Назришо БАЧАМАРДОВ,
директори МТМУ №14-и ноҳияи Ванҷи
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,
Абубакр БАЧАМАРДОВ,
корманди раёсати робитаҳои байналмилалии Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                      Ҷаҳони пуртазод ва ҳолати хатарзо

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва халқи шарифи кишвар чун паёмҳои қаблӣ дар шароите ироа шуд, ки тартиботи ҷаҳонӣ рӯз ба рӯз печида мегарданд. Меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва муносибатҳои дипломатӣ барои бисёре аз созмону кишварҳои дунё камрангу бетаъсир шуда, низоми равобити ҷаҳонӣ, ба назари коршиносон, ҳолати табиии худро ошкор сохт. Намунаи ин низоми лаҷомгусаста созмону гурӯҳҳои ҳаросафкане мебошанд, ки имрӯз зимоми қудратро ба даст гирифта, аз ҷониби кишварҳои муайян ба расмият шинохта шуданд. Давлатҳои қудратманд рӯирост ба хоки дигар кишварҳо ҳамла карда, ба соҳибихтиёрии давлатҳои хурд бо баҳонаи “демократия” таҳдид менамоянд. Ин вазъ ба мусаллаҳшавии бошитоб замина мегузорад.

Ёдрас намудани  вазъи сиёсӣ ва манзараи геополитикии олам аз он нуктаҳои муҳиммест, ки дар меҳвари  Паёми ҳамасолаи Сарвари давлат қарор дошта, дар робита ба ин масъала Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон чунин ҳушдор  медиҳанд: “Вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад.”

                          Ҳуҷумҳои арзишӣ ба зеҳну шуури ҷомеа

Имрӯз нармабзорҳои гуногуни иттилоотӣ дар хидмати гурӯҳҳои фурсатҷӯ ва манфиатхоҳ қарор гирифтаанд. Онҳо барои сусту заиф сохтани пояҳои устувори давлат дар зеҳни ҷавонон камин гирифта, дар ин мазраа тухми нифоқу душманӣ мекоранд ва девори ваҳдату ягонагии миллиро хароб мекунанд. Фарҳанги фардгароӣ ва худхоҳиро тарғиб карда, ҷавононро шефтаи дигар навъи ҷаҳонбинӣ менамоянд. Барои онҳо арзишҳое, монанди оила, миллат, забон, таърих ва фарҳанг камаҳаммият арзёбӣ мешаванд.

Насли наврас ҳамарӯза зери таъсири ҷараёни густурдаи иттилоот ва ҳуҷумҳои ҳадафманди арзишӣ қарор гирифтааст. Ин раванд на танҳо хусусияти фарҳангӣ, балки паёмадҳои идеологиро низ дар пай дорад. Фазои сомона ва шабакаҳои маҷозӣ ба майдони рақобати марказҳои таъсиргузор табдил ёфтааст.

Дар чунин шароит, зеҳн ва шуури насли ҷавон ба объекти таъсирпазир мубаддал мегардад. Вобастагии афзояндаи кӯдакон ва наврасон ба телефонҳои ҳушманд на танҳо мушкилоти тарбиявӣ, балки масъалаи амнияти маънавӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ низ ҳисоб меёбад. Маълумоти шахсӣ, завқ ва руҳияи корбарон тавассути алгоритмҳо ҷамъоварӣ шуда, барои таъсиррасонӣ истифода мешаванд. Ин раванд дар шаклгирии афкори сиёсӣ низ таъсир мерасонад.

Агар кишварҳо дар робита ба ин масъала худро бетараф нишон диҳанд, рӯзи навмедӣ ба дарки ин таҳдидҳои хатарзо мерасанд. Шоира Махфӣ бамаврид гуфтаанд: “Рӯзи навмедӣ чу ояд, ошно душман шавад”. Пешвои  миллат бо таъкид ба аҳаммияти ваҳдату якдилии мардуми тоҷик дар баробари хатарҳои афзоянда бо эҳсосоти баланди миллатдӯстӣ ба халқи худ чунин маслиҳат медиҳанд: “Такя ба ҳамин миллат кунед. Такя ба ҳамин сарзамини аҷдодӣ кунед. Дар ягон давлати дигар мову шуморо интизор нестанд.”

Дар шароити пуртазодди муосири ҷаҳонишавӣ, бархӯрди арзишҳо ва буҳрони ҳувият ин афкори созандаи Мавлоно Балхӣ судманд мебошад:

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Яъне, дар ҷаҳоне, ки равандҳои иттилоотӣ ва фарҳангии фаромиллӣ боиси камранг шудани арзишҳои миллӣ мегарданд, мардум бояд ба «асл», яъне, забон, фарҳанг ва хотираи таърихии худ рӯй оваранд.

                            Чораҳои пешгирӣ ва иқдомоти саривақтӣ

Қобили зикр аст, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.12.2025) чорабиниҳои муҳимме қайд гардиданд, ки ба коҳиш ёфтану пешгирӣ намудани ин гуна хатарҳо замина мегузоранд. Яке аз ин иқдомоти саривақтӣ эълон шудани соли 2026 ба сифати “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба шумор меравад.

Сарвари маҳбуби кишвар дар Паём эҳё намудани хотираи таърихии миллатро амали арзишманду муҳим арзёбӣ кардаанд: “Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад”.

Хотираи таърихӣ ин шинохти дуруст аз таърихи пуршебу фарози миллат ва бардоштани сабақ аз саҳифаҳои тақдирсози он аст. Рухдоди номатлуби дигаре, ки имрӯз боиси нигаронӣ шудааст, таҳриф ва таърихсозиҳои дурӯғини баъзе доираҳои илмӣ ва ҳатто, бархе кишварҳо ба шумор меравад. Дар расонаҳо ва фазои маҷозӣ ҳангома барангехта, бо далелу санадҳои сохта ва бофта маводди бепояро нашр карда, рӯйирост таърихи куҳанбунёди моро таҳриф менамоянд. Бинобар ин,  Роҳбари давлат ҳифзи мероси аҷдодиро вазифаи инсонии ҳар шаҳрванд медонанд: “Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.”

Дар Паём ҷиҳати бедор намудани хотираи таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба як қатор иқдомҳои барҷастаи маърифатӣ ва фарҳангӣ ишора шудааст. Бунёди Театри миллӣ дар пойтахт ҳамчун бузургтарин иншооти фарҳангӣ яке аз муҳимтарин иқдомот ҳисоб мешавад ва он дар заминаи рушди санъату ҳунар ва эҷоди фазои маънавии ҷомеа таъсири амиқ мерасонад. Мардум тавассути образҳои офаридаи ҳунармандон ба қаҳрамонон ва симоҳои таърихӣ ошно мешаванд ва ин омил тарбияи маънавии ҷомеаро тақвият мебахшад.

Нашр ва ба аҳолӣ ройгон тақдим намудани китобҳои «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ иқдоми барҷастаи маърифатӣ дониста мешавад. Мутолиаи ин осор дар пешгирии таҳрифи таърих ҳамчун сипари маънавӣ хидмат мекунад. Огоҳӣ аз таърих ҷомеаро аз гумроҳшавӣ наҷот медиҳад ва ҳамчун абзори ҳувиятсоз нақши муассир мегузорад.

Ҷашнҳои миллии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада дар Паём ҳамчун арзишҳои умумибашарию инсондӯстона ёдоварӣ шудаанд, инчунин, доир ба пайванди ин ҷашнҳо ба арзишҳои олии умумиинсонӣ ишора гардидааст.

Ташаббуси таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе муждаи неки фарҳангӣ ҳисоб меёбад. Ин марказҳо метавонанд Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои тамаддуни куҳан ва саҳмгузор дар фарҳанги ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшанд. Дар ин замина, ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар мулоқот бо намояндагони илму фарҳанг, 13 январи соли 2026 ба миён гузошта шуд, ҳамчун иқдоми муҳим, дурбинона ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва «Шоҳномахонӣ» дар таҳкими худогоҳии миллӣ нақши назаррас доранд. Ин озмунҳо қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба омӯзиши таърих, адабиёт, забон ва илмҳои табиӣ ҷалб менамоянд. Рақобати солим дар озмунҳо ба боло рафтани сатҳи ҷаҳонбинӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд ва барои кашфи истеъдодҳо, тарбияи насли худогоҳ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Дар маҷмуъ, чунин тадбирандешӣ ва ташаббусҳо ба ташаккули фазои ягонаи маънавию фарҳангӣ ва таҳкими амнияти зеҳнию идеологӣ мусоидат менамоянд. Мурод аз ин иқдомҳо, пеш аз ҳама, рӯ овардан ба асолати миллӣ аст. Роҳбари давлат бо фазли бузургмардию солорӣ миллатро аз вартаи “балои сахт” ба сӯйи бедории миллӣ раҳнамун месозанд. Ин арзёбӣ баргирифта аз мисраъҳои устод Рӯдакӣ аст, ки фармудаанд:

Андар балои сахт падид ояд,

Фазли бузургмардию солорӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *