Дилафрӯз ҚУРБОНЗОДА,
“Маърифати омӯзгор”,
Душанбе-Хоруғ-Душанбе


Дунёи имрӯзаи моро, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ қарор дорад, бе нақши боризи матбуот ва воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан ғайриимкон аст. Тақрибан як аср қабл асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дарҷ намуда буд, ки “матбуот солномаи таърихи миллат аст”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни мулоқоташон бо аҳли зиёи кишвар иброз доштанд, ки “маводи чопӣ, аз қабили китоб ва рӯзномаю маҷалла дар тарбияи маънавии мардум, пешбурди иқтисод, таблиғу ташвиқ ва ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳим мебозад”.
Ҳамбаста ба ин гуфтаҳои гуҳарбори Сарвари давлатамон метавон бо боварӣ гуфт, ки маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар партави ғамхориву дастгириҳои беназири Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллат соҳаи матбуот ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар иҷрои рисолати таърихии худ: инъикосу таблиғи дастовардҳои рӯзафзуни тамоми соҳаҳои кишвар дастболоянд. Аз ҷумла, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиммест, ки дар саҳифаҳои матбуоти миллии кишвар пайваста баррасӣ гардида, дастоварду музаффариятҳои ин соҳаи ҳаётан муҳим инъикоси фарогир меёбад. Яке аз ин гуна нашрияҳои муваффақу комёб рӯзномаи “Бадахшон” мебошад, ки дар олами матбуоти кишвар мақоми арзанда дорад. Дар доираи сафари хидматӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкон даст дод, дар шаҳри Хоруғ бо аҳли эҷоди ин аз рӯзномаи номвару соҳибиззат дидор ва суҳбат намоям.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Бадахшон» Раҳмонқул Раҳмонқулов зимни мулоқот дар бораи таърихи пуршебу фарози он гуфт, ки “Бадахшон” нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, дар ҳаҷми 8 саҳифа, бо теъдоди 4865 нусха (айни замон) ба табъ мерасад. Рӯзномаи мазкур 2-юми сентябри соли 1931 ҳамчун нашрияи Кумитаи ҳизбӣ, комиҷроия ва иттифоқҳои касабаи вилоят таъсис ёфтааст. Бо мурури замон рӯзнома ба як аслиҳаи муқтадири таблиғотӣ-сиёсӣ табдил шуд. Дар ин миён он чанд маротиба табдили ном ва ҳуруф кард. Аз «Красный Бадахшан» ба «Бадахшони Сурх», «Бадахшони Советӣ» ва «Бадахшон» табдили ном кардани рӯзнома, аз ҳуруфи форсии ниёӣ ба лотинӣ ва баъдтар ба кириллӣ гузаштани он ҳам инъикоси як марҳалаи созандагии давру замон ва рӯзгори мардуми меҳнатқарини вилоят мебошад.
Ин нашрия бо фаъолияти фарогиру мондагораш на танҳо як рӯзномаи даврӣ, балки як мактаби тарбияи кадрҳои адабию сиёсӣ буда, аз ин даргоҳ як зумра қаламбадастони боистеъдод, мисли Нодир Шанбезода, Муҳаммадалишо Ҳайдаршо, Ширин Бунёд, Мусоят Қаноатов, Шоҳзодамуҳаммад Шерзодшоев, Лутфишо Додо ва даҳҳо нафари дигар, ки баъдан дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ кор кардаанд, дуои неки сафари эҷодӣ гирифтаанд.
Дар тӯли солҳои фаъолияти пурбор ҷарида ҳамчун солномаи рӯзгори мардуми вилоят, инъикосгари ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ин минтақаи хушманзари кишвари азизамон иҷрои рисолати худро таъмин менамуд. “Бадахшон” ҳамчун як дастгоҳи иттилоотии қавӣ, ҳамчунин, аз дастоварду пешрафтҳои соҳаи маорифи вилоят низ ба хонандагони хеш матлабҳои хубу хонданӣ пешниҳод мекунад ва дар инъикоси ин соҳаи афзалиятнок саҳми назаррас мегузорад.
Р. Раҳмонқулов афзуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ навгониҳову комёбиҳои маориф, аз қабили сохтмон ва ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ дар миқёси кишвар, иштироки муваффақонаи хонандагони макотиби кишвар дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дастовардҳои назарраси устодону омӯзгорон ба таври чашмгир афзуда, дар ин замина, ҳамарӯза хабару гузоришҳои фараҳбахшро дар соҳа аз тариқи воситаҳои ахбори омма мебинему мехонем. Таҳқиқот дар бастаҳои ин нашрияи равшангаро нишон медиҳад, ки рӯзномаи “Бадахшон” низ дар ҳамовозӣ ва ҳисси ифтихор аз ин пешсафиҳои аҳли маориф дар саҳифаҳои хеш тамоми рӯйдодҳои соҳаи маорифро инъикос менамояд, зеро он ҳамчун бахши бунёдӣ дар таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар, омода сохтани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ва дар умум, барои пешрафти ҷомеаи мутамаддин саҳми бориз дорад. Пӯшида нест, ки Ҳукумати кишвар ва Сарвари маърифатдӯсту маорифпарвари мо-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ин соҳаи калидӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати рушду равнақи он тадбирҳои муассирро амалӣ мекунанд. Тақрибан дар ҳама баромадҳояшон Роҳбари давлат доир ба соҳаи маориф андешаҳои хешро иброз намуда, баҳри пешрафти он пешниҳодҳои муҳимму саривақтӣ медиҳанд. Аз ҷумла, дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 1-уми сентябри соли равон таъкид намуданд, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад. Эътимоду эҳтироми Сарвари кишвар ба муҳаррикони асосии соҳа-устодону омӯзгорон афзун буда, ҳамеша ҷиҳати дастгирии онҳо тадбирҳои судмандеро амалӣ намудаанд ва ҳамзамон, дар муроҷиат ба муаллимон ҷиҳати иҷрои рисолати инсонсозашон чунин изҳор медоранд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим-омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».
Дар ин дидор ва суҳбат аз ҷониби Раҳмонқул Раҳмонқулов китоби “Оинаи таърих” (соли чоп 2021) ба камина тақдим гардид, ки дар он ба таври фишурда оид ба таърихи таъсиси рӯзнома, ёддоштҳои кормандон ва ҳамкорони он аз солҳои гуногун, лавҳаву очеркҳо дар бораи кормандон ва ҳамкорони рӯзнома, шеърҳо дар васфи мақому манзалати рӯзнома гирд оварда шудааст.
Дар пешгуфтори китоби «Оинаи таърих» раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода нигоштааст, ки “насли нави эҷодкорон баҳри тақвияти Истиқлолияти давлатӣ ва таблиғи дастовардҳои 30 соли истиқлоли кишвар маводи хонданӣ ба нашр мерсонанд. Имрӯз ин минбари мардумӣ ҳамқадами замон буда, арзу ниёзи мардум, роҳу усулҳои рушди бомаромро васеъ ташвиқ менамояд. Бахусус, дар амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди деҳот, ҳифзи марзи давлатӣ, такмили шаклу усулҳои рушди иқтисод, мубориза бо унсурҳои зишти ҷомеа аҳли эҷоди рӯзномаи “Бадахшон” саъю талоши арзишманд ба харҷ медиҳад”.
Сармуҳаррири рӯзномаи “Бадахшон” Раҳмонқул Раҳмонқулов дар фарҷоми мулоқот қайд кард, ки ҳайати эҷодии рӯзнома бо ҳамкорони хеш аз маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” робитаҳои қавии ҳамкорӣ доранд ва дар оянда низ, ҷиҳати рангин намудани саҳифаҳои нашрияҳо дар самти тарғиби дастовардҳои соҳаи маориф, ин ҳамкориҳоро боз ҳам рушд хоҳанд бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *