар ин маврид бо мақсади таҳким бахшидани пояҳои давлати ҳуқуқбунёд, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ ва тарғиби арзишҳои демократӣ соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардида буд ва дар доираи чорабиниҳои соли мазкур як қатор иқдомҳои бузург барномарезӣ ва амалӣ гардиданд.

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, масъалаи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, ташаккули огоҳии онҳо аз равандҳои замони муосир ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии онҳо мебошад.

Мубориза бо ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон бо дарназардошти омилҳои иҷтимоӣ ва тарбиявӣ муҳим дониста шудааст. Дар ин раванд мақомоти прокуратура вазифаи ошкор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳоро иҷро намуда, ба татбиқи чораҳои пешгирикунандаи ҳуқуқӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Назорати прокурорӣ оид ба татбиқи чораҳои тарбиявӣ, риояи принсипи инсонпарварӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои вобаста ба ноболиғон ва истифодаи василаҳои алтернативии ҷавобгарӣ ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқӣ маҳсуб меёбанд.

Баргузории вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ, ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар, ташкилоти ҷамъиятӣ ва волидон ба ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб мусоидат менамояд.

Ҳифзи амнияти ноболиғон дар фазои рақамӣ низ дар шароити муосир ба масъалаи муҳим ва ҳалталаб табдил ёфтааст. Паҳншавии ҷиноятҳои киберӣ, истифодаи ноболиғон дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва таъсири идеологияҳои ифротӣ тақозо менамояд, ки мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо чораҳои ҳуқуқии муассир андешанд. Ин фаъолиятҳо бояд ба таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавию ҳуқуқии насли наврас равона гарданд.

Дар ин замина мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди назоратӣ ва кафили иҷрои дақиқи қонунҳо вазифадор аст, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ноболиғонро дар ҳама ҳолат таъмин намояд. Назорати риояи талаботи қонунгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, мақомоти васояту парасторӣ ва дигар сохторҳои дахлдор яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти мақомоти прокуратура ба ҳисоб меравад. Ин самти фаъолият ба пешгирии поймолшавии ҳуқуқи ноболиғон, бартарафсозии камбудиҳои ҳуқуқӣ ва барқарорсозии адолат равона гардидааст.

Бо дарки амиқи ин зарурат Пешвои миллат ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа таъкид намуданд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад…

Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».

Дар шароите, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, густариши фазои иттилоотӣ ва таҳдидҳои нави иҷтимоӣ ба рафтор ва ҷаҳонбинии ноболиғону ҷавонон таъсир мерасонанд, нақши давлат дар ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо аҳаммияти дучандро касб мекунад. Таҳкими волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи асосии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон маҳсуб меёбад. Маърифати ҳуқуқӣ дар ин раванд ҳамчун воситаи таъсирбахши тарбия ва ташаккули эҳтиром ба қонун арзёбӣ мешавад.

Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади мукаммал ва дорои аҳаммияти стратегӣ буда, барои рушди минбаъдаи низоми қонунгузорӣ, таҳкими волоияти қонун, таъмини амният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа самтҳои асосиро муайян менамояд. Татбиқи пайгирона ва масъулиятноки дастуру ҳидоятҳои дар ин санади сарнавиштсоз ироашуда метавонад ба ташаккули ҷомеаи адолатмеҳвар, таҳкими давлатдории миллӣ, рушди устувор ва баланд гардидани мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *