26 майи соли 2026 дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028” вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид, Тшилидзи Марвала вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия, истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаи маориф ва татбиқи технологияҳои “сабз”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, масъалаи баланд бардоштани маърифати истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи захираҳои обӣ дар миёни муҳассилини ҳамаи зинаҳои таҳсилот муҳим арзёбӣ гардид.

Дар рафти мулоқот имкониятҳои таъсиси филиали Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид (United Nations University) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқотӣ, инчунин омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди рақамӣ муҳокима шуданд.

Қайд гардид, ки густариши робитаҳои илмию амалии олимону муҳаққиқон ва коршиносони тоҷик бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои рушди таҳқиқоти илмӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ҳамзамон, таъкид шуд, ки истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, таҳқиқоти илмӣ ва идоракунии соҳа метавонад ба баланд гардидани сифати таҳсилот ва рушди захираҳои инсонӣ мусоидат намояд.

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР МУЛОҚОТ БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ СММ img
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР МУЛОҚОТ БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ СММ img
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР МУЛОҚОТ БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ СММ img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *