Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2024 инҷониб дар назди як қатор муассисаҳои таълимӣ 154 синфхонаи иловагӣ барои зиёда аз 3950 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд.
Бинобар сабаби сол то сол зиёд шудани шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ва ба миён омадани мушкилоти ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ 15-уми ноябри соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Рӯдакӣ Ҳикматуллозода Абдуғаффор, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддинзода Шарофиддин ва сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Назрулозода Зиёратшоҳ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и деҳаи Роҳатии Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 6 синфхонаи иловагӣ барои 150 нафар хонанда дар як баст, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ бинои иловагӣ иборат аз 12 синфхона барои 300 нафар хонанда дар як баст ва 1 толори хурди маҷлисӣ, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №184-и деҳаи Теппаи Самарқандӣ-3 Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 нафар хонанда дар як баст сохта ба истифода дода шуд.
Инчунин, дар деҳаи Тубеки Ҷамоати деҳоти Лоҳур Муассисаи таҳсилоти томактабии №12 барои 2 гурӯҳ бо фарогирии 60 нафар кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд.
Қобили зикр аст, ки синфхонаҳои мазкур аз ҷониби сокинони деҳот дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон