А. ШЕРМАТОВ,
омӯзгори мактаби №12-и шаҳри Исфара,

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастури методӣ ҳуҷҷатест, ки дар он тарзи амалӣ намудани ин ё он фаъолияти таълимӣ ё тарбиявӣ бо мисолҳои мушаххас нишон дода шудааст.

Дастури методӣ имкон медиҳад, ки навомӯз аз рӯйи нишондиҳандаҳои он фаъолияти меҳнатии худро самаранок ба роҳ мемонад ё мушкилоти дар ин самт ба миён омадаро осон намояд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дастури методӣ бояд фаҳмо, мушкилоти мавҷударо бо роҳи осон ҳалкунанда, дастрас, шавқовар ва амалишаванда бошад. Бинобар ин, мураттиби дастури методӣ ба андешаи банда ин нуктаҳои дар боло зикршударо дар вақти тартиб додани дастур ба ҳисоб гирифтанаш лозим аст. Инчунин, мураттиб вақти иҷрои ин ё он фаъолиятро ҳатман бояд ба ҳисоб гирад. Дар дастури методӣ мураттиб метавонад оид ба тарзи гузаронидани як соати дарсӣ ё қисми онро нишон диҳад. Агар дастури тарбиявӣ бошад, фаъолияти тарбиявиро ба таври пурра бо нишон додани вазифаи шахсони иҷрокунанда тартиб додан ба мақсад мувофиқ аст. 

Дастури методӣ  аз рӯйи мазмуну мундариҷа гуногун шуда метавонад. Масалан, аз қабили дастури методии таълимӣ оид ба ин ё он мавзуъ, дастури методӣ оид ба гузаронидани корҳои тарбиявӣ, дастури методӣ оид ба гузаронидани чораҷӯйҳои беруназсинфӣ, дастури методӣ оид ба гузаронидани корҳои амалӣ ва ё лабораторӣ, дастури методӣ барои ҷиҳозонидани ҳуҷраҳои фаннӣ ё лабораторияҳо, дастури методӣ барои ороиши мактаб, синфхона ва ғайраҳо. Хуб мешуд, агар дастури методиро шахсе  омода намояд, ки худаш ин фаъолиятро самаранок ташкил ва гузаронида бошаду аз тарафи иштирокдорон пазируфта шуда бошад. 

Ин гуна дастурҳо мушкилоти навомӯзро осон намуда, барои самаранок, шавқовар ва пурмазмун        гузаштани чораҷӯйҳо мусоидат менамояд. Агар мураттиб дастурро дар асоси таҷрибаи амалии худ эҷодкорона мураттаб намуда бошад, умри ин гуна дастур дароз хоҳад буд. Шахсе, ки дастур тартиб медиҳад, бояд пеш аз ҳама устоди касби хеш бошад. Яъне, дар ин соҳа таҷрибаи бой дошта, забони баёни дастур фасеҳу равон бошад. Албатта, ҳар як шахс дар давоми фаъолияти меҳнатии худ ба душвориҳо дучор мешавад. 

Бояд гуфт, ки душвориҳо ё аз камтаҷрибагӣ ё аз камдонишист. Агар душворӣ бинобар камтаҷрибагӣ ба миён омада бошад, бо ба ҳисоб гирифтани нишондодҳои дастур ба зудӣ бартараф мешавад. Аммо агар сабаби ба миён омадани душворӣ камдонишии шахс бошад, дар ин ҳол фақат ба инобат гирифтани нишондодҳои дастур кам аст. Шахс бояд дониши худро такмил диҳад. Дар давоми фаъолияти 43 — солаи худ чанд дастур аз қабили: 

1. «Нақшаи як дарси ҳисоботӣ барои хонандагони синфи 3». 

2. Дастур барои гузаронидани иди «Алифбо».

3. «Машқҳои муқаддимавии хатнависӣ».

4. «Дар эҳтироми шогирд ва устод» (соати тарбиявӣ). 

5.  «Хушбахтӣ аз сулҳ сарчашма мегирад»  Дар поён як намунаи оғози чораҷӯйи беруназсинфиро пешкаш менамоям. Азбаски нишондодҳо маҳсули эҷодиёти банда буд, ҳам иштирокдорону ҳам тамошобинон онро хело хуш қабул намуданду дастаи онро истифода бурда, аз тарафи доварон сазовори баҳои баланд гардид.

Дар мактаб маҳфили ҳозирҷавобони “Квант”-ро ташкил намудам. Албатта, дар давоми фаъолияти маҳфил ба шогирдони худ аз аҷоиботи физика чандин таҷрибаро гузаронидам. Барои ҳарчи бештар ҷалб намудани хонандагон ба омӯзиши физика хостем чанде аз таҷрибаҳоро ба хонандагони аҳли мактаб намоиш диҳем. Барои ин як эълони диққатҷалбкунанда навишта, ҳамагонро барои тамошои намоиши таҷрибаҳо даъват намудем. Оғози намоиш чунин буд: Панҷ нафар иштирокдорон дар даст суратҳои панҷ нафар олимро чаппа дошта, рӯйи саҳна меистанд ва дар бораи он олимон шеърҳо мехонанд. Бо анҷоми қироати шеър расмҳоро нишон медиҳанд. Аз аввали ҳарфи номи ин олимон калимаи «Квант» ҳосил мешавад. 

Ҳамин тавр, агар дар дастури методӣ бо баробари дастурдиҳӣ оид ба тартиби иҷрои ин ё он фаъолият, мисолҳои мушаххаси иҷрои фаъолият ҳамчу намуна оварда шавад, айни муддао мебуд. Зеро гуфтаанд: «Шунидан кай бувад монанди дидан» ва ё агар таҷрибаи амалӣ набошад, ҳеҷ як мактаб, ҳеҷ як донишгоҳ чизе дода наметавонад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *