6 майи соли 2025 таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ вобаста ба рафти иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021–2025 баргузор шуд.

Дар оғози ҷаласа вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва таъмини иҷрои сифатноки стратегияву барномаҳои давлатии марбута ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат солҳои охир соҳаи маориф ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, бо мақсади дарёфт ва дастгирии насли наврасу болаёқат, муҳайё намудани шароити мусоиди таълимӣ, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ ва татбиқи ислоҳоти муҳимми соҳа, пайваста тадбирҳои фарогир андешида мешаванд. Стратегияву барномаҳои давлатӣ на танҳо омили муҳимми пешрафти низоми таҳсилот, балки сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони кишвар ба шумор мераванд.

Сипас, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода дар бораи натиҷаҳои бадастомада дар ҷараёни иҷрои барномаи мазкур ҳисобот дод. Тибқи гуфтаи ӯ, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо мақсади таъмини иҷрои босифат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбута, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.

Мавсуф изҳор дошт, ки ҳамасола раванди иҷрои барнома ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он, ки аз 88 банд иборат аст, мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор мегирад. Ин раванд бо мақсади таҳкими назорат, баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва кумаку машварати амалӣ ба сохторҳои иҷрокунанда амалӣ мегардад.

Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами марбут ба мушкилоти ҷорӣ, роҳҳои беҳтар кардани иҷрои барнома, тақвияти ҳамкории сохторҳои марбута ва пешниҳодҳои иловагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *