Ҳасан АЗИЗОВ,
“Маърифати омӯзгор”

 

 

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси олам ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоиву иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Мавҷудияти коррупсия, паҳншавӣ ва афзудани он пояҳои давлатдориро заиф гардонида, обрӯю нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонад. Ин аст, ки муқовимат бо коррупсия ва андешидани чораҳои зиддикоррупсионӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин ҷода пайваста тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Маҳз бо ин мақсад бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои дахлдор чанде пеш конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши соҳаи маориф ва илм дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии аҳолӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронс вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ карданд.
Махсусан, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода таъкид намуд, ки нақши соҳаи маориф ва илм дар самти муқовимат бо коррупсия ва баланд бардош- тани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ беназир буда, бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва ташкили муқовимат бо коррупсия фароҳам оварда шудааст, ки давоми се даҳсолаи охир дар ин самт як силсила қонунҳо, консепсияҳо ва барномаву стратегияҳо таҳия ва қабул гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сиёсати зиддикоррупсионӣ корҳои зиёде ба сомон расидааст. Инчунин, Раҳим Саидзода аз мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия суҳбат намуда, қайд кард, ки Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дарки хатари коррупсия ва оқибати манфӣ доштани он санадҳои байналмилалии дахлдорро вобаста ба муқовимат ба коррупсия ратификатсия намудаст.
Дар идома гуфта шуд, ки дар раванди бун- ёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Эълон шудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» тақозо менамояд, ки масъалаи вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати боло бурдани донишҳои ҳуқуқӣ ва маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ вусъат дода шуда, шаҳрвандон дар руҳияи муносибати оштинопазир ба кирдорҳои коррупсионӣ тарбия карда шаванд. Бо дарназардошти ҳолати ҷойдошта ба мақсади пешгириву огоҳонидани қонуншиканӣ дар самти зикршуда зарурияти густариши ҳарчи бештари функсияи тарғибу ташвиқи қонунҳо, вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мақомоти ҳокимият, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба миён омадааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ дар низоми маорифи кишвар пайваста тадбирҳои судманд ба роҳ монда мешаванд. Аз ҷумла:
— ба таври мунтазам миёни омӯзгорону кормандони соҳаи маориф корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти муқовимат бо коррупсия ба роҳ монда мешаванд;
— бо ҷалби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот суҳбату мулоқоти судманд анҷом дода мешаванд;
— миёни кормандони шуъбаҳои маорифи тамоми шаҳру ноҳияҳо семинарҳои омӯзишӣ роҳандозӣ мегардад;
— тавассути воситаҳои ахбори омма аз ҷониби омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ корҳои тарғиботӣ ба амал бароварда мешаванд.
Дар баробари ин, вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки зарур аст, бо мақсади ҷоннок кардани кор дар самти баланд бардоштани маърифати зиддикорупсионии аҳолӣ дар низоми маориф ва илм корҳои зерин анҷом дода шаванд:
1) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа ба роҳ монда шаванд;
2) курсҳои такмили ихтисос дар мавзуи роҳҳои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил карда шаванд;
3) навиштан ва ҳимояи корҳои мустақилона, корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм ва дипломӣ, рисолаҳои магистрӣ ва диссертатсияҳои номзадиву докторӣ дар пайванди ба мавзуи мазкур ба нақша гирифта шаванд;
4) гузаронидани мизҳои мудаввар, семинар, конференсия ва дигар ҳамоишҳои илмии сатҳи гуногун ташкил ва баргузор карда шаванд;
5) омода ва чопи брошюра, роҳнамо, воситаҳои таълимӣ ва дигар маводи чопӣ вобаста ба роҳҳои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ба роҳ монда шаванд;
6) дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ барномаҳои алоҳида бо ҷалби олимону коршиносон ва мутахассисони соҳибтаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ташкил карда шаванд;
7) ташкили озмунҳои беҳтарин мақола ва асарҳои илмию оммавӣ дар мавзуи муқовимат бо коррупсия ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.
Дар тақвияти суханҳои мазкур директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода изҳор дошт, ки воқеан, соҳаи маориф дар ташаккули маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва дар ин замина ҷиҳати баланд бардоштани неруи зеҳниву ақлонии ҷомеа нақши калидӣ дорад, вале аз нигоҳи хавфҳои коррупсионӣ осебпазир будани фаъолияти масъулини соҳаи маориф ва илм дар он зоҳир мегардад, ки онҳо самти васеи фаъолиятро дар бар гирифта, иртиботи мустақими шаҳрвандон дар заминаи омилҳои инсонӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба миён меояд. Маҳз ҳамин омил барои тамоми кормандони соҳаи маориф ва илм вазъи воқеие маҳсуб меёбад, ки қобилияти таъсиррасониро ба хавфҳои коррупсионӣ метавонад коҳиш диҳад ё худ дар ба миён омадани ҳолати коррупсионӣ бевосита мусоидат намоянд.
Мақомоти назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия вобаста ба самти фаъолияти худ дар баробари назорати таъмини истифодаи самарабахши маблағу воситаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ва илм, инчунин, вазъи сифати таҳсилу таълим ва риоя гардидани талаботи қонунгузориро дар ин самт тибқи салоҳияту ваколатҳои худ назорат бурда, ҷиҳати огоҳонӣ, пешгирӣ, ошкору бақайдгирӣ, таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, таҳвили хавфҳои коррупсионӣ, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва молиявии онҳо мунтазам корбарӣ мекунад.
Директори агентӣ дар идома иброз дошт, ки кормандони соҳаи маориф ва илм дар ҳақиқат, дар адои вазифаҳои хидматӣ, бахусус, рисолатӣ омӯзгорӣ баҳри таълиму тарбия, баланд бардоштани донишу малака, раванди бунёдкориву созандгӣ ва мустаҳкамнамоии дастовардҳои соҳа, ҳамзамон, пояҳои истиқлоли давлатӣ хизмати шоиста карда, ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои пешгирикунанда дар самти муқовимат ба коррупсия корҳои назаррасеро ба анҷом расонидаанд…
Ҳамзамон, дар конфронс гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар воқеъ, пешрафти соҳаи маориф ва илмро, ки аз соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад, яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, дар ин ҷода мунтазам ҷиҳати коҳиш додан ва бартараф намудани хавфу омилҳои коррупсионӣ дар раванди таълиму тадрис ба шаҳрвандон ва рушди бомароми соҳаи мазкур, ҳамзамон, расидан ба ҳадафҳои пешгузошта, тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёд буда, имрӯз дар ин раддабандӣ кишвари мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта, ҷойи 21-умро ишғол менамояд. Аз ин рӯ, ба мо зарур аст, ки ба ҳамаи ин қадршиносиҳои Ҳукумату давлат ва эътимоди мардуми шарифи Тоҷикистон сипосгузору ҷиҳати арзандагии аз ин бештар сазовор бошем.
С. Султонзода ёдрас шуд, ки тибқи муқаррароти моддаҳои 8 ва 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” тамоми вазорату идораҳо ва кулли шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба ҳайси субъект- ҳои муқовимат бо коррупсия пешбинӣ кардааст ва зимнан ҳамаи моро уҳдадор намудааст, ки бо коррупсия бевосита муқовимат намоем ва дар муқовимат бо ин амали нанговар фаъолона ширкат варзем. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки иҷрои вазифаҳои хидматии худро баҳри ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастаҷамъона барои паст кардани шиддати коррупсия равона созем, зеро муқовимати мову шумо ва тамоми сокинони Тоҷикистон кафили рушди натанҳо соҳаи маориф ва илм, балки кафили инкишофи кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мегардад.
Инчунин, Дилшод Сафарзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни иораи маърузаи худ гуфт, ки яке аз роҳҳои паст намудани хавфҳои коррупсия ва пешгири аз амалҳои коррупсионӣ ин ташаккули шуури зиддикоррупсионӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ мебошад, ки дар ҷараёни он насли наврас ва дар навбати худ падару модарони онҳо ва аҳли маориф оид ба зуҳуроти коррупсия ҳамчун зуҳуроти воқеии номатлуби муосир маълумоти муайян пайдо менамоянд ва аз роҳҳои пешгирии паҳншавии он бархӯрдор мегарданд.
Д. Сафарзода дар идома иброз дошт, ки маърифати зиддикоррупсионӣ яке аз унсурҳои муҳимми низоми маънавӣ буда, он қобилияти бошуурона ва боадабона ба коррупсия муқовимат нишон додани инсонро ифода менамояд. Ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ бо дарназардошти миқёси паҳншавии коррупсия ҷараёни хеле муҳим буда, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, ки яке аз иштирокдорони паст намудани хавфҳои коррупсионӣ ва мубориза бар зидди ин ҳолати номатлуб ба шумор меравад, баҳри амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум — солҳои 2021-2025″ ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он як қатор корҳоро ба анҷом расонида, силсилаи вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки падару модарон, омӯзгорону мураббиён ва хонандагон пайваста доир гардонидааст ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт роҳандозӣ шуда истодааст.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми ноябри соли 2018, №565 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми июни соли 2023, таҳти рақами №842 ба тавсиб расидааст, ки ҳамкориҳои судманд- ро бо тамоми ташкилотҳои молиявию қарзӣ ва бонкҳои кишвар вусъат бахшида, барои пардохти тамоми маблағҳо дар муассисаҳои таълимие, ки хизматрасонии пулакӣ доранд, пардохтии электронӣ пешниҳод шуда, даромад тавассути он қабул карда шуда, расид пешниҳод мегардад, ки доду гирифти нақдиро дар муассисаҳои таълимӣ аз байн мебарад. Амалӣ гаштани доду гирифти нақдӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба паст гаштани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд. Инчунин, ҷорӣ гаштани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф, тақвияти равобити муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа, баланд бардоштани самаранокии хидматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маорифро низ барои роҳ надодан ба баъзе омилҳои мусоидаткунандаи амалҳои коррупсионӣ, заминагузорӣ намудааст.
