30 майи соли 2026 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия Холзода Муҳамадшариф аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Сариҳавзи Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия дидан намуданд.
Бояд қайд намуд, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, соҳибкорон, корхонаву ташкилотҳо, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шабонарӯзӣ бо маром рафта истода, камбудиҳо дар ин самт бартараф гардида истодааст.
Вобаста ба рафти корҳо Ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шудааст.
Намояндаи Ҳукумати кишвар, вазири маориф ва илм вобаста ба босифати баланд анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартараф намудани оқибатҳои шусташавии соҳили дарё дар маҳалли аҳолинишин, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


