Шаҳноз КАРИМӢ,
муовини директор оид ба илм ва инноватсияи
филиали ДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд
Дар ҳама давру замон яке аз сабабҳои асосии хароб гардидани пояҳои давлатдорӣ, фалаҷ шудани низоми ҳукуматдорӣ, парокандагию беэътимодӣ ба низомҳо ва аз байн рафтани сулолаҳои гуногуни давлатмадорон ин тамаъҷӯиву ришвахӯрӣ ва ришваситонӣ будааст. Аз ин хотир, ришва дар ҷамъияти инсонӣ рухдоди нав набуда, решаҳои таърихии он ба ҳазорсолаҳо мерасад. Оид ба ин масъала дар осори донишмандони ҳазораи сеюми пеш аз милод, дар Мисри қадиму Бобулистон, Ҳинд ва Чини қадим зикр гардидааст, ки дар онҳо аз гирифтану додани ҳадяву ришва нақл меравад. Барои мисол метавон аз китоби «Тарбияномаи Геракл ба писараш Мерикар» мисол овард: «Агар мехоҳӣ ба тамоми халқ сухани коргар дошта бошӣ, кӯшиш намо, аз мансабдорони империя ягон зарра даромад ёфт накунӣ, зеро забони ту дар ҳузури онҳо кӯтоҳ ва ҳамаи умури давлатдории ту фано меёбад».
Нақл аст, ки дар замони салтанати Дориюш — шоҳи сулолаи Ҳахоманишиҳо барои бар ивази ришва ҳукми беадолатона баровардани як қозӣ, бо фармони шоҳ қозиро пӯст канда, пӯсти ӯро ба курсии кориаш рӯйкаш кардаанд. Ба писари он қозӣ шоҳ дастур медиҳад, ки ба ҷойи падараш қозӣ шавад ва ба он курсӣ нишинад, то ки доимо ба хотир дошта бошад, ки ҷазои ҳар ришвахор ҳамин аст.
Аслан, мафҳуми “ришва” дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои пул ё чизе, ки ба шахси соҳибмансабе барои ба нафъи пул ё чиздиҳанда иҷро гардидани кори ғайриқонунӣ ё ноҳақ дода мешавад, маънидод шудааст. Аз ин вожа калимаҳои ришваситонӣ, ришвахӯр (ришвахор), ришвагир ё ибораҳои ришва ситондан, ришва гирифтан ба миён омадаанд.
Ин гуна вожаҳоро дар осори олимону адибони классики тоҷику форс Низомулмулк, Унсурӣ, Балхӣ, Саъдӣ, Шоҳин ва дигарон вохӯрдан мумкин аст, ки дар ашъорашон муносибати бевоситаи онҳо ба ҳамин гуна иллати ҷомеа бетарафона набуда, табақаҳои гуногуни ҷомеаро мавриди мазаммат қарор медиҳанд. Масалан, маъруфтарин асар, ки дар бораи тартиб, тарз, қоидаву қонунҳои асосии давлатдорӣ иншо гардидааст, ин «Сиёсатнома»-и Низомулмулк (Абуалӣ Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ) буда, дар маркази ғояи сиёсии ин асар эҳёи адлу инсоф, тарзи оқилонаи давлатдорӣ, ободии кишвар ва осоиши раийят меистад. Ғояҳои мутафаккир, аз ҷумла, пешниҳоди ӯ барои ташкил додани ду рӯзи машваратӣ бо мазолим дар ҳузури шоҳ, маҳкум кардани хиёнату ришвахӯрӣ дар идораи давлат, инчунин, маҳкум намудани қонуну амрҳои нозарур ва носаҳеҳ, ки боиси беэътибории онҳо мешавад, имрӯзҳо ҳам барои давлатдориву сиёсат аҳаммияти бузург доранд.
Адибони равшанзамири тоҷик суст шудани пояҳои иҷтимоиро дар замони худ ба мушоҳида гирифта, дар абёти хеш ришваситониву порагириро ба касрат зикр ва маҳкум намудаанд. Шоири номвар Шамсиддини Шоҳин дар ин бора гуфтааст:
Муҳтасиб, ришва ҳаром аст, ту хоҳӣ хӯрдан,
Ман ҳам ар май хӯрам, инсоф куну хурда магир!
Шайх Саъдӣ чунин мефармояд:
Бигӯ, он чӣ донӣ, ки ҳақ гуфта беҳ,
На ришваситонию на ришвадеҳ.
Дар фарҳангнигорӣ муродифи “ришва” вожаи “пора” аст ва калимаҳои порахӯр, порагир, порадеҳ, пора ситонидан, пора гирифтан дар муомилоти забонӣ ба таври фаррох истифода мешаванд. Дар адабиёт низ ба таври возеҳ корбаст шудаанд. Масалан:
Ҳар он ҷо, ки пора шуд аз дар дарун,
Шавад устуворӣ зи равзан бурун.
Унсурӣ
Мутаассифона, дар дунёи имрӯз ҳам ин кирдори номатлуб хеле реша давондааст. Вусъат ёфтани ин масъала барои амнияту суботи ҷамъияти ҳама давлатҳои ҷаҳон таҳдиди воқеӣ ва ҷиддиро ба вуҷуд оварда, ба меъёрҳои ахлоқию адолати иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Ришваситонӣ, пеш аз ҳама, сабаби коҳиш ёфтани сармоягузорӣ ва аз рушд мондани иқтисод, кам шудани даромадҳо ба буҷа ва иҷро нашудани барномаҳои азими иқтисодӣ мегардад.
Дар мамлакати мо бо мақсади мубориза бурдан алайҳи коррупсия Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки 3 августи соли 2021, таҳти рақами №222 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амал мекунад, ки ҳадафи ниҳоии он аз миён бардоштани коррупсия дар ҳама шаклҳои он мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба мавзуи решакан кардани ришваситонӣ таъкид мекунанд. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои хеш чунин гуфтаанд: «Яке аз хатарҳои дигаре, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад. Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан, оштинопазир фароҳам оварда шавад».
Бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва омилҳои ба содиршавии ҳаракатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ташкилоту корхонаҳо аз ҷониби мақомоти гуногун пайваста вохӯриҳо ташкил карда мешаванд.
Вобаста ба ин мавзуъ, дар филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд бо кормандону омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мунтазам мулоқот баргузор мегардад. Дар вохӯриҳо перомуни тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили дурӣ ҷустан аз ришвахорӣ, мубориза бар зидди фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ суҳбатҳо гузаронида мешаванд.
Хулоса, мо бояд ҳамеша бар зидди фасоди молӣ ва ахлоқӣ мубориза барем, зеро амали коррупсионӣ адолати иҷтимоиро аз байн бурда, эътиқоди мардумро ба арзишҳои демократӣ барҳам медиҳад. Ҳарчанд, мубориза бар зидди коррупсия кори саҳл нест, вале мо шоҳиди решакан гардидани амалҳои коррупсионӣ гашта истодаем ва ин раванд бояд идома дода шавад.
