Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,
сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон»,
номзади илмҳои филологӣ
Ташаккул ва рушди матбуоти соҳавӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, нашрияҳои соҳаи маориф: маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон» ва ҳафтаномаи «Омӯзгор», ҷузъи ҷудонашавандаи равандҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии асрҳои ХХ ва ХХI маҳсуб меёбанд. Нашрияҳои мазкур дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ ҳамчун воситаи муҳимми инъикос, таҳлил ва тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва ҳамчунин, фарҳангу илму адаб хидмат намуда, дар ташаккули афкори ҷомеа, рушди низоми таҳсилот ва баланд бардоштани фарҳанги омӯзишу парвариш нақши муассир бозидаанд.
Яке аз минбарҳои асосии ташаккули афкори иҷтимоӣ дар соҳаи маориф, ки дар тарғиби ғояҳои маорифпарварӣ, рушди адабиёту фарҳанг, омӯзишу тарбия ва татбиқи сиёсати давлатии соҳа нақши муассир дорад, нахустин нашрияи соҳаи маориф – маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» мебошад, ки имрӯз фаъолияти худро бо номи «Маърифати омӯзгор» идома медиҳад [5, с. 78].
Маҷаллаи мазкур дар тули таърихи фаъолияти худ, вобаста ба таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, бо номҳои гуногун ба табъ расидааст. Аз ҷумла, дар давраи ҳокимияти Шуравӣ он соли 1926 бо номи «Дониш ва омӯзгор», соли 1927 – «Дониш – биниш» (як шумора), солҳои 1927-1930 – «Раҳбари дониш», солҳои 1930-1939 – «Инқилоби маданӣ» ва «Револютсияи маданӣ», солҳои 1939-1991 – «Мактаби советӣ» нашр мегардид. Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷалла солҳои 1991-2006 бо номи «Маърифат» ва аз соли 2006 то имрӯз бо номи «Маърифати омӯзгор» фаъолият менамояд.
Аз ин пайдарпайии таърихӣ бармалост, ки маҷаллаи мазкур на танҳо оинаи сиёсати давлатии маориф, балки минбари ташаккули андешаи педагогӣ, рушди илмҳои омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар асоси ҳамин пайдарпайии таърихӣ ва натиҷаҳои пажуҳиш метавон таҳаввул ва инкишофи маҷалларо ба панҷ марҳалаи асосӣ ҷудо намуд, ки ҳар яке бо равандҳои мушаххаси сиёсӣ ва иҷтимоии замони худ иртибот доранд:
- Соли 1926 – «Дониш ва омӯзгор»;
- Солҳои 1927-1930 – «Дониш – биниш», «Раҳбари дониш»;
- Солҳои 1930-1939 – «Инқилоби маданӣ», «Револютсияи маданӣ»;
- Солҳои 1939-1991 – «Мактаби советӣ»;
- Аз соли 1991 то имрӯз – «Маърифат» ва «Маърифати омӯзгор».
Тавре аз ин марҳалаҳои таърихӣ бармеояд, марҳалаи аввал бо таъсиси маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» оғоз меёбад. Комиссариати халқии маорифи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ дар байни омӯзгорон соли 1926 ба нашри ин маҷалла иқдом намуд. Муҳаррири масъули он нозир (вазир)-и маориф Аббос Алиев буд. Нашрия 5 марти соли 1926 дар шаҳри Душанбе, ба муносибати таҷлили яксолагии таъсиси Нозироти маориф, бо забони тоҷикӣ ва ҳуруфи арабӣ бо теъдоди 500 нусха аз чоп баромад.
Муовини муҳаррири масъули маҷалла Қосим Дайламӣ қайд мекунад, ки ҳайати таҳририяи маҷалла дар охири моҳи январи соли 1926 таъсис ёфта, ин нахустин маҷаллае ба ҳисоб меравад, ки пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр бо омӯзгорони тоҷик бевосита дар гуфтугӯ ва ҳамкорӣ қарор дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар таҳия ва нашри маҷалла гурӯҳе аз масъулини рӯзномаи «Бедории тоҷик», намояндагони Комиссариати маорифи Тоҷикистон ва педагогҳои барҷаста, аз ҷумла, Абулқосим Лоҳутӣ, Меҳдӣ Таҳмосов, Миртолиб Саидзода, Климчитский, Раҳимӣ, Қамбарзода, Акоп Кузнетсов, Форс, Деҳқон, Ҳайдарзода, Раҳматзода ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд [2].
Дар шиносномаи маҷалла омадааст: «Ранҷбарони рӯи Замин, иттиҳод!» (шиор), «Назорати маорифи Тоҷикистон» (муассис) ва ««Дониш ва омӯзгор» маҷаллаест сиёсӣ, иҷтимоӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ, адабӣ, фаннӣ, илмӣ ва интиқодӣ, ки дар ҳар понздаҳ рӯз як бор нашр мешавад» [3]. Тавре аз шиносномаи маҷалла бармеояд, доираи мавзуоти маҷалла васеъ мебошад. Дар саҳифаи аввали маҷалла ҳамчунин, шиори «Илм сабаби ҳаёти мо, ҷаҳл сабаби мамоти мост» дарҷ гардидааст.
Маҷалла бо муроҷиатномаи «Мақсади мо», ки дар он ҳадафу вазифаҳои нашрия зикр шудааст, оғоз мешавад. Дар он чунин дарҷ гардидааст: «… маҷаллаи мо махсуси муаллимини Тоҷикистон аст. Чун дар Тоҷикистон имкони табъ кардани китобҳои лозимаро надорем, мехоҳем ба ин маҷалла ба муаллимин роҳбарӣ карда, онҳоро бо аҳволи вақт, усулҳои тоза ва роҳи таълим ва тарбия ошно намоем. Маҷалла бояд китобчаи дастуруламалӣ бошад, ки дар ҳар вақт ба кори муаллимини мо бихӯрад. Чун маорифи Тоҷикистон ҷавон аст, тоҷикон алфози (гапҳои) бисёри адабии форсиро ба хубӣ намефаҳманд, бояд ба қадри имкон маҷаллаи мо сода ва ба забони халқи маҳаллӣ бошад» [4].
Дар шумораи нахустини маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» муроҷиати Раиси ҳукумати Тоҷикистон Нусратуллоҳ Махсум ва аъзои ҳукумат таҳти унвони «Ба тамоми ходимони маориф» ба табъ расидааст. Ҳамзамон, мақолаҳои Аббос Алиев «Иди яксолаи мо», Чинор Имомов «Иди таърихии Тоҷикистон», Раҳимӣ «Мактаби куҳна ва мо» ва Миртолиб Саидзода «Даврҳои тарбияи иҷтимоӣ» интишор шудаанд. Мавзуи навиштаҳо, асосан, масъалаҳои рушд ва инкишофи соҳаи маорифи Тоҷикистон, расонидани ёрӣ ба муаллимон, мубориза бар зидди бесаводӣ ва баррасии таърихи халқи тоҷик мебошанд.
Аз мундариҷаи маҷалла бармеояд, ки «Дониш ва омӯзгор» на танҳо ба масъалаҳои маориф, балки ба мавзуъҳои адабӣ ва илмӣ, ки ин вазифаҳо дар шиносномаи он дарҷ гардидааст, таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Дар гӯшаҳои адабӣ ва илмии маҷалла намунаҳои эҷодиёти адибони тоҷик ва мақолаҳои илмии олимон ҷой дода шудаанд. Аз ҷумла, шеърҳои устодон Садриддин Айнӣ – «Ахгари инқилоб», «Инқилоб», Абулқосим Лоҳутӣ – «Сангари хунин» (аз таърихи Коммунаи Париж), ҳамчунин мақолаи профессор В. В. Бартолд – «Тоҷикон» (дар тарҷумаи Қосим Дайламӣ) ҳамчун намунаҳои барҷаста пешниҳод гардидаанд. Дар шумораҳои минбаъда низ нашрия ин иқдомро идома дода, дар баробари масъалаҳои марбут ба мактабу маориф, ба мавзуъҳои адабӣ, фарҳангӣ ва илмӣ низ аҳаммияти хос зоҳир намудааст [6, с. 12].
Мавзуи худшиносии миллӣ низ дар маҷалла ҷойгоҳи махсус дошта, дар ин маврид мақолаҳои «Тоҷикон»-и олим ва шарқшиноси бузург В. Бартолд (шумораи 1 ва 2), «Рӯзи Рӯдакӣ»-и Деҳқон, «Ид чист?»-и Қосим Дайламӣ (шумораи 2), «Ҷумҳурияти Тоҷикистон»-и Раҳимзода, «Мулкшиносӣ ва муаллимин»-и Климчинский (шумораи 3-4) аҳаммияти баландро доро мебошанд. Дар мақолаи Аббос Алиев «Масъалаҳои алифбои тоза» (шумораи 3-4) андешаҳои ҷолиб оид ба таърихи ибратпазири халқи тоҷик, тозагии забон, яъне, аз калимоти арабӣ тоза кардани забон, фарҳангу маданият, хатту алифбо баён шудааст.
Бояд гуфт, ки дар матни маҷаллаҳо хатоҳои техникӣ кам ба назар мерасанд ва ҳамчунин, забону услуби матнҳо фаҳмо буда, вожаву истилоҳоте, ба монанди «Назорати маорифи Тоҷикистон» (Вазорати маориф), «муаллимин», фирқа (ҳизб), «иштирокиюн» (тарҷумаи таҳтуллафзии коммунист), «ранҷбар» ва ғайра истифода шудаанд, ки ба шароити ҳамон давру замон мувофиқ мебошанд.
Дар шумораи 3-4-и «Дониш ва омӯзгор» шеъри Сарвар ном шоире ҷой дода шудааст, ки ба таъсис ва таърихи чопи маҷалла ихтисос дорад:
Ҳаббазо, ба (р) Тоҷикистон шуд маориф ошкор,
Рафт ҳангоми асорат, гашт шуро барқарор.
Зери пои душманон мебуд ин қавми наҷиб,
Чанд вақте аз ҷаҳолат ранҷу кулфатро дучор.
Қисса кӯтаҳ, ранҷбар аз қайди зулм озод шуд,
Аз камоли адли шуро гашт неку рӯзгор.
Миллати тоҷик дар роҳи маориф зад қадам,
Кард инак баҳри ҷалби илм ҷони худ нисор.
Ин маҷалла нашр шуд, илмист тарзи шевааш,
Бо забони форс, номаш «Донишу омӯзгор».
Лафзи ширину иборатҳои сангинаш бибин,
Аз қаламҳои адибон омада ба рӯи кор.
Баҳри ташкили маҷалла Сарвар
ин таърих гуфт:
Се карат бишмор: «Чопи «Донишу омӯзгор»»[8].
Шеъри мазкур яке аз намунаҳои осори адабӣ-оммавист, ки дар он масъалаи бедории маърифат, ташаккули шуури миллӣ ва нақши матбуоти соҳаи маориф дар рушди ҷомеа инъикос ёфтааст. Муаллиф таърихи гузариши ҷомеаи тоҷикро аз асорату ҷаҳолат ба марҳалаи нави худогоҳии миллӣ ва рушди маориф ба риштаи тасвир кашидааст. Дар раванди ин тағйирот чопи маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» – нахустин нашрияи соҳавии маориф қарор гирифтааст, ки ҳамчун рамзи давраи нави фарҳангиву маърифатӣ муаррифӣ мешавад.
Тибқи нишонаи маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор», он мебоист аз тарафи Комиссариати маориф ҳар понздаҳ рӯз як маротиба нашр гардад, вале ин ният амалӣ нагардид. Ағлаби муҳаққиқони журналистика сабаби инро дар камбудии рангу коғаз, техникаи чопӣ ва имконоти маҳдуди аввалин матбааи Ҳукумати Тоҷикистон медонанд. Аз ҷумла, муҳаққиқ ва рӯзноманигор Муҳаммадшариф Рустамзода дар ин маврид менависад: «Сабаби асосии баъди №3-4 чоп нашудани маҷалла бояд ҳамин бошад: норасоии техникии матбааи ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе, ки иқтидораш танҳо ба чопи рӯзномаи «Бедории тоҷик» ва ҳуҷҷату варақаҳои расмӣ мерасид» [7, с. 59].
Шояд дар он замон камбудиҳои рангу коғаз, чопи техникӣ ва имконоти маҳдуди аввалин матбааи Ҳукумати Тоҷикистон вуҷуд дошт, вале Қосим Дайламӣ сабаби қатъ шудани чопи маҷалларо чунин арзёбӣ мекунад: «Маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» зиёд умр надид, зеро ба муносибати тағйироте, ки дар охирҳои соли 1926 дар кадри роҳбарикунандаи Комиссариати маорифи Тоҷикистон ба амал омада буд, аз фаъолият боз монд, вале дар муддати зиёде хостгорони зиёде пайдо карда буд» [2].
Ба андешаи мо, ёддошти Қ. Дайламӣ низ воқеиятро инъикос мекунад, зеро ӯ ба ҳайси муовини муҳаррири масъул дар нашрия фаъолият дошт ва аз ҷараёни воқеаҳо огоҳ буд. Маълум аст, ки Аббос Алиев то охири соли 1926 дар вазифаи нозири маорифи Тоҷикистон кор мекард. Барканории ӯ аз ин вазифа ба кори маҷалла таъсири манфӣ расонд. Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар мавриди аз вазифа барканор шудани Аббос Алиев чунин менависад: «Дар ҳамон гувоҳнома (справка о научно-педагогической работе профессора А. А. Алиева), ки дар Бойгонии давлатии Тоҷикистон маҳфуз аст, ишора шудааст, ки ба сабаби ихтилофи назар бо И. А. Зеленский – котиби Дафтари осиёмиёнагии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ охири соли 1926 Аббос Алиев ба Тошканд пас хонда шуд… Чунонки мебинем, сабаби асосии барканории Аббос Алиев аз вазифа ихтилофи ӯ бо И. Зеленский будааст» [9, с. 114-115].
Тавре аз далелҳои таърихӣ бармеояд, сабабҳои қатъ шудани фаъолияти маҷалла гуногунанд: аз як тараф, камбудиҳои техникӣ ва моддӣ, ба монанди норасоии рангу коғаз ва иқтидори маҳдуди аввалин матбааи ҳукуматӣ дар Душанбе; аз тарафи дигар, тағйироти сиёсӣ ва кадрӣ дар роҳбарияти Комиссариати маорифи Тоҷикистон, ки ба фаъолияти нашрия таъсири ҷиддӣ расониданд. Барканории Аббос Алиев аз вазифаи нозири маориф, ки бо ихтилофи назар бо роҳбарияти ҳизбӣ вобаста буд, низ ба бозмондани маҷалла таъсири манфӣ гузошт.
Созмондиҳандагон, мураттибон ва таҳиягарон дар шумораи рақами яки «Дониш ва омӯзгор» дар муроҷиат ба аҳли қалам ва донишмандони тоҷик мегӯянд, ки «дар Тоҷикистоне, ки солҳои дарозе ҳукумати мустабид фармонфармо буд, дар гӯшаи торике, ки чанде қабл исми нашриёт набуда, Назорати маориф шуруъ ба нашри маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» кард. Мақсади мо аз як тараф он аст, ки ба муаллимони ҷавони маҳаллӣ ёрдам бирасонем, бо ин маҷалла дар корҳои онҳо роҳбарӣ намоем. Аз тарафи дигар, мехоҳем ниҳоли тозае дар боғи матбуоти тоҷик нишонида, коре кунем, ки он реша бибандад ва самар бидиҳад» [1, с. 59].
Бо вуҷуди он ки маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» пас аз нашри ҳамагӣ чор шумора фаъолияташро қатъ намуд, аҳаммият ва таъсири он дар таърихи маориф ва матбуоти тоҷик назаррас ва пойдор мемонад.
Маҷалла аз нахустин нашрияҳои махсуси соҳаи маориф мебошад, ки дар Тоҷикистон аз худ дарак дод, дар шароите, ки анъанаи матбуоти касбӣ ҳанӯз ба пуррагӣ ташаккул наёфта буд. «Дониш ва омӯзгор», тавре мураттибон изҳор медоранд, ҳамчун «китобчаи дастуруламалӣ» ва ё воситаи раҳнамо барои омӯзгорон дар омӯзиш ва мубодилаи афкор қарор дошт. Дар муддати кӯтоҳи фаъолият имконият фароҳам овард, ки масъалаҳои мубрами таълиму тарбия ва мубориза бар зидди бесаводӣ дар миёни ҷомеа мавриди баррасӣ қарор бигирад.
Муроҷиати мураттибон ва таҳиягарон далолат ба шинохти рисолати таърихии матбуот мекунад. Бо он ки онҳо мегӯянд: «ниҳоли тозае дар боғи матбуоти тоҷик» ва «реша бибандад ва самар бидиҳад» ба ин маънист, ки вазифаҳои нашрия аз бунёди фарҳанги матбуотии миллӣ ва илмиву педагогӣ иборат мебошад. Чунин тартибу кор ва ҷаҳонбинӣ минбаъд дар фаъолияти дигар нашрияҳои соҳаи маориф, аз ҷумла, идомадиҳандаи кори он маҷаллаи «Раҳбари дониш» бармалост.
Нақши маҷалла дар мавриди ташаккули робитаи байни маориф, илм ва адабиёт низ хеле муҳим аст, зеро ҷалби адибон, донишмандон ва омӯзгорон фазо ё анъанаеро ба вуҷуд овард, ки замина гузошт барои нашрияҳои фарогири илму фарҳангу маърифат, ки даҳсолаҳои баъдӣ рушд карданд.
Қатъ гардидани нашри маҷалла бештар ба шароити иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва ташкилии давраи ибтидоии давлати шуравӣ дар Тоҷикистон марбут аст, на ба камтаъсир будани он. Баръакс, худи пайдоиш ва ҳатто, умри кӯтоҳи маҷалла далели ниёзи ҷомеа ба чунин нашрия буд.
«Дониш ва омӯзгор» бо вуҷуди фаъолияти кӯтоҳмуддат ва таҷрибаи ибтидоӣ дар ташаккули матбуоти соҳаи маориф ва афкори педагогии тоҷик таъсири амиқ гузошт. Он ҳамчун қадами аввал, замина ва мактаби фикрӣ барои нашрияҳои минбаъдаи соҳаи маориф хидмат кард ва дар таърихи маърифату фарҳанги Тоҷикистон саҳми худро гузошт.
Муҳаққиқон Мурод Муродӣ [5, с. 78]. ва Шодӣ Шокирзода маҷаллаи «Раҳбари дониш»-ро идомадиҳандаи кори маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» медонанд. «Нахустин нашрияи Нозироти маорифи Тоҷикистон «Дониш ва омӯзгор» буд, ки аз моҳи марти соли 1926 дар шаҳри Душанбе мунташир мешуд. Мантиқист, ки минбаъд ҳар нашрияе, ки бо иқдоми ин ниҳоди давлатӣ таъсис ёфта бошад, идомадиҳандаи кори он ҳисобида шавад. Маҷаллаи «Дониш – биниш» (минбаъд «Раҳбари дониш») бошад, чун идомадиҳандаи кори он соле баъд (1927) аввал дар Самарқанд ва пасон Тошканд чоп мешуд»[10, с. 79].
Воқеан, маҷаллаи «Раҳбари дониш» идомадиҳандаи кори маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» мебошад, зеро рушди матбуоти соҳаи маориф тасодуфӣ набуд, балки аз меъёрҳо ё принсипи пайвастагии таърихии фаъолияти ниҳоди соҳаи маориф (Назорати маориф) вобастагӣ дошт, яъне, марҳалавӣ ва барномарезишуда буданд. Нахустин будани маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» моҳияти таърихӣ дошта, ба сифати санги бунёдии матбуоти соҳаи маориф муаррифӣ мешавад. Дуруст ва мантиқист, ки ворисияти нашрияҳо на танҳо аз ҷиҳати ном, балки, пеш аз ҳама, аз нигоҳи муассис (Нозироти маориф), ҳадаф, самти фаъолият ва мақоми давлатӣ арзёбӣ мегардад. Яъне, ҳар нашрияе, ки бо ташаббуси ҳамин ниҳод таъсис ёфтааст, дар силсилаи ягонаи сиёсати соҳаи маориф қарор дорад. Маҷаллаи «Дониш – биниш», ки баъдан бо номи «Раҳбари дониш» маъруф гардид, андешаи моро тақвият мебахшад. Таъсиси он соли 1927, яъне, ҳамагӣ як сол пас аз «Дониш ва омӯзгор» ба вуқуъ пайваст. Ин далели равшан ва бардавоми сиёсати соҳаи маориф дар мавриди нашрияҳои соҳавӣ мебошад. Гарчанде маҷалла аввал дар Самарқанд ва баъдан дар Тошканд чоп мешуд, аз доираи матбуоти соҳаи маориф ҷудо буда наметавонад. Дар он давра марказҳои фарҳангиву маърифатӣ берун аз ҳудуди маъмурии Тоҷикистон низ дар рушди маорифи тоҷикон нақши муассир доштанд.
Хулоса, ворисияти маҷаллаҳо аз рисолати ниҳоди таъсисдиҳанда ва ҳадафи иҷтимоии он муайян мегардад. Аз ин рӯ, «Раҳбари дониш» ҳамчун идомаи мантиқии «Дониш ва омӯзгор» дар таърихи матбуоти соҳаи маорифи тоҷик шинохта шуда, ҷойгоҳи худро дар даврони шуравӣ бо номҳои «Инқилоби маданӣ», «Револютсияи маданӣ», «Мактаби советӣ» ва дар давраи соҳибистиқлолӣ бо номи «Маърифат» ва «Маърифати омӯзгор» устувор кард.
Адабиёт:
- Ба ҳамаи аҳли қалами донишмандони тоҷик / Дониш ва омӯзгор. – №1, 1926 // Ниҳоли тоза дар баҳори матбуоти тоҷик. (Баргардон ва шарҳу тавзеҳоти М. Рустам). – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 59.
- Дайламӣ Қ. Нахустин маҷаллаи педагогӣ / Қ. Дайламӣ // Маориф ва маданият. – 1967. – 28 декабр.
- Дониш ва омӯзгор. – №1, 1926 // Ниҳоли тоза дар баҳори матбуоти тоҷик. (Баргардон ва шарҳу тавзеҳоти М. Рустам). – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 6.
- Мақсади мо / Дониш ва омӯзгор. – №1, 1926 // Ниҳоли тоза дар баҳори матбуоти тоҷик. (Баргардон ва шарҳу тавзеҳоти М. Рустам). – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 8.
- Муродов М. Б. «Маърифати омӯзгор» дар низоми матбуоти соҳавӣ // Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ / М. Б. Муродов. – Душанбе: Аржанг, 2017. – С. 76-86.
- Нурализода Н. И. Нашрияи «Омӯзгор» дар низоми матбуоти соҳавии Тоҷикистон / Н.И. Нурализода. – Душанбе, 2024. – 208 с.
- Рустамзода М. Нахустматбуоти соҳаи маориф / М. Рустамзода. – Душанбе: Ирфон. – 2017 . – 174 с.
- Таърихи нашри маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» / Дониш ва омӯзгор. – №1, 1926 // Ниҳоли тоза дар баҳори матбуоти тоҷик. (Баргардон ва шарҳу тавзеҳоти М. Рустам). – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 54.
- Шакурӣ М. Б. Фитнаи инқилоб дар Бухоро / М. Б. Шакурӣ. – Душанбе: Шуҷоиён. – 2010. – 140 с.
- Шокирзода Ш. Нахустин нозири маорифи Тоҷикистон / Ш. Шокирзода. – Душанбе: Меҳроҷ-Граф, 2022. – 320 с.
