
Фарангис ХИДИРОВА,
омӯзгор, шаҳри Панҷакент
Забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳимми давлатдорӣ ва муқаддасоти миллии ҳар як мамлакат маҳсуб меёбад. Мутобиқи қисми якуми моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, забони тоҷикиро донад ва онро арҷгузорӣ намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту суханрониҳояшон ба масъалаи забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва баҳри гиромидошт ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ машваратҳо дода, ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи он тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Тавре ки маълум аст, дар замони Шуравӣ дар аксари бахшҳои фаъолияти ҷомеа, бавижа, риштаи тиб забони русӣ ҳузури чашмгир дошт; таълим дар донишгоҳҳо, таълифи дастуру китобҳои дарсӣ, пажуҳишҳои илмӣ ҳама тақрибан ба ҳамин забон сурат мегирифт, ки дар натиҷа забони деринааслу неруманди тоҷикӣ аз тароват монд. Аммо забоне, ки ду қарн дар муқобили забони арабӣ пойдор монд, наметавонист дар тӯли 60-70 сол фавран камбарубор гардад.
То соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ба ҷуз фарҳанги панҷҷилдаи М.Я. Расулӣ — «Фарҳанги тиббӣ» асари ҷиддие дар бахши тиб таълиф нашуда буд.
Бояд гуфт, ки вазъи кунунии забони осори илмии тоҷикӣ, аз ҷумла, осори тиббии он ҳузновар аст. Албатта, тайи чанд соли охир даҳҳо китоби дарсиву дастурҳои таълимӣ ва луғатҳои соҳавӣ ба забони тоҷикӣ таълиф ва тарҷума шудаанд, вале мутаассифона, харидори зиёд пайдо накарданд ва дар самти эҳёву истиқрори забони илмии тоҷикӣ дар самти тиб саҳми созанда нагузоштанд.
Чаро вазъи имрӯзаи баёни осори илмии забони тоҷикӣ чунин ҳузновар аст?
Ба назари мо иллати асосӣ дар набудани тарҷумонҳои касбӣ, адами мавҷудияти системаи воҳиди истилоҳоти илмӣ, риоя нашудани меъёрҳои таълифу тарҷумаи осори илмӣ ва наомӯхтани таҷрибаи мамолики пешрафта, дар ин самт ниҳон аст. Дар робита ба ин, чанд нуқсони умумӣ ва муштараки услуби таълифоти тиббиро зикр карда, баҳри рафъи онҳо пешниҳодҳои мушаххас ба миён мегузорем.
- Яке аз шартҳои асосии услуби илмӣ кӯтоҳбаёнӣ ва парҳез аз тавзеҳу тафсили зиёдатист ва ин нукта дар аксар таълифоти тиббӣ риоя нашудааст. Ба пиндори мо ин падида дар натиҷаи тарҷумаи таҳтуллафзии ибораву ҷумлаҳои русӣ ба забони тоҷикӣ иттифоқ афтода, ки намунаи чанде аз онро бармешуморем:
Маризи беморияш вазнин (бемори вазнин), кам шудани вазни бадан (лоғар шудан), ҳарорати бадани бемор баланд аст (бемор таб дорад), бемор дорои ҷигари ҳаҷмаш калон аст (ҳаҷми ҷигари бемор калон аст), касалиҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда (бемориҳои гузарандаи ҷинсӣ). Истилоҳи «бемориҳои ҷинсӣ» имрӯз нодуруст, яъне, ба маънои «бемориҳои таносулӣ» истифода мешавад, ҳол он ки ин истилоҳ дар тибби қадими мардуми мо ба маънои бемориҳои эпидемӣ ба кор меравад: Бемориҳои ҷинсӣ-ал-амроз-ул-ҷинсия-навъе аз бемориҳо, ки хоси хонавода, қабила ва ё аҳолии ягон маҳалли муайян бошанд: Эпидемические болезни-Morbi endemici (11); эҳсоси номураттабият дар кори дил (эҳсоси номураттабии кори дил) ва ғайра.
- Мантиқан ва илман ғалат будани маънои ибораву ҷумлаҳо:
Системаи марказии асаб (системаи асаби марказӣ); Дандонҳои курсии хурд ва дандонҳои курсии калон (дандонҳои хурд ва калони курсӣ), дар аксҳои рӯйи навзод ибтидои дандонҳои шириро дидан мумкин аст, ки дар дохили ҷоғ ҷойгиранд, асабонии забон ба таври зерин сурат мегирад; ин ғадуд сохти ҳиссачагӣ дошта… Шакли сояи дарози бошиддатеро дорост, ки дар заминаи равшании шушҳо, ки байни дил ва сутунмуҳра воқеъ буда, равшан ба назар мерасад ва ғайра.
- Ҷумлаҳои муғлақ, ки ба табиати сарфу наҳви забони тоҷикӣ созгор нестанд:
Зарбулатҳои вазнини кос бисёр вақт ба сакта ва талафоти хун, баъзан ба суддат (эмболия)-и равғани шуш, майна ва сидоду суда (тромбоэмболия) ҳамроҳӣ мекунад; Аз рӯйи хосиятҳои деформатсионӣ рафтори тағйири сангҳоро зери таъсири таҳлилҳои статикӣ ё зарбазан муқаддам баҳо додан имкон дорад; Муҳлати ба курортҳои нӯшокӣ фиристодани беморҳое, ки нисбати санги бавл амалиёт аз сар гузаронидаанд, бояд зудтар бошад; Губарев А.П. навиштааст: «Бе анатомия на касалиҳои дохилӣ ва ҷарроҳӣ вуҷуд дорад, балки танҳо ва таассуб»; Шохчаҳои арзӣ қадре печак буда …Нахҳои (торҳои) кӯндаланграхи ихтиёрӣ низ дохиланд… ва ғайра.
- Риоя нашудани ҳувияти истилоҳот, ки дар натиҷаи тарҷумаи ноуҳдабароёна ва «ибтикор»-и истилоҳсозии муаллифон ба вуқуъ пайвастааст:
Футуркунии санг, раванд (эксперимент), сӯрохроҳӣ, хунофарӣ, чона, пайомади беморӣ (осложнение), андомгунсоз (протезист), омили таҳҷоӣ, лати гурда, инҳирофи пешобравҳо, тармими пешобрез, ҷавонаомос, сӯзиши пешоб, идрори дарднок, пешобхунҷамъ, дунгича ва ғурриҳо (выступ) ва ғайра.
- Тарҷумаи нодуруст ва носаҳеҳи истилоҳот дар луғатҳои соҳавӣ:
Пешобшинос (уролог), бегона (антиген), мунч (культя), дандони осиё (коренной зуб), вазоифшинос (физиолог), вазоифшиносӣ (физиология), вазоифшиносии меҳнат (физиология труда), вазоифшиносии ҳавонавардӣ (физиология авиационная), буняшиносии эътидолӣ (нормальная физиология), пурз (ворсинка), вазифаи муътадил (функция физиологическая), зиёдшавӣ (дупликация), пешобрав (мочеточник), дарзи пешобрез (уретраграфия), даҳонбастагӣ (резцовое перекрытие), ҷурсума (бактерия), мадҳушшиносӣ (анестезиология), ҷурсумахӯр (бактериофаг), балъ, балъиш (глотание), душбалъӣ (затруднённое дыхание), кашшоф (абсорбент, ки маънии ҷазбкунандаро дорад), даркашидан, рубоиш (абсорбция), шошабанд (анурия), бебузоқӣ (асилия, ҷудо нашудани оби даҳон), резабин (микроскоп), қандсозӣ (гликогенез) ва садҳо истилоҳи дигар.
- Истифодаи муодилаҳои зиёд барои ифодаи як мафҳум:
Кашшоф, даркашидан, рубоиш, имтисос барои истилоҳи абсорбция; вазоифшиносӣ, буняшиносӣ, афъолшиносӣ барои истилоҳи физиология; бавл, пешоб, идрор, шоша, мезак барои истилоҳи моча; орбита, чашмхона, коса (косахона)-и чашм, ҳадақа, ҳуфраи чашм, мағоки чашм, чуқурии чашм барои истилоҳи глазница; нах, тор, лиф барои истилоҳи лимфа; сӯрохроҳа, ҷавф, ковокӣ барои истилоҳи полость ва ғайра.
- Аз ибораҳои изофӣ сохтани таркибҳои дурушту номаънус:
Омоси ҷавона-ҷавонаомос, дандонҳои осиё-осдандон, лӯлаи шунавоӣ-шунудлӯла, дандони пеш-пешдандонӣ, дандони курсӣ- курсидандон, коми нарм ва сахт-нармком ва сахтком, бофтаи мурда-мурдабофтагӣ, ҳисси беш-бешҳиссӣ, бешрушдӣ ва ғайра.
- Ба эътибор нагирифтани қобилияти гардишпазирии истилоҳот, ки боиси рух додани падидаи нохуби истилоҳоти илмӣ, яъне, пайдо шудани муродифҳо мегардад: Вожаи бавл қобилияти калимасозӣ надорад, бинобар ин, ҳамон як муаллиф аз вожаҳои пешоб, шоша, идрор ва ҳатто мезак истифода кардааст (3). Ҳамин тавр, вожаҳои нодурустиҳо (аномалия) (10), даҳоншиносӣ (стоматология) (8), наомадани дарун (запор) (3), зоидаҳо (анофиз) (4 ) ва ғайра.
- Аз назар дур мондани хусусияти номинатививу тафриқагузории истилоҳот, чунончи, калимаҳои зеринро ба ҳеҷ ваҷҳ истилоҳ номидан мумкин нест:
Бесомонӣ (расстройство), иллат (аномалия), ной (мочеточник), самим (скелет), пешобрез (уретра), бод (отёк), садама, сакта ва садама (шок), ҷурсума (бактерия), кафшерак (comissura), ғилофак (капсула), мушаки бигизӣ (шиловидная мышца), аррапушт, тахтапушт (позвоночник), пайкар (тело) ва ғайраҳо.
- Барои як мафҳум истифодаи чанд калима ва пайдо шудани синонимҳо, ки ин низ барои услуби илмӣ падидаи номатлуб ба шумор меравад:
Бигизӣ, дарафшшакл барои истилоҳи шилоаидная; сутунмуҳра, аррапушт, тахтапушт барои позвоночный столб; бадзот, бадфарҷом, хабис, табобатнашаванда барои злокачественный опухол; обилаи мурғон, обакон, чечак, сучечак, нағзак, ҷадра ва ғайра барои истилоҳи оспа ва ҳоказо.
- Якчанд мафҳумро бо як вожа ифода кардан, ки боиси баёни носаҳеҳ ва номушаххас мешавад:
Ғуррӣ-зоб, аневризм, выступ, ҳалқ-гортань, горло, зев, тарҳ-конструкция, нуму-развитие, стимуляция ва ғайра.
- Истилоҳсозии барғалат бо пасвандҳо:
Дандонгунсоз, сайқалнок, болгун, брекчамисл, кундалангнокӣ, беруннокӣ, балъиш, рубоиш, полоя, камона ва ғайра.
- Дар зери таъсири қавоиди сарфиву наҳвии забони русӣ ба ивази бандаки изофӣ истифода кардани пешвандҳо, ки сохти ибораву ҷумлаҳоро носолиму сунъӣ месозад:
Варам дар пой, дард дар шикам, бӯй аз даҳон, захм дар девораи рӯда ва ғайра.
- Ибораҳои сунъӣ ва ба сиришту табиати забони тоҷикӣ бегона:
Баланд шудани ҳарорати бадан (таб), кам шудани вазни бадан (лоғар шудан), ба роҳи табиӣ маконидани кӯдак (сина маконидан) ва ғайра.
- Дар ивази муодили хушоянд ва маъмулии забони тоҷикӣ истифодаи вожаҳои нави аврупоӣ:
Структура (сохт, таркиб), перфоратсия (инсидод), контрол (тафтиш, назорат), ядро (ҳаста), пневмония (газаки шуш), дизенфексия (гандзудоӣ), антитела (подтан), дизентерия (исҳол), гастрит (газаки меъда), инфексия (сироят) ва артерия (шарён).
Хулоса, яке аз шартҳои асосии усули илмӣ кӯтоҳбаёнӣ аст ва он усул дар аксар таълифоти тиббӣ риоя нашудааст.
Мантиқан ва илман ғалат истифода бурдани маънои ибораву ҷумлаҳо бар маърифати тиббии аҳолӣ таъсири нек надорад. Гузашта аз ин, барои донишомӯзон дар ташхис додани бемориҳо мушкил меофарад. Пас, ҳар як мутахассиси риштаи забон, хосса, тарҷумонҳоро лозим аст, ки аз калимаву истилоҳоти дурусту мантиқӣ истифода бурда, забони тибро номафҳум насозанд.
Адабиёт:
- Абдураҳмонов Ф.А. Анатомияи одам, ҷилди 1/, -Душанбе: 1995 с. -226 саҳ.
- Абуалӣ ибни Сино. Қонуни тиб, қисми 1, -Душанбе, 1989 с. – 98 саҳ.
- Баҳор Маликушшуаро. Сабкшиносӣ, -Теҳрон: 1375 ҳ, -16 саҳ
- Дар бораи забони форсӣ (Маҷмуаи мақолаҳо) // Теҳрон,1375 ҳ. -218 саҳ.
- Исҳоқӣ Ю.Б. Луғати гӯш-бинӣ -гулӯшиносӣ /(ҳаммуаллифӣ) -Душанбе, 2002с.-49саҳ.
- Қодирӣ Т. Бемории санги бавл, -Душанбе, 1993с. -66 саҳ.
- Қодирӣ Т. Мунтахаби дарсҳои пешобшиносӣ / — Душанбе, 2000с. -83 саҳ.
- Қодирӣ Т. Луғати мухтасари русӣ-тоҷикӣ оид ба пешобшиносӣ, -Душанбе, 2001с. -123 саҳ.
- Расулӣ М.Я. Луғати вазоифшиносӣ -Душанбе, 2001с. -201саҳ.
- Соатов И.С. Луғати мухтасари даҳонпизишкӣ -Душанбе, 2001с. -133 саҳ.
- Усмонов М.У, Анатомияи одам, қисми 1 -Душанбе, 1996 с. -285 саҳ.