Нигора ҚОСИМОВА,
мураббии кӯдакистони 31-и ноҳияи Сино

 

(Гурӯҳи тайёрӣ ба мактаб)

Зинаи таҳсилоти томактабӣ марҳилаи муҳимми таҳсилот ба шумор рафта, кӯдаконро барои ворид шудан ба фазои муназзаму барномавии таҳсил омода месозад. Махсусан, марҳилаи тайёрӣ ба мактаб марҳилае мебошад, ки кӯдаконро дар якқадамии ворид шудан ба дунёи дабистон қарор медиҳад. Дар ин нигошта чанд маслиҳате барои мураббиҳое, ки кӯдакони гурӯҳи тайёрӣ ба мактабро роҳнамоӣ мекунанд, манзур мешавад ва метавонад, барои мураббиҳо ва волидони кӯдакони синну соли томактабӣ маълумоти муфид бошад.
Мақсад: Мустаҳкам кардани дониши кӯдакон дар бораи фаслҳои сол, моҳҳо, аломатҳои онҳо ва пайдарҳамии онҳо.
Вазифаҳо:
— дақиқ кардани сатҳи дониши кӯдакон дар бораи фаслҳои сол, моҳҳои сол, моҳҳои фаслҳо;
— инкишофи қобилияти ҷавоби пурра додани бачаҳо бо ҷумлаҳо, асоснок кардани андешаҳояшон;
— тарбия кардани хоҳиши донистани чизи нав.
Кори пешакӣ: омода намудани чистонҳо дар бораи фаслҳои сол, хондани афсонаи «12 моҳ», суҳбатҳо дар бораи фаслҳои сол: зимистон, баҳор, тобистон ва тирамоҳ, шиносоӣ бо вақт, кор дар гӯшаи табиат, азёд кардани шеъри «Сайри баҳорӣ» ва тамошои тақвимҳо.
Рафти машғулият
1. Муқаддима
— Бачаҳо, ҷавоби ин муамморо ёбед! Ҳар сол ба меҳмонии мо меоянд: яке сарсафед, дигаре ҷавон, сеюмӣ савор меояд, чорумӣ мегиряд.
Ҷавоб: 4 фасли сол.
2. Фаслҳои сол
Фаслҳои сол аз паси ҳам меоянд ва солро ташкил медиҳанд. Бачаҳо, инсоният шаклҳои гуногуни ҳисобкунии вақтро дорад. Бо яке аз онҳо мо аллакай шинос ҳастем, ки ин соат мебошад. Мо аз рӯйи он вақтҳои шабонарӯзро муайян мекунем.
Барои фаҳмидани рӯзҳо ва моҳҳо ба мо чӣ ёрӣ медиҳад? Дуруст, тақвим. Тақвим ҳисобкунии рӯзҳои сол мебошад. Як сол аз 365 рӯз иборат аст. Бинед, тақвим чӣ хел ғафс аст. Ҳар як варақаш як рӯзи сол мебошад. Одамон барои осон ҳисоб кардан, ҳамаи рӯзҳои солро ба ҳафтаҳо ва моҳҳо ҷудо кардаанд.
Бачаҳо, моҳҳои фасли зимистон кадомҳоянд? Декабр, январ ва феврал (ҷавоби бачаҳо).
Моҳҳои баҳор чӣ? (Март, апрел, май).
Тобистон аз кадом моҳҳо ибрат аст? (Июн, июл, август).
Ана, ин моҳҳо дар фасли тирамоҳ мебошанд (расмҳои манзараҳои тирамоҳро нишон медиҳем). Бачаҳо ҷавоб медиҳанд.
Бачаҳо як сол аз чанд моҳ иборат аст? (Аз 12 моҳ).
Ба берун нигаред. Ҳоло кадом фасли сол аст? Кадом моҳи тобистон аст? (Июн, июл, август).
Кадом аломатҳо нишони тирамоҳ мебошанд? (Баргҳои дарахтон зард шуданд. Меваҳо пухта расиданд).
Аломатҳои баҳорро медонед? (Барф об мешавад, офтоб гармтар мешавад, сабза медамад).
3. Кори луғавӣ
Акнун, бачаҳо, ман ба шумо афсонаи халқии тоҷикӣ «Нахӯдак»-ро нақл мекунам. Шумо дар ин афсона калимаҳои бароятон навро мешунавед: «деҳқон», «пирамард», «нахӯдак», «дос» ва «асо».
Афсона ба шумо маъқул шуд? (Ҳа) Калимаҳои навро ба хотиратон гиред.
«Деҳқон» — марде, ки дар саҳро гандум ва сабзавот мекорад.
«Пирамард»- мӯйсафед, марди калонсол.
«Нахӯдак» — нахӯд барин хурд.
«Дос»-асбоби махсуси алафдаравӣ.
«Асо»-чӯбе, ки шахсони калонсол ба он такя намуда, роҳ мераванд.
4. Лаҳзаи варзиш – шеъри «Сайри баҳорӣ»
Дар пайраҳа, дар пайраҳа,
Мо бо як пой меҷаҳем.
Дар пайраҳа, дар пайраҳа,
Мо бо ду пой меҷаҳем.
Меҷаҳему меҷаҳем,
Ба майдонча мерасем.
Дар майдончаи боғча
Мисли харгӯш меҷаҳем!
Истед!
Фурсате дам мегирем,
Ба хонаамон меравем,
Ҷаҳиш бо пой чап,
Ҷаҳиш бо пой рост.
Дар ҷойи худ давидан
Бо ҳар ду по ҷаҳидан.
Менишинем.
Роҳгардӣ дар ҷойи худ.
Мо нафас рост кардем, дар курсичаҳо менишинем.
Номҳои ҳар як моҳ, рӯзҳои ҳафта, фаслҳои солро донистан ҳатмӣ мебошад. Аз тақвим истифода карда тавонистан лозим. Ҳар як фасли сол пайи ҳам-бо навбат омада, зебоиҳои худро дорад.
5. Ҷамъбаст
— Бачаҳо шумо имрӯз чӣ чизи аҷоибро донистед?
— Бо кадом калимаҳои нав шинос шудед?
— Чӣ маъқул шуд?
— Ягон мушкилӣ буд?
— Ба дӯстон ва падарону модарон чӣ нақл мекунед?
Бо чунин шакли суҳбат бо кӯдакони гурӯҳи тайёрӣ ба мактаб анҷом меёбад ва онҳо асоситарин чизҳоеро, ки барои ҳар як инсон дар зиндагӣ муҳим мебошанд, меомӯзанд!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *