ИХТИРОЪКОРӢ ВА ТАШАККУЛИ РАВАНДҲОИ МЕҲНАТИИ КӮДАКОНИ СИННИ ТОМАКТАБӢ ДАР БОЗИҲО
Файзимо РАҲИМЗОДА,
унвонҷӯи Пажуҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Бозиҳо барушди лаёқатҳои эҷодкорӣ ва ихтироъкории кӯдакони синни томактабӣ мусоидат мекунанд. Чӣ тавре ки кӯдакон дар бозӣ амал мекунанд, дар раванди ҳаёти минбаъда низ ҳамон хел рафтор мекунанд. Бинобар ин, тарбияи шахсияти оянда аз бисёр ҷиҳат дар фаъолияти бозӣ сурат мегирад. Бозӣ хусусияти муваққатӣ ва гузаранда дорад, ки ҳадафи он тағйир додани шахсият аст. Бозӣ воситаи мутобиқшавӣ ба олами ҳастӣ ва офаридани фарҳанги шахсӣ буда, кӯдаконро ба ҳаёти ояндаи мустақил омода мекунад. Дар фаъолияти бозӣ ҳамеша тасаввур вуҷуд дошта, ҳангоми ба бозӣ машғул гардидан тафаккури кӯдак зуҳур мекунад, зеро бозӣ ва тасаввурот бо ҳам алоқамандии зич доранд.
Дар раванди бозӣ шахс ҷаҳони худро эҷод карда, ба таври худ дар он амалҳоро роҳандозӣ менамояд. Масалан, духтарчае, ки бо лӯхтак бозӣ мекунад, худро модар тасаввур мекунад ва хуб медонад, ки тамоми аъмоли ӯ вонамуд аст.
Ҳангоми бозиҳо педагог ва мураббиён метавонанд, қобилиятҳои инфиродӣ ва сатҳи дониш, малака ва маҳорати мавҷудаи кӯдаконро мушоҳида кунанд. Инчунин, шавқу завқ, маърифат, эҷодиёт, сатҳи эмотсионалӣ ва ҷисмонии онҳоро дидан мумкин аст.
Раванди бозӣ ҳар қадар фаъолтар ва ҳамчун усули таъсиррасонии таълиму тарбия истифода гардад, ташаккули эҷодиёт ҳамон қадар бомуваффақият сурат мегирад. Бозӣ барои педагоги моҳир воситаест, ки ҳисси кунҷкобонаи кӯдаконро ба фаъолияти мақсадноки таълимӣ равона месозад.
Ба андешаи педагог Т. Нахаева: «Педагог бояд бозиҳои мустақилонаи кӯдаконро мунтазам ва мақсаднок мушоҳида кунад ва ба кӯдакон имконият диҳад, ки аз намудҳои гуногуни бозӣ барои худ интихоб кунанд. Инчунин, бозиро бо вақт ва миқдори зиёди қоидаҳо маҳдуд накунад».
Эҷодкорӣ ва ихтироъкорӣ дар раванди бозӣ аз мавҷудияти таҷрибаҳои гуногуни қаблии кӯдакон вобаста аст. Ғанигардонии таҷрибаи кӯдакон бо мақсади ба вуҷуд овардани замина барои ташаккули эҷодиёти онҳо зарурӣ мебошад. Кӯдакон ҳар қадар бештар бинанду шунаванд, ҳамон қадар мефаҳманду меомӯзанд.
Дар зери мафҳуми ихтироъкории кӯдакони синни томактабӣ дар раванди бозӣ мо чунин ҷанбаҳои шахсияти онҳоро дар назар дорем: — қобилияти эҷод кардани чизҳои нав дар бозӣ; — пайдо кардани роҳҳои нави ғайристандартӣ барои ҳаллӣ масъала; — моҳирона иҷро кардани масъала; — суръати тафаккур ва эҷодкории амалҳо; — мустақилона ҳал кардани мушкилот.
Аз нишондодҳои дар боло зикргардида, метавон ба хулосае омад, ки ихтироъкорӣ неруи ақлро тарбия мекунад ва ба кӯдакон имкон медиҳад, ки орзуҳои худро дар раванди бозӣ амалӣ созанд. Муҳимтар аз ҳама, барои эҷодкорӣ ва худшиносии онҳо шароит фароҳам меорад.
Ихтироъкории кӯдакон, ки дар раванди тарҳрезии техникӣ ташаккул меёбад, бо рушди қобилиятҳои техникии онҳо мусоидат мекунад.
Нақши бозиҳо дар тарбияи маънавӣахлоқӣ ва меҳнатии кӯдакони синни томактабӣ низ бағоят калон арзёбӣ мегардад. Дар байни вазифаҳои тарбия ва таълимии муассисаи таҳсилоти томактабӣ масъалаҳои тарбияи маънавӣахлоқӣ ва меҳнатии кӯдакон ҳамеша дар мадди аввал меистанд.
Тарбияи меҳнатӣ дар синни томактабӣ бо тарбияи маънавӣахлоқӣ зич алоқаманд мебошад. Дар раванди ин фаъолият хислатҳои шахӣ ва муносибатҳои мусбати инфиродӣ тарбия карда мешаванд. Инчунин, матонат, ҷасорат, софдилӣ, ёрии ҳамдигарӣ ва сифатҳои маънавию иродавӣ ташаккул меёбанд. Педагог ҳангоми ҳалли вазифаҳои меҳнатӣ бояд диққати кӯдакони синни томактабиро ба фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб намояд, ки дар натиҷа аз кори иҷрошудаи умумӣ қаноатмандӣ ба вуҷуд меояд.
Меҳнат талаботи кӯдаконро ба худшиносӣ ва донистани қобилиятҳои худ қонеъ мегардонад.
Ба ақидаи муҳаққиқ Л.А. Егорова қобилияти сохтани ашё бо истифодаи амалӣ ва бо дасти худ барои кӯдакон хеле ҷолиб аст. Ин хусусияти меҳнатии дастӣ ангезаи мустаҳками азхуд кардани малакаҳои суботкорӣ ва таҳаммулпазирӣ дар раванди фаъолият мегарданд. Ғайр аз ин, ҳар як намуди меҳнати дастӣ имкони тарбияи сифатҳои маънавӣ, ахлоқӣ, эҷодкорӣ, масъулиятнокӣ ва ташаббускориро дорад.
Муносибати эмотсионалии мусбатро ба меҳнат тарбия намуда, бо ҳамин мо меҳнатдӯстӣ ва хислати муҳимми ахлоқии кӯдаконро тарбия мекунем. Дар меҳнат кӯдакони синни томактабӣ меъёрҳои ахлоқии рафторро меомӯзанд.
Меҳнати кӯдакон аз меҳнати калонсолон ба куллӣ фарқ мекунад. Кӯдакон дар меҳнати худ арзишҳои моддие, ки барои ҷомеа аҳаммиятнок бошанд, эҷод намекунанд. Меҳнати кӯдакон хусусияти тарбиявӣ дошта, талаботи онҳоро қонеъ мегардонад ва барои донистани қобилиятҳои худи кудак кифоя мекунад.
Хусусияти меҳнати кӯдакон аз он иборат аст, ки вай бо фаъолияти бозӣ алоқаманд аст.
Байни бозӣ ва меҳнати кӯдакон сарҳадҳо вуҷуд надоранд ва тафовути чандон зиёд ҳам нест, зеро шакли меҳнати эҷодии кӯдакон шабеҳи бозӣ дорои унсури ҳаловатбахш, ба шӯроваранда ва лаззатофар мебошад. Аз ин рӯ, ташкили тарбияи меҳнатӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ бояд маҳз дар фаъолияти бозӣ сурат гирад. Масалан, бозиҳои дидактикӣ оид ба тарбияи меҳнат дониши кӯдакони синни томактабиро дар бораи меҳнати калонсолон, равандҳои мушаххаси меҳнатии ин ё он касб амиқ ва васеъ мекунанд.
Инчунин, дар бозиҳои нақшофарӣ бошад, кӯдакон малака ва маҳоратҳои меҳнатиро меомӯзанд ва ин ё он нақшеро, ки бо фаъолияти меҳнатӣ алоқаманд бошанд, иҷро мекунанд, ки дар натиҷа назари онҳо нисбат ба меҳнат ташаккул меёбанд.
Бозиҳои халқӣ қисми таркибии тарбияи маънавӣахлоқии кӯдакони синни томактабӣ мебошанд. Дар онҳо тарзи зиндагонии одамон, меҳнат, рӯзгор, ғояҳои миллӣ ва фаҳмишҳо дар бораи шаъну шараф инъикос ёфтааст. Хусусияти бозиҳои халқӣ дар он аст, ки онҳо кӯдаконро ба пайдо кардани сифатҳои устуворӣ, шавқмандӣ ва муносибатҳои эҳтиромонаро ба фарҳанги кишвари худ тарбия карда, барои ташаккули ҳиссиёти маънавӣахлоқӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳамин тариқ, шартҳои муҳимми тарбияи маънавӣахлоқии кӯдакон аз идоракунӣ ва роҳандозии мақсадноки педагогии бозиҳо ва ғанӣ гардонидани мундариҷаи онҳо мебошад.
Албатта, ин равандро бе дастгирии ҳамаҷонибаи педагог ба роҳ мондан душвор аст. Аз ин рӯ, вазифаи педагог дар фаъолияти бозӣ аз он иборат аст, ки таваҷҷуҳи иштирокчиёнро бо роҳҳои гуногуни ҳавасмандкунӣ ҷалб карда, умумияти ҳиссиёт ва рафторро ба вуҷуд орад. Дар чунин шароит муносибатҳои байни кӯдакон дар заминаи дӯстӣ, рафоқат, адолат, якдигарфаҳмию ҳамдилӣ ташаккул ёфта, сифатҳои маънавӣахлоқии онҳо тарбия карда мешаванд.
Адабиёт:
1. Иматова Л.М. Теоретическая обоснованность реализации принципа преемственности в непрерывном образовании старших дошкольников и младших школьников в аспекте речевого развития / Иматова Л.М. –Душанбе, 2013. – 46с.
2. Маҷидова Б. Педагогикаи томактабӣ / Б.Маҷидова. – Душанбе, 2011. -242с.
3. Нахаева Т. Факторы, влияющие на развитие навыков сюжетноролевой игры у старших дошкольников. – Нарва, 2013. -78с.
4. Спицына О.Г. Программа по духовнонравственному воспитанию дошкольников «Откроем в сердце двери…». — Уварово, 2015. -30с. –
5. Трудовое воспитание в современной дошкольной образовательной организации : метод. пособие / Авт.сост. Егорова Л. А., Сипачева Е.В., Гузенко М. М., Савицкая Л. В.– ГОУ ДПО «Донецкий РИДПО». — Донецк: Истоки, 2019. -88с.