А. НУРИДДИНЗОДА,
номзади илми тиб,
А. ҲАФИЗОВ,
М. РОИБОВА

Маориф дар ҷаҳони муосир омили асосии баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушду такомули зиндагии инсоният мебошад. Ин ҷанбаи маънавиёт инсонро аз ҷаҳолату торикӣ наҷот дода, маърифат, ахлоқ ва донишҳои муосирро барои равнақи кору зиндагӣ ва ҷомеаву давлат дар тиннати насли наврасу ҷавон ҷой медиҳад. 

Маҳз бо ин вижагӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳи гузаронидани ислоҳоти мухталиф онро беҳбуд бахшиданд. 

Таҳия ва қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ, консепсияву барномаҳои соҳавӣ, стандартҳои давлатии таълимии нави таҳсилоти томактабӣ, мактабии умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ҷорӣ намудани низоми дузинагии таҳсилоти олии касбӣ (бакалавриат ва магистратура), нақшаву барномаҳои нави таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва монанди инҳо ба раванди ислоҳоти соҳаи маорифи   Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат расонидааст.

Интишор гардидани китобҳои дарсии замонавӣ, истифодаи методикаи нави таълим, усул ва шаклҳои мухталифи пешниҳоди маълумот дар ҷараёни таълим, истифодаи техника ва технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим ва ғайраҳо ба навсозии соҳаи маориф боис гардид, ки худ далели таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии кишвар ба соҳаи маориф мебошад. 

Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар баробари ҷанбаҳои илмӣ, ба дунявият ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои  таҳсилотӣ нигаронида шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалигардонии ин принсипҳо дар ҳолате босамар мебошанд, ки дар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ хусусиятҳои инфиродиву синнусолӣ, қобилият, ҳавасмандӣ ва имконияти бачаҳо пурра ба ҳисоб гирифта шавад. Инчунин, бо донишҳои психологӣ — педагогӣ мусаллат будани омӯзгорон имкон медиҳад, ки қонунияти инкишофи зеҳнии хонандагон дар давраҳои синнусолӣ ба инобат гирифта шуда, раванди таълимро тавре ба роҳ монад, ки он ба ташаккули шахсияти хонанда таъсири мусбат расонида тавонад.

Ба андешаи мо, муҳим аст, ки шакли алтернативии технологияи нави таҳсилотро коркард намуда, ба хонанда ё донишҷӯ имкон дода шавад, ки ба муассисаи таълимӣ талаботи худро доир ба раванди таълим, қобилияти ҳифзи дарс ва дигар хостаҳои зеҳнии худ манзур намояд ва дар доираи он кӯшиш намояд.

Олимони соҳаи психология бар он ақидаанд, ки дар баробари истифодаи методҳои дидактикии таълим истифодаи таълими тафриқа ба маврид аст, зеро ташкили чунин шаклҳои таълим имкон медиҳад, ки хусусиятҳои психологиву инфиродӣ ва табиии хонанда ба ҳисоб гирифта шуда, таълиму тарбия мақсаднок ва муфид бароҳ монда шавад. 

Назарияи олими тоҷик, муҳаққиқи соҳаи тафриқаи таълимӣ У. Зубайдов бар он аст, ки истифодаи таълими тафриқа тақозои ҷомеа буда, он ба принсипҳои дидактикӣ вобастагӣ дорад.

Агар мақсаднокии таълим бо принсипҳои дидактикӣ асос ёфта бошад, пас зинаҳои таълим, раванди самаранокии таълим ва инкишофи шахсияти хонанда хоси талаботи таълими тафриқа мебошад. Аз ин рӯ, бе ин ду раванди таълим ба роҳ мондани самаранокии таълиму тарбия ғайриимкон аст.

Ташхиси мунтазами хонанда, ба инобат гирифтани хусусиятҳои инфиродӣ, мазмун ва шакли ташкили кори таълим, нақша ва барномаҳои таълимӣ, ҳамзамон, истифода аз китобҳои гуногуни дарсӣ хоси таълими тафриқа мебошад. Ин шакли таълим боис мешавад, ки омӯзгор бо ҳар як наврас вобаста ба зеҳн ва шавқу малакааш корбарӣ намуда, насли наврасро аз барномаҳои таълимӣ ба таври зарурӣ баҳраманд созад.          

Имрӯз мушоҳида мешавад, ки баъзе аз омӯзгорону мураббиён барои ба даст овардани низоми нави таҳсилот як қатор иқдомҳоро рӯи даст гирифта, ба таълими тафриқа, ки ҳамчун омили муҳими инкишофи истеъдоди ҳар як хонанда мебошад, рӯй овардаанд. Таҷрибаҳо собит намудааст, ки хонандагони як синф, як синну сол новобаста аз имкониятҳои моддию техникӣ ба шаклҳои гуногуни тафриқаи таълимӣ  эҳтиёҷ доранд, зеро онҳо аз нигоҳи мавқеи иҷтимоӣ, инкишофи зеҳни ҳавасмандӣ, қобилияти ҳифзи меҳнату маълумот ва таваҷҷуҳ ба фан ё мавзуъ аз ҳамдигар фарқ доранд. 

Тавре ки дар Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон демократикунонии низоми маориф, таълими тафриқа ва ҳамгироӣ ба эътибор гирифта шудааст, муҳаққиқи соҳа, файласуф ва ҷомеашиноси англис Герберт Спенсер низ ба хубӣ таъкид кардааст, ки «Таълим дар мактаб бе тафриқа маънӣ надорад».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *