Меҳрангези АСЛИДДИН,
омӯзгори Литсейи №2
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Физика яке аз фанҳои муҳим дар низоми таҳсилоти ҳамагонӣ маҳсуб шуда, асоси тараққиёти техникии олам аз он вобастагӣ дорад. Дар ин навишта, як намунаи дарс барои сарфаи энергия манзур карда мешавад.
Салоҳиятҳои асосӣ:
— хонандагон мустақилона ба саволҳо ҷавоб мегардонанд;
— бо истифода аз аёният мустақилона таҷриба мегузаронанд.
Мақсади дарс:
— хонандагон бояд тарзи истифодаи энергияи электрикиро донанд;
— бояд сарфаи моҳонаи энергияи электрикии оилаи худро ҳисоб карда тавонанд;
— фарқ байни лампаҳои тафсон ва каммасрафро донанд;
— неругоҳҳои барқиро номбар карда тавонанд;
— сарчашмаҳои энергияи электрикиро донанд.
Таҷҳизоти дарсӣ: китоби дарсӣ, плакатҳо, наворҳо оид ба неругоҳҳои барқӣ, рӯйнамо (презентатсия), расму овезаҳо оид ба ҳисобкунаки барқӣ.
Равиши дарс. Қисми ташкили дарс:
а) одоби салом ба ҷо оварда мешавад;
б) шиори дарсӣ аз ҷониби хонандагон садо медиҳад;
с) омода шудани хонандагон ба дарс;
д) аз назар гузаронидани шумораи хонандагон;
е) аз назар гузаронидани тозагии синф.
Санҷиши дониш. Пурсиши вазифаи хонагӣ.
Омӯзгор чун анъана шаш хонандаро назди тахтаи синф даъват карда, супориш медиҳад, ки аз мавзуъҳои гузашта формулаҳо нависанд. Вақте ки хонандагон формулаҳоро менависанд, дар тахтаи электронӣ тестҳо намоиш дода мешавад ва омӯзгор аз дигар шогирдон дархост мекунад, ки ҷавоби тестҳоро ёбанд.
Мо мехоҳем, бо усули «Блитс — пурсиш», яъне саволҳое, ки ҷавоби хело кӯтоҳ мехоҳанд, пурсиш гузаронем ва ҷавобҳоро баррасӣ намоем. Ба онҳо то 10 сония вақт дода мешавад. Ин усул барои такрори маводҳои омӯхташуда хело муфид мебошад.
Омӯзгор дар байни хонандагон қадам зада, аз онҳо бо роҳи фронталӣ саволу ҷавоб мекунад ва нафароне, ки ҷавоб медиҳанд, дар овезаи махсус аввали ҳарфҳои ном ва насабашонро навишта, холгузорӣ менамояд. Баъдан, ба онҳо муроҷиат намуда, мегӯяд: «Биёед, бачаҳо, якҷоя формулаҳои навиштаи ҳамсинфонатонро месанҷем». Ба назди тахтаи синф омада, формулаҳои навиштаи бачаҳоро месанҷад ва ба овезаи махсуси холгузорӣ хол мегузорад.
Омӯзгор: Бачаҳо, ба саволи якуми мо кӣ ҷавоб мегӯяд?
Ҳамин тавр, бонавбат бо роҳи блитс-пурсиш тестҳоро низ мепурсад.
Акнун навбат ба тестҳо:
1. Расиши кӯтоҳ кай рӯй медиҳад?
А) Ҳангоми набудани сим.
Б) Ҳангоми луч будани сим.
С) Ҳангоми изолятсия шудани сим.
2. Муҳофизакҳоро дар хона пеш аз кадом асбоб пайваст мекунанд?
А) Пеш аз амперметр.
Б) Пеш аз реостат.
С) Пеш аз ҳисобкунак.

3. Мӯяки лампаро аз кадом метал тайёр мекунанд?
А) Аз мис.
Б) Аз волфрам.
С) Аз алюминий.
4.Формулаи шиддати электрикиро нишон диҳед:
А) U=A/q Б) I=q/t С)R=U/I.
5. Муҳаррики дарунсӯз чанд такти корӣ дорад?
А) 4 Б), 2 С), 3 Д).
Баёни мавзуи нав:
Мазуъ: Истифода ва сарфаи энергияи электрӣ дар неругоҳҳои барқӣ
Як хонанда даст бардошта, аз омӯзгор хоҳиш менамояд, ки доир ба «Аҳаммияти энергияи электрӣ дар рӯзгор» андешаҳои худро баён намояд.
Ҳамин тавр, расмҳои таҷҳизоти рӯзгор, ки бо қувваи барқ кор мекунанд, дар тахтаи электронӣ намудор мешаванд (чойники барқӣ, яхдон, дарзмол, лампа ва ғайра).

барқ 2

Пас аз баромади хонанда, омӯзгор навореро мегузорад, ки дар он аз паст шудани сатҳи обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» маълумот дода, аз сокинони кишвар сарфаи энергияи электрикӣ дар хонаву коргоҳҳо ва ҷойҳои дигарро тақозо мекунад.
Омӯзгор: Бачаҳо, чӣ тавре ки аз навор пай бурдед, имрӯз яке аз мушкилоти ҷомеа риояи сарфаву сариштакорӣ дар истифодаи энергияи электрикӣ мебошад. Энергияи электрикиро дар неругоҳҳои барқӣ истеҳсол мекунанд. Энергияи электрикӣ нисбат ба дигар намудҳои энергия чунин бартариҳо дорад:
1. Онро бе талафи калон ба масофаҳои дур интиқол додан мумкин аст.
2. Ба тарзи осон аз як шиддат ба дигар шиддат табдил додан мумкин аст.
3. Ба тарзи одӣ ба намуди дигари энергия табдил дода мешавад.
4. Ба тарзи осон ба ҳиссаҳои дилхоҳ тақсим карда мешавад.
5. Аз ҷиҳати экологӣ ба муҳити атроф зарар намеорад.
Вобаста ба намуди табдилдиҳии энергия, неругоҳҳои барқӣ, асосан ба обӣ, ҳароратӣ, бодӣ, офтобӣ ва атомӣ тақсим мешаванд.

Дар Тоҷикистон барои истеҳсоли ҷараёни электрикӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Кишвари мо дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад. Нақши неругоҳҳои барқии обӣ дар пешрафти иқтисодиёт хеле калон аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон неругоҳҳои барқи обии «Варзоб-1», «Варзоб-2», «Варзоб-3», «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Сарбанд», «Норак», «Хоруғ», «Қайроққум» ва «Роғун» энергияи электрикӣ истеҳсол мекунанд. Яке аз НБО-и пуриқтидор «Норак» ба шумор меравад ва қисми асосии энергияи электрикиро дар Тоҷикистон истеҳсол менамояд. Энергияи истеҳсолкардаи неругоҳҳоро фавран ба истеъмолкунандаҳо нақл кардан лозим аст. Онро ба воситаи симҳо бо талафи нисбатан кам ба масофаҳои дур нақл кардан ва ба истеъмолкунандагон тақсим кардан осон аст. Аксар вақт истеъмолкунандаҳо садҳо километр аз неругоҳҳо дуртар ҷойгир мебошанд. Нақли энергияи электрикӣ бо талафёбии як қисми он ба амал меояд, чунки ҳангоми ҷоришавӣ ҷараёни электрикӣ симҳоро гарм мекунад. Аз ҳама муҳим он аст, ки ин энергияро бо ёрии дастгоҳҳои хеле сода ба намудҳои дигари энергия – энергияи механикӣ, энергияи дохилӣ (гармшавии ҷисм) энергияи рӯшноӣ ва ғайра, табдил додан мушкил нест. Барои нақли энергияи электрикӣ ба масофаҳои хеле калон шиддатро садҳо киловатт зиёд менамоянд. Ҷараёни электрикиро «генератор» ном дастгоҳ истеҳсол мекунад, ки ин ё он намуди энергияро ба энергияи электрикӣ табдил медиҳад. Элементҳои галвонӣ, мошинҳои электростатикӣ ва батареяҳои офтобӣ.
Омӯзгор нақшаи нақл ва тақсимоти энергияи электрикиро дар тахтаи электронӣ нишон дода, мефаҳмонад, ки чунин мебошад:

Ҳамин тавр, пас аз ба истеъмолкунандагон додан дар ҳар як хона ва заводу корхонаҳо ҳисобкунаки барқӣ насб карда шудааст, ки барои муайян кардани масрафи моҳонаи барқ ва маблағи он лозим аст. Омӯзгор дар тахтаи электронӣ навореро доир ба кори ҳисобкунак намоиш дода, ба хонандагон шарҳ медиҳад.

Омӯзгор: Бачаҳо, барои ҳисоб кардани кори ҷараёни электр аз асбоби махсус, ки онро ҳисобкунаки электрӣ меноманд, истифода мебаранд. Дар дохили ҳисобкунак муҳаррики электрӣ мавҷуд аст, ки он ба занҷири истеъмолкунанда пай дар пай пайваст карда шудааст. Агар истеъмолкунандагони энергияи электр аз занҷир ҷудо бошанд, аз занҷир ҷараён намегузарад ва ҳисобкунак ҳам кор намекунад. Дар занҷир шумораи истеъмолкунандагон чи қадар бисёр пайваст шуда бошанд, аз онҳо ҳамон қадар зиёд ҷараёни электр мегузарад ва ҳисобкунак ҳамон қадар тез чарх мекунад.Чархи муҳаррики ҳисобкунак аз оина намоён аст. Адади чархзании дискро қисми баҳисобгиранда мешуморад ва дар шкалаи ҳисобкунак рақамҳое пайдо мешаванд, ки кори ҷараёнро ба ҳисоби киловатт. соат нишон медиҳанд.
Баъдан наворе ба бачаҳо вобаста ба ҳисобкунак намоиш дода мешавад.
Омӯзгор: Хуб, бачаҳои азиз, пас аз тамошои ин навор кӣ ба назди тахтаи синф омада, хароҷоти моҳонаи қувваи барқи хонаашонро ҳисоб мекунад?
Як хонанда ба назди тахтаи синф омада, ҳисобкунаки барқиро гирифта, чунин мегӯяд, ки барои донистани он, ки оилаамон дар охири моҳ чӣ қадар қувваи барқ сарф кардааст, аз нишондоди ҳисобкунак дар охири моҳ нишондоди онро дар аввали моҳ тарҳ кардан лозим аст. Ду рақами охирин рангашон дигар хел аст. Онҳо ҳиссаи даҳӣ ва садии киловатт. соат-ро нишон медиҳанд.

Масалан, дар охири моҳ ҳисобкунак 501,30кВ.соат-ро нишон медиҳад, аммо як моҳ пеш 401,30кВ.соат-ро нишон медод. Пас дар як моҳ: 501,30-401,30=100 кВ.соат ё ин ки 100кВ.соат=3,6.108 Ҷ кор иҷро шудааст. Барои муайян кардани арзиши энергияи электри сарфшуда, бузургии корро ба ҳисоби кВ.соатҳо ба арзиши муқарраршудаи як кВ.соат энергия зарб кардан лозим аст.
Омӯзгор: Бачаҳо, дуруст нишон дод ҳамсинфатон. Бинобар ин, ҳар яке моро зарур аст, ки сарфаву сариштакориро донем.
Баъдан омӯзгор таҷрибаеро барои хонандагон нишон медиҳад. Ӯ ду лампаро, ки яке тафсон ва дигаре каммасраф аст, ба қувваи барқ пайваст карда, аз бачаҳо пурсон мешавад, ки кадоме аз ин лампаҳо равшантар ва гармтар аст?

Бачаҳо дар ҷавоб лампаи тафсонро интихоб менамоянд. Барои боварӣ ҳосил кардан, омӯзгор бо ёрии амперметр қувваи лампаҳоро месанҷад, ки нишондоди амперметр дар лампаи тафсон зиёдтар нисбат ба каммасраф аст.
Бачаҳои азиз, дар баробари истифода ва сарфаи энергияи электрикиро донистан, бояд аз қоидаҳои техникаи бехатарӣ огоҳ бошем. Инак, саҳнача дар иҷрои хонандагон. Барои намоиш додани саҳнача хонандагон ба назди тахтаи синф даъват карда мешаванд.
Мафҳуми саҳнача чунин аст:
Хонандаи 1. Вақте ки писар дар болои манқали электрӣ чойникро гузоштан мехоҳад, ба ӯ қувваи барқ таъсир мекунад ва ба падараш мегӯяд, ки падарҷон, маро қувваи барқ зад.
Хонандаи 2. Дар дасташ дастпӯшаки резиниро мепӯшад ва чойникро ба болои манқали барқӣ мегузорад.
Хонандаи 1. Падарҷон, барои чӣ ба шумо қувваи барқ таъсир накард?
Хонандаи 2. Барои он ки писарам, ман дар дастам дастпӯшаки резинӣ доштам. Резин ба диэлектрикҳо дохил мешавад ва қувваи барқро намегузаронад. Ҳамчунин, сабаби таъсири қувваи барқ ба ту, шояд дар манқали электрӣ расиши кӯтоҳ ба амал омада бошад. Онҳо бо ҳам таҷҳизоти барқиро таъмир мекунанд.
Баъдан омӯзгор доир ба диэлектрикҳо ва расиши кӯтоҳ ба хонандагон маълумот дода, мавзуъро ҷамъбаст мекунад.
Мустаҳкамкунӣ:
1. Энергияи электрикиро дар куҷо истеҳсол мекунанд?
2. Кадом намуди неругоҳҳоро медонед?
3. Дар ҷумҳурии мо аз кадом намуди неругоҳҳо бештар истифода мебаранд?
4. Энергияи электрикиро дар куҷо истифода мебаранд?
Арзёбӣ:

«Аҳаммияти техникаи барқӣ дар рӯзгор»
Супориши хонагӣ: Хондан аз саҳифаи 162 то 164, иҷрои машқҳои 417, 418, 419 (Р), навиштани 10-то формула.
Эълони баҳо: Бачаҳо, дар дарси имрӯза ҳамаи шумо фаъол будед, офарин. Дар раванди дарс бартарияти шумо аз ҳамдигар дида мешуд. Аз ҳамин сабаб баҳои шуморо нисбатан мегузорем.

Бояд таъкид намоем, ки дарси мавриди назар аз ҷониби муаллиф дар амал татбиқ гардидаву аз ҷараёни он аксҳо барои навиштаи мазкур истифода шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *