Дар замони кунунӣ ҳамон хонандае ба мақсад мерасад, ки дорои дониш, малака ва маҳорат ва сифатҳои баланди инсонӣ, монанди ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва меҳнатдӯстӣ бошад. Барои бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ намудани шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, пеш аз ҳама, омӯзгорон бояд дониши мукаммал дошта бошанд, онро ба шогирдони худ дода тавонанд, аз усулҳои муосири таълим истифода намоянд, муносибати худро ба таълим аз рӯйи муносибати бо салоҳият ба роҳ монанд. Имрӯз дар тамоми макотиби ҷумҳурӣ оид ба муносибати бо салоҳият ба таълим ҳарф мезананд ва барои амалӣ намудани он дар раванди тадрис кӯшиш менамоянд. Бояд донист, ки ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим аз тағйир ёфтани шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҷаҳонишавӣ ва ворид шудан ба низоми ягонаи таҳсилот, талаботи нав ба шахсият ва сифатҳои касбии шахс, суръати навшавии маълумот дар тамоми соҳаҳо маҳсуб меёбад.
Бо дарназардошти паҳлуҳои муносибати босалоҳият дар таълими забони тоҷикӣ ташаккули ду самти асосӣ ба назар гирифта шудааст: ташаккули салоҳиятҳои забонӣ ва иртиботӣ. Салоҳияти забонӣ, асосан, ба омӯзиши қоидаву қонунҳои забоншиносӣ алоқамандӣ дошта, салоҳияти иртиботӣ бошад, барои такмили маҳорати суханварӣ, мураттаб сохтани матни ҳуҷҷатҳои расмӣкоргузорӣ ҳамчунин, ҷиҳати тақвияти донишҳои фанни адабиёт шароити мувофиқ фароҳам меорад.
Тарзи омӯзиши ҳуҷҷатҳои расмӣкоргузорӣ, ба инсон ҳамеша муҳим аст. Аз ин рӯ, дар навиштаи мазкур ба таври намуна аз рӯйи муносибати босалоҳият ба таълим нишон дода шудааст, ки метавонад барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос чун маводи ёрирасон ҳангоми таълими мавзуъҳои ҳуҷҷатнигорӣ истифода шавад, ҳамзамон, барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чун маводи дарсӣ дар вақти омӯзиши мавзуи кор бо матни ҳуҷҷатҳо ёрӣ расонад.
Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуҷҷатгузорӣ дар қаламрави кишвар танҳо бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Дар моддаи 6и боби 2 «Забони кории мақомоти ҳокимияти давлатӣ» омадааст: «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд». Ин маънои онро дорад, ки низомнома, оиннома, қарор, фармону фармоиш, ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ, маълумотномаҳо бояд бо забони тоҷикӣ омода карда шавад. Дар ҳолатҳои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони дигар тарҷума карда мешаванд. Дар моддаи 16-и боби 4 «Забони коргузории ташкилотҳо» чунин оварда шудааст: «Коргузории ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бо забони давлатӣ сурат мегирад. Забонҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд». Аз ин рӯ, тарзи дурусту бехато омӯзонидани ҳуҷҷатҳо ба шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз талаботи қонуни мазкур ва муносибати босалоҳият ба таълим ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки асоси низоми давлату давлатдориро коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ ташкил медиҳад. Дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ, умуман, дар ҳама ҷо тартибу низоми кор аз коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ оғоз мешавад. Яке аз талаботи ҳуҷҷатгузорӣ сарфаи вақт аст. Коргузорӣ усули таъсис, таҳия ва тартиб додани ҳуҷҷатҳо, шакл, намуд, қоидаи баррасии худро дорад. Донистану риояи он хеле зарур аст, чунки маҳз коргузорӣ фаъолияти идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва кормандонро ба тартибу танзим медарорад. Дурусту самаранок омӯзиши ҳуҷҷатҳои расмӣкоргузорӣ ҳар гуна бенизомию бетартибӣ ва бемасъулиятиро дар идораву ташкилот ва муассисаҳо пешгирӣ карда метавонад. Ҳуҷҷатҳо чор намуд мешаванд:
1 Ҳуҷҷатҳои ташкилӣфармоишӣ: қонун, фармон, қарор, дастурамал, низомнома, оиннома.
2. Ҳуҷҷатҳои ахборотию иттилоотӣ: таъкиднома, қарордод, шартнома, аҳднома, гузориш, шаҳодатнома, аннотатсия, тақриз, барқия, тавсиянома, мактуб, баёнот, ваколатнома.
3. Ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ: ариза, тарҷумаи ҳол, тавсифнома, варақаҳои шахсӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, шиноснома, ИНН (рақами мушаххаси андозсупоранда), СИН (суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа).
4. Ҳуҷҷатҳои оморӣ.
Ҳангоми таҳияи ҳуҷҷат аз навиштани ҷумлаҳои мураккаб, шарҳталаб бояд худдорӣ намуд. Матни ҳуҷҷат бояд кӯтоҳ ва аниқу возеҳ бошад, матлабро мушаххас ифода карда тавонад. Аксари ҳуҷҷатҳои идорӣ дар шакли қолабҳои тайёр сурат мегиранд ва ин тақозо мекунад, ки фикр боз ҳам кӯтоҳ, мухтасар, яъне, фишурда ва муъҷаз ифода ёбад.
Услуби расмӣкоргузорӣ аз воситаҳои тасвири бадеӣ, ба монанди маҷоз, тавсиф, ташбеҳ орӣ буда, калимаҳо ба маънои аслиашон кор фармуда мешаванд. Дар ҳуҷҷатҳо бояд:
а) фикр мухтасар ва бе сухани зиёдатӣ бошад;
б) ба кӣ аз тарафи кӣ навишта шуданаш аниқ бошад;
в) бо хати хоно ва беғалат навишта шуда, калимаи духӯра надошта бошад; г) ба қолаби намуди стандартишудаи ҳуҷҷат мувофиқ бошад.
Омӯзиши ҳуҷҷатҳо бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим (ба таври намуна)
Ариза бо истифода аз усули «кластер» фаҳмонда мешавад. Аризаи маъмулӣ, ки аксаран кормандон онро менависанд, аризаи ба кор қабул шудан, ба рухсатӣ рафтан ва ё аз кор озод шудан мебошад. Аризаро аслан дар варақи А4 бо даст менависанд, ё дар компютер чоп мекунанд. Навишти қисми ариза, ки дар он вазифа, унвон, ному насаби роҳбари муассиса, вазифа, унвон, ному насаби аризадиҳанда аз мобайни варақ бе сархат оварда мешавад.