Ибодат МУРОДОВА,
унвонҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои
хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Таҳлили муқоисавии «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ бо «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ

Забони осори адабӣ оинаест, ки ба таври куллӣ сатҳи тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва хусусиятҳои равонии гӯяндагонаш ва маҳалли сукунати адибро инъикос ва дар худ таҷассум менамояд. Дар он арзишҳои забони роиҷ ифода ва ҳифз мешаванд ва бақову ояндаи худро пайдо менамоянд.

Агар ба таърихи забони классикии худ назар намоем, мебинем, ки он баъди фишори забони арабӣ, дар асри IХ-Х сар боло карда, ба рушду нумуи беназири худ ноил гардид. Забони тоҷикӣ дар даврони салтанати сулолаи Сомониён ба таври назаррас рушд кардааст.

Масъалаи омӯзиши тамоми паҳлуҳои забони тоҷикӣ, ба вижа, топонимияи осори классикии ниёгон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми забоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Забони тоҷикӣ, хусусан, таърихи он, таваҷҷуҳи эроншиносони ҷаҳон, диққати олимону кишваршиносонро ба худ хеле зиёд ҷалб намудааст, зеро ба василаи он аз ашъори пурмояи устодони сухан, саромадони адабиёт Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, рисолаҳои илмиву бадеии Абуалӣ ибни Сино, Абусаиди Гардезӣ, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон осори нобу гаронмазмун офарида шудааст. Он бо рушди илми забоншиносии тоҷик аз солҳои 40-уми асри ХХ оғоз гардида, махсусан, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз босуръат инкишоф меёбад. Нишонаи ин падида дар солҳои охир анҷом ёфтани шумораи зиёди таҳқиқоти бунёдии олимони тоҷик дар соҳаи номшиносии ҷуғрофӣ, таърихи пайдоиш ва такомули номҳои ҷуғрофӣ ва вижагиҳои конструктивии он мебошад, ки аз ҷониби олимони номдор ва ҷӯяндагони дараҷаҳои илмӣ сурат гирифтаанд.

Забони аҳди Сомониён аз нигоҳи дороии таркиби луғат, сохтмони вожаҳо ва нигориши матн пас аз ҳазор сол низ арзиши худро аз даст надодааст. Дар забони осори аҳди Сомониён, ба вижа дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ шумораи вожаҳои коромад зиёд аст, ки таърихианд. Дар ин забон дурустиву сиҳатии аносири луғавӣ возеҳу равшан аст.

«Зайн-ул-ахбор»-и Абусаид Абдулҳайи Гардезӣ чандин маротиба дастнавис гардида, ба забонҳои гуногун қисман ва пурра тарҷума шудааст. Он яке аз сарчашмаҳои муътамади забонии мо ба шумор меравад. Гарчанде дар ин маврид таъкид мегардад, ки маълумоти овардаи Гардезӣ на ҳамеша илман асоснок аст, аммо ба он такя кардани олимони соҳаҳои гуногун то асри ХХ ба хулосае меорад, ки асар хеле муҳим ва арзишманд ба шумор меравад. Дар ин маврид муҳаққиқ М. Давлатова андеша ронда чунин таъкид менамояд: «Аз фактҳои болоӣ маълум мешавад, ки «Зайн-ул-ахбор» ва нусхаҳои он ҳамчун сарчашмаи пурқимат ва нодир диққати олимони гуногуни ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст».

Ж. Лазар дар мавриди забони асар зикр кардааст, ки осори насри қадимтарин аз асрҳои Х1 чун насри ба забони тоҷикӣ-форсӣ, алалхусус, асари навиштаи Гардезӣ хислати адабӣ надошта, дар забони онҳо анъанаи бадеият ва адабӣ будани забон ҳанӯз мушоҳида намешавад. Забони асарҳои асрҳои Х-Х1 аз таъсири лаҳҷаи эҷодкунандаи худ ба канор намонда буданд.

Истифодаи калимоти арабӣ ва иқтибоси онҳо дар асри Гардезӣ хеле густариш ёфта буд. Аммо худи Гардезиро метавон бе муболиға аз олимоне ном бурд, ки барои мақоми илмӣ пайдо намудани забони тоҷикӣ хидмати зиёд карда, бо таълифи осори гаронбаҳои худ барои рушди забони адабии тоҷикӣ-дарӣ саҳми босазое гузоштааст. Калимоти арабӣ дар асари «Зайн-ул-ахбор»-и ӯ ба таври иқтибос омадааст, яъне, дар ин маврид сухан дар бораи забони тоҷикӣ-дарие меравад, ки дар он муарработ ворид шудаанд, на баръакс. Ба ин маънӣ, Гардезӣ ба гурӯҳи он мутафаккироне дохил мешавад, ки дар эҳёи фарҳангу адаб ва илму амали бумии худ кӯшида, бо ин дар густариши забони арабӣ ба ҳамаи соҳаҳои илму фарҳанг мухолифат нишон додааст.

Муқоисаи асари Гардезӣ бо «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддин Балхӣ аз он ҷиҳат мувофиқи мақсад аст, ки ҳар ду намояндаи як ҳавзаи забонӣ буда, забони тоҷикӣ-форсиро ҳамчун забони кории осори таълифкардаи худ истифода бурдаанд. Агар Гардезӣ шиканандаи анъанаи арабинависӣ бошад, Мавлоно Балхӣ забони тоҷикӣ-форсии классикиро дар муҳити забонии дигар истифода ва рушду нумуъ додааст. Гарчанде жанрҳои осори мавриди муқоиса хеле гуногунанд, забони ин осор ба ҳам монанд ва аз ҷиҳати сарфу наҳв ва истифодаи вожагону ибораҳо маводди зиёди илмӣ хоҳанд дод.

Яке аз хусусиятҳои барҷастаи забони «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддин Балхӣ бо забони классикии мо, яъне, тоҷикӣ-дарӣ-форсӣ ҳарф мезадааст, пеш аз ҳама, дар он аст, ки он хеле ба забони классикӣ наздик ва хеле софу тоза, бо истифодаи бомаврид аз иқтибосот, махсусан, аз забонҳои арабӣ ва туркӣ мебошад. Гарчанде дар «Маснавии маънавӣ» теъдоди зиёди иқтибосоти қуръонӣ, ҳадис ва вожаҳои роиҷи арабӣ мавҷуд аст, нисбат ба забони баъдии адабӣ, масалан, забони осори адабии асрҳои ХVШ-ХIХ он бештар тоҷикиву адабӣ ба назар мерасад. Дар асар шумораи зиёди калимоту ибораҳои то ба ҳол роиҷ дар забони зиндаи халқи тоҷик, махсусан, гӯишҳои ҷанубӣ-шарқии он мавҷуд аст.

Дар асар таърихи сулолаҳои шоҳон дар табақаи 2 подшоҳии Каёниён, табақаи 3 оид ба мулуки тавоиф, яъне, баъди истилои Искандари Мақдунӣ пароканда шудани Эрон ва ба кадхудоиҳои мустақили дорои подшоҳони худ маълумот медиҳад. Дар табақаи 4 подшоҳи Сосониён, табақаи 5 оид ба Кисро ва Нӯшервон ва вориси вай Яздигурд бахшида шудааст.

Ин асар яке аз нодиртарин осори таърихиест, ки дар он маълумот оид ба муҳити илмӣ ва маорифи румиён, юнониён, Сосониён ва сулолаи Сомониён оварда шудааст. Ба ғайр аз ин, Гардезӣ маълумот оид ба мардумони маскуни Осиёи Марказӣ, вазъи фарҳангӣ-маърифатии онҳо, хусусиятҳои этникӣ, расму оин маълумоти нодире оид ба муносибатҳои фарҳангӣ-сиёсӣ ва тиҷоративу дипломатӣ байни онҳо гирд овардааст. Гардезӣ халқи ҷаҳонро ба чунин гурӯҳҳо тасниф намудааст: одамони шарқ-ҳиндуҳо, мардуми ғарб-юнониён, халқҳои шимол-туркон, ҷанубиён-зангиҳо. Боиси тазаккур аст, ки чунин тасниф хосси давраи Сомониён буда, дар осори Ибни Сино низ ба назар мерасад.

Аҳаммияти омӯзиши хусусияти забонии «Зайн-ул-ахбор», пеш аз ҳама, дар он аст, ки он яке аз муҳимтарин асари таърихии забони классикии тоҷикӣ-форсӣ ба ҳисоб рафта, омӯзиш ва таҳлили лексикаи он метавонад барои муайян ва таҳлили хусусиятҳои рушди забонии он давр маълумоти гаронбаҳо диҳад. Хусусиятҳои забонӣ ва услубии асар то ҳол ба таври муфассалу густарда омӯхта нашудаанд, бинобар ин, омӯзиши муъҷам ва муъҷази он, таъйини вижагиҳои хосси лексикии он аз вазифаҳои муҳимми пажуҳиши таърихи рушди забони давраи мазкур ба ҳисоб меравад.

Аз рӯйи мазмуну мундариҷаи худ асар ба қатори осори мансури давраи аввали забони классикии форсу тоҷик мансуб буда, мақоми сарчашмаи нодири забон ва таърихро дорад. Ба сифати ёдгории забонӣ он маводди бою ғаниеро дар омӯзиши шаклҳои адабӣ ва гуфтории забони давраи ибтидоии ташаккули забони классикии тоҷику форсро пешниҳод менамояд.

Мавлоно асари худро бо забони дорои равшании xoсcе таълиф карда, бо забони мардум сухан гуфтааст. Баёнаш сода бошад ҳам, аксари абёти он душворфаҳм аст, то ҷойе, ки дар замони ӯ низ ёрон ва муридон маънои порае аз абётро аз ӯ суол мекарданд ва ӯ барои онҳо бозгӯ менамуд.

Омӯзиши номвожаҳои «Зайн-ул-ахбор», ки аз ҷониби муаллиф бо як дақиқназарӣ номгӯй ва феҳрист мешавад, падидаи боқӣ мондани номҳои қадимаи маҳалро дар замони Гардизӣ намоиш дода, овардани таърихи пайдоиши ин ё он шаҳру маҳал моро ба умқи таърихи бостонии минтақа мебарад. Ба ин минвол, асари мазкур як навъ пули фарҳангие байни гузашта ва муосир мебошад ва барои омӯзиши осори таърихии забоншиносии тоҷик аҳаммиятноку пурарзиш ба шумор меравад.

Ҳам Гардезӣ ва ҳам Мавлоно дар осори худ аз шумораи зиёди номвожаҳои ҷуғрофӣ истифода намудаанд, ки ба таври иҷмолӣ аз ҷиҳати сохторӣ метавон онҳоро ба топонимҳои сода, сохта, мураккаб, топоним-ибораҳо гурӯҳбандӣ намуд.

Забони осори Ҷалолуддин Балхӣ аз ҷиҳати истифодаи номвожаҳои ҷуғрофӣ то ба ҳол омӯхта нашудааст. Аммо ин кор бояд хеле ҷолибу манфиатбахш бошад. Пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат, ки дар осори ӯ фазои хеле васеи ҷуғрофиро дармеёбем, ки манотиқи зиёди Авруосиё ва Африқоро фаро гирифтааст. Дар онҳо номи ҷойномҳои ҷуғрофӣ, дарёҳову баҳрҳо, наҳру чашмаҳо, ҷойҳои муқаддас, мавзеи обу ҳавои шифобахш ва шумораи зиёди номвожаҳои таъйиноти гуногунро дидан мумкин аст.

Мавлоно низ аз шумораи муайяни номвожаҳои ҷуғрофӣ истифода бурдааст, ки аксари онҳо бевосита номи мавзеъҳои гуногунро ифода менамоянд: Вахш, Димишқ, Шом, Табрез, Қуния, Қайсария ва ғ., қисми дигаре дар таркиби номҳои одамон – Табрезӣ, Қуниявӣ, Тирмизӣ, Самарқандӣ ва дигаронанд. Дар таркиби номвожаҳои мавриди истифодаи Мавлоно шумораи зиёди номи ҷирмҳои осмонӣ – Шамс, Қамар ва тарафҳои олам Яман, Аҷам, Араб, Юнон мавҷуд аст.

Он нукта, ки Гардезӣ ва Мавлоно парвардаи обу хоки Хуросону Мовароуннаҳр буда, осорашон саршор аз таъбиру ибора ва вожаҳои хосси ин диёр ва забони тоҷикист, ба касе пӯшида нест ва онро аксари муҳаққиқон ва пажуҳишгарон тасдиқ кардаанд. Забони осори Гардезӣ ва Ҷалолуддини Балхӣ хеле пурмазмун ва пурҷило буда, бесобиқа ва рангин аст. Дар ин осор захираи пурсарвати калимоти ноби тоҷикӣ-форсӣ, арабӣ, туркиву юнонӣ фаровон истифода гардидааст. Он саршор аз қолабу таркибҳои зиндаи забони халқӣ буда, имрӯз ҳам барои аксарият қобили фаҳму дарк аст. Хусусан, таҳқиқу омӯзиши топонимия дар ин осори барҷаста барои коркард ва аз нав барқарор кардани номвожаҳои таърихии забони тоҷикӣ, муайян намудани хусусияҳои хосси онҳо дар забони тоҷикӣ аҳаммияти бесобиқа дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *