
Дилором АМИНОВА,
омӯзгори фанни забони англисӣ,
вилояти Суғд
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз муҳимтарин масъалаҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳсуб шуда, амри Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ доир ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба тасвиб расидааст. Мақолаи мазкур метавонад барои омӯзгорони забони англисӣ ҳамчун маводи ёрирасони методӣ хидмат кунад.
Фонетика як қисми илми забоншиносиест, ки ҷиҳати овозии забонро меомӯзад. Ҷиҳати овозии забон тамоми воситаю воҳидҳоеро дарбар мегирад, ки барои сохтану шинохтани воҳидҳои маънодори забон истифода мешавад. Масалан, калимаи plate, ки аз чор овоз: [p], [l], [ei] ва [t] иборат аст, маҳз туфайли мавҷудияти ҳамин овозҳо он ҳамчун воҳиди мустақили забон вуҷуд дорад ва аз калимаҳои дигар фарқ мекунад: дар сурати тағйир додани миқдори овозҳо ин калима ба воҳиди лексикии дигар табдил меёбад ё батамом аз байн меравад. Сониян, овозҳои таркиби калимаи plate тартиби муайян доранд ва он барои мавҷудияти ин калима муҳим аст, зеро дар сурати халалдор гардидани тартиби онҳо ин калима ба силсилаи овозии бемаъно табдил меёбад. Дар мавриди вайрон шудани сохти ҳиҷогӣ ва тартиби ҳиҷоҳои ин калима низ ҳамин натиҷа ҳосил хоҳад шуд.
Мувофиқи қоидаҳои боло метавон дар системаи фонемаҳои садоноки забони англисӣ тазоддҳои зеринро фарқ кард: садонокҳои пеш садонокҳои тазодро ташкил карда, дар навбати худ ҳар яки онҳо алоҳида бо садонокҳои омехта тазоддро ташкил мекунад.
Садонокҳои кушода, садонокҳои баста, садонокҳои дорои артикулятсияи устувор, монофтонгҳо, дифтонгҳо, садонокҳои дароз, кӯтоҳ, лабӣ ва ғайрилабӣ мавҷуд аст. Ҳамин тавр, дар таркиби садонокҳои англисӣ 12 монофтонг — [i], [a:], [x], [u], [u:], [ ә], [ ә:], [e], [כ:], [A], [i;]-ро фарқ мекунем. Дифтонги 10-ум [כə] фонемаи мурдаистода ба ҳисоб меравад, чунки дар аксари ҳолат бо фонемаи [כ:] иваз мешавад: дар талаффузи баъзе англисзабонҳо ин ивазшавии овоз мушоҳида мешавад, бо вуҷуди он ки ин ивазшавӣ ба пайдоиши омилҳои зерин бурда мерасонад: [pכ:]—paw, pour, pore; [l כ:]-law, lore ва [sכ:] –saw, soar.
Мо наметавонем, ҳамаи адабиёти ба фонетика бахшидашударо шарҳу мушоҳида кунем. Аз ин рӯ, танҳо бо корҳои А.Ф. Биршерт «Ба масъалаи системаи фонемаҳои забони адабии англисӣ» маҳдуд мешавем, чунки кори ӯ дар забоншиносии Шуравӣ ягона коре мебошад, ки ба масъалаи мазкур бахшида шудааст. Инчунин, китоби дарсии В.Н. Витамский, ки дар макотиби олӣ мавриди истифода қарор дорад, корбаст шудааст. Аз муҳаққиқони хориҷ мо ба Джоунж, ки дар масъалаи фонетикаи забони англисӣ дар Англия машҳур аст, рӯ овардаем. Инчунин, истилоҳи «варианти позитсионӣ» истифода шудааст.
Тазодди охирин хеле суст ифода ёфтааст, чунки танҳо садоноки лабии [כ] бо садоноки ғайрилабии [A] тазодро ташкил медиҳад. Садонокҳои лабӣ дар забони англисӣ хеле кам истифода мешавад. Дар ин масъала мо бо муҳаққиқ Витамский дар ақидаҳои гуногун мебошем. Ӯ пешниҳод мекунад, ки «ин ивазшавӣ ба ҷиҳати семантикии калимаҳо ягон хел таъсир намерасонад».
Дар ҳолатҳои нисбатан кам, ки дар онҳо тафовути маънавии калима ба тазодди [כ:]- [כə] вобаста аст, ки ба як фонемаи [כ:] муттаҳид шудани онҳо имконпазир аст. Фарз мекунем, тафовути овозҳои [כ:] ва [כə]-ро танҳо насли калонсол дуруст фарқ мекунанд, аммо насли ҷавон байни онҳо фарқияте намегузарад ва дар ҳама ҳолат [כ:] талаффуз мекунанд. Дар ҷадвал мо [כə]-ро дар қавси нимдоира гирифтем, то ки ҳатмӣ набудани истифодаи онро нишон диҳем. Доир ба таркиби садонокҳои англисӣ назари мо аз Джоунз тамоман фарқ мекунад. Ӯ чунин меҳисобад, ки садонокҳои дароз ва кӯтоҳ, яъне, [i:-i], [u:-u], [כ:-כ], [ə:-ə] фонемаҳои алоҳида набуда, ҳар як ҷуфт тобишҳои гуногуни фонетикии як фонетика мебошад. Ҳаминро нисбати ҷуфти овозҳои [כ:] –[כ], [u:]-[u] гуфтан мумкин аст.
Фарқияти тембр дар байни овозҳо ночиз аст. Аз ин хотир, дар талаффузи англисии ҷанубӣ 8 фонемаи садонок монофонг вуҷуд дорад, ки бо воситаи аломатҳои [i], [e], [כ], [a], [A], [u], [ə] ифода меёбанд. Ин хулоса то дараҷае ногаҳонӣ менамояд. Ба ақидаи мо тафовути миқдор дар байни монофтонгҳои англисӣ ва англисии муосир аҳаммияти худро гум накарда, мисли тафовути сифатӣ муҳим мебошанд. Онҳо барои амалӣ гардонидани фаҳмиши тарафайн аҳаммияти калон доранд, чунки тафовути сифатии байни монофтонгҳои дароз ва кӯтоҳи англисӣ на он қадар бузург аст. Аз 12 монофтонги англисӣ 4 фонемаи кӯтоҳ истифодаи нисбатан маҳдуд доранд: [e], [כ], [u], [i:], дар охири калима истифода намешаванд: [ə] бошад зада намегирад, аммо фонематикии ин садонокҳо дар 3 калима, ки дар онҳо лаҳзаи ягонаи фарқкунандаи маъно ин ба ҳам муқобилгузории овозҳои дароз ва кӯтоҳ мебошад, бармало аён мегардад: [ kכt] – [kכ:t] фонематикии [ə] ҳангоми тазодди ин бо [i] ва [i:] дида мешавад: [́beti] – [ betə] Betty – better
Қисми амалӣ
Узвҳои нутқи одамони ҳамаи миллатҳо як хел сохта шудаанд; ин узвҳои нутқ имкон доранд, ки ҳар яки овозҳоро талаффуз намоянд. Аммо ҳар як забон оид ба талаффузи овозҳо сози муайяни узвҳои нутқ, шиддати талаффузи онҳо хусусиятҳои хосро доранд, яъне, системаи муайяни талаффузкунӣ дар раванди тараққиёти ҷамъияти халқ, ки дар ин ё он забон гап мезананд, кор карда мешавад. Ин базаи артикулиятсионӣ аст. Талаффузи забони англисӣ баробари ба забони тоҷикӣ монандии муайяне доштан, аз он фарқ мекунад: Дар вақти талаффузи бештарини овозҳои англисӣ лабҳо, назар ба талаффузи овозҳои тоҷикӣ, бисёртар таранг мешаванд. Ҳамсадоҳои пешизабонӣ дар забони англисӣ артикулятсияи ворагӣ, дар забони тоҷикӣ бошад, артикулятсияи дандонӣ доранд. Дар системаи фонетикаи забони англисӣ садонокҳои дароз ва кӯтоҳ мавҷуданд, ки фарқи байни онҳо на танҳо дар дарозкашӣ (аз ҷиҳати миқдор), балки аз ҷиҳати сифат ҳам дида мешавад (sheep-ship). Ин ҳолат дар забони тоҷикӣ танҳо аз ҷиҳати дарозкашӣ фарқ мекунанд (бино, ид, дуд) Дар забони англисӣ барои садонокҳо артикулятсияи лағжидае (дифтонгҳо) мавҷуд аст, ки дар забони тоҷикӣ нест. Дар англисӣ барои ҳамсадоҳои [ɵ], [ð] артикулятсияи байнидандонӣ ҳаст, ки забони тоҷикӣ надорад. Дар талаффузи садонокҳои забони англисӣ, назар ба талаффузи тоҷикӣ, якчанд дараҷаи бардошташавии забон аст. Дар забони англисӣ ҳамсадоҳои пайваст (дифтонг) аст, ки забони тоҷикӣ надорад.
Фонемаи [i:] садоноки дарози ғайрилабулабии қатори пеши фарози боло мебошад. Дар вақти талаффузи он забон ба пеш ҳаракат карда, нӯги он дар дандонҳои поён мерасад. Дӯнгии миёнаи забон ба боло, ба коми сахт бардошта мешавад, лабҳо забонро зер карда ба ду тараф меёзанд. Фонемаи англисии [i:] назар ба садоноки [и]-и тоҷикӣ каме дароз талаффуз шавад, мувофиқ аст. Масалан, дар калимаҳои ид, бино ва ғайраҳо. Дар транскрипсия дарозии он бо [i:] нишон дода мешавад. Дар вақти талаффузи [i:] садонок набояд ҳаракати сахт дошта бошад. Ҳарфи Ее дар алифбо [i:] номида мешавад.
Фонемаи [ᴂ]. Дар вақти талаффузи ин фонема забон ба пеш ҳаракат карда, нӯги он поён мешавад ва ба дандонҳои поён мерасад, қисми миёнаи забон бошад, ба пеш ва ба боло қат мешавад. Кунҷҳои даҳон ба ду тараф кашида шуда, масофаи байни ҷоғҳо калон мегардад. Забони тоҷикӣ ин гуна фонема надорад. Ин фонема овози садоноки ғайрилабулабии қатори пеши дарозии паст мебошад. Ин садонокро ба садоноки [е] овехта кардан лозим нест, чунки маънои калима ба он вобаста аст. Дар навишт овози [ᴂ] дар ҳиҷои баста бо ҳарфи А, а тасвир меёбад.
Мисол: Plan [plᴂn]-нақша.
Map [mᴂp]-харита.
Man [mᴂn]-одам.
Bad [bᴂd]-бад.
Фонемаи [ə] (овози садоноки бетараф, муътадил), ин садоноки ғайрилабулабии кӯтоҳи бешиддати қатори омехтаи баландии миёна мебошад. Ин садонок ҳеч вақт зада қабул накарда, зуд ба таъсири овозҳо меафтад. Дар вақти талаффузи он лабҳо бетараф, муътадил мебошанд. Дар навиштовози [ə] бо ҳарфи А, а тасвир меёбад, ки пеш аз исмҳо истода, шакли артикли номуайян дорад:
A pen [ə’pen].
a map [ə’mᴂp].
Артикли номуайянӣ танҳо пеш аз исмҳо корбаст мешавад ва задаро қабул накарда, тарҷума надорад. Дар забони тоҷикӣ он маънои суффикси номуайянии е, ва ё калимаи як-ро ифода мекунад. Мисол: a man [ə’men]-касе, як кас. Агар исм бо ҳарфи садонок сар шавад, артикли номуайянӣ шакли an-ро мегирад.
Мисол: an apple [ən’ ᴂpl] себе, як себ.
Фонемаи [aɪ] дифтонг буда, қисми асосии он овози садоноки қатори пеши фарозии паст аст. Дар талаффузи он забон ба пеш ҳаракат карда, паҳн меистад: нӯги забон дар назди дандонҳои поён буда, лабҳо меёзад. Пас, забон ба талаффузи [и]-и кӯтоҳ, майл карда, боло мешавад. Дар навишт дифтонги [aɪ] бо ҳарфи I, i [aɪ] дар ҳиҷои кушода тасвир меёбад.
I [aɪ]-ман Time [taɪm]-вақт
Фонемаи [ɪ]. Дар вақти талаффузи [ɪ] забон ба пеш ҳаракат карда, нӯги он дар назди дандонҳои поён меистад, пуштаки миёнаи забон ба пеш ва боло, аммо назар ба талаффузи [i:] камтар қат мешавад. Лабҳо каме меёзанд. Ин овози салоноки ғайрилабулабии қатори пеши ба пас кашидашудаи дарозии баланд мебошад. Овози садоноки [ɪ]-и англисӣ садоноки [и]-и кӯтоҳи тоҷикиро ба хотир меорад, ки дар калимаи “бин” дида мешавад. Вале [ɪ]-и англисӣ, назар ба [ɪ]-и тоҷикӣ, садоноки як қадар кушода ва ба пас кашидашуда аст. Дар навишт ин овоз дар ҳиҷои баста бо ҳарфи “i” тасвир мешавад.
Машқ: Bill, till, mill, pit, pin, tin, nib, bin, lip, pill, did, bid, dim, mint.
Фонемаи [a:]. Ҳангоми талаффузи ин фонема забон хеле паст рафта, қариб паҳн мешавад. Дар забони тоҷикӣ бошад, [a] овози пешизабонӣ аст. Фонемаи англисии [a:] овози садоноки дарози ғайрилабулабии қатори паси чуқури фарозии паст аст. Дар навишт [a:] бо таркибҳои гуногуни ҳарфи “а” ва ҳамсадоҳо ифода меёбад: past, dance, ask, pass…
glass [gla:s] – cтаканto dance [tə`da:ns]– рақсидан
to ask [tu`a:sk] — пурсиданfast [fa:st] – тез.
Фонемаи англисии [u] овози садоноки кӯтоҳи лабулабии қатори паси ба пеш кашидашудаи фарозии баланд мебошад. Ҳангоми талаффузи он забон ба пас кашида шуда, нӯги он меафтад, пуштаки паси забон бошад, ба коми мулоим бардошта мешавад, лабҳо гирд шуда, аммо ба пеш кашида намешаванд
Фонемаи [u:]. Ҳангоми талаффузи [u:] забон, назар ба талаффузи ӯ-и тоҷикӣ камтар ба пас кашида мешавад. Лабҳо гирд шуда, назар ба [ӯ]-и тоҷикӣ, ба пеш ҳаракат мекунанд. Фонемаи [u:] садоноки дарози лабулабии қатори паси фарозии баланд аст. Ин фонема пеш аз ҳамсадои беҷаранг чун дигар садонокҳо кӯтоҳ талаффуз мешавад. Садоноки [u:] бештар бо таркиби сонанти [j] дида мешавад, ки бо таъсири он андак пешилабӣ мегардад. Дар ин ҳолат ба мулоим талаффуз шудани ҳамсадои пеш аз он, роҳ додан мумкин нест. Барои он ки ин ҳолат рӯй надиҳад, танҳо баъд аз ба анҷом расидани артикулятсияи ҳамсадои пешина (чун дар [i:]) қисми болои забонро барои талафузи он боло кардан лозим. Дар навишт фонемаи [u:] пеш аз ҳамсадоҳои “m, n” ва ғайра ба шакли “оо” тасвир мешавад.
Масалан: the moon [ðə`mu:n]-моҳтоб,
a spoon [ə`spu:n]-қошуқ.
Садоноки [u:] бештар бо таркиби [j] меояд, дар навишт бо Uu [ju:] дар ҳиҷои кушода тасвир меёбад.
Мисол: a tune [ə`tju:n]-оҳанг;
duty [dju:tɪ]-вазифа;
a student [ə`stju:dənt]-донишҷӯ;
to use [tə`ju:z] – истифода бурдан.
Тарзи навишт ва талаффузи ҷонишини you [ju:] (ту, шумо) – ро дар хотир доред.
Фонемаи англисии [ᴧ] садоноки кӯтоҳи ғайрилабулабии қатори паси ба пеш кушодашудаи фарозии миёна аст. Дар вақти талаффуз забон каме ба пас кашида шуда, фароғии байни ҷоғҳо зиёд мегардад. Фонемаи тоҷикии [а] дар калимаҳои лаб, танга ба садоноки англисии [ᴧ] наздик аст. Дар навишт [ᴧ], бо ҳарфи “u” дар ҳиҷои кушода тасвир меёбад.
Масалан: a cup [ə`kᴧp]-пиёла,
a bus [ə`bᴧs]-автобус,
much [mᴧʧ]-бисёр.
Ғайр аз ин, “o” пеш аз “m”, “n” ,“th”, “v” низ [ᴧ] хонда мешавад.
Мисол: to come [tə`kᴧm] – омадан,
a son [ə`sᴧn]- писар,
a mother [ə`mᴧðə]- модар.
Фонемаи [au] Ин фонема дифтонг аст, ки асоси он садоноки [a] чун дар дифтонги [аɪ], вале камтар ба пас кашидашуда мебошад. Садоноки кӯтоҳи [u] лағжонак аст; дар вақти ба [u] мубаддал шудани он лабҳо ба пеш кашида намешаванд. Дар вақти навишт дифтонги [au] бо диграфҳои “au”, “ow” тасвир меёбад.
Масалан: a house [ə`haus]-хона;
a town [ə`taun]-шаҳр;
brown [braun]-қаҳваранг; how [hau]-чӣ тавр.
Хулоса, овозҳои садонок таснифоти худро дорад. Аз сабабе, ки дар тавлиди садонокҳо, асосан, ду узв фаъолона иштирок мекунанд, онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд:
- Забонӣ 2. Лабӣ
Дар тавлиди садонокҳо забон ба ду самт ҳаракат дорад:
- Ҳаракати уфуқӣ (пешу қафо рафтани забон)
- Ҳаракати амудӣ (пасту боло рафтани забон)
Аз рӯйи ҳаракати уфуқии забон садонокҳо чунин тасниф мегарданд:
- Садонокҳои қатори пеш. Тоҷикӣ (и, э), англисӣ [i:, e]
- Садонокҳои қатори қафо. Тоҷикӣ (у, о), англисӣ [a:,כ ,כ:, u, u:]
- Садонокҳои қатори мобайни ё омехта. Тоҷикӣ (а, ӯ), англисӣ [ə, ə:]
Аз лиҳози ҳаракати амудии забон чунин садонокҳо ҷудо карда мешаванд.
1) Садонокҳои бардошти поён: тоҷикӣ [a] англисӣ [a:, כ,כ:]
2) Садонокҳои бардошти миёна: тоҷикӣ [е, ӯ, о] англисӣ [e, ə:, ə]
3) Садонокҳои бардошти боло: тоҷикӣ (и, у) англисӣ [i, i:, u, u:]
Аз рӯйи ҳаракати лабҳо садонокҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
1) Садонокҳои ғайрилабӣ: тоҷикӣ [и, у], англисӣ [i:,i, e, a:, ə:, ə]
2) Садонокҳои лабӣ: тоҷикӣ [о, у], англисӣ [כ,כ:, u, u:]
Дар забони англисӣ саднокҳоро, инчунин, ба монофтонг ва дифтонг тақсим мекунанд. Монофтонгҳо аз як садо иборатанд. Онҳо 12-тоанд. Дифтонгҳо якумин садонок таркиб меёбанд [ei, ai] ва ғайра. Дар забони тоҷикӣ фақат монофтонгҳо мавҷуданд.
Дар забони англисӣ, инчунин, як гурӯҳ монофтонгҳои ба ҳам тазодди кӯтоҳу дароз ҳастанд: [i:]-[i], [כ:]-[כ:], [a:-A], [u:- u] ва ғайра. Дар забони тоҷикӣ садонокҳоро ба устувор ва ноустувор тақсим мекунанд.
Масалан: [о] устувор, вале [a] ноустувор.
Барои муқоисаи типологии системаҳои фонологӣ фарқияти онҳо аҳаммият дорад. Ҳатто забонҳое, ки маҷмуи садонокҳо баробар аст, аз сабаби фарқияти суръати иштироки онҳо ташкили фонологиашон дигар аст. Вокализми забони англисӣ аз 12 монофтонг ва 8 дифтонг иборат аст. Аз ҷумла:
1) Садонокҳои қатори пеш: [i:], [e]
2) Садонокҳои пеши ба сӯйи ақиб моил [i]
3) Садонокҳои марказии хос [ə;], [ə]
4) Садонокҳои марказии ба сӯи ақиб моил [æ]
5) Садонокҳои қатори ақиб [כ], [כ:], [a:], [u:]
6) Садонокҳои ақиби ба сӯйи пеш моил [u]
Мувофиқи аломати фарозӣ ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд:
1) Садонокҳои пӯшидаи танг [i], [u:]
2) Садонокҳои пӯшидаи васеъ [i], [u]
3) Садонокҳои нимароҳи танг [e], [ə:]
4) Садонокҳои нимароҳи васеъ [ə]
5) Садонокҳои фарохи танг [e]
6) Садонокҳои фарохи васеъ [æ], [a:], [כ]
Вокализми тоҷикӣ аз 6 монофтонг ташкил ёфтааст. Аз нуқтаи назари фонологӣ садонокҳои тоҷикиро мувофиқи аломати қатор ва фарозӣ ба гурӯҳҳои иловагӣ ҷудо кардан шарт нест. Дар як ҳудуди як фарозӣ садонокҳои англисӣ чунин мухолиф доранд:
[i:] –[i] feel-fill; [ə:]-[ə] foreward- foreword; [u:]-[u] pool-full
[כ:] –[כ] port- pot
Дар фарозиҳои гуногун мухолифҳои поёнро доранд:
[i]–[æ] seed-sad; [u]-[v]