Мамадҷон Маҳкамов,
дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,
номзади илмҳои педагогӣ, барандаи Ҷоизаи Аббос Алиев

Табдилоти айниятӣ яке аз самтҳои асосии курси математикаи мактабӣ мебошад. Дар курси математика хонандагон бо ин мавзуъ дар дарси алгебраи синфи 7 шинос мешаванд. Аммо онҳо маҳорату малакаҳои ибтидоии табдилоти айниятии заруриро хеле пеш аз омӯзиши ин мавзуъ аз худ мекунанд. Хонандагон мафҳум ва маънои онро надониста, кушодани қавс, сода кардани ифода, ихтисор кардани каср ва ғайраро меомӯзанд. Супоришҳое, ки дар онҳо табдилоти айниятӣ истифода бурда мешаванд, тақрибан дар ҳама мавзуъҳои курси алгебра, дар қисмҳои геометрия, физика, химия ва биология вомехӯранд.
Иваз кардани як ифода ба ифодаи дигари ба он баробарро табдилоти айниятии ифодаҳо ё табдилоти айниятӣ ва баробарие, ки он дар ҳамаи қиматҳои тағйирёбандаҳояш дуруст аст, айният номида мешавад.
Дар асоси табдилоти айниятӣ тасаввурот оид ба методҳои аналитикии математика ташаккул меёбанд. Чун қоида ҳалли ҳар як масъалаи математикӣ бо методи аналитикӣ ва синтетикӣ бо табдилоти айниятӣ иҷро карда мешавад.
Хусусияти бахши «Табдилоти айниятии ифодаҳо» дар он аст, ки он барои ташаккули малакаҳои муҳимми меҳнатии хонандагон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, ба ташаккули ирода, заковат, ташаббуси эҷодӣ, меҳнатдӯстӣ, худназоратӣ ва ғайра мусоидат мекунад. Аз ҷумла, ҳангоми иҷрои супоришҳои хусусияти омехтадошта хонанда бояд ҳамаи қоидаҳои маълуми иҷрои табдилоти айниятиро дар хотир дошта бошад, бо риояи ин қоидаҳо метавонад ҳамаи ҳисобҳоро зина ба зина анҷом дода, ба ягон хато роҳ надиҳад, зеро хурдтарин иштибоҳ, масалан, нодуруст гузоштани аломати математикӣ, тамоми раванди ҳалли масъаларо дигаргун мегардонад. Чунин кор ба тарбияи суботкорӣ, дақиқӣ ва покизакорӣ, диққат, дарк намудани мавод аз мавқеъҳои нав мусоидат мекунад.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми табдилоти айниятӣ, ин алгоритмӣ будани он аст. Он ҳам дар худи мазмун ва ҳам дар қоидаҳои анҷом додани табдилоти айниятӣ ва ташаккули малакаҳои табдилдиҳии айниятӣ мавҷуд мебошад. Табдилоти айниятии ратсионалии пешбинишуда, раванди иҷрои ҳалли масъаларо осон ва кӯтоҳ мегардонад.
Бинобар ин, табдилоти айниятии ифодаҳо яке аз сутуни асосӣ ва бузурги курси математикаи мактабӣ ба шумор меравад. Бе надонистани табдилоти айниятӣ дар ҳаёт ба ягон натиҷаи дилхоҳ ноил шудан мушкил аст. Табдилоти айниятӣ ҳамчун дастгоҳи таҳлилӣ барои сода кардани ифодаҳо, ёфтани қиматҳои ифодаҳо, исботи теоремаҳо, ҳосил кардани формулаҳо ва дар ҳалли муодилаҳо, нобаробариҳо, системаҳои муодилаҳо ва нобаробариҳо васеъ истифода бурда мешавад. Пас, дар тамоми ҳалли масъалаҳои математикӣ, физикӣ, химиявӣ, биологӣ ва нақшакашӣ ба табдилоти айниятӣ дучор мегардем.
Аммо на ҳамаи хонандагон методу тарзҳои

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *