Мукаррама ТАҒОЕВА,
мураббии кӯдакистони №31-и
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 

Табиат ва хусусиятҳои он ҳамеша барои инсон манбаи омӯзиш ва тарбия мебошанд. Ҳар як инсон дар оғӯши табиат ба воя мерасад, аз неъматҳои он баҳра мебардорад ва бо тароватҳои табиат камол меёбад. Ин хусусияти инсонсозии табиат аст, ки мо – одамон бояд ба омӯзиши нуктаҳои муҳимми он таваҷҷуҳи хос намоем, кӯдакону наврасонро дар руҳияи табиатдӯстӣ тарбият намоем ва ин неъмати аслии зиндагиро пайваста омӯзему ба он арҷ гузорем. Дар ин мақола як бахше аз таҷрибаи корамро дар ин самт манзури хонандагон менамоям. 

Ҳадафи ман, ҳамчун мураббӣ ин аст, ки дар машғулиятҳо тарбияи экологии кӯдакони синни томактабиро дурусту мақсаднок ба роҳ монам ва муносибати мусбати онҳоро бо табиат ташаккул бидиҳам. Аз ин рӯ, худро вазифадор намудам, ки сатҳи донишамро бо роҳи омӯзиши адабиёти зарурӣ такмил бидиҳам; ба кӯдакони синни томактабӣ робитаи растаниҳо ва ҳайвонотро бо ҳамдигар ва робита бо муҳити зистро фаҳмонда диҳам; сифатҳои ахлоқие, ки бачагонро баҳри рафтори дуруст дар табиат ва дар ҷомеа водор месозанд, талқин намоям; тарбияи ҳиссиёти этикӣ ва эстетикиро дар кӯдакон ба шарофати шиносоӣ бо табиат ба роҳ монам.

Самтҳои асосии кори маро ташаккули муҳити созгори таълимӣ, ҳамкории эҷодӣ бо бачаҳо ва падару модарон ташкил медиҳад. Доир ба инкишофи муҳити созгори таълимӣ фаъолият намуда, мо мекӯшем, онро пурмазмун, дастрас ва бехавф гардонем. Дар омӯзиши маърифати экологии томактабиён фаъолияти амалӣ ва таҳқиқотӣ нақши муҳим мебозад. Ба ин мақсад гӯшаи озмоишӣ (экспериментӣ) бо маҷмуи мавод барои таҷриба, бозиҳои дидактикӣ ва сайругашт тартиб додаем. Донишҳои асосии экологиро бачаҳо тавассути усулҳои аёнӣ мегиранд.

Кор бо падарону модарон

Ин амал ба таври зайл гузаронида мешавад:

1. Ба воситаи пурсишнома таҳти унвони «Экология чист?» 

2. Мураттабсозии ҷузвдони сайёри «Фасли зебо — зимистон», «Бозиҳои экологӣ». 

3. Суҳбат бо волидон дар мавзуъҳои «Чӣ тавр ҳифзи табиатро ба бачаҳо омӯзонем?» ва «Аҳаммияти сайругашт ва экскурсияҳои бачаҳо ба мавзеъҳои зебои кишвар».

4. Маслиҳат бо волидон доир ба мавзуъҳои «Ба табиат зарар намерасонем», «Боигариҳои ҷангал», «Барф ба мо чӣ медиҳад?», «Пиряхҳо — манбаи об» ва «Парандаҳо — дӯстони мо». 

5. Намоиши адабии «Ҳамроҳ бо мо хонед». 

6.Омодасозии лавҳаҳои «Табиати Тоҷикистони азизамонро ҳифз мекунем».

7. Омодасозии зарфҳои дону обдиҳӣ барои парандагон.

 8. Ба волидон додани тавсияҳо дар бораи намунаи ибрат будани калонсолон дар ҳифзи табиат, ки ба ташаккули таҷрибаи экологӣ дар кӯдакон мусоидат менамоянд. 

 Кор бо кӯдакон

1. Дар «Гӯшаи табиат»-и гурӯҳ растаниҳои хонагии гуногун ва бозиҳои экологиро фароҳам овардаем.

2. Ба таври ҳамешагӣ бачаҳо осмонро мушоҳида карда, вазъи обу ҳаворо ба таври худ пешгӯӣ мекунанд, хосияти бориши барф ё боронро шарҳ медиҳанд. 

3. Бачаҳо дар «Гӯшаи табиат» таҳти роҳнамоии мураббӣ, пайваста ба растаниҳо ғамхорӣ карда, об медиҳанд, баргҳои хушкро чида мегиранд, хоки бехи растаниҳо ва гулҳоро нарм месозанд, баргҳоро аз чангу хок тоза менамоянд. 

4. Барои мустаҳкам кардани донишҳои андӯхтаи бачаҳо аз адабиёти бадеӣ истифода мебарем. Ашъори шоирони номвари Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Ҷӯра Ҳошимӣ, афсонаю қиссаҳои Азизи Азиз, Латофат Кенҷаева ва дигаронро мехонем ва бачаҳо мисраъҳои шеъриро ҳифз мекунанд.

 5. Суҳбат бо бачаҳо дар бораи ҳайвоноте, ки дар кӯҳистони Тоҷикистон вуҷуд доранд. Тамошои филмҳои тасвирӣ доир ба мавзуи «Табиатро ҳифз намо!».

Ҳамаи ин ба бачаҳо эҳсосоти дарк намудани табиати дидаашонро меангезад, тасаввуроташонро дар бораи табиат ва муҳити атрофашон васеъ мегардонад; Дар ниҳоди бачаҳо ҳисси дилсӯзию ғамхорӣ ба растанию ҳайвонот ва парандаҳо бештар ташаккул меёбад; дар табиат зебоиҳои бисёреро мушоҳида карда, завқи зебоипарастиашон меафзояд.

 Фаъолияти продуктивӣ

1. Расмкашӣ доир ба мавзуъҳои «Борон меборад», «Манзараҳои зимистон», «Парандаҳои зимистона».

2. Суробсозии парандаҳо ва гулҳо аз пластилин.

Ҳангоми расмкашӣ ва суробсозӣ дар бачаҳо хислатҳои шахсии мустақилнокӣ, кунҷковӣ, муошират, муросо кардан ва забон ёфтан бо ҳамсолон инкишоф меёбанд. Бачаҳо ба фаъолияти эҷодкорона ва таҳқиқотӣ ҷалб гардида, зеҳнашон рушд меёбад, хулосабарориро ёд мегиранд.

Барои кор кардан доир ба мавзуи болозикр корҳои зеринро иҷро карда шуданд:

1. Намунаҳои адабиёти бадеӣ, афсонаҳо, қиссаҳо, чистонҳо, зарбулмасалҳо ва дигар маводи адабиро муҳайё намудем.

2. Бо бачаҳо доир ба мавзуъҳои «Дар муҳити атроф чиро мебинед?», «Чашмасорони диёрамон», «Ҳайвоноти ваҳшии кишвари мо», «Парандаҳои Тоҷикистон» ва дигарҳо суҳбатҳо гузаронидем. 

3. Таҷрибаҳоро бобати «Талаботи растаниҳои хонагӣ ба хоку намнокӣ, гармӣ ва равшанӣ» гузарондем.

Таҳлили машғулиятҳо чунин натиҷаҳоро ба бор овард:

1. Фонди луғавиашон бойтар гардид. 

2. Нутқу сухангӯиашон инкишоф ёфт.

3. Дар зеҳни бачаҳо барои маърифати экологӣ заминаҳои илмӣ гузошта шуд.

4. Бачаҳо дар бозиҳои дидактикии «Ҳайвоноти хонагиро муайян намо», «Парандаҳо дар куҷо мезиянд?», «Дар лаби чашма» иштирок намуданд.

Хулоса

Ҷамъбасти кори мо дар бораи тарбияи экологии кӯдакони томактабӣ натиҷаи хуб дод. Бачаҳои гӯруҳро барои иштирок дар озмуни «Васфи табиати Ватан мекунам», ки аввал дар муассисаи томактабӣ ва баъдан дар ноҳия ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ доир мешавад, омода кардем. 

Ин бахши кори мо, ҳарчанд хусусияти таълимӣ дорад, аммо метавонад барои мураббиёни ҷавон василаи омӯзиш бошад ва умедворем, ки бо баргузории чунин дарсу машғулиятҳо дар тарбияи табиатдӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии наврасону кӯдакон нақши шоиста мегузорем ва барои ҳифзи табиати кишвари маҳбубамон хидмати арзишманд анҷом медиҳем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *