Сабрина НАЗРИЕВА,
омӯзгори ДДЗТ ба номи С. Улуғзода,
Фирӯза НАЗРИЕВА,
ходими калони Пажуҳишгоҳи рушди маорифи
ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ
Маъмултарин бозии дунё — футбол дар муқоиса бо дигар намуди варзишҳо
таърихи ҷолибу пуробуранг ва ҳаводорони зиёд дошта, айни замон дар ҷаҳон
варзиши рақами як ба ҳисоб меравад. Ин бозӣ хусусиятҳои аҷиб дошта, на танҳо
калонсолон, балки наврасони бисёреро дар ақсои олам ба худ ҷалб кардааст. Дар
ҳар як деҳаву деҳкадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин бозии машҳур бачаҳо машғул
мешаванд, ки басо шодиафзост. Чунки бозии футбол дар баробари рушди ҳисси
ҳамдилию ҳамгурӯҳӣ дар миёни наврасону ҷавонон, инчунин, ба нумуи ҷисмонии онҳо
сабаб мешавад ва наврасоне, ки ба бозии футбол шуғл меварзанд, аз бачаҳое, ки
ба варзиш майлу рағбат надоранд, аз ҷиҳати ҷисмонӣ фарқияти зиёд доранд.
Умуман, дилхоҳ бозии варзишӣ воситаи хубу универсалиест, дар рушди тарбияи
ҷисмонии фарзандони мо. Машқҳои махсуси интихобшудаи бозӣ, ки ба таври
инфиродӣ, гурӯҳӣ ва миёни дастаҳо иҷро карда мешаванд, барои рушди ҷисмонии
кӯдакон имкони мусоид фароҳам меоранд.
Тарбияи ҷисмонӣ барои ташаккули маҳорату малакаи ҷисмонии наврасону
ҷавонон мисли обу ҳаво зарур аст. Аммо ҳар як навъи варзиш барои тайёрии
ҷисмонии варзишгар талаботи мушаххаси худро дорад, ки сатҳи рушди сифатҳои
инфиродӣ, имконоти функсионалӣ ва ҷисмониро дар бар мегиранд. Тарбияи ҷисмонӣ
ба ташаккули малакаҳои асосии ҳаракат барои ҳар як варзишгар, аз ҷумла,
футболбоз мусоидат мекунад. Инкишофи сифатҳои ҷисмонӣ дар наврасону ҷавонони
футболбоз бо истифода аз усулҳои мухталиф: такрор, ивазшаванда, фосила, якранг,
назорат, бо суръат, инчунин, бозӣ ва рақобат сурат мегирад. Тарбияи ҷисмонӣ ба
омодагии ҷисмонии умумӣ ва махсус ҷудо карда мешавад. Мақсади тайёрии махсуси
ҷисмонӣ инкишоф ва такмил додани сифатҳои ҷисмонӣ ва қобилияти функсионалии
хоси ҳар як футболбоз мебошад. Дар давраи (сикл)-и омӯзиш, аввал, омодагии
умумии ҷисмонӣ, баъд дар асоси он машқҳои махсуси ҷисмонӣ гузаронидан лозим
аст. Варзиш на танҳо ба як узв ё система, балки ба тамоми бадани инсон таъсири
муфид дошта, ҳамчунин, дар сохтори мушакҳо, буғумҳо, пайвандҳо, дар узвҳои
дохилӣ, мубодилаи моддаҳо ва системаи масунияти бадани инсон тағйироти чашмгир
ва муфид ба амал меорад. Ҳангоми беҳтар шудани сифати омодагии ҷисмонӣ, бозии
футболбоз бо тӯб метавонад хубтар шавад, аз ин рӯ, унсурҳои техникиро низ аз
худ кардан лозим аст.
Инкишофи сифатҳои ҷисмонӣ ва азхудкунии техникаи бозӣ ду бахши ба ҳам
алоқаманди ҷараёни ягонаи таълим мебошанд.
Ҳангоми машқҳои ҷисмонӣ, дар баробари тақвияти фаъолияти мушакҳо,
ҳамчунин, дил, шуш ва дигар узвҳои бадан бо сарбории иловагӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Одамони аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим ба камшавии оксиген дар бадан, таъсири
радиатсияи воридшаванда ба таркиби хун таҳаммулпазиранд.
Яке аз вазифаҳои асосии таълим ва тарбияи футболбозони ҷавон
азхудкунии ҳаматарафаи техникаи футбол мебошад. Баланд бардоштани омодагии
техникии футболбозони ҷавон имкон медиҳад, ки сатҳу сифати лаёқатҳои онҳо
афзоиш ёбад. Бо мушоҳидаи ҳолати хуби ҷисмонии бачаҳо ба хулосае омадан мумкин
аст, ки тамринҳои доимӣ барои беҳтар кардани тарбияи ҷисмонии футболбозони
наврасу ҷавон ва ҳамчун бозигари касбиву тавоно ба воя расидани онҳо таъсири
мусбат мерасонанд.
