Мирзо СОЛЕҲОВ,
профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики
факултети филологияи ДМТ,
доктори илми филология
Муҳимтарин дастоварди мо дар масири таърих каломи ҳунарии манзуму мансур аст, ки он ҳам аз нигоҳи таърихи зуҳур, миқдори эҷодкорон, арзишҳои ғоявию бадеӣ, ҷузъиёти ҳунарии эҷод, истеъдоду маҳорати суханварӣ, фасоҳату балоғат, нафосату салосат, муассирии баён миёни ҷаҳониён беқиёс аст. Аз ин хотир, дар пажуҳишу таҳқиқ ва таълиму тадриси он на танҳо донишмандони ватанӣ, балки олимони мамолики хориҷӣ низ саҳми арзандаву сазовор доранд. Ҳамагон бар ин назаранд, ки барои пурсамар омӯхтану азхудкунии ин адабиёт, пеш аз ҳама, усули омӯзишу тарзи таълими он бояд беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.
Яке аз муқимони остони мактаби илмӣ-пажуҳишии профессор Шарифҷон Ҳусейнзода муҳаққиқи муваффақ ва пуркору сермаҳсул профессор Бадриддин Мақсудзода мебошад, ки фаъолияти адабпажуҳии ӯ ба ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта рост омадаву то кунун самараи дилхоҳ ба бор овардааст. Вусъату паҳнои фаъолияти ин муҳаққиқ серсоҳа буда, хосса, дар пажуҳишу таҳқиқи рӯзгору осори адибон, мухтассоти ҳунари эҷоду мушахассоти пояи суханварӣ, назокати сабку услуби эҷодӣ, таҳқиқи қиёсии мактабҳо, ҳавзаҳо, доираҳою ҷараёнҳои адабӣ, таҳқиқи мутун ва шинохти нусхаҳои куллиёту давовин (девонҳо)-и адибон, қонуниятҳои рушду таҳаввулоти адабӣ ва ғайра, назаррас аст.
Профессор Бадриддин Мақсудзода ҳамчун методист ва мактабшинос вазифаи адабиётро дар мактаб чунин муайян месозад: «Адабиёт дар мактаб ба сифати фанни таълимӣ хонандаро тарбия намуда, шахсияти ӯро ташаккул медиҳад, фаъолияташро ба самти муайян равона месозад» [7, 6].
Ин аст, ки профессор Бадриддин Мақсудзода бо истифода аз донишу таҷрибаи хеш соли 2020 китоби дарсии «Методикаи таълими адабиёти тоҷик»-ро таълиф намуд, ки миёни осори таълимии соҳаи мазкур, ба андешаи мо, таҷдиди назар ба илми соҳа ва диди тоза дар методикаи таълими адабиёт аст. Зеро китоби «Методикаи таълими адабиёти тоҷик»-и профессор Бадриддин Мақсудзода баъзе бобу фаслҳои нодирро фаро гирифтааст, ки дар осори марбути соҳа дида намешаванд ва он диди тозаи муҳаққиқ аст, ки дар илми соҳа ва таълими адабиёт илова шудааст. Пешниҳоди муҳаққиқ назарияи хушк набуда, тули 30 соли тадрис, ҳатто, аҳёнан, дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ (мавриди таҷориби истеҳсолии донишҷӯён) низ мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Масалан, баъзе муҳаққиқон андеша доранд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тарҷумаи ҳоли адибон аз барнома ва китобҳои таълимӣ бардошта шавад, зеро мавзуи мазкур чандон зарурат надорад.
Профессор Бадриддин Мақсудзода маҳз дар ҳамин мавзуъ таҳти унвони «Тарҷумаи ҳоли нависанда» (с. 80) фасли ҷудогона таълиф намуда, баҳси ҷолиби илмӣ-методӣ сомон додааст. Ӯ таъкид менамояд, ки: «Барои гузаштани тарҷумаи ҳоли нависанда ё шоир:
а) мақоми нависанда ё шоир дар адабиёти тоҷик;
б) аҳаммияти бузурги тарбиявӣ доштани тарҷумаи ҳоли адиб ҳатман ба назар гирифта шавад».
Муаллифи китоби «Методикаи таълими адабиёти тоҷик» ҳатмӣ медонад, ки: «Ҷиҳатҳои характерноки тарҷумаи ҳоли нависанда, ки барои кушодани мазмуну мундариҷаи осораш кумак кунанд, бояд омӯхта шаванд» [7, 81].
Аз муҳокимарониҳои фавқ бармеояд, ки муҳаққиқ ҷонибдори ҷой додани зиндагиномаи адибон дар китобҳои дарсӣ аст, агар тарҷумаи ҳоли адиб ҷавобгӯи ду талаботи зикршуда бошад. Зеро эҷодкорон – адибонро «муҳандисони руҳии одамизод» – унвон кардаанд, пас, чӣ гуна мешавад, ки назарияи тафаккурсозии онҳоро омӯхтаву хонанда шахсияти онҳоро умуман надонад?!
Профессор Бадриддин Мақсудзода ҳадаф аз таълими адабиёт дар мактаб, вазифаҳои методикаи таълими адабиёт дар мактабро ҳамчун соҳибихтисоси муҷарраб (таҷрибадор) басо ҷолибу арзишманд мушаххас менамояд, ки муҳокимарониҳои ӯ, пеш аз ҳама, қавитарин арзишҳои илмӣ ва таълимӣ – методӣ доранд. Фаразан, ӯ менависад: «Муҳимтарин мақсади таълими адабиёт дар мактаб ин шинос намудани хонандагон бо санъати сухан, бо сарвати пурқимату рангини маънавии адабиёти классикию замони нав, одоби китобхонӣ ва дар ҳамин замина, дар руҳияи ахлоқи ҳамида тарбия намудани онҳо мебошад» [7, 6].
Муҳаққиқ ба метод ҳамчун як соҳаи илм назари хос дорад ва онро дар «раванди таълим бо истифодабарӣ аз системаи методҳои таълим» ҷанбаи амалӣ маърифат мекунад. Методи таълим ба назари ин муҳаққиқ «воситаҳои кори омӯзгору шогирдон аст, ки тавассути онҳо дониш ҳосил карда мешавад» [7, 58]. Аз тарафи дигар, «илман асоснок будани кори таълим ва бошуурона омӯхтани маводди таълимӣ аз тарафи шогирдон принсипҳои асосии низоми таълимро муайян мекунанд» [7, 59].
Яке аз ҷиддитарин хусусиятҳои фарқкунандаи диди муҳаққиқ дар он аст, ки ӯ фаъол гардидани хонандагонро амалӣ месозад, то ин ки баҳрабардорӣ аз ҷараёни дарс бештар гардида, хонандагон мавзуъро пурра аз худ карда тавонанд. Муҳим он аст, ки профессор Бадриддин Мақсудзода пешаи омӯзгориро навъе аз кори эҷодӣ медонад, ки падидаи мазкур нигоҳи тоза ба илми методикаи таълим аст. Зеро дар асару мақолаҳои марбути соҳа, ки то кунун рӯйи кор омадаанд, падидаи мазкур дучор намешавад. Ба ин маънӣ ӯ менависад: «Бо истифода аз ҳамаи методҳо мақсад ин нест, ки шогирдон маводди таълимиро дар хотир гирифта тавонанд, балки он маводро ҳазм карда тавонанд, яъне, дарк намоянду ёд гиранд ва худ мустақилона то андозае асари бадеиро ё порае аз онро таҳлил карда тавонанд» [7, 59].
Ба назари профессор Бадриддин Мақсудзода, омӯзгор бояд маънишинос бошад, то ин ки ҷилоҳои ҳунарии каломи бадеъро донад, муайян карда ва фаҳмонида тавонад. Ӯ барои намуна як байти устод Рӯдакиро (дар синфи VIII) таҳлил мекунад ва таваҷҷуҳи асосӣ ба калидвожаҳо ва образҳои лирикӣ дорад. Чунончи:
Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.
Ӯ аввал мазмуни оммафаҳми байтро шарҳ медиҳад: «Он донише, ки аз ин ду мисраъ шеър ҳосил мешавад, ин аст, ки абр аз осмон дар шакли борон ба дашту саҳро меборад ва бар асари он лола мешукуфад. Ин вазифаи маърифатдиҳии адабиёти бадеӣ аст» [7, 59]. Муҳаққиқ баёни фавқро «вазифаи маърифатдиҳии адабиёти бадеӣ аст», – мегӯяд, ки комилан саҳеҳ аст. Баъд аз баёни маънии зоҳирии байт, ҷанбаҳои ҳунарии онро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад: «Шоир ин фикрро на урёну муҷаррад, балки образнок ва ҷамолшиносона тасвир намудааст. Ба ҷойи он ки гӯяд: «лола бишкуфад», мегӯяд: «бихандад лола», ё ба ҷойи он ки гӯяд: «абр биборад», мегӯяд: «бигиряд абр» [7, 9]. Яъне, муҳаққиқ ҳунари шоирро баҳри дарёфти ташхис, ташбеҳ, тазод, талмеҳ, таносуби калом басо устодона арзёбӣ мекунад, «яъне, ҳунари асосии шоир дар он дида мешавад, ки ӯ ба «лола» ва «абр» сифатҳои «инсонӣ бахшидаст»» [7, 9].
Як ҷиҳати дорои бартар будани асари илмӣ-методӣ ва таълимӣ-тарбиявии профессор Бадриддин Мақсудзода дар он аст, ки ӯ ба осори методистони ватанӣ: М. Қозиҷонов, Н. Маъсумӣ, А. Суфиев, Х. Раҳимов, А. Абдувалиев, А. Ваҳҳобов, Т. Миров, Қ. Хоҷаев, Ш. Исломов, М. Аҳмадов ва дигарон ва мутахассисони аврупоӣ: М. Эйхенбаум, М. Рибникова, В. Голубков, З. Рез, Р. Брандесем ва дигаронро қиёсан омӯхтааст. Аз осори донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ огоҳии зарурӣ роҷеъ ба анвои метод, аносири таълиму нозукиҳои тарбияи хонандагон дорад.
Профессор Бадриддин Мақсудзода норасоии осори методистонро ташхис намуда, чунин таъкид мекунад: «Дар китобҳои методии дигарон ба масъалаҳои хеле муҳимми методикаи таълими адабиёт, аз қабили анвои методҳои таълими адабиёт, хусусиятҳои синнусолии талабагон дар азхудкунии маводди таълимии адабиёт, меъёрҳои баҳогузорӣ ба донишҳои шифоҳӣ ва хаттии талабагон, тарзи таълими асарҳои лирикӣ ва монанди инҳо иттилое дода нашудааст» [7, 4]. Аз ин рӯ, ӯ ҳамчун мутахассиси навовар пас аз баррасиҳову қиёсҳои сершумор ба омӯзгорон пешниҳод менамояд, ки: «Дар таълими адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ғайр аз курси таърихи адабиёт ва хониши адабӣ ба асли ҷавҳари адабиёти бадеӣ, яъне, тасвири ҳунарӣ ва сабки эҷодии ҳар адиб эътибор дода шавад ва барои дар шогирдон ба вуҷуд овардани малакаву маҳорати хондану таҳлил карда тавонистани асарҳои бадеӣ таваҷҷуҳ намоянд» [7, 4].
Муҳаққиқ қаблан дар ин бора дар мақолаи «Таҷрибаомӯзӣ ва мушкилоти он» [9, 2-4] низ басо ҷолиб баҳс ба миён оварда буд.
Мо истиқлоли фикрии муҳаққиқ ва назари нодири ӯро мавриди шарҳу тавзеҳи анвои методҳои роиҷи таълим бештар мушоҳида менамоем, ки ғолибан мулоҳизаҳои муаллифи асар арзишҳои илмӣ-таълимӣ ва маърифатӣ-тарбиявӣ доранд.
Аз ҷумла, муаллиф дар мавриди шарҳу тавзеҳи методи интерактивӣ чунин менависад: «Дар солҳои охир дар назария ва амалияи корҳои таълиму тарбия истилоҳоте, назири «методи интерактивӣ», «педагогикаи интерактивӣ», «раванди педагогикаи интерактивӣ» истифода бурда мешаванд. Ин равишҳои таълимиеанд, ки ҳамчун алтернатива дар баробари равишҳои суннатии таълим пеш гузошта мешаванд. Номи ин методи нав аз истилоҳи «интераксия», ки маънояш таъсири мутақобил ё якҷоя амал кардан аст, гирифта шудааст. Поягузори ин метод сотсиолог ва равоншиноси амрикоӣ Ҷ. Мид мебошад» [7, 65]. Асоси ин методро саволҳои проблемавӣ ташкил медиҳанд, ки омӯзгори пуртаҷриба саривақтӣ ба шогирдон медиҳад ва онҳоро барои фикр кардан водор месозад.
Муҳаққиқ доир ба ҳар як метод, моҳияту арзиши илмӣ-таълимӣ, маърифатӣ-тарбиявии он, воридкунандаи он ба илми соҳа маълумоти зарурӣ медиҳад.
Моҳияту мақсади методи мазкур фаъол гардонидани шогирдон, ташаккули неруи зеҳнии онҳо, мутолиаи мустақилонаю ёд додани баҳс, муҳокимарониҳо, қиёсу натиҷагириҳои мантиқӣ буда, ба ин маънӣ муаллифи асар таъкид мекунад, ки: «Истифодаи методи интерактивӣ дар дарсҳои адабиёт ба инкишофи тафаккури интиқодии шогирдон мусоидат намуда, ҳосил шудани малакаи мустақилона ҳал карда тавонистани мавзуъ ва эҳтиромона бархурд кардан ба фикри ғайрро дар онҳо ташаккул медиҳад» [7, 66].
Муаллиф ҷонибдори он аст, ки тавъам бо салоҳиятнокӣ дар ҷараёни таълим, аз методи интерактивӣ низ агар ҷиддитар кор гирифта шавад, сифати таълим боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Профессор Бадриддин Мақсудзода таъсири мутақобила ва ё ҷузъиёти равобити методикаро бо илмҳои дигар хеле донишмандонаву муҷаррабона таҳқиқ кардааст, ки қаблан дар осори соҳа то ба ин ҳад ба мушоҳида намерасид. Ӯ дар ин маврид чунин менависад: «Таълими адабиёт як қисми таркибии кори умумии педагогӣ дар мактаб мебошад. Аз ин рӯ, методикаи таълими адабиёт, пеш аз ҳама, бо педагогикаю равоншиносӣ равобити наздик дорад» [7, 15]. Муҳаққиқ қазовати фавқуззикрро чунин асоснок менамояд, ки таълим тавъам бо тарбия ба роҳ монда мешавад. Аз ин рӯ, менависад: «Азбаски таълими адабиёт бо унсурҳои асосии тарбия узван вобаста аст, он бо педагогика робитаи мустаҳкам дорад. Омӯзгор дар дарсҳои ҳаррӯзаи худ, дар баробари дониш додан, дар шогирдон малакаи ахлоқу одоб, интизомнокӣ, поквиҷдонӣ, хоксорӣ барин хислатҳои некро ба вуҷуд меоварад. Чунин ҷанбаҳои тарбиявӣ ба воситаи таълими дурусти асарҳои бадеӣ ба даст оварда мешавад» [7, 15]. Бешубҳа, манзури муҳаққиқ тафаккурсозии адабиёт ва мақоми омӯзгор дар ҷараёни таълим аст, ки устод фаъолияти эҷодкории худро амалӣ месозад.
Ё худ профессор Бадриддин Мақсудзода доир ба равобити методикаи таълими адабиёт бо илми равоншиносӣ баҳс ба миён оварда, басо ҷолиб таъкид менамояд, ки ин ду навъи улум то кадомин поя дар камолоти маънавии одамон ва хосса, хонандагон нақш дорад. Ба ин маънӣ муҳаққиқ менависад: «Равоншиносӣ доир ба омӯзиши хулқу хисоли одамон баҳс мекунад. Бинобар ин, ба омӯзгори адабиёт донистани фанни мазкур бағоят муҳим мебошад. Дар вақти таълими адабиёт муаллим эҳсос, диққат, хотира ва истеъдоди ҳар як хонандаро бояд ба эътибор гирад. Дар ин кор донистани илми равоншиносӣ ба ӯ кумак мерасонад» [7, 15]. Ба ҳамин тариқ, муҳаққиқ як силсила илмҳои дигарро низ зикр мекунад, ки методикаи таълими адабиёт бо онҳо равобити қавӣ дорад.
Профессор Бадриддин Мақсудзода ҷонибдори он аст, ки ба таълими адабиёт таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад, зеро ба андешаи ӯ: «Муваффақияти таълими адабиёт ҳамон вақт таъмин мегардад, ки омӯзгор ба қонуниятҳои хосси ҳамин фан бештар такя кунад. Мушкилии омӯхтани адабиёт аз он иборат аст, ки асоси он ҳунар аст ва маърифати вай бо ҳаяҷоноти амиқи завқию ахлоқӣ пайваст мебошад» [7, 129].
Яке аз фаслҳои нисбатан муҳимми китоби «Методикаи таълими адабиёти тоҷик»-и профессор Бадриддин Мақсудзода «Машғулиятҳои асосӣ ё кор бо матн» унвонгузорӣ шудааст, ки он диди нодир ба таълими фанни мазкур аст. Муҳаққиқ дар ин бахш таъкид мекунад, ки дар таълим «раванди мустақилона омӯхтани адабиёти бадеӣ бояд кори муҳимтарин ва аз ҳама асосӣ бошад. Кор бо матни асари бадеӣ қисми асосии машғулияти дарсҳои адабиёт мебошад. Ба туфайли таҳлили матн, ғояи асосии асари адабӣ, арзиши бадеии асар, пояи эҷодӣ, ҷаҳонбинии эҷодкор, забону услуби адиб ва сабки он ошкор карда мешавад» [7, 81].
Метавон гуфт, ки як ҷанбаи пурифтихори фазилати профессор Бадриддин Мақсудзода дар он зоҳир мегардад, ки ӯ доир ба масоили матраҳшавандаи фаслу бобҳои асари хеш истиқлоли фикрӣ ва андешаи шахсии худро дорад.
Муҳаққиқ дар ин раванд чунон ки гуфтем, андешаи шахсии худро дорад ва ӯ анвои асосии кор бо матнро тақрибан чунин мушаххас месозад:
- Дар синф хондани матн;
- Дар хона хондани матн;
- Аз рӯйи матни хондашуда сохтани нақша;
- Нақли мазмуни асари хондашуда;
- Таҳлили образҳо;
- Шарҳи устухонбандии асар, забони асар;
- Нақли хаттӣ, иншо ва ғайра [7, 81].
Балоғату фасоҳат, салосату равонии каломи ҳунариро муҳаққиқ дар мисоли осори бузургтарин устодони каломи бадеъ «Гулистон»-и Саъдӣ, «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ пешниҳод менамояд, ки ин осор тибқи барнома ва китобҳои таълимии макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Профессор Бадриддин Мақсудзода роҷеъ ба масоили муносибат бо мутуни адабӣ-ҳунарӣ, қавли методисти рус Б. Эйхенбаумро саҳеҳ медонад, ки гуфтааст: «Адабиёт бо системаи образҳо, рамзҳои бадеӣ ва сабкҳо сарикор дорад. Дар дарси адабиёт, пеш аз ҳама, ҳамин чизҳо бояд ошкор карда шаванд. Фарқи фанни адабиёт аз фанҳои дигари башарӣ дар ҳамин аст» [7, 81].
Яке аз сифатҳои беҳтарини асари методии профессор Бадриддин Мақсудзода боз дар он аст, ки ӯ ғолибан бо ҷаҳонбинии хонанда сарикор мегирад. Фаразан, ӯ маҳфилҳои мактабиро шомили се бахш:
а) адабӣ-эҷодӣ;
б) хониши ифоданок ва нақли бадеӣ;
в) драмавӣ дониста, чунин таъкид мекунад: «Дар ин гуна маҳфилҳо шогирдони мактаб метавонанд, роҷеъ ба муаммоҳои хеле муҳимми зиндагӣ, ки зайлан меоварем, мулоҳизаронӣ кунанд:
— Дӯсти ҳақиқӣ кӣ мешавад?
— Ватандӯстӣ, яъне, чӣ?
— Моҳияти ҳаёт аз чӣ иборат аст?
— Инсони ҳақиқӣ чӣ хел мешавад?
— Хусусиятҳои асосии шахси равшанфикри воқеӣ аз чиҳо иборатанд?
— Зебоии инсон дар чӣ ифода меёбад?
— Номус ва шарафи инсонӣ дар чист?
— Чӣ гуна инсон дар ҷамъият обрӯ пайдо мекунад?
… Муҳим он аст, ки онҳо имкони рӯйи ин гуна масъалаҳо андешиданро ёд мегиранд ва омӯзгори адабиёт дар ҳалли дурусти онҳо кумакашон хоҳад кард» [7, 118].
Воқеан, гузориши масоили фавқуззикр, хосса, барои мактабиён ниҳоят муҳим аст ва онҳоро ба фикр кардан водор месозад. Онҳо ба ин восита баҳсро ёд мегиранд. Баҳс онҳоро ба мутолиа ва ҷустуҷӯ водор месозад.
Сирри муваффақиятҳои профессор Бадриддин Мақсудзода, алалхусус, дар таълифи китоби «Методикаи таълими адабиёти тоҷик», пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки ӯ тавъам бо муҳаққиқи муваффақ будан, чуноне ки ёдовар шудем, устоди муваффақ низ ҳаст. Профессор Бадриддин Мақсудзода сидқан ошиқи каломи бадеъ аст ва ошиқонаву бо муҳаббати сӯзон дарс мегузарад. Ба қавли Мавлоно Ҷомӣ:
Муаллим кист? Ишқу кунҷи хомӯшӣ дабистонаш,
Сабақ – нодонию доно – дилам тифли сабақхонаш.
Зи ҳар кас н-ояд ин устоду шогирдӣ, на ҳар кӯҳе,
Бадахшон бошаду ҳар сангпора лаъли рахшонаш.
Забон ҷуз безабонӣ нест ин нодир муаллимро,
Дареғо, дар ҳама олам надонам кас забондонаш.
Воқеан, қазовати фавқуззикри Мавлоно Ҷомӣ муносиби ҳоли профессор Бадриддин Мақсудзода аст. Ба назари инҷониб, муваффақияти фаъолияти профессор Бадриддин Мақсудзода боз дар он аст, ки ӯ аз муқимони остони мактаби адабӣ-таҳқиқии профессор Шарифҷон Ҳусейнзода буда, равияҳои нодиру ноби пажуҳишу таҳқиқ ва таълиму тарбияро ҳанӯз солҳои таҳсил дар аспирантура ва роҳнамоии ин шахсияти номдор басо жарфу ҳамаҷониба омӯхтааст. Беҳуда нест, ки шоири шаҳир Носири Хусрави Қубодиёнӣ гӯё бо манзури ҳолати фавқ гуфта буд:
Ба шогирдӣ ҳар он, к-ӯ шод гардад,
Шавад рӯзе, ки худ устод гардад.
Мусаллам аст, ки профессор Бадриддин Мақсудзода сирру назокати дарсгузариро низ аз устод Шарифҷон Ҳусейнзода, ки воқеан, ошиқи касби худ буданд ва ниҳоят ошиқона дарс мегузаштанд ва шунавандаро шайдои сидқии каломи бадеъ месохтанд, таъсир бардоштааст. Аз ин рӯ, дарсҳои профессор Бадриддин Мақсудзода барои донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯён метавон гуфт, ки таманноист.
Воқеан, ӯ ошиқи ҷонии пешаи худ аст, ошиқона дарс мегузарад. Умуман, метавон гуфт, ки барои қонеъ сохтани донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯён ду ҷиҳат: аввалан, дониш ва тавъам бо он метод – санъати дарсгузарӣ, ки ду сифати барҷастаи устоди воқеӣ аст, дар симои профессор Бадриддин Мақсудзода мушоҳида мешавад.
Адабиёт:
- Абдувалиев А. Омӯхтани эҷодиёти Абулқосим Фирдавсӣ дар синфи IX . – Душанбе: Маориф, 1966.
- Аҳмадов М. Таълими адабиёти тоҷик. – Қ. 1. – Хуҷанд: Ношир. 2012.
- Аҳмадов М. Таълими адабиёти тоҷик. – Қ. 2. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2018.
- Байзоев А. Масъалаҳои мубрами ислоҳоти соҳаи маориф. – Душанбе: Маориф, 2021. – 196 саҳ.
- Ваҳҳобов А. Қозиҷонов М. Таълими адабиёт дар мактаб. – Душанбе: Маориф, 1988.
- Маъсумӣ Н. Усули таълими адабиёт дар синфҳои V-VIII. – Сталинобод: НДТ, 1960.
- Мақсудзода Б. Методикаи таълими адабиёти тоҷик. – Д.: 2022. – 143 саҳ.
- Мақсудзода Б. Камолнома (Таҳқиқот перомуни Камоли Хуҷандӣ ва шеъри ӯ). – Ҷ. 1. – Хуҷанд: Хуросон, 2021. – 334 саҳ.
- Мақсудзода Б. Таҷрибаомӯзӣ ва мушкилоти он // «Омӯзгор» аз 17.01.1997.
10.Маҳмадаминов А. Назарияи адабиёт (дастури таълимӣ). – Душанбе: Дониш, 2024. – 119 саҳ.
11.Методика приподования литературы: Учеб, для студентов пед. ин-тов по спец. № 2101 «Рус. яз. и лит.» / Р. Ф. Брандесов, Т. В. Звере, М. Г. Качурин и др.; Под ред. 3. Я. Рез. – 2-е изд., дораб. – М.: Просвещение, 1985. – 368 с.
12.Мирзоев Ғ. Омӯхтани эҷодиёти Саъдии Шерозӣ дар синфи IX. – Душанбе: Маориф, 1966.
13.Миров Т., Хоҷаев Қ., Исломов Ш. Методикаи таълими адабиёт. – Д.: Маориф, 1991.
14.Наимбоев С. Таълими шеър дар мактаб. – Душанбе: Маориф, 1981.
15.Наимбоев С. Хониши ифоданок. – Душанбе: Маориф, 1990.
16.Солеҳов Ш. Адабиёт ва шинохти он. – Душанбе: Ирфон, 2009. – 240 саҳ.