Дар идомаи конфронс Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки бештари ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳо омилҳои таҳрикдиҳанда доранд ва сабабу шароитҳои гуногун барои рух додани онҳо замина мегузоранд. Амалҳои коррупсионӣ ва даст задан ба ин зуҳуроти номатлубро хоси як соҳаи маориф арзёбӣ намудан ва танҳо ба як ниҳод робита додани он дуруст намеояд. Вале ба хотири пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он аз ниҳоди маориф, аз соҳае, ки таълиму тарбия ва инсонгароӣ вазифаи он маҳсуб меёбад, чораҳои ҳатмӣ ва саривақтӣ бояд андешида шавад, чунки Вазорати маориф ва илм маҳаки асосии тарбия намудани насли наврас дар ҷомеа ва пиёдакунандаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад. Дар марҳилаи кунунии ҷаҳони пуртазод нақши тарбия ва раҳнамун сохтани мардум ба роҳи рост ва дурӣ аз ҳама гуна қонуншиканӣ ниҳоят баланд буда, бо сухани дуруст фаҳмонидани ҷомеа метавон ба ҳадаф расид. Ин рисолат бар дӯши омӯзгор ва тарбиятгар буда, дар ҳамкории қавӣ бо муҳити оила ва ҷомеа барои расидан ба ҳадафи бузурги инсонӣ, яъне, тарбия намудани насли наврас ва маҳдуд намудани имконияти ба амалҳои номатлуб даст задани онҳо нақши худро мегузоранд.
З. Абдулзода таъкид кард, ки сар задани амали коррупсионӣ дар ин ё он муассисаи таълимӣ масъалаи доғ буда, мухолифи қонунгузорӣ қарор мегирад, вале таъкид намудан баҷост, ки як амали дар ин ё он минтақа сарзада, набояд дар нисбат ба ҳамаи бахшҳои маориф ба ҳайси як масъалаи доғи соҳа муаррифӣ гардад.
Инчунин, таъкид карда шуд, ки вобаста ба пешгирии ин амали нангин дар ҳамаи курс-ҳои такмили ихтисоси омӯзгорон ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илм оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ маърузаҳо хонда мешавад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бошад, дар синфҳои 8 ва 9 тавассути фанҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ, синфҳои 10-11 тавассути фанҳои ҳуқуқи инсон тариқи машғулиятҳои беруназмактабию беруназсинфӣ низ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва дарки масъалаҳои ҳуқуқӣ, риояи талаботи ҳуқуқӣ ва роҳ надодан ба фасод ва амалҳои ба он монанд маълумоти кофӣ дода мешавад.
Дар конфронс қайд гардид, ки қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омилҳои пайдо шудани амалҳои коррупсиониро дар қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз байн бурда бошад ҳам, вале дар раванди супоридани имтиҳонҳои хатм ва аз курс ба курсгузарӣ, интиқол аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар хавфи сар задани амалҳои коррупсионӣ вуҷуд дорад. Маҳз ба ҳамин хотир Вазорати маориф ва илм бо дарназардошти пурра аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб роҳҳои гузаришу имтиҳонсупориро дар доираи талаботи имрӯз сода ва ба манфиати донишҷӯён таҳия намудааст. Яъне, донишҷӯ бо истифода аз сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ ва гирифтани баҳои хубу намунавӣ бе ягон мушкилот ба муассисаи таълимӣ муроҷиат намуда, бо дарназардошти сатҳи дониш барои интиқол, барқарор ва ё гузаштан ба дигар муассисаи таълимӣ иҷозат дода мешавад.
Ғайр аз ин, интиқоли донишҷӯй аз хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ сода карда шуда, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи муассисаи таълимии донишҷӯ дар он таҳсилнамуда, баҳо ба сатҳи дониши ӯ, маълумотномаи тасдиқкунандаи таҳсили донишҷӯ ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод ва таҳсили ӯ бо муайян намудани мақоми баробарарзишӣ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ё он муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қабул карда мешавад.
— Камераҳои назоратӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ насб карда шуда, заминаҳои сар задани қонуншиканӣ бештар аз 70% маҳдуд карда шудааст, — илова кард муовини вазири маориф ва илм.
Дар фарҷоми конфронс қайд гардид, ки баргузории чунин ҷамъомад бо иштироки тамоми намояндагони соҳаи маориф ва илми кишвар бори нахуст буда, дар он масъалаҳои мубрами самти муқовимат ба коррупсия ва натиҷаҳои он таҳлилу баррасӣ ва муҳокима карда шуданд.
Бояд гуфт, ки дар конфронс бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо куррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорону меҳмонони ҳамоиши сатҳи баланд брошюраҳо (маълумотнома) зери унвони “Мо бар зидди коррупсия дар соҳаи маориф” тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *