Шоҳсафар Акобиров,
дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ,
ходими калони илмии озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии
“Такмили маҳорати педагогӣ”-и ДҶТИБКСМ
Корҳои беруназсинфӣ як бахши муҳим дар таълимоти география маҳсуб шуда, ҳанӯз дар ибтидои асри 17 педагоги машҳури чех Ян Амос Каменский гуфта буд: «Алфа ва омегаи мактабро ҷустуҷӯ ва кашфи усулҳое бояд ташкил диҳанд, ки омӯзгорон камтар ёд диҳанд, хонандагон бештар ёд гиранд». Ин назария далолат аз он мекунад, ки муваффақияти таълим на танҳо аз интихоби методу усулҳои таълим, инчунин, аз ташкилу баргузории корҳои беруназсинфӣ низ вобаста аст.
Зимни раванди кӯтоҳи дарс дар муҳити синфхона ба хонандагон маълумоти фаровон ва амиқи географӣ додан ва тарбияи хонандагон дар руҳияи эҷодкорӣ, ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, муҳаббат ба табиат ва монанди инҳо, ғайриимкон аст. Ин мақсадҳо дар раванди гузаронидани корҳои беруназсинфӣ бо нишон додани назокатҳои табиӣ, хусусиятҳои географӣ ва вежагиҳои биологӣ ҳалли худро меёбанд.
Корҳои беруназсинфӣ қисми муҳимми раванди таълиму тарбия дар мактаб буда, дар тарбия ва рушди шавқу ҳавасҳои гуногуни хонандагон нақши калидӣ мебозанд. Дарс, дорои маҳдудиятҳои муайяни вақт аст, ки дар доираи барномаи мактабӣ, ба азхудкунии ҳаҷми мушаххаси донишҳои географӣ ва ба даст овардани малака ва маҳоратҳои зарурӣ нигаронида шудааст ва аз ин рӯ, пурра наметавонад эҳтиёҷеро, ки дар хонандагон нисбат ба ин фан ташаккул ёфтааст, қонеъ гардонад. Барои хонандагоне, ки ба омӯзиши география шавқ доранд, ташкили корҳои беруназсинфӣ имкон медиҳад, ки фанро бо пуррагӣ дарк намуда, қобилияти маърифатӣ ва эҷодии худро такмил диҳанд ва дар муайян кардани самти рушди касби ояндаи худ саҳл накунанд.
Корҳои беруназсинфӣ ба ташаккули ташаббускорӣ, эҷодкорӣ, қобилиятнокӣ, худташаккулёбӣ, худтарбиянамоӣ ва худомӯзӣ имкон дода, ҳамзамон, дар васеъ ва амиқ намудани дониш, малака, маҳорат, қобилияти шавқу завқи маърифатӣ ва ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ роҳнамоӣ намудани хонандагон мусоидат мекунанд. Дар энсиклопедияи педагогӣ “Корҳои беруназсинфӣ-ҳамчун қисми таркибии раванди таълим дар мактаб, яке аз шаклҳои ташкили сарфакорона ва бомуваффақияти вақти холии хонандагон” муайян карда шудааст.
Даринский А.В. корҳои беруназсинфиро ҳамчун рушди мустақилият ва фаъолияте, ки ба баландбардории сатҳи маърифатӣ, рушди қобилият, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва амиқ гардонидани дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон мусоидат мекунад, муайян карда аст.
Аксари муҳаққиқони соҳа чунин мешуморанд, ки корҳои беруназсинфӣ раванди таълимест, ки берун аз нақшаи таълимӣ ва барномаи ҳатмӣ аз ҷониби коллективи омӯзгорону хонандагон ба шакли ихтиёрӣ ва ҳатман бо дарназардошти манфиатҳои ҳамагон амалӣ гардида, иштирокдорони он ҷузъи ҷудонашавандаи раванди таълим мебошанд, ки дар рафти он дониши хонандагонро амиқтар кардан мумкин аст.
География ҳамчун фанни таълимӣ барои гузаронидани корҳои беруназсинфӣ имконияти зиёд дорад, зеро мундариҷаи он бо муҳити табиӣ, фаъолияти хоҷагии одамон, воқеаҳои гузашта ва муосири ватану ҷаҳон алоқаманд мебошад. Хонандагон ба ошкор намудани проблемаҳои гуногуни географӣ мароқ зоҳир мекунанд, аммо бо сабаби нокифоягии вақт дар дарс онҳо имкон намеёбанд, ки дар ин самт маълумоти кофӣ дарёфт намоянд. Қонеъ гардонидани талаботи хонандагон, кумак намудани онҳо дар дарки ҳодиса ва боигариҳои табиат, соҳаҳои хоҷагӣ, ҳаёти пурпечутоби аҳолии ватани худ ва сайёра – яке аз вазифаҳои муҳимтарини корҳои беруназсинфӣ аз география мебошад.
Мақсади асосии кори беруназсинфии география фароҳам овардани шароит барои ҳар як хонанда дар муҳити табиӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки дар он рафтор кардан, омода будан ба таҳсили муттасил ва то ҳадди аксар нишон додани қобилияти хонандагон мушаххас мегардад. Ғайр аз ин, кори беруназсинфӣ бояд ба ташкили фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ – меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ марбут бошад, ки ба хонанда имкон диҳад то донишу малакаҳои дар синф андӯхтаашро дар амал истифода барад ва дар оянда дар мутобиқ шудан ба муҳити ҷамъиятӣ имкон пайдо кунад.
Барои хонандагоне, ки ба омӯзиши география шавқ доранд, ташкили корҳои беруназсинфӣ имкониятест, ки ин фанро бо пуррагӣ дарк намуда, қобилияти маърифатӣ ва эҷодии худро рушд диҳанд.
Омӯзгор дар раванди машғулиятҳои беруназсинфӣ метавонад аз маводи илова истифода бурда, ба ташаккули тасаввуроти нав оид ба ҳодиса ва равандҳои географӣ мусоидат намуда, истилоҳу мафҳумҳои нави географиро ба хонандагон омӯзонад.
Аз ин рӯ, корҳои беруназсинфӣ аз география яке аз шартҳои зарурии тарбияи бомуваффақияти шахси ватандӯст ва шаҳрванди масъулиятшиносу ҳақиқӣ мебошад.
Барои амалӣ намудани ин фаъолият зарур аст, ки заминаи моддии таълим (кабинети география, осорхонаи кишваршиносӣ, майдончаи географӣ, пайроҳаи экологӣ ва ғайра) мустаҳкам карда шавад.
Вазифаҳои асосии ташкил намудани корҳои беруназсинфӣ аз география чунинанд:
• бедор кардани шавқу ҳаваси хонандагон нисбат ба ин фан;
• амиқ ва васеъ намудани мазмуну мундариҷаи фанни омӯхташаванда;
• алоқаманд намудани география бо ҳаёт;
• ташаккул додани қобилияти фардии хонанда;
• рушди маҳорати эҷодӣ, ташаббус ва ҳавасмандии хонандагон;
• такмил додани малакаҳои истифодаи сарчашмаҳои маълумоти география.
Дар машғулиятҳои беруназсинфӣ хонанда дар интихоби машғулият, маҳфил ва саёҳатҳои кӯҳию саҳроӣ ихтиёр дорад. Тамоми корҳои беруназсинфӣ бояд ба васеъ ва амиқ гардидани донишу маҳорати хонандагон, рушди қобилият, шавқу ҳаваси маърифатӣ, майл ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкили фаъолияти ҷамъиятии онҳо дар доираи кишвари худ нигаронида шаванд. Фарқи дигараш аз корҳои таълимӣ дар он аст, ки ҷойи гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ на танҳо кабинети география, балки майдончаи географӣ, пайроҳаи экологӣ, табиати атроф, осорхона, озмоишгоҳ, корхона ва ғайра мебошанд.
Корҳои беруназсинфӣ аз ҷиҳати мақсад, мазмун, шакли ташкил ва хусусиятҳои методӣ аз дарси синфӣ фарқ мекунанд. Мақсади таълимии корҳои беруназсинфӣ аз география, васеъ намудан ҷаҳонбинии географӣ ва амиқ намудани дониши хонандагон оид ба илми география, такмили маълумотҳои географӣ ва малакаҳои махсуси географии хонандагон мебошад. Ин мақсадҳо тавассути барномаҳои таълимии беруназсинфӣ, ворид намудани проблемаҳои географии берун аз барномаҳои таълимӣ ва ба таври васеъ истифода намудани маводи барномавӣ амалӣ шуда метавонанд.
Мазмуни корҳои беруназсинфии хонандагон якчанд самтро дар бар мегиранд:
— илмӣ-таълимӣ – мавзуъҳое, ки таваҷҷуҳи хонандагонро ба худ ҷалб намуда, онҳоро дар роҳи фаъолияти илмӣ намудан водор месозанд;
— таърихӣ-географӣ – масъалаи башардӯстии географияро кушода мекунад;
— экологӣ – дониши хонандагонро оид ба таъсири мутақобилаи табиат ва ҷамъият амиқ намуда, барои фаҳмидани мушкилоти “Инсон ва муҳити зист” кумак расонида, ба масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ ва эстетикӣ мусоидат менамояд;
— иқтисодӣ – дониши хонандагонро дар бораи фаъолияти хоҷагии инсон васеъ намуда, ба тарбияи иқтсодии онҳо мусоидат мекунад;
— эстетикӣ – хонандагонро дар руҳияи муносибати ғамхорона ба табиат, аз манзараҳои табиат маншаъ гирифтан, қаноатманд будан аз меҳнати ободкоронаро меомӯзонад;
— сайёҳӣ-кишваршиносӣ – меҳру муҳаббат ба табиат ва ватанро дар хонандагон тарбия мекунад;
— минтақашиносӣ – ба ҳамгироии донишҳои табиӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-географӣ мусоидат мекунад.
Ҳангоми интихоби шаклҳои кори беруназсинфӣ синну сол, шавқу ҳавас, сатҳи омодагӣ, мавҷудияти вақти холӣ, имкони воқеии молиявии хонандагон, вазъи муассисаи таълимӣ, захираҳои моддии кабинети география ва ғайра ба инобат гирифта мешавад.
Ба шаклҳои оммавии корҳои беруназсинфӣ – ҳафтаи география, олимпиадаҳои географӣ, вохӯриҳо ва ғайра дохил мешаванд. Шаклҳои гурӯҳии кори беруназсинфӣ бошад — экскурсия, роҳпаймоиро (поход) дар бар мегирад. Навиштани реферат, рӯнамоӣ (презентатсия) ва муаррифӣ ба шаклҳои корҳои инфиродии беруназсинфӣ мансубанд.
Яке аз шаклҳои маъмули корҳои беруназсинфӣ шабнишиниҳои географӣ мебошад, ки мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла, “Таркиби моллии аҳолии Тоҷикистон”, “Маскуншавии шаҳрӣ ва омилҳои пайдошавии шаҳрҳои Тоҷикистон” ва ғайраро дар бар мегирад.
Гузаронидани ҳафтаи география якчанд чорабинӣ, ба монанди шабнишинӣ, конференсия, озмуни газетаҳои деворӣ, реферат ва ғайраро муттаҳид мекунад. Хусусияти муҳимми ҳафтаи география ҳамчун кори беруназсинфӣ дар он аст, ки дар он корҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва оммавӣ оид ба фан гузаронида мешавад. Мақсади асосии гузаронидани ҳафтаи география, ин ташаккулёбии таваҷҷуҳи хонандагон ба география, тамоюл ба ихтисоси география, бедор кардани меҳру муҳаббати хонандагон ба Ватан (кишвар) мебошад.
Кори беруназсинфиро аз география бе нашри газетаҳои деворӣ тасаввур кардан мушкил аст. Газетаҳои деворӣ аз ҷиҳати мазмун, мақсад ва таҳррезӣ фарқ мекунанд. Пас аз экскурсияҳо, саёҳату озмунҳо суратгузоришҳо таҳия карда мешаванд. Газетаҳои деворӣ ба мавзуи муайян бахшида шуда, хонандагон мақола, гузориш ва аксу тасвирҳоро вобаста ба мавзуи мавриди назар интихоб намуда, таҳия мекунанд.
Ғайр аз газетаҳои деворӣ ба нашрияҳои географии мактабӣ маҷалла, албом, рӯзнома ва плакатҳо дохил мешаванд. Таҳияи нашрияҳои гуногуни географӣ аҳаммияти бузург доранд ва ба расмият даровардани натиҷа, бовар кунонидани хонандагон оид ба фоиданок будани натиҷаи кор ва фаъолияти онҳо шавқу завқи эшонро ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пурзӯр менамояд.
Яке аз муҳимтарин ва дӯстдоштатарин корҳои беруназсинфӣ барои хонандагон викторинаҳои географӣ мебошанд. Викторина як шакли универсалии кори беруназсинфӣ буда, шумораи зиёди иштирокдоронро фаро мегирад, ки ин дар рушд ва ташаккули донишҳои географии хонандагон таъсири зиёд мерасонад.
Дигар шакли кори беруназсинфӣ, ки ба рушди шавқи хонандагон ба география мусоидат мекунад, олимпиадаҳои географӣ мебошад. Олимпиадаи географии мактабӣ як навъ мусобиқаи оммавӣ буда, ҳадаф аз он ҷалби бештари хонандагон ба корҳои беруназсинфӣ ва пайдо намудани шавқу рағбат ба донишҳои географӣ, рушди мустақилият ва такмили маҳорати умумитаълимӣ ва географии хонандагон аст. Ҳамзамон, имконият медиҳад, ки донишҳои географиро амиқтар омӯзанд ва зарурати омӯзиши ин фанро барои ҳаёт донанд.
Шакли дигари кори беруназсинфӣ дар таълими география экскурсия мебошад. Ҳангоми экскурсия ба табиат ва иншооти маърифатию истеҳсолӣ оид ба таъсири мутақобилаи ҷамъият ва табиат намунаҳои мушаххаси объектҳо омӯхта мешаванд, ки ин ба таълими география, экология ва таърих самара мебахшад. Ҳангоми экскурсия хонандагон бо касбу кори гуногун шинос мешаванд, ашё ва ҳодисаҳоро дар табиат, истеҳсолот, намоишгоҳ ва осорхонаҳо меомӯзанд, завқу ҳаваси онҳо ба география зиёд мешавад.
Ҳангоми экскурсия ва саёҳат хонандагон он чизеро, ки дар синф аз омӯзгор ва китоби дарсӣ андӯхтаанд, дар асл мебинанд. Ин навъи фаъолияти таълимиро муҳаққиқи соҳа Н. К. Семакин маҷмуи донишҳои назариявӣ ва амалӣ номидааст. Чунин фаъолиятҳои беруназсинфӣ имкон медиҳанд, ки фаҳмиши хонандагон оид ба ҳудуди географӣ, рушди тафаккури экологӣ ва дарки табиат васеъ гардад, ки ин донишҳо аз талаботи замони муосир мебошанд.
Экскурсияҳои комплексӣ ва корҳои таҷрибавӣ, ки дар ҳақиқат, шаклҳои бо ҳам алоқаманди корҳои беруназсинфӣ мебошанд, дар таълими география ва рушду такомули хонандагон нақши бориз доранд.
Ҳангоми гузаронидани экскурсия ва корҳои таҷрибавӣ донишҳои назариявии андӯхта дар амал ба таври васеъ истифода бурда мешаванд ва ҳамзамон, хонандагон бо маводи картографӣ амалан кор мекунанд.
Ҳангоми гузаронидани корҳои беруназсинфӣ аз география дар хонандагон:
— сифати дониш ва малакаҳои географии хонандагон баланд мегардад;
— завқи эҳсосотӣ ва фаросатии хонандагон ташаккул меёбад;
— таваҷҷуҳ ба машғулиятҳои синфӣ ва беруназсинфӣ, ба мутолиаи адабиёти иловагӣ, иштироки фаъолона дар меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва ғайра бештар мегардад;
— мустақилияти хонанда ҳангоми дарс ва иҷрои вазифаҳои хонагӣ баланд мешавад;
— дониши хонандагон аз дигар фанҳо беҳтар мегардад;
— малакаҳои кор бо манбаъҳои гуногуни маълумот рушд меёбад;
— сатҳи маърифатмандии хонандагон рушд мекунад.
Нишондиҳандаҳои самаранокии корҳои беруназсинфӣ тағйирёбии мусбати рафтор, дониш, малака ва муносибати хонандагон мебошад.
Хусусияти георафия ҳамчун фанни таълимӣ дар он аст, ки хонандагон маҳз бо ёрии ин фан оламро пурра дарк карда, зарурати донистани қонуниятҳои географӣ ва эҳтиром ба табиатро мефаҳманд.
Аз ин рӯ, корҳои беруназсинфӣ бояд на ба хотири санҷидани сатҳи дониши хонандагон, балки барои васеъ намудани доираи ҷаҳонбинӣ ва мустақилона кор кардани онҳо ташкил карда шаванд. Корҳои беруназсинфӣ аз география дар баробари дониши хонандагон, чолокӣ ва қобилияти ақлии онҳоро ташаккул медиҳад ва мушоҳидакориро ба онҳо меомӯзонад. Ин дарсҳо имкон медиҳанд, ки ҳамгироиро бо фанҳои таърих, биология, физика, адабиёт ва ғайра мустаҳкам намоем.
Табиист, ки ҳар як омӯзгор дар рафти кор ба саволҳои мушкиле рӯбарӯ мешавад. Чӣ тавр шавқи хонандагонро ба омӯзиши география зиёд кардан мумкин аст? Хонандаро чӣ гуна ба худомӯзӣ ва худтакмилдиҳии мустақил роҳнамоӣ кард? Чӣ гуна хоҳиши хонандаро барои мустақилона фаҳмидани моҳият ва зуҳуроти табиат ва эҳсос намудани ҳодисаҳои табиӣ тарбия кард? ва монанди инҳо. Ҳамаи ин саволҳое мебошанд, ки барои тарбияи дурусти хонанда ва ташаккули донишҳои соҳавии онҳо, аз ҷумла, фанни география равона мешаванд.
Ҳарчанд бо ибтикори ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, ташаккули тафаккури техникии наврасону ҷавонон, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, ташаккули ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чорабиниҳои зиёде роҳандозӣ карда мешаванд, вале ҳоло ҳам ба корҳои беруназсинфӣ, ба истиснои баъзе муассисаҳо таваҷҷуҳи кам зоҳир мегардад.
Гарчанде дар барномаҳои таълимӣ соатҳо барои корҳои беруназсинфӣ, хусусан, саёҳатҳо ба нақша гирифта шуда бошанд ҳам, аммо иҷрои онҳо дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намешаванд. Аз ин рӯ, масъулини муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони синфҳо ва омӯзгорони фанниро мебояд, ки дарсҳои беруназсинфиро саривақт ва бидуни истиҳола баргузор намоянд. Зеро як дарси беруназсинфӣ барои хонанда ҷаҳони васеи маънавию табииро дар самти таълими худ боз месозад.
Адабиёт
1. Даринский, А.В. Методика преподавания географии. Учеб. пособие для студентов географ. специальн. Педагогических ин-тов. – Москва: Просвещение, 1975. – 368 с.
2. З. З. Мирзобоев. Ташкили фаъолияти беруназсинфии донишҷӯён аз фанни нақшакашӣ. https://cyberleninka.ru
3. Макарцева, Л.В. Внеклассная работа по экономической и социальной географии России– Саратов: Лицей, 2001.– 208 с.
4. Маҳмадаминов М. Н. Корҳои беруназсинфӣ аз фанни химия. https://vk.com/@donishgohiomuzgori
5. Муҳиддинов Р., Самиев А., Содиқов Ш. Методикаи таълими география – Душанбе, 2021/ -305c.
6. Коменский Я. А. Избранные педагогические сочинения. Москва, 1982 г.