Файзиддин РАҶАБАЛИЕВ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ё чанд дарси мактаби зиндагӣ аз «Ёддоштҳо»-и профессор С. Ятимов
Хотиротнигораҳо ё худ адабиёти ёддоштӣ чун оина на танҳо сарнавишти як инсон, балки симои як даврон, руҳияи як ҷомеа ва фалсафаи бузурги зиндагиро дар худ инъикос месозанд. Ин ҳикмат аз рӯйи моҳият дар «Ёддоштҳо»-и шахсияти донишманд ва нависандаи равшаннигоҳи тоҷик, академик Саймумин Ятимов ба таври шоиста таҷассум гардидааст.
Китоби мазкур фарогири давраҳои гуногуни зиндагии муаллиф буда, аз солҳои кӯдакӣ оғоз мешавад, ки нахустин қадамҳои ба сӯйи мактабу илмро нишон медиҳад. Қиссаи мактабравии муаллиф худ як асари амиқи психологӣ ва педагогӣ аст. Қаҳрамони хурдсоли қисса, бо як дунё орзуву ҳавас, пинҳонӣ аз волидон ва бо пойафзоли латтапеч ба сӯйи мактаб мешитобад, ки ин тасвир рамзи ташнагии фавқулода ба дониш маҳсуб меёбад. Дар лобалои ин сатрҳои зиндаву табиӣ, паём ва дарсҳои бузурге барои ҷомеаи имрӯза ва ҳар яки мо нуҳуфтааст, ки бозбинии онҳо басо муҳим мебошад.
Яке аз саҳнаҳои таъсирбахштарини асар лаҳзаест, ки кӯдаки ба синни мактабӣ расида, дар нахустин рӯзи таҳсилаш (1-уми сентябр) субҳи барвақт аз хоб бархоста, бо беқарорӣ ба мактаб рафтан мехоҳад. Модараш бо тааҷҷуб мегӯяд, ки ҳамсояҳо фарзандони худро бо ваъдаи «велосипеду тӯб» ба мактаб бурда наметавонанд, аммо ин кӯдак бо шунидани номи китоб «ҳӯшаш меравад». Дар ин муқоисаи сода як ҳақиқати ибратомӯз барои ҷомеаи муосир наҳуфтааст. Имрӯз, дар асри технология ва фановарӣ, мо аксаран шоҳиди он ҳастем, ки волидон бо қимматтарин туҳфаҳову ваъдаҳо фарзандонро ба хондан ташвиқ мекунанд, вале шавқи ботинӣ дар баъзеҳо ба назар намерасад. Қиссаи мазкур ба мо таъкид мекунад, ки ангезаи ҳақиқӣ барои омӯзиш ҳаргиз набояд моддӣ бошад, ҳарчанд, илми педагогика ҳавасмандсозӣ дар раванди омӯзишро инкор намекунад. Вале дар қалби инсон ниёзи ботинӣ ба дониш фурӯзон кардан масъалаест, ки ба моддиёт камтар иртибот дошта, беҳтарин шароити замонавӣ ҳам наметавонад аз як инсони беҳадаф ва беирода донишманди асил ва ё шахсияти муваффақ созад.
Дар баробари шавқу ҳавас, ин навиштаҳо ба мо дарси шикастнопазирӣ ва табдили дард ба неруро медиҳанд. Вақте қаҳрамони хурдсол бо ҳазор умед ба мактаб меравад, муаллими сахтгир ӯро аз саф берун мекунад ва аз мактаб меронад. Барои ҳар кӯдаки дигар ин метавонист як зарбаи сахти равонӣ бошад ва ӯро як умр аз мактабу муаллим дилсард кунад. Аммо вокуниши ин кӯдак ҳайратовар аст: «Ман бояд мегиристам… Аммо қаҳру ғазаби як муаллими номдор… маро ҳушёр кард. Ман нагиристам. Зиндагӣ ҳамеша моро бо оғӯши кушод ва навозиш қабул намекунад».
Ин сабақ нишон медиҳад, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳо, чӣ дар таҳсил ва чӣ дар кор, мо борҳо бо рад шудан, ноумедӣ ва сахтгирии дигарон рӯ ба рӯ мешавем. Дарси бузурги ин лаҳза он аст, ки нокомиҳо ва бемеҳриҳо набояд моро бишкананд, балки бояд иродаи моро обутоб диҳанд. Таҳаммулпазирӣ, идораи эҳсосот ва нагиристан дар баробари сахтиҳо аввалин ва устувортарин қадам ба сӯйи пирӯзист.
Авҷи фалсафии ин ёддоштҳо дар мактаби хонагӣ ва суханони модари қаҳрамон таҷассум ёфтааст, ки ба назари ман, метавонад дастурамали мукаммали зиндагӣ бошад. Як зани деҳотӣ, ки дар миёни корҳои сангини рӯзгор қарор дорад, бузургтарин дарси ҳаётро ба фарзандаш медиҳад. Ӯ на танҳо тарзи доштани қаламро бо се ангушт меомӯзонад, балки як формулаи ҳастиро пешниҳод мекунад: «Акнун қалам гирифтанро хуб ёд бигир, то қадаматро бо қалам ва қаламатро бо қадам ҷӯр карда тавонӣ». Ин як паёми беназири иҷтимоӣ ва фалсафист. «Қалам» рамзи савод, илм ва тафаккур аст, дар ҳоле ки «қадам» рамзи амал, кор, рафтор ва зиндагии воқеӣ мебошад.
Дар ин китоби хотиротӣ мо дар баробари воқеаву рӯйдодҳои зиёд як неруи бузурги дигари таҳрикдиҳандаро мушоҳида мекунем, ки он ҳам бошад симои як модари баруманди тоҷик аст. Модари тоҷик бо ҳикмати фитрии худ ба мо мегӯяд, ки илми бе амал ва амали бе илм арзише надорад. Агар дониши мо бо рафтор ва фаъолияти мо мувофиқ наояд, мо дар зиндагӣ хор мешавем. Мо дар таърих зиёд дидаем модаронро, ки зиндагии худро сарфи рӯзгори фарзандон мегардонанд: мисле, ки модари риёзидони машҳур Пантриягин барои таъминоти маънавии фарзанди нобинояш забони олмонӣ омӯхта, ҳамарӯза нашрияҳои илмии риёзишиносиро барои фарзандаш қироат мекардааст. Аммо агар аз лиҳози фарогирии кору масруфият таҳлил кунем, модарони тоҷик дар баробари машаққати корҳои саҳроӣ, хонаводагӣ боз 6, 8 ва ё 10 фарзандро таъмин карда, ба роҳи мактабу донишу зиндагӣ равон кардаанд. Мутаассифона, имрӯз мо ҷавонони зиёди дипломдор дорем, ки соҳиби «қалам» ҳастанд, аммо дар бардоштани «қадам»-и устувор дар бозори меҳнат ва саҳнаи зиндагӣ оҷизанд. Ин сухани модар стратегияи комилест барои пайванди илму амал.
Дар ин раванд, нақши падар низ ҳамчун як мактаби мустақилият ва худомӯзӣ хеле барҷаста аст. Симои падар дар қисса ба ҳайси як шахсияти қоидасолор, воқеъбин ва дурандеш тасвир ёфтааст. Ӯ аз рафтан ба назди муаллим ва зораву илтиҷо кардан худдорӣ мекунад, зеро мехоҳад фарзандаш ба неруи худаш такя намояд. Баъдтар, маҳз ҳамин падар ба фарзандаш беҳтарин усулҳои азёдкунӣ ва кор бо матнро меомӯзонад: роҳ гашта хондан, ба кор андохтани тамоми торҳои асаб ва таҳлили амиқи маъноии шеър. Ин ба мо хотиррасон мекунад, ки тарбияи волидон набояд танҳо бо фароҳам овардани шароити моддӣ маҳдуд шавад. Падар дар ин қисса ҳамчун як равишдон ва равоншинос амал карда, ба кӯдак «моҳӣ» намедиҳад, балки «тарзи моҳигирӣ»-ро меомӯзонад. Барои насли имрӯз, ин таъкиди равшанест бар он ки мустақилона кор кардан, тафаккури таҳлилӣ доштан ва дарки амиқи маънои сухан калиди асосии рушди зеҳнӣ ва камолоти инсонист.
Гузашта аз ин, дар нигошта симои як марде тасвир шудааст, ки ба фарзанди хурдсол на ҳамчун як василаи шодмонӣ ва ё завқ муносибат мекунад, балки кор бо фарзанд ва фаҳмонидани ин ё он равиши омӯзиш ба кӯдакро масъулият медонаду шарти тарбия мепиндорад.
Ниҳоят, дарси дигаре, ки аз ин сатрҳо бармеояд, қадршиносии гузашта ва ҳифзи асолат аст. Дар охири қисса академик С. Ятимов иқрор мешавад, ки китоби «Алифбо»-и куҳна ва номаҳои модарашро ҳамчун муқаддасоти бебаҳо то имрӯз дар китобхонааш нигоҳ медорад. Кӯдаке, ки замоне дар лаби ҷӯйбор бо чӯбча рӯйи қум хат мекашид ва дар орзуи мактаб мегирист, имрӯз як донишманд ва арбоби барҷастаи давлатист. Аммо ӯ решаҳои худро ҳаргиз фаромӯш накардааст ва ҳусни хатти худро ёдгоре аз модари заҳматкашаш медонад. Ин нукта ба мо ёдрас мекунад, ки ҳар қадар инсон дар зиндагӣ ба қуллаҳои баланд бирасад, набояд сарчашмаи худро фаромӯш кунад, рӯзгори пуштисаршударо аз ёд барад, балки ҳар рӯзу воқеаи сипаришударо барои ояндаи нек дар зеҳн нигоҳ дорад.
Асолатан, эҳтиром ба волидон, қадршиносии заҳмати онҳо ва ҳифзи хотираҳои неки айёми сахтӣ инсонро бомаърифат ва хоксор нигоҳ медорад. Пешрафт дар зиндагӣ ҳаргиз маънои кандан аз гузашта ва фаромӯш кардани асолатро надорад, балки омӯзиши ҷаҳон ва рушди шахсият инсонро барои дарки воқеияти ҷаҳон мусаллат сохта, барои шинохти воқеии хадамоту худгузаштагиҳои волидон ва гузаштагони инсон ва наслҳо қавитар мегардонад.
Дар маҷмуъ, як порча аз «Ёддоштҳо»-и профессор С. Ятимов танҳо таърихи хондани як кӯдак нест, балки достони шаклгирии ирода, ташаккули шахсият ва пирӯзии меҳнат бар маҳрумият аст. Барои мо, хонандагони имрӯз, ин навиштаҳо як дастурамали зиндагист, ки собит месозад: шавқу ташнагӣ ба илмро ҳеҷ сарвате иваз карда наметавонад, беҳтарин мактаб домони модару ҳидояти падар аст ва муваффақияти ҳақиқӣ танҳо ҳамон вақт ба даст меояд, ки мо тавонем «қалам»-и тафаккуру донишро бо «қадам»-и амалу заҳмат ба таври ҳамешагӣ ҳамрадиф созем.
