26.11.2024

26 ноябр бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири маориф ва илм ва раиси вилояти Хатлон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 мавриди истифода қарор гирифт.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.Бино аз ду ошёна иборат буда, бо 11 синфхона барои 480 хонанда дар ду баст бунёд гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф зиёд буда, барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва ба шароити замони муосир ҷавобгӯ намудани маорифи миллӣ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шароити зарурӣ муҳайё менамояд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *