28-уми январи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG) бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони шарикони рушд, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.

Дар ибтидо вазири маориф ва илм қайд намуд, ки ҷаласаи Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ платформаест, ки масъалаҳои соҳаи маорифро якҷоя бо шарикони рушд мавриди баррасӣ қарор медиҳад. То кунун дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф, аз қабили фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои фаннӣ ва дигар самтҳои соҳа дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корҳои зиёде ба анҷом расидааст.

Гуфта шуд, ки ҷаласаи имрӯза баҳри муаррифии зеркомпонентҳои лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд ва имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илм ва Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), баррасии лоиҳаи «Муҳити таълим-асоси таҳсилоти босифат», муаррифии лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соҳаи фанҳои дақиқ, риёзӣ, муҳандисӣ ва математика СТЕМ (STEM)» ва натиҷагирӣ аз фаъолияти лоиҳаи «Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияи иттилооотӣ – коммуникатсионӣ дар раванди таълими фанҳои дақиқ, риёзӣ ва таҳсилоти касбӣ, техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 мебошад.

Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, боло бурдани сифати таҳсилот, муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои босамар дар соҳаи маориф, нашри китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ, гузариш ба низоми даҳхолаи баҳогузорӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *