Д. ИМОМНАЗАРОВ,
муовини сардори раёсати ташхис ва тақризи

  адабиёти таълимии Пажуҳишгоҳи рушди маориф 

ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи 

таҳсилоти Тоҷикистон

Масъалаи таъмини таҳсилоти босифат дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар, пеш  аз  ҳама, ба мувофиқ намудани мазмуни таҳсилот (стандарти давлатии таҳсилот, стандартҳои фаннӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, маводи таълимии ёрирасон, дастуру раҳнамо, модулҳои таълимӣ, адабиёти зарурӣ барои худомӯзию худташаккулдиҳии хонандагону омӯзгорон) ба талаботи замони муосир, дархости хонанда, аҳли ҷомеа, меъёрҳои байналмилалӣ ва қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни ивазшавандаи бозори меҳнат вобастагӣ дорад.

Дар «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» оид ба зарурати навсозии мазмун ва мундариҷаи стандарт, барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ, зарурати таҷдиди назар намудани онҳо чунин баён шудааст: «Таҷдиди назар намудани стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва умумии асосии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, коркарди барномаҳои таълим дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим барои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудааст. Умуман, стандартҳои давлатии таълим бояд мустақилияти шахсиро барои аз худ кардани дониш таъмин намуда, барои ташаккули малакаҳои коммуникативӣ (иртиботӣ)-и идораи иттилоот ва технологияҳо, ҳалли мушкилот, инчунин, ташаббускорӣ ва эҷодиёт мусоидат кунанд» [6, с. 34].

Гузашта аз ин, ҳамқадам будан бо дастовардҳои илму техника, технологияи муосири таълим, омода намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дар шароити бо суръати кайҳонӣ афзудани ҳаҷми иттилоот ва имконияти маҳдуди инсон дар ҳифзи моҳият ва муҳтавои он танҳо дар сурати ба роҳ мондани таҳсилоти босифат, аз ҷумла, ба воситаи мувофиқ ва мутобиқ намудани нақшаи таълимӣ ба талаботи замони муосир меъёрҳои байналмилалӣ ва ниёзу тамоили таълимии хонанда имконпазир мегардад.

Татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ва тавассути он таъмин намудани рушди салоҳиятҳои асосӣ ва фаннии хонандагон аз ҳар як кишвар, аз ҷумла, аз муассисаҳои таълимӣ мутобиқгардии  зуд ба дарёфти роҳҳои нави омӯзиш ва таълим, фарогирии хонандагон ба таҳсил дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ва дар сурати зарурат омода намудани шароиту имконият барои ба роҳ мондани таҳсилоти босифат (инчунин, тавассути  таҳсилоти  фосилавӣ  ва омехта, таълим дар муҳити хона, ба роҳ монадани машғулиятҳои иловагӣ баҳри ташаккули маҳорати худомӯзӣ, худташаккулдиҳӣ, ташкилу гузаронидани корҳои дигари ислоҳотӣ), қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти хонанда ба гирифтани дониши иловагӣ, ҳифзи он, ташаккули кордонӣ, арзёбии натиҷаҳои таълимӣ ва андешидани дигар чораҳои муассир баҳри такмили маҳорати омӯхтан, хулоса намудани муҳтавои матолиби омӯхташуда, муқоиса ва бунёди он вобаста ба шароити баамаломада тақозо дорад.

Зарурати ҳамқадам будан бо навгониҳои илму технология ва тарзу шеваҳои таълиму тарбияи муосир, барқарор намудани алоқаи мутақобила байни муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону хонандагон (донишҷӯён), падару модарон, аҳли ҷомеа тамоми тарафҳои ба таҳсил фарогирро ба ҷустуҷӯ, такмил ва дарёфти роҳҳои нави мутобиқсозии раванди таълим ба тағйироти баамаломада, аз ҷумла, ба воситаи фаъолиятҳои иловагӣ водор месозад.

Масъалаи таъмини таҳсилоти босифат дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо амалӣ сохтани ислоҳоти андешамандона ва қадам ба қадам вобаста ба шароиту имконият, такомули ҷанбаҳои касбӣ, дарёфти бароҳмонии машғулиятҳои иловагии амалӣ ва баэътиборгирии тамоили таълимӣ, шавқу завқи хонандаи инфиродӣ ба таври огоҳонаю ҳадафмандона ва муассиру самарабахш алоқамандӣ дорад.

Бояд зикр намуд, ки дар «Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (банди 11 «Талаботи умумӣ ба мазмуни асосии таҳсилоти умумӣ») чунон зикр шудааст:

⦁ Нақшаи таълимӣ ҷузъи таркибии Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ буда, мазмуни таҳсилоти умумӣ, ҳаҷми сарбории ҳатмӣ ва ниҳоии таълимро муайян менамояд;

⦁ … нақшаи таълимӣ ҳуҷҷатест, ки дар асоси нақшаи таълимии заминавӣ таҳия гардида, номгӯи фанҳо, миқдори соатҳои таълимии солона ва тақсимоти онҳо, ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоиро дар зинаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ муқаррар менамояд;

⦁ қисми асосии нақшаи таълимӣ маҷмуи фанҳои таълимии ба Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ воридгардида мебошанд, ки омӯзиши онҳо дар муассисаи таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад [ 4, с. 11 — 12].

⦁ қисми иловагии нақшаи таълимӣ — маҷмуи фанҳои таълимие маҳсуб меёбанд, ки муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо назардошти талаботи таълимӣ ва қобилияти хонандагон муайян менамояд;

⦁ ҳадди ниҳоии сарбории таълимӣ – ҳаҷми соатҳои таълимии қисми асосӣ ва иловагии нақшаи таълимӣ буда, барои азхудкунии мазмуни фанҳои таълимӣ дар зинаҳои таҳсилот ва соли таҳсил зарур мебошад [4. с. 3-4].

Мақсадҳои асосии таҳия ва воридсозии тағйирот ба Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан инҳоянд:

⦁ иҷрои сифатан баланди талаботи (мундариҷаи) стандарти  давлатии  таҳсилот, стандартҳои  фаннӣ ва барномаҳои таълимӣ (дар доираи соатҳои ҷудошуда), баланд бардоштани фаъолияти самарабахши таълимгоҳҳо, иттиҳодияҳои методии дохилимактабӣ, байнимактабӣ, такягоҳӣ баҳри дарёфти роҳҳои такмили сифати таҳсилоти муосир, таъмини арзёбии

шаффофи сифати таҳсилот;

⦁ муқаррар намудан ва тақсимоти дурусти соатҳои дарсии нақшаи таълимӣ, аз ҷумла, машғулиятҳои иловагӣ дар давоми рӯз, ҳафта, соли таҳсил, давраи мактабхонӣ бо назардошти баэътиборгирии хусусиятҳои синнусолии хонандагон, ҳаҷм ва сатҳи мураккабии маводи таълим, талаботи санитарию эпидеомологӣ, ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ, ба низом даровардани таҳсилоти босифат дар давраи муайян;

⦁ нигаронидани раванди таълим ба қонеъ сохтани дархост, тамоили таълимии хонанда баҳри ноил гардидан ба донишҳои муосири назариявӣ ва амалӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи сеюм (таълим аз рӯйи равия);

⦁ фароҳам овардани заминаи мусоид барои идомаи таҳсил аз рӯйи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (таълим дар равия), ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла бо назардошти бештар рӯ овардан ба омӯзиши фанҳои табиӣ-математикӣ (техникӣ) тавассути машғулиятҳои иловагӣ;

Масъалаи мақсаднок истифода бурдани соатҳои қисми иловагии Нақшаи таълимӣ барои синфҳои 1-  4 (то 4 соат) ва синфҳои 5-11 (то 8 соат) дар давоми ҳафта бо дарназардошти  маблағгузорӣ  нагардидани онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва волидони хонандагони аксарияти таълимгоҳҳо, бахусус, деҳоти кишвар дар вақтҳои охир ниёз ба бозбинии  илова гӣ пайдо кардааст. Ба манфиати кор мебуд, агар ин соатҳо бо назардошти қонеъ намудани шавқу завқ, рушди қобилияти зеҳнӣ, таъмини тамоили таълимии хонандаи мушаххас истифода бурда мешуданд, зеро:

⦁ бидуни таълимгоҳҳои намуди нав (литсей, гимназия,  мактабҳои  хусусӣ,  мактабҳои  Президентӣ) ва миқдори ками муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки соатҳои қисми иловагии нақшаи таълимии (машғулиятҳои иловагӣ) онҳо аз ҳисоби падару модарон маблағгузорӣ карда мешаванд, онро амалӣ менамоянд, теъдоди зиёди муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру, ноҳия ва деҳоти кишвар бошанд, аз онҳо бо сабабҳои маълум (надоштани имконияти пардохти маблағ аз ҷониби волидон, нарасидани синфхонаҳо (фаъолият дар ду баст) соатҳои машғулиятҳои мазкурро истифода бурда наметавонанд;

⦁ миқдори муайяни муассисаҳои таҳсилоти умумие (аз ҷумла, литсейю гимназияҳо), ки баъзе соатҳои қисми иловагии нақшаи таълимро амалӣ менамоянд, на ҳамеша гузаронидани онҳоро на аз рӯйи шавқу завқ, қобилиятҳои зеҳнӣ ва муҳиммияти омӯзиши фанҳои бунёдӣ (асосӣ) ё баэътиборгирии тамоили таълимии хонандаи инфиродӣ пешбинӣ намудаанд, балки соатҳои ин машғулиятҳо ба сарфу харҷи маблағи пардохташудаи волидон равона карда шудаанд (масалан, амалӣ намудани машғулиятҳои иловагӣ аз теквандо, гимнастика, тарбияи ҷисмонӣ, технологияи (меҳнат), суруд ва мусиқӣ, дар маҷмуъ, қариб аз ҳамаи фанҳои таълимӣ). Дар баробари ин, ба машғулиятҳои иловагӣ ҳамаи хонандагони синфро ҷалб мекунанд, вале бо кадом мақсадҳо маълум нест. Чунин тарзи ба роҳ мондани машғулиятҳои  иловагӣ ба кӯдакон ба ғайр аз сарбории зиёди ҷисмонӣ ва хастагии психологӣ чизи дигар дода наметавонанд (мушоҳидаи дарсҳо, мониторинги сифати таҳсилот, омӯзиши дафтарҳои даврии машғулиятҳои мазкур, натиҷаи пурсишномаҳои хонандагон ва волидон). Зеро маълум нест, ки чаро ё ба хотири чӣ бояд хонандагон дар ин гуна машғулиятҳо, ки одатан тибқи ҷадвали асосии дарсҳо (соатҳои шашум, ҳафтум ва дар зинаи сеюми таҳсилот соатҳои ҳаштум, нуҳум…) гузаронида мешаванд, иштирок кунанд;

⦁ аксари муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи дилхоҳ ва мақсаднок ба роҳ мондани соатҳои машғулияти мазкур ба душворӣ дучор мегарданд. Масалан, таълимгоҳҳои зиёде, ки аз ин соатҳо (машғулиятҳо) истифода мебаранд, сифати таҳсилот ва сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи хонандагони онҳо дар сатҳи зарурӣ рушд наёфтааст ва хонандагон ба таври дилхоҳ аз таълими онҳо баҳраманд нагардидаанд (натиҷаи мониторинг ва таҳлили натиҷаи он, мушоҳидаҳои дарсҳои омӯзгорон, омӯзиш ва таҳлили дафтарҳои даврии хонандагон);

⦁ мазмуни барномаҳои таълими фанҳои мушаххаси таҳиягардидаи қисми иловагии нақшаи таълимии (машғулиятҳои иловагӣ) муассисаҳои таълимӣ солҳои охир аз тарафи омӯзгорон таҳия ва аз ҷониби худи маъмурияти таълимгоҳҳо тасдиқ карда мешаванд, онҳо аз тарафи коршиносон ва олимони муассисаҳои таҳқиқотӣ, ки бо стандарту барномаҳои таълимӣ сару кор мегиранд, мисли солҳои пешин ташхис ва хулосабарорӣ карда намешаванд.

Аз ин рӯ, имрӯзҳо муайян намудани сатҳи мувофиқати мундариҷаи барномаҳои таълимии таҳиягардидаи машғулиятҳои иловагии (интихоби мавод) ҳар як фан аз ҷониби коршиносон пешбинӣ нагардидааст. Дар таълимгоҳҳои алоҳида бошад, ба роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, аз ҷумла, тавассути таҳияи барномаҳои таълимии машғулиятҳои иловагӣ, истифодаи навгониҳои раванди таълим (татбиқи технологияи муосири таълим) ва ташаккули маҳорати омӯзиши мустақилонаи хонандагон зимни амалӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда нашуда, бештар ба зиёд намудани сарбории (соатҳои машғулиятҳои иловагӣ…) хонанда ва ё омӯзиши иловагии фанҳои берун аз стандарти давлатии таҳсилот машғуланд (нигаред, ба номгӯи фанҳо, миқдори соатҳои таълимӣ ва ҷадвали дарсҳои таълимгоҳҳои мазкур).

⦁ татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим дар амал муҳимтарин роҳи ноил гардидан ба натиҷаҳои интизоршаванда ба шумор меравад. Вазифаи таълимгоҳҳои муосир дар чунин шароит ба сари хонанда бор кардани ҳифзи иттилооти бешумору мунтазам рушдёбанда ва омӯзиши ҳарчи бештари фанҳои таълимӣ (ҳатто берун аз стандарти давлатӣ) набуда, вазифаи он, пеш аз ҳама, дар хонанда ташаккул додани маҳорати омӯхтан, ҷустуҷӯ, дарёфт, татбиқи моҳиронаю мустақилонаи маводи назариявӣ дар амал, дарки моҳияти мухтассари иттилооти пешниҳодшуда, таҳлил, муқоиса ва бунёди он, ташаккули маҳорати паси сар намудани ҳар гуна мушкилоти ҳаётӣ ва ба қонеъ гаронидани ниёзу дархости шахси воқеӣ бо дарназардошти ташаккули шавқу завқу қобилиятҳои инфиродӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад;

⦁ баъзе муассисаҳои таълимӣ, бахусус, таълимгоҳҳое, ки амалӣ намудани соатҳои иловагии нақшаи таълимро (бо дархост ва маблағгузории волидон) ба уҳда гирифтаанд ва аз синфи 1 хонандагонро ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва забонҳои дигар (фанҳои берун аз стандарти давлатӣ) фаро мегиранд, бояд омӯзиши фанҳои мазкурро дар синфҳои минбаъда аз рӯйи барномаи нав барои хонандагони ин синфҳо таҳияшуда идома диҳанд, зеро омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилашон ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ аз синфи 2 ва забони хориҷӣ дар ин синфҳо аз синфи 3 оғоз мегардад. Зеро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумие (муқаррарӣ), ки тавассути машғулиятҳои иловагӣ забонҳои мазкурро аз синфҳои 1 омӯхтаанд, омӯзиши онҳоро дар асоси барномаҳои таълими амалкунанда такроран дар синфҳои 2-3 аз нав оғоз менамоянд ва омӯзишҳои такрорӣ метавонад ба шавқу завқи донишомӯзӣ, худомӯзию худташаккулдиҳии хонандагон таъсири манфӣ гузорад.

Инчунин, миқдори муайяни кадрҳои таълимгоҳҳо таҷрибаи кофӣ дар таҳияи барномаҳои таълим барои гузаронидани машғулиятҳои мазкур дар шароити набудани адабиёти иловагии дастрас ва ҷавобгӯ ба дархост ва тамоили таълимии хонанда, талаботи стандартҳои фаннӣ ва барномаҳои таълими таҷдидшуда дар сатҳи зарурӣ надоранд. Аз ин  сабаб, дар таҳияи барномаҳои таълимии фанҳои берун аз Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015, тағйиру иловаҳо ба он соли 2018) ва ба таври муваффақона ба роҳ мондани машғулиятҳои иловагии фанҳои мазкур ба душвориҳои муайян дучор мегарданд ва натиҷаи ин машғулиятҳо интизороти хонандагон ва волидони онҳоро дар гирифтани таҳсилоти босифат ба таври зарурӣ қонеъ карда наметавонад (натиҷаҳои мониторинги сифати таҳсилот, пурсишномаҳои омӯзгорон ва волидон).

Албатта, гурӯҳе аз омӯзгорон, волидон ва коршиносон, ки аз нозукӣ ва хусусиятҳои раванди таълим, дарки аҳамият, муҳиммият ва зарурати интихоби маводи иловагӣ хуб огаҳанд, медонанд, ки интихоби фан, мавзуъ, таҳияи барномаи фанни мушаххас дар шароити мавҷуд набудани меъёрҳои ягонаи стандартонидашуда, барномаҳои таълимӣ, дастрасӣ надоштан ба китобҳои дарсӣ, кори заҳматталаб буда, на ҳама омӯзгорони собиқадор аз уҳдаи он баромада метавонанд.

Натиҷаи таҳқиқот, мушоҳида ва омӯзиши андешаҳои омӯзгорону волидон  (аксарият),  аз  ҷумла, дар самти баррасӣ ва арзёбии сифати татбиқи барномаҳои машғулиятҳои иловагӣ  нишон  медиҳанд, ки муассисаҳои таълимӣ ниёз ба арзёбии сифати машғулиятҳои иловагӣ ва омӯзиши самараи таълими фаннҳои мушаххаси таълимӣ ва муайян намудани рушди салоҳиятҳои таълимии ҳар як хонанда пайдо кардаанд.

На ҳамаи волидон зарурат, муҳиммият ва аҳамияти интихоби маводи иловагии таълим аз фанни мушаххас барои роҳандозии чунин машғулиятҳоро бо дарназардошти қонеъ сохтани шавқу завқи омӯзиши фарзандони худ дар сатҳи зарурӣ маълумот доранд.

Дар «Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2019 ва солҳои минбаъда» чунин оварда шудааст:

«Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ бо хоҳиши падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва майлу рағбати хонандагон дар асоси шартнома таълими иловаи пулакӣ берун аз нақшаи таълимӣ тавассути барномаҳои алоҳидаи таълимӣ омӯзиши фанҳое, ки дар стандарти давлатии таҳсилот пешбинӣ нашудаанд ва ё омӯзиши амиқи мавзуъҳо  аз рӯи фанҳои алоҳидаи дар нақшаи таълимӣ овардашуда, дар доираи талаботи қонунгузорӣ ташкил карда мешавад. Ворид намудани таълими фанҳое,  ки дар нақшаи таълимӣ нишон дода нашудаанд, танҳо дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад…» [3, с.1-8].

Аммо дар муқаррароти нақшаи болозикр соатҳои қисми иловагии нақшаи таълимӣ барои кадом гурӯҳи хонандагон ва фанҳои таълимӣ пешбинӣ гардидаанд, шарҳ дода нашудааст. Албатта, хуб мебуд, агар дар оянда номгӯйи фанҳои таълимӣ барои ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои иловагии мақсаднок дар стандарти давлатии таҳсилот нишон дода мешуд, зеро:

⦁ якум, он интихоб ва ба роҳ мондани машғулиятҳои иловагии мақсадноки фанҳои бунёдии мушаххасро бо дарназардошти қонеъ сохтани дархости хонанда ба омӯзиши маводи иловагӣ, баланд бардоштани шавқмандӣ ба омӯзиш ва таъмини таълими тамоилӣ (инфиродӣ)-и хонандаи мушаххасро дар қаламрави кишвар ба танзим медарорад;

⦁ дуюм, агар машғулиятҳои мазкур ба бартараф сохтани қафомонии хонандагон аз дарсҳо (барномаҳои таълимӣ) бо сабаби бемории дарозмуддат ва сабабҳои дигари иҷтимоии хонанда низ нигаронида мешуданд, он, албатта, ба манфиати хонанда ва ҷомеа хоҳад буд (Д. И.);

⦁ сеюм, ҳангоми интихоб ва ба роҳ мондани таълими фанҳои таълимӣ ва таҳияи барномаҳои  онҳо (машғулиятҳои иловагӣ), аз ҷумла, фанҳое, ки номгӯи онҳо дар Стандарти давлатии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҲҶТ 01.06.2015, № 494) ва тағйиру иловаҳо ба он дар соли 2018) нишон дода нашудаанд, дар аксари муассисаҳои таълимӣ мушкилоти муайянро ба вуҷуд меорад. Албатта, ба манфиати кор мебуд, агар барномаҳои таҳиягардидаи фанҳои мазкур аз ташхиси муҳаққиқон гузаронида мешуданд, чунки:

⦁ фарогирии миқдори зиёди хонандагон ба машғулиятҳои иловагӣ дар  шароити  мавҷуд будани 5-6 синфҳои мувозӣ (паралелӣ) дар аксарияти таълимгоҳҳои намуди нав (таълимашон пулакӣ) ба машғулиятҳои иловагӣ ва сабақгирӣ фаро гирифта мешаванд, ки вақт ва неруи зиёди хонандагон сарф, аммо натиҷаи онҳо беҳбудиро талаб мекунад.

Гузашта аз ин, хонандагон аз ин фанҳо вазифаҳои хонагии ҳаҷман калони ҳаррӯзаро берун аз  дарс  иҷро мекунанд (омӯзиши барномаҳои таҳиягардида, ҷадвали дарсҳо, дафтарҳои даврии хонандагон, мусоҳиба бо омӯзгорон, роҳбарият, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, волидон ва хонандагон);

⦁ фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар ду  баст ва нарасидани синфхонаҳо ба сифати гузаронидани машғулиятҳои мазкур таъсиргузор мебошад:

⦁ таъмин нагардидани риояи тавозуни дурусти тақсимоти соатҳои дарсҳои асосии хонандагон дар давоми рӯз, ҳафта ва соли таҳсил, ки аз буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешаванд;

⦁ ба риоя нагардидани талабот ба таъмини сарбории умумии хонандагон замина мегузорад (нигаред ба ҷадвалҳои дарсии ин муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, таълимгоҳҳои намудаи нав, ғайридавлатӣ ва ғайра):

⦁ ба сифатнок гузаронидани дарсҳои қисми асосии нақшаи таълимӣ, иҷрои талаботи стандарт ва барномаҳои таълим баъзе монеаҳо эҷод мекунад (масалан, дар азхудкунии маводи таълим, татбиқи амалии он дар шароити зиёд намудани сарбории хонанда дар давоми рӯз, ҳафта ҳангоми дар як рӯз ҷой додани дарсҳои асосӣ ва машғулиятҳои иловагӣ);

⦁ ба интихоби дурусти вақту соати гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ ва таҳияи ҷадвали дарсии онҳо низ аксарияти муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи кофӣ эътибори зарурӣ намедиҳанд  (талабот ба таҳияи ҷадвали дарсӣ риоя намешавад)

Хуб мешуд, агар таълимгоҳҳои кишвар таҳияи ҷадвали дарсии машғулиятҳои мазкурро бо дарназардошти баэътиборгирии хусусиятҳои синнусолӣ, талаботи санитарӣ-эпидемологӣ, беҳдошти саломатӣ, имконияти реҷаи кории муассисаи таълимӣ, мавҷудияти кадрӣ, тақсимот ва таъмини тавозуни сарбории таълимии хонандагон дар давоми рӯз, ҳафта ва риояи талаботи иловагии зерин ба гузаронидани онҳо ба роҳ мемонданд, аз ҷумла:

⦁ баъди истеъмоли ғизои нисфирӯзӣ ва истироҳат, сайругашт дар ҳавои тоза, бозӣ ва дигар намуди дамгирии хонандагон баъди дарсҳои қисми асосии нақшаи таълимӣ (талаботи стандарт, барномаҳои таълим);

⦁ тақсимоти дурусти (миқдори баробари дарсҳо дар ҷадвали дарсҳо дар давоми рӯз, ҳафта); сарбории хонандагон тавассути ҷобаҷогузории дарсҳои ҳаррӯза (қисми асосии нақшаи таълимӣ) дар ҷадвали дарсҳо бо дарназардошти риоя намудани тавозуни соатҳои дарсии фанҳои даркашон мураккабу сабук, шифоҳӣ, хаттӣ дар таълимгоҳҳо;

⦁ ҷо додани соатҳои дарсии машғулиятҳои иловагӣ танҳо баъди ба анҷом расидани дарсҳои қисми асосии нақшаи таълимӣ ва тавсияҳои болозикр.

Хуб мебуд, агар ба масъалагузории омӯзиши вазъи ташкил ва арзёбии натиҷаи машғулиятҳои иловагӣ ва самараи онҳо дар пешрафти таълимии хонандагон (дар таълимгоҳҳое, ки онҳо амалӣ мешаванд) дар доираи иттиҳодияҳои методии фаннӣ, шуроҳои методӣ, педагогӣ, гурӯҳҳои сифати таҳсилот, шуроҳои шуъбаҳои маориф, кабинетҳои методӣ

ба таври дилхоҳ мароқ зоҳир карда мешуд, зеро дар бисёр ҳолатҳо омӯзиш, таҳлил ва хулосабарории натиҷаи онҳо аз назорати дохилимактабӣ пурра дар канор монда, дастовард, мушкилот ва дурнамои истифодаи мақсаднок ва вазъи самаранокии он мавриди баррасӣ, таҳлил ва хулосабарориҳои, воқеан, асоснок дар сатҳи зарурӣ қарор нагирифтааст (нигаред ба тавсия ва қарорҳои ҷаласаҳои иттиҳодияҳои методии фаннӣ, шуроҳои методӣ, педагогӣ, шуроҳои шуъбаҳои маориф).

Дар «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2020» масъалаи арзёбии сифати таҳсилот яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳот эътироф карда шуда, мушкилоти он чунин зикр гардидааст: «Воситаҳои барои баҳодиҳии комёбиҳои таълимии талабагон дар низоми таҳсилоти умумӣ дар сатҳи мактаб ва ҷумҳурӣ ташаккул наёфтаанд. Лоиҳаҳои алоҳида оид ба баҳодиҳии сатҳи дониши талабагон, ки дар ҷумҳурӣ татбиқ гардиданд, вобаста бо фарқияти воситаҳои баҳогузорӣ ва ташкили гузаронидани расмиёти баҳодиҳию арзёбии сифати таълимро умуман, дар ҷумҳурӣ аз рӯи динамика номумкин месозад» [5, с. 14].

Баъзе мушкилоти дигари сифати пасти машғулиятҳои иловагӣ аз инҳо иборатанд:

⦁ риоя нагардидани принсипҳои арзёбии сифати машғулиятҳои иловагӣ бо сабаби назорати нокифояи дохилимактабӣ;

⦁ таҷрибаи маҳдуди  истифодаи  усули  муосири арзёбии натиҷаҳои машғулиятҳои иловагии кишварҳои хориҷи дуру наздик ва сатҳи нокифояи омодагии омӯзгорон ва мутахассисон дар ин самт;

⦁ мавҷуд набудани таҳлили асосноки натиҷаҳои арзёбии фаъолияти хонанда ва омӯзгор дар раванди иҷрои барномаҳои таълими машғулияҳои мазкур, андешидани тадбирҳои бартарафсозии мушкилоти ошкоргардида, бахусус, дар сатҳи таълимгоҳҳо, раёсату шуъбаҳои маориф ва омода накардани ҳисоботи дахлдор дар ин самт;

⦁ дар раванди машғулиятҳои болозикр хонандагон танҳо донишҳои назариявӣ меомӯзанд ва ба дигар ҷанбаҳои муҳими омӯзиш аксар вақт беэътиноӣ зоҳир карда, дар синф барои корҳои амалӣ дар сатҳи зарурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намешавад, то рушди инфиродии ҳар як хонандаро таъмин созад;

⦁ натиҷаҳои ҷамъбастии машғулиятҳои иловагӣ мавриди баррасӣ қарор дода намешавад ва хулосаҳои асоснок баҳри беҳбудӣ бахшидан ба сифати онҳо бароварда намегардад (дар сатҳи аксари муассисаҳои таълимӣ, раёсат ва шуъбаҳои маориф) ;

раванди машғулиятҳои иловагӣ (иҷрои барномаи таълим) дар сатҳи зарурӣ ба рушди салоҳиятҳо нигаронида нашуда, он барои дар хотир нигоҳ доштани донишҳои хонанда такя мекунад. Мутаассифона, донишҳои омӯхташудаи ин машғулиятҳо, одатан, пас аз анҷом додани омӯзиш аз хотир зудуда мешаванд;

⦁ дар раванди машғулиятҳои иловагӣ арзёбии ташаккулдиҳанда кам ё тамоман истифода бурда намешавад. Аз ин рӯ, арзёбӣ ба хонандагон ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои худ ба таври ҳамешагӣ ва мунтазам имкониятҳои хуб фароҳам намеорад;

⦁ дар раванди машғулиятҳо супоришҳои интихобшуда ба рушди малакаҳои тафаккур хеле кам таъсиргузоранд. Яъне, супоришҳо бештар якранганд.

Арзёбии сифати таҳсилот, аз ҷумла, самараи машғулиятҳои иловагӣ (иҷрои қисми иловагии нақшаи таълимӣ), ки имрӯзҳо таҳти назари Вазорати маориф ва илми кишвар қарор гирифтааст, заминаи воқеӣ барои таҳияи асосҳои арзёбии муосири натиҷаҳои таълимии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳким бахшидан ба сифати таҳсилот ва таъмини рушди босуботи он дар шароити ислоҳоти соҳа муҳайё месозад. Зеро арзёбии сифати машғулиятҳои иловагӣ манбаи муҳимми маълумот дар бораи натиҷаи амалиёти хонанда ва омӯзгор маҳсуб ёфта, тавассути арзёбии дараҷаи дониш, фаҳмиш ва маҳорати амалии хонанда муайян ва барои рафъи мушкилоти он (ҳам аз ҷониби омӯзгор ва ҳам аз ҷониби хонанда) чораандешӣ карда мешавад. Воқеан, арзёбии ташаккулдиҳанда раванди ҷустуҷӯ ва тафсири далелҳои воқеӣ маҳсуб ёфта, дар раванди он хонандагон ва омӯзгорон имконияти муайян кардани марҳалаи сатҳи азхудкунии дониш ва ба кадом самт равона намудани фаъолияти минбаъдаи худро пайдо мекунанд. Арзёбии мазкур ба таври ҳаррӯза дар машғулиятҳои иловагӣ амалӣ гардида, он ба омӯзгор ва хонанда заминаи мусоид барои мутобиқ сохтани амалҳои зарурӣ дар ҳолатҳои таълиму омӯзиш бояд фароҳам орад.

Натиҷаи таҳқиқот ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз олимону муҳаққиқон, коршиносону омӯзгорон, волидон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар бораи мушкилоти сифати таҳсилот фикру андешаҳои худро баён месозанд. Табиист, ки дар ин муҳокимаҳо омӯзгорони амалгаро, ҷӯяндаю эҷодкор бештар ширкати фаъол доранд. Зеро онҳо талаботи бозори меҳнатро ба эътибор гирифта, ҳадди аксари фаъолияти педагогии худро ба ташаккули

воқеии маҳорати касбии хеш ва қонеъ сохтани талаботи муосир, ниёз ва дархости шахс ва дар маҷмуъ, ҷомеа дар шароити афзудани ҳавасмандӣ ба гирифтани таҳсилоти босифати замонавӣ, аз ҷумла, тавассути машғулиятҳои иловагӣ равона месозанд.

Яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сифати таҳсилот арзёбии воқеии натиҷаҳои машғулиятҳои иловагӣ (омӯзиш аз рӯи тамоил) хонандагон маҳсуб меёбад. Гузашта аз ин, самаранок гардонидани раванди таълим, дарёфти маълумоти воқеӣ дар бораи сифати таҳсилот ва дастовардҳои таълимии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, дар самти муайянсозии сатҳи иҷрои барномаҳои машғулиятҳои иловагӣ вазифаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад.

Дар раванди ислоҳоти солҳои охир баҳсҳои зиёде дар атрофи сифат ва самараи машғулиятҳои иловагӣ, ки дар миқдори муайяни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди амал қарор доранд, мавҷуданд ва аз ҷониби теъдоди зиёди коршиносон, муҳаққиқон ва омӯзгорон ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Воқеан, дар сурати мақсаднок амалӣ намудани машғулиятҳои мазкур роҳҳои самаранок гардонидани раванди таълим, дарёфти маълумоти иловагӣ дар бораи иттилооти зарурӣ ва ба тамоили таълимии хонандаи мушаххас нигаронидани онҳо дар муассисаҳои таълимии кишвар бештар шароити мусоид фароҳам мегардад.

                                                               Адабиёт

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21. 12. 2022). — Душанбе: Шарқи озод, 2023. — С. 23-24.

2. Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва таҳсилоти муосир / М. Лутфуллоев. — Душанбе: Саҳбо, 2006. — 224 с.

3. Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2019 ва солҳои минбаъда. — Душанбе, 2018 — 63 с.

4. Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон –Душанбе, 2015 — 60 с.

5. Стратегияҳои миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 (ҚҲҶТ аз 30. 06. 2012, №334). — Душанбе, 2012. — 116 с.

6. Стратегияҳои миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 (ҚҲҶТ аз 29. 09. 2020, № 526). – Душанбе, 2020. — 121 с.

7. Cуханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Рӯзи дониш (ш. Душанбе, 17. 08. 2020)

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *