Тахмина Ҳасанова,
омӯзгори химияи коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент

Витаминҳо пайвастагиҳои мураккаби химиявиӣ буда, барои фаъолияти ҳаётии мубодилаи организм заруранд. Онҳо дар мубодилаи моддаҳои организми мавҷудоти зинда нақши муҳим доранд. Витаминҳо дар ҳазми ғизоӣ, сафедаҳо, равған ва карбогидратҳо хизмат мекунанд. Онҳо фаъолияти системаи асаб, дилу рагҳои хунгард, узвҳои ҳозимаро ба танзим оварда, дар хунофарӣ ва ҳосил намудани ҳормонҳо бевосита иштирок менамоянданд. Онҳо моддаҳои ғизоии ивазнашаванда мебошанд, чунки онҳо (ба ғайр аз атсиди никотинӣ ё ки витамини РР) дар организми инсон ҳосил намешаванд ва асосан, бо маҳсулоти хӯрокворӣ дохил мешаванд. Баъзе витаминҳоро микрофлораи муътадили рӯдаҳо низ синтез мекунанд. Витаминҳо дар табдилёбии гуногуни химиявӣ иштирок намуда, ба мубодилаи моддаҳо таъсири танзимкунанда мерасонанд ва бо ҳамин ҷараёни муътадили ҳамаи равандҳои биологию физиологиро таъмин менамоянд. Витаминҳо дар ҷараёни пайдоиши ферментҳо иштирок мекунанд. Истеъмоли меъёри зарурии витаминҳо организми инсонро пурқувват намуда, қудрати ҷинсӣ ва муқовимати онро алайҳи бемориҳои сирояткунанда баланд мекунад. Манбаи асосии витаминҳо барои инсон ҳайвонот ва растаниҳо мебошанд. Аз ин рӯ, растаниҳоро ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли витамин истифода мебаранд. Инчунин, ҳангоми тайёр намудани шираи меваю сабзавот миқдори зиёди онҳо мафҳуз мемонанд. Набудан ё норасогии витаминҳо дар организми инсон боиси хурӯҷи бемориҳои гуногун гардида, ниҳоят кам будани он ба мубодилаи моддаҳо таъсири зиёд мерасонад. 

Ҳар инсон норасоии витаминҳоро зуд эҳсос мекунад. Масалан, дар фасли баҳор ноҳинҷорӣ, хоболудӣ ва сустиро дарк менамоянд. Барои организми одам дар як шабонарӯз ҳамагӣ 200-250мг витамин зарур аст, ки ин миқдор витамин ба воситаи ғизоҳои гуногун дохили организм мешаванд ва он бояд ба миқдоре бошад, ки организм ба он эҳтиёҷ дошта бошад, яъне на кам на зиёд. Чунки мавҷуд набудан ё норасоии витаминҳо дар хӯрок ба вайрон шудани мубодилаи моддаҳо ва оқибат ба касалие оварда мерасонад, ки онро авитаминоз ё гиповитаминоз меноманд.

Витаминҳоро бо ҳарфҳои лотинии А,В,С,Д ва ғайра ишорат мекунанд ва онҳо низ ба ду гурӯҳ тақсим карда шудаанд.

А) Гурӯҳи дар об ҳалшаванда, ки ба он витамини В1 (тиамин), витамини В2 (рибофлавин), витамини В6 (пиридоксин), витамини В9 (фолатсин), витамини В12 ( синокобаламин), витамини В15 (кислотаи пангамат), витамини С (кислотаи аскорбинат), витамини Р (ситрин), витамини РР (кислотаи никотинат), витамини Н (биотин).

Б) Гурӯҳи дар чарб ҳалшаванда, ки ба он витамини А (ретинол), витамини Д (калсиферолҳо), витамини Е ( токоферол), витамини К (филохинон), витамини F (кислотаҳои беҳади равғанӣ).

Витамини В1 (тиамин) ба моддаҳои сулфурдор мансуб мебошад. Ин витамин дар ҷараёни мубодилаи карбогидратҳо дар организми ҳайвонот, растаниҳо ва микроорганизмҳо нақши муҳим мебозад, зеро вай ба таркиби ферменти пируватдекарбоксилаза дохил мешавад, ки он кислотаи пироангуро, ки ҳангоми диссимилятсияи карбогидратҳо ҳосил мешавад, таҷзия менамоянд.

Ҳангоми норасоии тиамин дар хӯрок авитаминоз ба вуҷуд меояд, ки онро бемории бери-бери номидаанд, ки бо аломатҳои харобӣ, бемадории пойҳо ва гашти ноустувор зоҳир мегардад ва дар охир фалаҷи онҳо ба вуҷуд меояд. Инчунин, норасоии тиамин ба иллати дил, аз ҷумла, варам ва ҳатто, аз кор баромадани он сабаб мегардад.

Витамини В2 (рибофлавин) барои муътадил ба вуҷуд омадани ҳуҷайраҳои хун дар организм шароит муҳайё мекунад. Аз нарасидани рибофлавин узвҳои бадан ба дарди камхунӣ гирифтор мешаванд. Витамини В2 дар тӯрпардаи чашми одам вуҷуд дорад ва дар механизми биниш иштирок мекунад. Вай ба торикӣ одат кардани чашмро фаъол, биниши шабонаро беҳтар менамояд. Авитаминози В2 боиси бемадорӣ, камқувватии мушакҳо, кафидани пардаҳои луобии лабҳо ва бинӣ, чашм ва гӯшҳо, патосакзании (сабӯсакрезии) пӯст пайдо мешаванд.

В6 (пиридоксин). Ин витамин дар маҳсулоти хӯрокворӣ ба се намуд (пиридоксин, пиридоксал, пиридоксалин) вомехӯранд ва дар мубодилаи моддаҳо нақши муҳим мебозанд. Онҳо қисми ғайрисафедагии ферментҳо буда, барои табдилоти аминокислотаҳо дар организм аҳаммияти калон доранд. Набудан ё норасоии витамини В6 дар хӯрок ба вайрон шудани мубодилаи сафедаҳо ва синтези чарбҳо оварда мерасонад. Яъне, нақши витамини В6 дар мубодилаи моддаҳо аз он иборат аст, ки ҳосилаи алдегидии он дар намуди эфир ба таркиби ферментҳое, ки табдилоти аминокислотаҳои гуногунро метезонанд, дохил шудааст. Ҳангоми норасоии авитаминози пиридоксин дар ҳосилшавӣ ва мубодилаи аминокислотаи триптофан вайроншавии ҷиддӣ ба амал меояд.

Норасоии витамини В6 бо намуди асабоният, хоболудӣ, полиневрит, касалиҳои пӯст зоҳир мегардад. Хусусан, дар кӯдакон бо сабаби норасоии ин витамин бемории камхунии камранг (анемия) ба вуҷуд меояд. 

В12 (синокобаламин). Витамини В12 гурӯҳи моддаҳоеро муттаҳид менамояд, ки онҳо пайвастагиҳои комплексии кобалти севалента мебошанд. Кристалҳои ин витамин аз сабаби дар молекулаи он мавҷуд будани кобалт ранги сурх дорад. 

Аҳаммияти муҳимми биологии витамини В12 ба равандҳои хунофарӣ таъсир намудани он вобаста аст. Ғайр аз ин, вай ба равандҳои мубодилаи моддаҳо, хусусан, мубодилаи сафеда таъсири қатъӣ мерасонад ва дар ҳосилшавии аминатсидҳо – метионин, тирозин ва серин иштирок мекунад. Норасоии витамини В12 боиси вайроншавии хунофарӣ, бо инкишофёбии камхунии баданҷом, иллатнокии системаи асаб ва узфҳои ҳозима мегардад. Бо баробари ин, асабоният, хасташавӣ, гум шудани иштиҳо, газаки забон, усора (тарашшуҳ) ҷудо карда натавонистани ғадудҳои ҳозима, ва вайроншавии қобилияти ҳаракати рӯдаҳо мушоҳида мешаванд.

Витамини С (Кислотаи аскарбинат). Яке аз витаминҳои ниҳоят зарури организми инсон ба шумор меравад. Вай дар организм равандҳои оксиду барқароршавиро танзим мекунад. Инчунин, дар мубодилаи сафедаҳо, ҳосилшавии ҳормонҳои стероидӣ, нигоҳ доштани чандирии девораҳои мӯйрагҳои хун (капиллярҳо) ва сохти мембранаи ҳуҷайраҳо иштирок мекунад. Дар мавриди нарасидани ин витамин муқовимати бадани инсон дар муқобили бемориҳои сирояткунанда суст мешавад, одам ба бемории синга дучор мегардад. Витамини С инчунин, деворҳои рагҳои хунгардро мустаҳкам сохта, миқдори холестерини хун ва липопротеинҳои зичиашон пастро кам месозад ва одамро аз бемории атеросклероз эмин медорад.

Аломатҳои асосии бемории синга чунинанд: аз милкҳои дандон хун ҷорӣ гардида, дандонҳо мерезанд; дарди ғайричашмдоште дар тамоми бадан пайдо мешавад, рагҳои хунгузар варам карда ҷамъшавии хун дар зери пӯст мушоҳида мегардад ва ғайра. Ҳолати норасоии кислотаи аскарбинат (гиповитаминоз) дар муддати дароз оҳиста-оҳиста ба шакли пинҳонӣ инкишоф меёбад. Дар аввал паст шудани қобилияти корӣ, тез хасташавӣ, паст шудани муқовимати организм ба хунукӣ, майл доштан ба гирифтории касалиҳои зукомӣ, ба монанди назлаи роҳҳои болои нафас ва илтиҳоби пардаҳои луобии бинӣ мушоҳида мешавад.

Витамини РР (ниатсин, кислота никотинат). Ин витамин қариб дар фаъолияти 100 ферменти организми инсон иштирок мекунад ва дар организми одам метавонад аз аминатсиди триптофан, бо иштироки фаъолонаи витамини В6 ҳосил шавад. Ниатсин вазифаи тарашшуҳӣ ва таҳрикии меъдаро танзим, ҳосилшавии тарашшуҳи ғадуди зери меъдаро беҳтар, фаъолияти ҷигарро муътадил мекунад. Дар ҳосилшавии пигмент (моддаи рангкунандаи бофтаҳо) ҷамъ кардани гликоген иштирок менамояд. 

Норасоии витамини РР дар хӯрок ба бемории пеллагра оварда мерасонад. Аломати хоси ин беморӣ захмин шудани пӯст, исҳол (дарунравӣ), парешонии руҳӣ мебошанд. Ин беморӣ бо носомонии ҳолати умумии организм, боз носомонӣ аз ҷониби рӯдаҳо, тағйироти пӯсти бадан ва вайроншавии руҳӣ, яъне, диарея (исҳол) дерматит (илтиҳоби пӯст) ва дементсия (сустақлӣ) зоҳир мегардад.

Биотин барои хамиртуруш ва баъзе микроорганизмҳо омили сабзиш мебошад. Онро барои тайёр кардани хамиртуруш ва рӯёнидани микроорганизмҳо истифода мебаранд. Биотин асосан дар мубодилаҳои моддаҳои таркиби пӯстии инсон иштирок мекунад. Норасоии биотин дар хӯрок захмӣ шудани пӯст, рехтани мӯй, иллатнок гардидани нохун оварда мерасонад. Биотин дар таркиби ғизоҳои гӯштӣ ва растанӣ, гандум, хамирмояи пиво, картошка, тухм ва шир мавҷуд аст. 

Витамини Д (калсиферолҳо). Дар таркиби равғани моҳӣ, ҷигар, зардии тухми мурғ, яъне, дар организми ҳайвонот дучор мешаванд. Аз ҳама паҳншудатарин витаминҳои гурӯҳ-витаминҳои Д2 ва Д3 мебошанд, ки аҳаммияти калони амалӣ доранд. Витамини Д дар равандҳои ҷаббиш ва мубодилаи калсий ва фосфор иштирок мекунад. Барои дар устухонҳо захира шудани фосфати калсий мусоидат мекунад. 

Агар дар хӯрок витамини Д набошад, кӯдакон дучори бемории чиллаашӯр (рахит) мегарданд. Дар ҳолати ба ин дард гирифтор шудан миқдори намакҳо дар устухон кам мешавад, инкишофи кӯдак суст шуда, скелеташ нодуруст ташаккул меёбад. Пойи кӯдакони бемории чиллаашӯр (рахит) каҷ шуда, сар ва шикамашон калон мешавад ва қафаси синаашон тағйир меёбад. Чунин кӯдакон ба бемориҳои гуногун зуд гирифтор мешаванд. Бинобар ин, пӯсти кӯдакони хурдсол ба таъсири муътадили нури офтоб эҳтиёҷ дорад. Ҳангоми касалии рахит миқдори гемоглобин дар хун кам гардида, фаъолияти системаи дилу рагҳо вайрон шуда, миқдори умумии моддаҳои минералӣ дар скелет кам мешавад. 

Нақши биохимиявии витамини Д аз он иборат аст, ки вай дар организм, хусусан, дар раванди ба вуҷуд омадани устухонҳо иштирок менамоянд. Витамини Д дараҷаи доимии калсийро дар аъзои ҳозима зиёд мекунад ва фаъолияти як қатор ғадудҳои системаи эндокринӣ: ҳипофиз, ғадуди сипаршакл, ғадуди болои гурдаро ба тартиб меандозад. Дар натиҷаи нарасидани витамини Д ҷаббиши калсий дар қабати рӯдаҳо кам шуда, ҷудошавии фосфор ба воситаи пешоб зиёд мегардад. Ҳамин тариқ, ботадриҷ дар организм элементи фосфор кам шуда, ҳосилшавии фосфати калсий суст мешавад, ки ин боиси суст гардидани сабзиши устухонҳо мегардад.

Витаминҳои гурӯҳи А ҳосилаҳои каротин мебошад. Витамини А1 (аксерофтол) ва витамини А2 (ретинол). Витаминҳои гурӯҳи А аз каротиноидҳо, ки дар растаниҳо васеъ паҳн шудаанд, ҳосил мешаванд. Манбаи бойтарини витаминҳои гурӯҳи А равғани моҳӣ ва хусусан, равғане, ки дар ҷигари баъзе моҳиҳо ва ҳайвоноти баҳрӣ: наҳанг, равғани моҳӣ, кит, тюлен мавҷуд аст, ба шумор меравад.Ин витамин дар афзоиши қомату мубодилаи моддаҳои организми инсон, хусусан, кӯдакон мусоидат намуда, қудрати биниши чашмонамонро афзун мекунад. Витамини А ба таркиби қисми биноии чашм дохил мешавад. Ҳангоми норасоии ин витамин одам ба касалии шабкӯрӣ гирифтор мешавад.

Адабиёт:

1. Алиев О.З., Гигиенаи умумӣ / О.З. Алиев, Г.Ҷ. Азимов, З.О. Алиева. — Душанбе: 2013с. — 446 саҳ 

2. Нарзуллоев Н.В., Физиологияи одам / Н.В. Нарзуллоев. — Душанбе: ЭР-граф, 2015с. — 204 саҳ

3. Чиков П.С., Витамины и лекарственные растения / П.С.Чиков, Ю.П. Лаптев. — Москва: Колос, 1991г.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *