Теҳрон НАҶМИДДИНОВ,
омӯзгори фанни физикаи МТМУ №30-и
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Физика яке аз илмҳои табиатшиносӣ буда, ҳодиса ва қонунҳои умумии табиатро меомӯзад. Вазифаи физика, дар ҳақиқат, аз он иборат аст, ки қонунҳои умумии ҳастиро кашф карда, бо ёрии онҳо ҳамаи рӯйдодҳои табиатро тавзеҳ диҳад.  Донишҳои физикӣ дар зиндагии ҳаррӯзаи мо ва пешрафти илм нақши муҳим доранд.

Фарз кардем, ки мо ба афзоиши растаниҳо шавқ дорем. Дар назари аввал, ин масъала ба физика ҳеҷ алоқамандие надорад. Биёед, боз каме пештар меравем: омӯхтани таъсири нури офтоб ва таъсири он ба суръати афзоиш. Ба ин масъалаҳо физика то ҳол алоқаманд нест. Вай дар ҷустуҷӯи ҷавоб ба саволҳои “чаро об аз пояи растанӣ боло мебарояд ва ҳатто, метавонад ба болои дарахти санавбар расад ва ин қувваи ҷозибаро тамоман нодида мегирад?” худро ниҳон кардааст. Олимон усулҳои тадқиқоти физикиро ба ҳалли масъалаҳои биология ҷалб намуда, ба илми дигар – биофизика асос гузоштаанд. Физикаи химиявӣ ба масъалаи омӯзиши имкони гузариши реаксияҳои химиявӣ иртибот дорад. Асосҳои муҳимтарин фанҳои техникӣ, монанди металлургия, энергетика, технология ва ғайроро физикаи техникӣ ташкил медиҳад.

Дар раванди омӯзиши фанни физика нақши омӯзгор муҳим арзёбӣ мегардад ва дар рафти татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим доираи салоҳиятҳои омӯзгор, асосан, ба се қисм ҷудо мешавад:

  1. Арзиш ва муносибатҳои касбӣ: дар ин қисмат арзишҳои асосӣ ва муносибатҳои касбии омӯзгор гурӯҳбандӣ карда шудаанд. Ин арзишҳоро омӯзгор дар зинаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва дар тули фаъолияти таълимӣ ба даст оварда, муносибатҳои касбии худро дар асоси онҳо танзим мекунад. Арзиш ва муносибатҳои касбӣ омили асосии муайянкунанда ва танзимкунандаи фаъолияти омӯзгор буда, ду рукни дигар – дониш ва маҳорат низ бар асоси онҳо муайян мегарданд;
  2. Дониши касбӣ: дар ин қисмат огоҳӣ, фаҳмиш, иттилооти ақлонию зеҳнӣ ва илмие, ки омӯзгор дар зинаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва дар тули фаъолият ба воситаи омӯзиш ва роҳнамоии дигарон аз худ мекунад, гурӯҳбандӣ карда шудаанд.
  3. Маҳорати касбӣ: ин қисмат маҷмуи маҳорати касбиеро дар бар мегирад, ки омӯзгор дар зинаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва дар тули фаъолият ба даст оварда, пайваста онҳоро сайқал медиҳад ва истифода мебарад.

Салоҳияти омӯзгор аз маҷмуи дониш, малака, маҳорат, арзиш ва муносибатҳои ба ҳам пайванде иборат мебошад, ки ба ӯ дар ҳалли масъалаҳои мушаххаси касбӣ мусоидат менамоянд. Доираи салоҳиятҳои омӯзгор барои он ба се қисмат ҷудо карда шудааст, ки мафҳумҳо возеҳ шарҳ дода шаванд. Аммо бояд дар назар дошт, ки қисматҳои зикршуда дар алоҳидагӣ ба ташаккули салоҳиятҳои омӯзгор мусоидат карда наметавонанд. Салоҳиятҳо дар натиҷаи ҳамгироии ҳар се қисматҳои зикршуда ташаккул меёбанд.

Дар барномаҳои таълимӣ мақсади таълими физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи муносибати босалоҳият ба таълим ба тариқи зайл муайян карда шудаанд:

1)          инкишоф додани донишҳои илмии хонандагон барои шарҳи ҳодисаву равандҳое, ки дар табиату техника рӯй медиҳанд ва барои идома додани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ заруранд;

2)          ба хонандагон фаҳмонидани асосҳои назарияи физикаи муосир (далелҳои илмӣ, мафҳумҳо, қонунҳо ва тамсилаи назариявӣ), ки ҷавҳари мазмуни маълумоти физикиро ташкил медиҳанд;

3)          аз худ кардани забони физика ва маҳорати истифода бурдани он барои таҳлили донишҳои илмӣ ва пешниҳоди ғояҳо (идеяҳо)-и асосии физикӣ ба шакли навишторӣ ва гуфторӣ (мафҳумҳо, қонунҳо, формулаҳои физикӣ, графикҳо ва ғайра);

4)          ташаккули маҳорату малакаҳо ҷиҳати ҳал кардани масъалаҳо, ба система даровардани мушоҳидаи ҳодисаҳои табиат ва равандҳои технологӣ, банақшагирӣ ва гузаронидани тадқиқот;

5)          такмили маҳорати истифодабарии асбобҳои ченкунанда аз ҷониби хонандагон.

Дар маҷмуъ, ин ҳадафҳоро тибқи талаботи дидактика чунин гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст: таълимӣ, тарбиявӣ ва инкишофдиҳӣ.

Мақсади таълимӣ аз унсурҳои зер ташаккул ёфтааст: ташаккули маҷмуи донишҳои асосии илми физика (мафҳумҳои бунёдии физикӣ, қонунҳо ва назарияҳо), дониш оид ба методҳои дарккунӣ, мушоҳида, озмоиш, амсиласозӣ, пешниҳод кардани фарзияҳо, таҳлили назариявии далелҳои илмӣ, ташаккули маҳорату малакаҳои озмоишӣ ва ғайра.

Мақсади тарбиявӣ аз ҷузъҳои зер иборат аст: ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, политехникӣ, эстетикӣ, экологӣ, тарбияи равонӣ, тарбияи ғоявӣ, шаҳрвандӣ ва ватанпарварӣ.

Мақсади инкишофдиҳӣ аз қобилияту малакаҳои зер иборат аст: инкишофи тафаккур (алалхусус, тафаккури физикӣ, мантиқӣ ва техникӣ), хотира, идрок, мустақилият, шавқу ҳаваси маърифатӣ ва ғайра.

Доираи салоҳиятҳои омӯзгори фанни физикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ба таври зайл пешниҳод намудан мумкин аст:

Омӯзгори физика бояд:

  1. Мафҳум ва истилоҳоти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф, силсилаи фанҳои физика, методикаи таълими физика, педагогика ва равоншиносиро шарҳ дода тавонад: нишондиҳандаҳо (индикаторҳо); талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маорифро татбиқ намояд; аз фанни физика тайёрии назарӣ ва амалӣ дошта, мафҳумҳои бунёдӣ, ҳодисаҳо, қонун ва назарияҳои физикиро шарҳ диҳад; аз фанҳои педагогика ва равоншиносӣ тайёрии назарӣ ва амалӣ дошта, мафҳумҳои бунёдӣ, қонун ва назарияҳои ин фанҳоро шарҳ дода тавонад; соҳиби ҷаҳонбинии васеи илмӣ бошад ва онро ҳангоми таълими фанни физикаи мактабӣ ба хонандагон интиқол дода тавонад.
  2. Мафҳуму истилоҳоти ин фанҳоро дар раванди таълими физикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ татбиқ намояд: нишондиҳандаҳо (индикаторҳо); маводди таълимиро мантиқан, пай дар пай, фаҳмо ва эҳсоснок баён ва мазмуни аслӣ ва асосии онро ҷудо карда тавонад. Диққати хонандагонро ба ҷараёни баёни мавзуи нав ҷалб карда, ба қобилияти аз ёд кардани маводди таълимӣ баҳо дода тавонад; восита ва методҳои фаъол гардонидани тафаккур ва фаъолияти маърифатии хонандагонро донад, масъалаҳоро ҳал карда тавонад, диққати хонандагонро барои ҳалли масъалаҳо ҷалб ва унсурҳои бозӣ, мубоҳиса (дисскусия)-ро истифода намояд; усулҳои гуногуни арзёбии савияи дониши хонандагонро татбиқ намояд.

III. Таълими физикаро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ монад ва навъҳои гуногуни машғулиятҳои таълимиро аз физика гузаронад: нишондиҳандаҳо (индикаторҳо); дар машғулиятҳо методҳои гуногуни таълим ва воситаҳои мувофиқи методиро интихоб ва истифода карда тавонад; методикаи гузаронидани шаклҳои гуногуни машғулиятҳои таълимӣ: дарс, конференсия, семинар, лексия, корҳои лаборатории фронталӣ, практикуми физикиро донад; тарзи мувофиқи идора кардани фаъолияти маърифатии хонандагон, намудҳои корҳои таълимӣ ва тарзи назорати онҳоро аз худ карда бошад; корҳои мустақилонаи синфӣ ва берунисинфии хонандагонро ташкил карда, дар онҳо маҳорати иҷрои навоваронаи вазифаҳои таълимиро ташаккул диҳад; дар ҷараёни таълим робитаи дохилифаннӣ ва байнифаннии физикаро амалӣ гардонад; дастурҳои таълимӣ, воситаҳои аёнии муосирро дар ҷараёни таълим васеъ истифода бурда тавонад; шаклҳои гуногуни корҳои берунисинфии фанниро ташкил карда, ба машғулиятҳои гуногун ва маҳфилҳо роҳбарӣ намояд.

  1. Навъҳои гуногуни масъалаҳои физикиро ҳал кунад, принсипи амали таҷҳизоти барои гузаронидани навъҳои гуногуни озмоиши физикаи мактабӣ зарурбударо шарҳ диҳад ва онҳоро истифода карда тавонад: нишондиҳандаҳо (индикаторҳо); методикаи ҳалли навъҳои гуногуни масъалаҳои физикиро татбиқ намояд; методикаи тартиб додани масъалаҳои физикӣ ва ҳалли онҳоро ба хонандагон омӯзонад; методика ва техникаи озмоишҳои физикиро татбиқ намояд; бо асбобҳои таълимии асосии кабинети физикаи мактабӣ шинос бошад ва онҳоро дар ҷараёни гузаронидани таҷрибаҳои намоишӣ, корҳои лаборатории фронталӣ ва таҷрибаҳои физикӣ истифода бурда тавонад; кабинети физикаро тибқи талаботи замон муҷаҳҳаз гардонад; асбобҳои зарурии содатарини намоиширо сохта ё таъмир карда, ҳолати кории таҷҳизоти лабораторияи физикаро таъмин намояд; қоидаҳои нигоҳ доштани асбоб ва воситаҳои лабораторӣ ва намоиширо риоя кунад.
  2. Озмоиши педагогӣ гузаронида, натиҷаҳои онро таҳлилу ҷамъбаст кунад, аз таҷрибаи худ дастуру тавсияҳои методӣ таҳия намояд: нишондиҳандаҳо (индикаторҳо); методҳои гуногуни таҳқиқотиро донад ва барои самаранок истифода бурдани онҳо кӯшиш намояд; адабиёти асосии методикаи таълими физикаро хуб донад ва онҳоро ҳангоми тайёрӣ ба дарсҳо ва машғулиятҳои берунисинфӣ истифода барад.

Бояд гуфт, ки дар айни ҳол баъзе аз хонандагон дар посух ба саволи «фанни дӯстдоштаи шумо кадом аст?» кам аз ин фан ном мебаранд. Албатта, ин вазъият сабабҳои худро дорад ва яке аз онҳо ин аст, ки аксари дарсҳои физика дилгиркунанда ва якранг мегузаранд.

      Барои якранг нагузаштани дарс омӯзгоронро зарур аст, ки аз методҳои муосири таълимӣ истифода баранд. Яке аз ин усулҳо, ки дарсро ҷолиб мегардонад, методи суҳбат аст.

Омӯзгор дар ҷараёни дарс ба воситаи саволҳо мазмуни мавзуи навро ба хонандагон расонда, диққати онҳоро ба ҳодисаҳо ё хосияти чизҳои ношинохта равона месозад ва бо ин восита донишҳои онҳоро васеъ ва амиқ мегардонад. Дарс бо усули суҳбат аз дарси одӣ фарқ дорад. Дар ин навъи дарс хонандагон дар асоси саволу ҷавоб бо моҳияти қонун, ҳодиса ва хосиятҳои падидаҳои табиӣ ошно мешаванд.

Тамоми ҷараёни суҳбат қаблан барномарезӣ мешавад ва омӯзгор мазмуни ҳар саволро вобаста ба марҳилаҳои дарс мушаххас мекунад. Барномаи суҳбат аз унсурҳои таркибии зерин иборат аст:

 а) мантиқи бенуқсон ва пай дар пай ҷойгиршудаи маҷмуи саволҳое, ки ба ҳар як марҳилаи суҳбат ҷавобгӯ мебошанд;

б) номбар кардани таҷрибаҳо ва намоишҳо бо нишон додани мавқеи онҳо дар ҷараёни дарс;

в) хондани матну расмҳо дар тахтаи синф ва дафтарҳои хонандагон.

Саволҳо бояд хонандагонро ба таҳлили маводди омӯхташаванда, ҷустуҷӯи далелҳо ва хулосабарориҳои мустақилона водор кунанд ва онҳо бояд аниқ, мазмунан фаҳмо ва шаклан мухтасар бошанд. Тавре ки К. Д. Ушинский қайд карда буд: «Саволи хуб пешниҳодшуда алакай нисфи ҷавоб аст». Пурсишҳо бояд ба хонандагон барои ёфтани мафҳуми асосии масъалаи баррасишаванда ёрӣ расонанд ва робитаи ҳодисаҳои алоҳидаро муқаррар намоянд. Омӯзгор ҷараёни суҳбатро назорат мекунад ва ҳангоми зарурат саволро такрор ва ё онро бо саволи самтдиҳанда иваз менамояд. Агар ошкор гардад, ки хонанда саволи аслиро нафаҳмидааст, онро бо пурсиши одитар иваз менамояд. Дар суҳбат истифодаи саволҳои зиёд тавсия дода намешавад.

Самаранокии суҳбати ба шакли озмоиши лабораторию намоишии дар дарс истифодашуда аз сифати гузаронидани онҳо вобаста аст. Дар ҷойҳои зарурӣ тавассути проектор графикҳо, филмҳои таълимӣ, ҷадвалу расмҳоро дар тахтаи электронӣ нишон додан лозим аст (агар онҳо сода бошанд ва ба рафти суҳбат халал нарасонанд).

      Ҳамин тариқ, дар раванди амалисозии муносибати босалоҳият ба таълим истифодаи методҳои муосир, аз ҷумла, методи суҳбат зимни омӯзиши фанни физика барои боз ҳам ҳадафманд гардидани дарс ва баланд бардоштани дониши хонандагон муфид мебошад. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *