Зафар САЙИДЗОДА,
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия,
доктори илмҳои таърих

Шароити истиқлоли милливу давлатӣ ва равандҳои умдаи густариш ва такомули шахсият, ҳамчун инсони худшинос, тақозо мекунанд, ки мактабу донишгоҳ дар маркази ҷаҳду талош баҳри расидан ба ҳадафҳои бузург дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт қарор гиранд. Тарбият кардани шахсиятҳо ва мусаллат сохтани онҳо барои ҳифз ва густариши ҳарчи бештари Ваҳдати миллӣ бидуни ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ ғайримумкин аст. Агар инсон чандин забон донад, вале дар сухан гуфтан ба забони модарӣ қодир набошад, ӯро наметавон шахси пешрафта номид. Дар ин нигошта перомуни ҷойгоҳи забон, баъзе мушкилоти ҷойдошта ва бузургу муқаддас будани забони тоҷикӣ мулоҳиза, пешниҳод ва андешаҳо дар бахшҳои алоҳида баён гардидаанд.

           Неру бахшидан ба раванди табдили забони адабии тоҷикӣ ба забони                                                                  умумимиллӣ 

Нерумандтарин забон ҳамон забон аст, ки сохтори забони меъёр бо сохтори гӯишу лаҳҷаҳои гӯяндагонаш фарқи хеле кам дошта бошад.
Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсат, қонунгузорӣ, коргузорӣ, муоширати байни сокинони кишвар, забони илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар истифодаи васеъ қарор дорад ва ба ин забон санадҳои ҳуқуқӣ, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳимми байналмилалӣ таҳия мегарданд, дар минбарҳои бузург ва муътабари ҷаҳонӣ забони давлатӣ танинандоз аст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ беш аз пеш маъруфият касб менамояд, ҳамаи ин моро водор месозад, ки ба забони худ арҷ гузорем ва барои рушду такомули он ба таври ҳамагонӣ талош варзем. Кӯшиш намоем, забони модарии худро ба забони фарогир, яъне, ба забоне, ки на фақат дар саҳифаи китобҳову рӯзномаҳо менависему аз минбарҳо ва дар телевизион гап мезанем, балки дар ҳаёти одӣ ва бо наздикону дӯстону ҳамсоягону ҳамватанон бо он суҳбат мекунем, табдил диҳем.
Чунин ба назар мерасад, ки гӯё мо як фурсати мусоидеро мунтазирем, то ин ки ба сухан гуфтан бо забони меъёр оғоз кунем, дар сурате ки ин фурсат кайҳост, ки оғоз шудааст. Мо бояд дар ҷомеа чунин муҳите барпо кунем, ки ҳар фард пеши худ вазифа гузорад: ӯ бояд на танҳо забони давлатиро хуб донад, балки онро дар гуфтор бо ҳама кас ва дар ҳама ҷо ба кор гирад.
Ба манзури ҷиддӣ намудани талаботи забондонии онҳое, ки довталаби масъулиятҳои роҳбарӣ ва намояндагӣ дар парлумони кишвар ва мақомоти намояндагӣ дар маҳалҳо мешаванд, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як зумра санадҳои марбут меъёрҳое дохил карда шуданд, ки донистани хуби забони давлатиро ба таври ҳатмӣ тақозо мекунанд.

                                                      Меъёр ва ҳусни баён
Шевову равон ва дурусту беғалат сухан гуфтан мавзуи ҳамешагӣ дар ҳар забон аст, вале дар забони мо ин масъала аҳаммияти бунёдӣ дорад, зеро зебоӣ, латифӣ, ширинӣ хоси забони тоҷикӣ мебошанд. Забони тоҷикӣ бо вожагони зебову савти дилнишин ва баҳамомезии мавзуни калимаҳо гӯши шунавандаро менавозад ва ҳамчун нағмаҳои парандагони хушхон қалбу руҳи инсонро фараҳманд мегардонад.
Зоти забони тоҷикӣ ширин аст ва дар ҳамбастагӣ бо савтиёти гуворо ва маънову мафҳумҳои баланд, зинату зевари ҳунариву бадеӣ некутарин ва баландтарин мақому ҷойгоҳро дар ҷамъи забонҳои дунё соҳиб гаштааст. Бисёре аз шарқшиносони номдори ҷаҳон забони тоҷикии форсиро медонанд. Ва ҳангоме ки аз онҳо мепурсанд, ки чаро забони моро омӯхтаанд, посух медиҳанд, ки осори навишташуда ба забони тоҷикии форсӣ ганҷинае аз илму донишу маърифат аст, аз ин рӯ, мехоҳанд худашон, бе миёнарав, ба ин ганҷи гаронбаҳо даст ёбанд.
Дар Бангладеш дар маросими таваллуди навзодон мардуми ин кишвар ашъори Мавлоноро ба забони асл аз ёд мехонанд, ҳарчанд ки забони тоҷикиро хуб намедоданд. Ё ин ки Суруди миллии Покистон ба забони тоҷикӣ аст ва бисёре аз бузургони илму адаб ва сиёсати ин мамлакат ба забони тоҷикии форсӣ ошноӣ доранд.
Мо, ки меросдори азамати таърихии ин забони тавоно ва шево ҳастем, бояд аз соҳиби чунин забони оламгир будан бинозем, талош кунем, ки бар тавоноиву шевоияш биафзоем, бо ишқу дилдодагӣ ба поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷинаи гаронбаҳо худро масъул шуморем. Аммо набояд ин ҳама изҳори муҳаббату садоқат ба забони миллиамон ҷанбаи эъломӣ дошта бошад, балки бо тарзи гуфтори дуруст, бо риоя намудани қоидаҳои имло ва бо корбурди санъати каломи бадеӣ собит намоем, ки мо ворисони сазовори ниёгонамон ҳастем.
Мутаассифона, имрӯзҳо дар васоити ахбори омма, ки конуни омӯзиши забон бояд бошанд, гоҳе корҳое рух менамоянд, ки ба забони расмии кишвар осеб мерасонанд. Забони баъзе рӯзномаву маҷаллаҳо бо калимаҳову истилоҳоти ғалату душворфаҳмашон ба талаботи забони меъёр ҷавобгӯ нест. Дар маводи чопкардаи аксари рӯзномаҳо, ҳатто, қоидаҳои қабулшудаи имло риоя намешаванд. Чунин муносибат ба қоидаҳои имло, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардидааст, саҳлангорию бемасъулиятии муаллифон ва роҳбарони чунин нашрияҳо дар амри риоя намудани Қонуни забон мебошад.
Мусаллам аст, ки ҳар қаламкаш дар доираи донишу малакааш эҷод мекунад, вале ин маънои онро надорад, ки ҳар кас худсарона ва бе риояи сабки хоси забони тоҷикӣ чизҳое нависад, ки барои доираи васеи хонандагон умуман фаҳмо набошад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик аз рисолати касбии рӯзноманигорон сухан ронда, аз ҷумла, чунин гуфтаанд: «Бо забони содаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман, аҳли қалам мебошад. Аҳли қалам ва рӯзноманигорон худашон бояд дар масъалаи риояи қонун дар бораи забон, тозагии он ва рушди забони ширин ва шоиронаву шевои тоҷикӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Ба андешаи ман, ин яке аз рисолатҳои касбӣ ва қарзи шаҳрвандии рӯзноманигорон маҳсуб мешавад».
Ин панди устодонаву ҳакимонаи Сарвари давлат барои ҳамаи аҳли қалам ва хусусан, барои рӯзноманигорон бояд сабақи бузург ва дар фаъолияти ҳаррӯзаашон чароғи роҳнамо бошад.

                                    Компютерӣ кардани забони тоҷикӣ
Компютерӣ кардани забони тоҷикиро Роҳбари давлат яке аз омилҳои нерубахш ба раванди густариши забони тоҷикӣ медонад. Ин раванд, пеш аз ҳама, маънои ба вуҷуд овардани фазои ягона ва ба низом даровардани коргузории расмии идораҳо ва муассисаҳои давлатиро дар асоси истифодаи василаҳои техникӣ дорад. Барои ба вуҷуд овардани низоме, ки ба талаботи даврони истиқлол ва рушду тавсеаи забони давлатӣ мусоидат намояд, дар марҳалаи аввал бояд ба ҳалли ду масъала кӯшиш намоем: ба ҳамаи компютерҳо насб кардани сафҳакалиди (клавиатураи) тоҷикӣ ва таъмини компютерҳо бо вироишгари матнҳои тоҷикӣ.
Дар шароите, ки компютер як унсури ҷудонопазири воситаҳои зиндагии мост, мебояд тамоми истифодабарандагони воситаҳои технологияҳои иттилоотии кишвар дар компютерҳо барномаи ягонаи тоҷикӣ насб кунанд, зеро имрӯзҳо сафҳакалиди тоҷикӣ ва вироишгари матнҳои тоҷикӣ аз ҷониби олимони тоҷик ба вуҷуд оварда шудаанд. Вироишгари матнҳо, ки ба таври худкор имлои калимаҳоро баррасӣ ва дар мавриди ташхиси хатое дар вожаҳо шакли дурусти онҳоро пешниҳод менамояд, ба коҳиш ёфтани ғалатҳои имлоӣ кумак хоҳад кард ва дар роҳи покизагии забони давлатӣ мусоидат хоҳад намуд.

                           Дурусту беғалат нигоштани лавҳаҳо ва овезаҳо
Яке аз мушкилот дар иҷрои муқаррароти Қонуни забон ба масъалаи эълону реклама, лавҳаю овезаҳо, номгузории муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ марбут аст. Дар баъзе мавридҳо навиштаҷоти ороиши берунӣ ва дигар лавҳаю овезаҳо бар хилофи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия мешавад, ки ин як навъ қонуншиканӣ мебошад.
Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳо номҳои фаровони хориҷӣ, ки ба қонунгузории мо мухолифат доранд, ба мушоҳида мерасанд. Номгузорӣ ба забонҳои хориҷӣ беэҳтиромӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, Истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Дар баъзе лавҳаву овезаҳо қоидаҳои одитарини имлои забони тоҷикӣ риоя намешаванд ва пур аз ғалат мебошанд. Ҳатто дар лавҳаҳое бо дуруди наврӯзӣ ғалатҳои имлоӣ ба чашм мехӯранд.
Матни норавону пурғалати овеза ва шиорҳо беэҳтиромиро ба забони модарӣ ба миён меоварад. Ин падидаи номатлубро на фақат дар шаҳру ноҳияҳо, балки дар пойтахт низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Бино бар ин, агар ҳаллу фасли оқилонаву равшангаронаи ин масъала, аз як сӯ, вазифаи ороишгарону рассомону тарҳрезон бошад, аз сӯйи дигар, вазифаи роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад.

                   Сифати тарҷумаи филмҳои истеҳсоли хориҷӣ ба забони                                                      тоҷикиро беҳбуд бояд бахшид
Сифати тарҷумаи филмҳои хориҷӣ боз як мавзуи печида аст. Аксари филмҳои хориҷие, ки дар солҳои охир ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд, бо калимаҳову таркибҳои номуносиб ва таҳтуллафзӣ баргардоншуда ба одитарин талаботи касбӣ посухгӯ нестанд.
Дар шароите, ки бисёре аз ҳамватанони мо ба тамошои ин филмҳо мароқ доранд, пахши чунин филмҳо бо лаҳни номуносиб муҷиби паст фаромадани завқи бадеӣ ва коста гардидани малакаи забондонии мардум мегардад.
Дар бораи тарҷумони хуб назарҳову ақидаҳои зиёде баён шудаанд. Дар нигоҳи аввал ба назар мерасад, ки тарҷумони хуб бояд ду забонро фаро гирифта бошад. Аммо барои тарҷумони хуб будан, илова бар ду забонро донистан, аз баъзе маҳоратҳо ва вижагиҳои дигар низ бархӯрдор будан лозим аст. Истеъдоди нависандагии тарҷумон бояд дар ҳудуди истеъдоди муаллифи асари тарҷумашаванда бошад. Агар касе натавонад як асари хубу хонданӣ нависад, аз эҳтимол дур нест, ки тавоноии тарҷумаи як асари хубу хонданиро низ надорад. Тарҷумони хуб бояд, мисли ҳунарпешаи хуб, ба калимаҳо ҳаёту ҳаракат бахшад ва муҳимтар аз ҳама, ҳатман бояд нависанда бошад. Мутаассифона, аксари тарҷумонҳои ин гуна филмҳо касоне мебошанд, ки аз ҳунари нависандагӣ хабаре надоранд.
Вижагиҳои тарҷумони хубро коршиносон чунин тафсир намудаанд:
– муҳтавои матн ва ҳадафи нависандаро ба хубӣ дарк кунад;
– аз дониши васеъ дар матни аслӣ бархӯрдор бошад;
– аз тарҷумаи лафз ба лафз, ки ҳам ба мафҳуми матни аслӣ ва ҳам ба зебоии он зарба ворид мекунад, парҳез намояд;
– бо шаклҳои гуфтории роиҷ ва маъмул дар ду забон хуб ошно бошад ва ба таври муносиб ба кор гирад;
– аз тариқи интихобу тартиби муносиби калимаҳо таъсири ҳамаҷониба ва лаҳни матни аслиро ба тарҷума интиқол диҳад.

Умед аст, ки ин масъала ҳалли худро пайдо менамояд ва тамошобинон на фақат аз муҳтавои филмҳо, балки аз гуфтори ширину шевои тоҷикона эҳсоси лаззат мекунанд.

                            Эҷоди асарҳои баландмазмун ва баландғоя
Имрӯз вазифаи аввалиндараҷаи ҳар қаламкаш тарғиби арзишҳои олии фарҳанги миллӣ, ки забон унсури асосии он аст, мебошад. Адибон, ки дар ҳамаи давру замон дар сафи пеши созандагӣ, эҳёи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши донишу маърифат қарор доштанд, имрӯз низ бояд бо офаридани асарҳои пурмазмуну баландғояашон насли ҷавонро ба ватандӯстӣ, гиромидошти забони модарӣ, илмомӯзӣ ва умуман, инсони комил шудан ҳидоят намоянд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ин ки Истиқлоли миллӣ ба аҳли сухан шароити озоди эҷодиро фароҳам овардааст, бо муроҷиат ба адибон гуфтааст: «Имрӯз майдони сухан барои аҳли эҷод фарох аст. Шумо асарҳои баландғоя эҷод намоед, онҳо, албатта, бо дастгирии Ҳукумат нашр хоҳанд шуд. Эҷоди асарҳои пурмазмун ва таблиғкунандаи арзишҳои волои милливу умумибашарӣ барои тарбияи кӯдакону наврасон хеле муҳим мебошад».
Ҳамчуноне ки дар саҳифаҳои боло гуфта шуд, адабиёт, пеш аз ҳама, маъно ва ҳикмат аст, – маъно ва ҳикмате, ки дар қолаби сухани дилчасп, нақли ҷолиб ва бо истифода аз санъатҳои баланди бадеӣ, ташбеҳу истиораву таносуби калом офарида шудааст. Яъне, китобҳои бадеӣ фақат баёни қиссаву ривоят ва зодаи қалампардозиҳо ва хаёлбофиҳои нависандагон нестанд. Нависандагон мекӯшанд, то дар қолаби каломи дилписанд достони ҳақиқатҳои талхи рӯзгоронро бозгӯянд ва парда аз бедодгариҳо, палидиҳо, ситамгариҳо, номуродиҳо ва нобасомониҳои боварнакарданӣ бардоранд. Онҳо – гоҳе аз забони худ ва гоҳе аз забони қаҳрамонони асарҳояшон андарз мегӯянд ва ба хонанда роҳи хушбахтӣ ва саодатро нишон медиҳанд. Дар романҳову достонҳо некиву бадӣ, дӯстиву душманӣ, вафову хиёнат, меҳрубониву хушунат ва дигар масъалаҳо дар канори ҳам қарор дода мешаванд, то хонанда беҳтар ва бештар биомӯзад.
Рӯиҳамрафта адабиёт бо ҳама нақши бузурги иҷтимоиаш, пеш аз ҳама, сарчашмаи омӯзиши гуфтори адабӣ мебошад. Китоби хуб он китоб аст, ки мазмунҳои баланд бо забони зебову шево ва суфтаву равон баён шуда бошанд. Китоби хуб на танҳо саргармкунанда аст, балки ҷанбаҳои омӯзишӣ низ дорад ва ба хонанда донистаниҳои тозае медиҳад. Ҳамчуноне Сарвари давлат таъкид намудаанд: «Хонандаи мо имрӯз зиёдтар ба асарҳое ниёз дорад, ки дастовардҳои даврони истиқлолият, кору пайкори қаҳрамонони сохтмонҳои бузурги кишварамонро бо ҳақиқатнигорӣ ва завқи баланди бадеӣ инъикос менамоянд.
…Китобҳое бояд ба нашр расонд, ки рисолати таърихии миллатро рӯшан намоянд, неруи зеҳниро бедор кунанд, моро ба донишандӯзию ҷаҳоншиносӣ бихонанд, оташи муҳаббатро ба Ватан, обу хоки поки он, рамзҳои муқаддаси миллӣ дар дили мардум барафрӯзанд. Ба андешидан водор созанд, ки мо кистем, аз куҷоем ва дар пайи чистем, моро бедории милливу фарҳангӣ ва ҳушёрии сиёсӣ бахшанд, то бидонем, дӯст ва душмани мо кист, чӣ касе ба сарзамини мо аз дари дӯстӣ даромада, чӣ касе бо ғаразҳо ва ҳадафҳои нопок. Он гоҳ метавон гуфт, ки мо вазифаи муқаддаси худро дар назди миллату Ватан анҷом додаем».
Навиштани китобе бо чунин вижагиҳо кори саҳл нест, аммо ҳар як адиб, чун қалам барои эҷод мебардорад, пеши худ биандешад, ки ӯ барои тарбияи завқи бадеии ҳамватанони хеш масъулият дорад.

                                       Чопи китоби олимон ва адибони гузашта
Мо бояд мероси гаронбаҳои ниёгонамонро, ки ганҷинаи бузурги маънавӣ мебошад, барои тарбияи мардум дар руҳи худогоҳию ватандӯстӣ истифода намоем. Осори илмӣ, адабӣ ва фалсафии бузургони миллати мо осори куҳнашудаи гузашта нест, балки он имрӯз ҳам чун сарчашмаи ҳалли мушкилоти ҷомеаи муосир хизмат карда метавонад. Ин мероси пурбаҳои адабӣ барои кишвари соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёди мо хеле зарур мебошад, зеро бунёди ҷомеаи нав инсони худшиносу худогоҳ ва дорои ахлоқи неку маънавиёти баландро тақозо менамояд ва хушбахтона, осори адабии ниёгони мо саршори андешаҳои волои ахлоқиву башардӯстӣ буда, дар тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии мардум нақши бузург мебозад. Аз соли 2004-ум инҷониб ҳамасола аз Хазинаи эҳтиётии Президенти мамлакат барои табъу нашр маблағ ҷудо мешавад. Дар натиҷа, ҳар сол аз тариқи муассисаҳои табъу нашрм ҷумҳурӣ даҳҳо номгӯй китобҳои адибони гузашта ба табъ расида, дастраси ихлосмандони каломи ноб мегарданд.

                       Забони мо мояи ифтихори мо, тоҷикон аст
Ҳар халқу миллате ба ҳамон андозае, ки марзҳои зиндагии моддӣ ва андешаи маънавии худро густариш медиҳад, забони худро тавонотар ва умри онро дарозтар менамояд, зеро ҳамон гуна, ки ошкор аст ва таърихи инсоният нишон медиҳад, забон падидаест, ки монанд ба мавҷудоти зинда аст, – рӯзе ба дунё меояд, замоне ба ҳаёти худ идома медиҳад ва чун неруи зиндагиашро аз даст дод, умраш ба охир мерасад. Тӯли умри ҳар забон вобаста ба неруи ҳаётӣ ва қувваи офаринишу созандагии соҳибони забон аст.
Аҳли забонро метавон ба сокинони шаҳре монанд кард, ки меъморони он забон сохтаанд ва ин меъморон шоирон, нависандагон, олимон, мутафаккирон мебошанд. Меъморони асили забони тоҷикӣ низ ҳазорон сол пеш калима ба калима ин забонро ҳамчун меъморони моҳир канори ҳам чида, бақои ин забонро барои садсолаҳо муайян сохтанд.
Акнун вазифаи мо – сокинони шаҳри забони тоҷикӣ – аст, ки ин мероси гаронқадрро, ки гузаштагони некномамон аз худ ёдгор гузоштаанд, посдорӣ ва ҳифз кунем.
Равшан аст, ки аҳли ин шаҳр – шаҳри забони тоҷикӣ – дар асри бисту якум бо ниёзҳо ва мушкилҳои хосе рӯбарӯянд, вале онҳо набояд аз ин мушкилиҳо ҳаросанд, балки ҷидду ҷаҳд намоянд ва нагузоранд, ки ин мероси гаронбаҳои расида аз ниёгонашон вайрон шавад. Барои ҳифзи он пайкор кунанд, ки ин забони ширину шево барои наслҳои ояндаи тоҷик хидмат кунад ва ҳамчуноне ки мо, имрӯзиён, забони Рӯдакиро мефаҳмем, баъд аз ҳазор сол ояндагон забони моро фаҳманд.
Забони тоҷикӣ забонест, ки андеша, ҳувият ва халқияти моро шакл додааст ва зарифтарину зеботарин ҷанбаҳояш ба хусусияти миллии мо табдил гаштаанд.
Забони тоҷикӣ унсури ваҳдатбахш, рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллии мост.
Забони тоҷикӣ забони илм, адабиёт, калом, мантиқ, фалсафа аст. Агар ба китобҳои таърихӣ назар андозем, мебинем, ки ин забон дар ҳама замон ва дар тамоми риштаҳои илм қудрати баён доштааст.
Забони тоҷикӣ забонест, ки дар тӯли таърих асолаташро нигоҳ доштаву сурудаҳои Рӯдакӣ – падари шеъри форсӣ – баъд аз ёздаҳ садсола ҳанӯз ҳам барои мо фаҳмоянд:

                                   Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рӯзгор,
                                   Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.

Имрӯз ҳар як мактабхони тоҷик забони ашъори Рӯдакӣ, достонҳои «Шоҳнома» ва рубоиёти Хайёмро ба хубӣ мефаҳмад.
Осори Шекспирро, ки чаҳорсад сол пеш суруда шудааст, англисзабонон, бидуни ба забони имрӯз баргардонидан, намефаҳманд. Пас, месазад, ки ба ин забони ниёкону модари худ бифахрем ва онро чун номаи миллати худ ҳифз кунем.
Дар бисёре аз биноҳои даврони ҳукмронии муғул дар Ҳиндустон ашъори тоҷикӣ бар рӯйи катибаҳои мармарин ҳаккокӣ гардидааст. Дар сароҳо ва кохҳои ҳукуматдорони турки усмонӣ катибаҳо ба забони тоҷикӣ ва бо хати заррин нигошта шудаанд. Он гоҳ барои мо гуноҳе набахшиданӣ аст, ки дар гаҳвораи забони тоҷикӣ ин забони азизро густариш надиҳем. Агар замоне Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол ва садҳо ниёгони бузургамон бо осори оламгирашон забони тоҷикиро аз нав зинда карданд ва онро шуҳраи офоқ намуданд, чаро мо имрӯз барои нигоҳ доштани забони падаронамон кӯшиш накунем?
Мо бояд, ҳарчи дар тавон дорем, аз вожаҳои тоҷикӣ баҳра барем ва тоҷикона сухан гӯем, зеро миллати мо тоҷик ва забонамон тоҷикӣ аст.
Забони мо мояи ифтихори мо, тоҷикон аст. Моро ба ин забон мешиносанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *