Саъдулло ҲАЙДАРӢ, 

дотсент, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Фарзанди барӯманду оламшинохти тоҷик Бобоҷон Ғафуров парвардаи муҳити илмиву эҷодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии асри ХХ буда, тавонист аз имкониятҳои фароҳамовардаи айём истифода барад ва таърихномаи миллати худро, ки орзуи ҳамешагиаш буд, бо номи «Тоҷикон» ба вуҷуд оварад. Ин асари бунёдӣ соли 1972 аз тариқи нашриёти бонуфузи «Наука»-и шаҳри Москва бо забони русӣ чоп шудаву дастраси мухлисону ҳаводорони таърихи халқи тоҷик гардид.
Маҳз кӯшишу ғайрат ва ҷасорати илмии Аллома Бобоҷон Ғафуров буд, ки таърихи халқи тоҷик нигоштаву бо ин васила номи муаллифи китоб шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кард. Тавассути мутолиаи ин китоб хонанда огоҳ мегардад, ки «гузаштаи халқҳои Шарқ, аз он ҷумла тоҷикон» фақат «аз силсилаи беинтиҳои ҷангу ҷидолҳо ва табаддулоти дарборӣ» иборат набуда, балки «баъзе маълумоти роҷеъ ба таърихи маданиятро дучор омадан мумкин аст»[1].
Ба қавли файласуфи тоҷик Акбар Турсонзод «Тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин халқҳои мутамаддинанд, ки саҳмашон ба ганҷинаи илму фарҳанги ҷаҳон кайҳост мавриди эътибору эътирофи оламиён қарор гирифтааст»[2].
Муҳаққиқи ҷӯяндаву бедордил Бобоҷон Ғафуров аввал заминаҳоро барои ба вуҷуд овардани асари барҷаставу пурҳашамате устувор поягузорӣ карда, ҳамзамон дар ин самт омӯзишро вусъат мебахшад, мавод гирд меоварад, бозёфтҳои бостоншиносонро меомӯзад, мақолаҳо иншо мекунад, ҳуҷҷату санад ва мадракҳои дастрасро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад, таҳлилу баррасӣ менамояд ва дар деги тафаккур мепазонад.
Дар заминаи омӯзишу пажуҳиш ва талаби айём даставвал бо ҳамқаламии Н. Прохоров китоби «Халқи тоҷик дар мубориза баҳри озодӣ ва истиқлолияти худ»-ро соли 1944 бо забони русӣ рӯйи чоп овард. Дар он анъанаи қаҳрамонию паҳлавонии аҷдодонамон дар мавриди марзу бумпарастӣ, ҳифзи сарзамин аз ҳуҷуми аҷнабиёни забткору ғоратгар ва хуношом воқеъбинона инъикос шуда, бо ин васила дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҳифзи сарзамин ва хоки поки он аз хасми нопок ворисони Спитамен, Абӯмуслим, Муқаннаъ, Темурмалик ва Восеъ барин қаҳрамонон ба майдон омада, душманро то лонааш саркӯб намудаву маҳв гардониданд.
Соли 1947 роҷеъ ба таърихи тоҷикон аз ҷониби Б. Ғафуров асаре бо номи «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» чоп шуд. Дар ин китоби пурмуҳтавою васеъманзар муҳаққиқ бо далелҳои раднопазири таърихӣ илман исбот кардааст, ки «тоҷикон қадимтарин халқи бумии Осиёи Миёна мебошанд» — «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» асарест, ки дар авроқи он саҳифаҳои хираи халқи тоҷик рӯшан инъикос шуда, бо ин васила муаллифи он бунёдгузори илми тоҷикшиносии ватанӣ шинохта шуд[3].
Барои бештар муаррифӣ кардани таърихи халқи тоҷик ва ба доираи васеи хонандагони гуногунзабон манзур гардонидани он муаллиф ин асарро соли 1949 бо забони русӣ ба табъ мерасонад, ки баъдан солҳои 1952 ва 1955 бо тавзеҳу иловаҳо боз ду маротибаи дигар бо ин забон чоп мешавад. Бо ин васила ҳам обрӯю нуфузи нигоранда афзун ва ҳам доираи мутолиакунандагонаш аз ҳисоби хонандагону муҳаққиқоне, ки забони русиро хуб балад буданд, васеъ мегардад. Ибораи «таърихи мухтасар» дар унвони китоб як ҳадафи ниҳоии муаллифро дар худ ниҳон медошт, яъне, нигоштани таърихи муфассали он ҳам дар мади назар дошта шуда буд.
Ҷустуҷӯву омӯзиш имкон фароҳам овард то Бобоҷон Ғафуров доир ба вуҷуд овардани китоби бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» ҳамроҳи як гурӯҳи бонуфузи таърихнигорон ширкат варзад. Ин китоб, ки Бобоҷон Ғафуров ҷилдҳои якумашро бо академик Б. А. Литвинский ва дуюмашро бо А.М. Беленитский таҳрир намудаву дар омода кардани ҷилдҳои дигараш низ саҳми бевосита дошт, солҳои 1963-1965 дар се ҷилду панҷ китоб нашр гардид.
Баъди директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин гардидан Бобоҷон Ғафуров фаъолияташро пурра ба корҳои илмиву ташкилӣ нигаронида, таҳқиқи таърихи пурвусъати тоҷиконро аз мадди назар дур нагузошт ва он ба шуғли доимии ин олими нуктасанҷу дақиқкор табдил ёфт.
Маҳз дар ҳамин давраи босамару доманадор Бобоҷон Ғафуров бомасъулияти дучанд ба таълифи китоби «Тоҷикон» оғоз кард. Натиҷаи ҷустуҷӯву омӯзиш шароит фароҳам овард, ки нигорандаи таърихи ниёкони некном «доир ба таърихи тоҷикон маводи зиёди илмӣ ҷамъоварӣ менамояд, сарчашмаҳои наву нодир дарёфт мекунад, аз асарҳои олимони англис, олмонӣ, амрикоӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ ва эронӣ истифода мебарад ва китобро бо такя ба дастовардҳои охирини илми матншиносӣ, таърихнигорӣ, сиккашиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, мардумшиносӣ, антропология ва бостоншиносӣ барои нашр омода мекунад»[3, с.9], ки соли 1972 бо теъдоди 10 ҳазор нусха дар Москва бо забони русӣ чопу дастраси хонанда мегардад.
Китоби «Тоҷикон» ва номи муаллифи он аз рӯзҳои аввали чоп таваҷҷӯҳи муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ, доираи васеи хонандагонро ба худ ҷалб менамояд ва дар як муддати кӯтоҳ ба фурӯш меравад. Мухлисону ҳаводорони таҳқиқ барои дастрас кардани он тавассути телефон ба нашриёту бевосита ба муаллиф муроҷиат кардаанд. Албатта, теъдоди даҳ ҳазор нусха барои мутолиагарони як мамлакати сераҳолии ҷаҳон — ИҶШС хеле каму нобасанда буд.
Аввалтар ва аз ҳама бештар номи китоб, яъне «Тоҷикон» таваҷҷӯҳи ҳаводоронро ба худ ҷалб намуда буд, чунки бо ин ном чопи ин қабил асарҳоро дар он замон иҷозат намедоданд.
Обрӯву нуфуз ва мавқеи илмиву ҷамъиятии муаллиф барои нашри китоб бо ин унвон мусоидат кардааст. Муаллиф дар ҷараёни нигоштани асари пурмӯҳтавои худ этикаи илмиро риоя карда, ба иззати нафси дигар миллатҳо нарасида, дар асоси методологияи пешқадами он замон машҳур — марксистӣленинӣ мавзӯи доманадорро объективона таҳқиқу баррасӣ менамояд. Тавре, ки файласуфи тоҷик Акбари Турсонзод дар «Пояафрози миллат» ном навиштааш дар китоби «Қирони саъд» менигорад: «Охир, бидуни сифатҳои маънавие, ки зикрашон дар боло гузашт (ақлу фаросат, азму ғайрат ва ҷасорату матонат), ба иншои «Тоҷикон» барин шоҳасари таърихӣ пардохтан, масъалаҳои хурду калонеро, ки дар ҷараёни нигоштани китоб пеш омадаанд, зимни оқилона ба ҳам пайвастани тақозои замон ва объективияти илмӣ ҳаллу фасл кардан ва ниҳоят, аксуламали имконпазири саррофони гавҳарношинос ё ғаразмандро сарфи назар намуда, хунсардона афкору андешаҳои мусаббати худро ба арсаи илм баровардан амри муҳол буд»[2, с.162].
Асари мазкур дер бошад ҳам ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, соли 1983 ҷилди аввал ва соли 1985 ҷилди дувуми он аз чоп баромада, дастраси хонандаи тоҷик гардид.
Воқеан ҳам китоби «Тоҷикон» дар такя ба сарчашмаю манбаъҳои илмию адабӣ ва таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносию сиккашиносӣ, ҳуҷҷату санад ва мадракҳои нодири то солҳои 70-и асри гузашта дастрас навишта шуда, зимни мутолиаи он хонанда аз ташаккулу таназзулҳо, таҳаввулу бурду бохтҳо, комёбиву нокомиҳо, ҷабру ҷафоҳои таърих, дастовардҳои илмию фарҳангӣ, ҷасорату матонати қаҳрамонону паҳлавонони майдонҳои набарду корзор, марзу бумпарастони диловару шуҷои бонангу ор, муҳофизону синасипарони миллату меҳан, абармардони давлатсозу ваҳдатофар, ҷонфидоҳои худшиносу худогоҳ огаҳӣ ёфта, сабақи ҳаёту зиндагӣ меомӯзад.
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳам мисли китоби «Намунаи адабиёт»-и С. Айнӣ, ки дар ибтидои асри 20, дар давраи бисёр ҳассосу сарнавиштсоз мавҷудияти миллати тоҷикро, соҳибмулку соҳибдавлат будани онро собит кард, рисолати худро дар давраи минбаъда ба ҷо овард, ба муаллифаш умри ҷовидон бахшида, ҳамчун асари мондагори безавол дар ин замонаи пурзиддияту сермониаи ҷаҳонишавӣ пояҳояшро боз ҳам қавӣ мегардонад.
Бахусус, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шоҳасари «Тоҷикон» ва муаллифи он Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ҳамарӯза афзуда, маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат ин асари оламшумул чандин маротиба бознашр шуда, охиран дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 таъкид шуд, ки «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносист ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем»[3, с.7]. Дар ҳамин замина «бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон чоп карда, то ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ ба ҳар як оилаи кишвар ройгон дастрас гардид», ки ин рӯйдоди фараҳбахши тахрихӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Чину Полша, Ҳиндустону Ҷопон ва Афғонистон ҳамчунин бо забони ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудани осори Бобоҷон Ғафуров, ба хусус «Тоҷикон» аз он шаҳодат медиҳад, ки ин осор пурмуҳтаво, арзишманд ва дар сатҳи ҷаҳонӣ нигошта шудаанд.
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар илми таърихшиносӣ ва шарқшиносии ҷаҳон ба сифати падидаи бузурги илмиву фарҳангӣ пазируфтаву эътироф шудааст. Тақризҳои ба ин асар навиштаи олимону муҳаққиқони шинохтаи ҷаҳон академик В.В. Пиотровский, А.П. Окладников, М.П. Ким, Е.М. Жуков, И.И. Минтс, М.А. Коростовсев, Р. Фрай,
Шаши Бушан, Нурул Ҳасан, М. Лоренс, Файз Аҳмади Файз, Саидмуҳаммади Ҳаким, Ҳасани Донӣ ва дигарон аз он гувоҳӣ дода, арзиши бузурги онро муайян менамоянд.
Ин асар беш аз 50 сол боз дар мавриди худшиносӣ, худогоҳӣ ва вусъатбахшидан ба ҳувияти миллӣ хидмат ба амал оварда, аҳамияти рӯзафзунаш имрӯзҳо боз ҳам барҷастатар намо меёбад.
Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 июли соли 2022 дар бораи доир намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба истиқболи 115-солагии фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров боз як ташаббуси дурбинона, хирадмандона ва ҷавонмардона дар ин самт буда, шаҳодат аз он медиҳад, ки ин асари пурарзиш боз барои садсолаҳо хидмат карда, моҳиятан кӯҳнашавӣ надорад. Ва ин озмун нишон дод, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таърихи миллат таваҷҷуҳ доранд. Боиси ифтихор аст, ки аввалин барандаи Шоҳҷоизаи ин озмун донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоира Давлатзода гардид Китоби «Тоҷикон» барои фарҳангу адаб ва таъриху таърихникории мо қасри муҳташамеро мемонад, ки меъмори он Бобоҷон Ғафуров тамоми абзори барои бунёди он зарурро моҳиронаву устокорона ҷо ба ҷогузориву бастакорӣ намудааст, ки ҳеҷ боду борон ба он газандае расонида наметавонад. Он қасри устуворпояест, ки асосашро сутунҳои қавӣ, сангу хишт, обу гил, симону симбастҳои фулодии худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату баҳамоӣ, ҳамзистии осоишта ташкил медиҳад. Ин асар намунаи ибратгирӣ, таърихдонӣ, сабақандӯзӣ аз таъриху равандҳои он мебошад.
                                          Адабиёт 

1. Ғафуров Б. Тоҷикон. — Душанбе, 2022. — С.19.
2. Турсонзод А. Қирони саъд. – Душанбе: Ирфон, 1986. — С. 3. 

3. Раҳмон Э. Шиносномаи миллат // «Тоҷикон». — Душанбе: Нашриёти муосир, 2020.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *