Ёдгор НУРОВ,

омӯзгори мактаби № 37, ноҳияи Деваштич

Мутафаккирони барҷастаи тоҷик дар осори мондагори худ панду андарзҳои бебаҳою арзишмандро, ки вобаста ба шароити давр гоҳ ошкору гоҳ зери пардаи эътиқоди омма ифода мекарданд, бузургтарин сарчашмаи тарбияи насли башарро аз худ ба мерос гузоштаанд, ки барои миллати тоҷик ҳамчун ганҷинаи миллӣ маҳсуб мешаванд. Ин андешмандони ҳаким дар осори пурҳикмати худ талқин мекарданд, ки пойдории давлат, икишофи ҷамъият ва такомули маънавии инсон маҳз дар илму дониш ва мактабу   маориф мебошад.

Шароити навини ҷомеа ва соҳибистиқлолии Ватани хуршедиямон имкон фароҳам намуд, то сарчашмаҳои таърихӣ, осори орифону шоирон, анъанаҳои миллию ниёкон ва ғояҳои баланди таълимию тарбиявии намояндагони педагогикаи мардумии худро аз махзанҳо пайдо намоему омӯзем ва аз ин тариқ, барои баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастию хештаншиносии насли наврас корҳои мушаххасу мусоидро анҷом диҳем. 

Омӯзиши ашъори ниёгон ҳоло дар нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хусусан, факултетҳои омӯзгорӣ мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Азбар намудани осори ниёкон дар тайёрии омилҳои касбию ихтисосмандии омӯзгорони оянда кумаки босазое хоҳад кард. Аз худ намудани осори пурғановати бузургони илму адаб малакаю маҳорати донишҷӯёнро доир ба фанҳои соҳаи педагогикаю психология васеъ намуда, онҳоро бо таъриху афкори тарбиявии равшанфикрону олимони дунё ошно месозад.

Афкори баланди таълимиву тарбиявӣ ва панду ахлоқие, ки устодони калом, амсоли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар бузургони тоҷику форс дар тӯли асрҳо гуфтаанд, ҳеҷ гоҳ манзалати тарбиявии ху-дро гум намекунанд. Ҳазорон фарзанди халқи тоҷик дар руҳи афкори педагогии чунин мардони бузург асрҳои аср ахлоқи поки инсонӣ омӯхтаанд ва ба халқу Ватани хеш хизматҳои шоиста кардаанд.

Бинобар он, лозим шуморидем, ки ба ин масъала рӯ орем, зеро барои тарбияи кӯдакону  наврасон аз осори гаронбаҳои ниёкон истифода кардан, яке аз масъалаҳои асосии инкишофи ҳаматарафаи хонандагон буда, шахсро аз ҷиҳати маънавӣ бой мегардонад, дар вай хоҳиши эҷодкорӣ, лутфу марҳамат ва шавқмандиро бедор мекунад. 

Адибон, олимон ва мутафаккирони халқи тоҷик шоҳиди зиндаи вазъияти ногувори замони худ буда, дарду андуҳ, нуқсу қубҳ ва шоистагиву накуиҳои замони худро ба хубӣ эҳсос мекарданд. Онҳо зулми золимон ва ҳаёти пурмашаққати заҳматкашонро бо чашмони худ медиданд ва сабабҳои онро аз бесаводии мардум дониста, ягона роҳи халосиро дар маърифатнок намудани халқ медонистанд. 

Онҳо барои расидан ба ин мақсад қаламро ба аслиҳа табдил дода буданд. Ин буд, ки дар эҷодиёти онҳо, агар аз як тараф нуқсонҳои иҷтимоии давр бераҳмона фош карда шавад, аз ҷониби дигар бартариҳои илму дониш, хирад ва умуман, маърифатнокии ҷамъият махсусан таъкид карда мешуд. Қайд кардан зарур аст, ки устод Рӯдакӣ 1000 сол  пеш гуфта буданд:  

Дониш андар дил чароғи равшан аст, 

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст. 

Мақсади асосии матлаби мо бо истифода аз таъриху фарҳанги бою миллӣ ва ашъори панду ахлоқии ниёкон баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли ояндасози миллати тоҷик ва ташаккули маънавиёти умуминсонии онҳо ба шумор меравад. Омӯзиш ва истифодаи ин дурдонаҳои ахлоқӣ дар амалия вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як омӯзгор ба ҳисоб меравад.

Дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф низ ба зинда сохтани ашъори ниёкон ва дар кори таълиму тарбияи насли наврас, ҳаматарафа истифода кардани он аҳммияти беандоза зоҳир карда шудааст. Замонавӣ ва заруру саривақтӣ будани масъалаи мазкур дар Консепсияи мактаби миллии тоҷик чунин акс ёфтааст: «Эҳёи мактаби миллӣ барқарор ва пойдор намудани педагогикаи ниёконро дар назар дорад, ки хушбахтона, дар анъанаҳо, урфу одат, расму русум, маросимҳо дар адабиёти тароватбахши шифоҳию таҳририи мо боқӣ мондааст». Дурдонаҳои бебаҳои ниёкони мо на танҳо баҳри тарбияи ҳаматарафаю ҳамида, рафтори шоистаи насли наврас хизмат мекунанд, инчунин, онҳо сарчашмаи софу беғубори ғанӣ гардондани мазмуни маълумот низ ба шумор меравад.

Баҳри амалӣ гардонидани мақсадҳои номбаршуда ва ба руҳияи навини ҷомеаи демократӣ ҳамоҳанг сохтани мазмуни маълумот ва раванди таълим падидаҳои нав ба чашм мерасанд. 

Китобу воситаҳои таълимии мактаби миёна дар руҳияи ашъори безаволи ниёкон сохта шудааст, ки дар оянда ҳисси маънавиёти миллӣ ва башардӯстонаи насли наврасро бедор месозад. 

Яке аз воситаҳои инкишофи ҳаматарафаи хонандагон дар таълиму тарбия ин истифодаи ашъори ниёгон оид ба тарбияи ахлоқӣ мебошад. Тарбияи ахлоқӣ қисми таркибии тарбия буда, он муносибати байни одамонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ ба тартиб медарорад. Ахлоқ ҳамаи муносибатҳои одамонро дар бар мегирад ва яке аз шаклҳои шуури ҷамъият мебошад. Ахлоқ, пеш аз ҳама, бо шароити ҳаёти моддии ҷамъият муайян карда шуда, ҳастии ҷамъиятии одамонро инъикос мекунад. Дар баробари тағйир ёфтани сохти ҷамъиятӣ ахлоқи одамон низ тағйир меёбад. Ахлоқ ҳодисаи таърихӣ – ҷамъиятӣ буда, дар ҷамъияти синфӣ характери синфӣ дорад. Тарбияи ахлоқ аз оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои томактабӣ ва мактаб идома меёбад. Дар мактаб хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, башардӯстӣ, муносибати демократӣ ба меҳнат, иттиҳодӣ, рафоқат, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, ба назари танқидӣ баҳо дода тавонистан ба рафтори худ тарбия карда мешавад. 

Моҳияти ахлоқ аз он иборат аст, ки одамизод ва ахлоқ бе ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд, инсон дар ҳар ҷомеа аз рӯи қоидаҳои мавҷудаи он амал ва зиндагӣ мекунад.

Одобу рафторро ахлоқ муайян карда, муносибати одамонро ба аҳли ҷомеа, давлат ва истеҳсолот нишон медиҳад. Ахлоқ бо донишу ҷаҳонбинӣ ва олами ботинии инсон алоқаманд аст. Одоб бошад, рафторест, ки дар ҳаракату муносибатҳои ҳар кас ба чашм мерасад.

Тарбияи ахлоқӣ дар асоси арзишҳои миллӣ, маънавӣ ва умумибашарӣ ба амал бароварда мешавад ва вазифаҳои тарбияи ахлоқӣ аз инҳо иборат аст: 

— ташаккул додани муносибати неки одам ба ҷамъият; 

— барҳам додани иллату камбудиҳои ахлоқӣ; 

— тарбияи интизоми бошуурона; 

— инкишофи ҳаматарафаи шахсият.

Ташаккул додани муносибати неки одам ба ҷамъият, ин яъне, дар руҳияи адлу инсоф, инсондӯстӣ, муҳаббат ба ҷамъият ва Ватан тарбия кардан аст. Ин вазифаҳоро дар машғулиятҳои дарсӣ, корҳои берун аз синфию берун аз мактабӣ амалӣ кардан мумкин аст.

Барҳам додани иллату камбудиҳои ахлоқӣ — камбудиҳои ахлоқии бачагон, пеш аз ҳама, дар мактаб ва оила ба назар мерасад. Алалхусус, дар мубориза ба нуқсонҳои ахлоқии хонандагон муаллиму волидайн нақши муҳим мебозанд. Мактабу оила дар якҷоягӣ кор карда, дар фарзандон самимият, ташаббускорӣ, фаъолиятнокӣ, меҳнатдӯстиро бояд паравариш намоянд.

Тарбияи интизоми бошуурона – яке аз вазифаҳои тарбияи ахлоқӣ мебошад, ки дар фаъолияти ҳаррӯза, рафтору кирдор дар муомила бо дигарон, яъне дар ҷаҳонбинии шахс падидор мегардад. Танҳо муаллимоне, ки хислатҳои некро соҳибанд, ба хонандагон тарзи рафтори дурустро дар ҷамъият ёд дода метавонанд.

Инкишофи ҳаматарафаи шахсият – мақсади он одамони хушрафторро тайёр кардан аст. 

Дар ин ҷода истифода намудани панду ҳикматҳои ахлоқии ниёгонамон ниҳоят муҳим аст: 

Гуфтам:

 — Чӣ кунам, ки бар табиб ҳоҷат набошад?

Гуфт: — Кам хӯрдану кам хобидану гуфтан.

Гуфтам: — Аз мардумон кӣ оқилтар аст?

Гуфт: — Он ки кам гӯяду беш шунавад ва бисёр донад.

Хусусиятҳои синнусолӣ ва фардӣ дар тарбияи ахлоқӣ шарти муҳими пешрафти кор мебошад. Агар муаллим, роҳбари синф хусусиятҳои хонандагонро донад, самарабахшии кори тарбиявии ӯ меафзояд. Дар мактаб тарбияи ахлоқӣ, ки аз кӯдакистон оғоз меёбад, идома ёфта, муаллим одатҳои хуби ахлоқиро, ки хонанда дар кӯдакистон пайдо кардааст, инкишоф медиҳад. Яке аз хусусиятҳои хонандагони синфҳои ибтидоӣ ин аст, ки онҳо ба калонсолон бовар мекунанд, супоришҳои онҳоро бечунучаро иҷро мекунанд.

Шуури ахлоқии хонандагон инкишоф ёфта, дар натиҷа, онҳо мафҳумҳои меҳнатдӯстӣ, интизомнокӣ, хоксориву фурӯтанӣ, адлу инсоф, қатъият ва ғайраҳоро мефаҳманд. Пас моро зарур, ки адабиёти классик, осори таърихии хаттию шифоҳии миллати адабпарвари худро сарманшаи омӯзишу тарбияи насли наврас     гардонем.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *