Нисо ЮСУПОВА,
омӯзгор
Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки ҳоло дар назди аҳли маорифи кишвар меистад, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дарс қисми асосӣ ва таркибии раванди донишазхудкунии насли наврас будаву мемонад. Аз ин рӯ, дар назди омӯзгорон вазифа гузошта мешавад, ки барои баланд бардоштани дониши хонандагон дарсро чӣ гуна бояд гузаронид, кадом роҳ ва усулҳоро истифода бурд, то хонанда дониши мукаммал гирад. Агар омӯзгор ба синф даромада, хонандагонро аз мавзуи гузашта пурсон шаваду ҳамаи хонандагон вазифаи хонагиро тӯтивор азёд ҷавоб гӯянд, аммо моҳияти онро дарк карда натавонанд, ин хуб аст, ё ин ки омӯзгор хонандагонро аз рӯйи презентатсияи тайёр намудааш, маводҳои ёрирасон, ба монанди варақаҳо, ҷадвалҳо, саволномаҳои тестӣ, расмҳо ва видеороликҳои вобаста мавзуъ ва дигар маводҳои ёрирасон пурсон шавад, беҳтар аст? Кадомаш натиҷаи хуб медиҳад? Ба фикри шумо розиам, албатта, ҳолати дуюм муассиртар аст. Дар ҳолати якум дарсҳо дилбазан, дилгиркунанда, якрангу камтаъсир мегузаранд. Фаромӯш набояд кард, ки мо дар қарни 21 қарор дорем, бинобар ин, бачаҳои мо аз хурдсолӣ аз техникаву технологияҳои муосир, махсусан, шабакаҳои интернетӣ истифода мебаранд. Онҳоро танҳо бо як дониши назариявӣ қаноатманд гардонида намешавад.
Биология фанни бисёр аҷоибу шавқовар аст, аз ин рӯ, хонандагон биологияро дӯст дошта, барои омӯзиши ин фан мароқи зиёд зоҳир менамоянд. Аммо натиҷаи санҷишҳо ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо нишон медиҳад, ки аксари хонандагон ин фанни аҷоиб ва шавқоварро хуб аз худ накардаанд. Теъдоде аз омӯзгорон сабаби ин мушкилиро дар душворфаҳм навишта шудани аксар китобҳои дарсӣ мебинанд. Ба андешаи ман, омӯзгори муосир бояд ҷӯянда бошад ва танҳо ба китоби дарсӣ такя накарда, дониши худро бо мутолиаи адабиёти иловагӣ ғанӣ гардонад. Омӯзгори имрӯза бояд комилан аз фарҳанги истифодабарии технологияҳои иттилоотии муосир огоҳ бошад, зеро тайёр намудани презентатсияҳо, истифода аз видеороликҳо, тартиб додани схемаҳо вобаста ба мавзуи дарсӣ кори омӯзгорро хеле осон намуда, дарсро шавқовар ва ба ибораи дигар “зинда” мегардонад. Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгор, пеш аз ҳама, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба фанни таълимӣ мебошад. Барои ин бояд дониши худи омӯзгор дар сатҳи баланд бошад, то дар раванди дарс далелу рақамҳо ва мисолҳои аҷоибу мушаххасро оварда, диққати хонандагонро, ҳамчун оҳанрабо, ба омӯзиши ин фан ҷалб намояд. Агар аксари мавзуъҳои биология дар синфҳои 5 ва 6 дар қитъаҳои таҷрибавии назди мактаб гузаронида шавад, бисёр натиҷаи хуб медиҳад. Хонандагон бо сохти растаниҳо, ҷойгиршавии узвҳояшон, фарқияти гул ва меваи онҳо, муҳити зисти онҳо шинос мешаванд. Ба шумо як мисоли одиро меорам: ҳангоми омӯзиши мавзуи “Реша ва хелҳои он” агар мо даҳҳо маротиба дар бораи тирреша, патакреша, решаҳои асосӣ, иловагӣ ва паҳлуӣ гуфта гузарему хонандагон онро бо чашми худ набинанд, дар бораи сохти онҳо, мавқеи ҷойгиршавии онҳо ва фарқияти ин решаҳо аз ҳамдигар дониши мукаммалро ба даст оварда наметавонанд. Аммо вақте ки хонандагонро ба қитъаи таҷрибавии мактаб оварда, бо решаи пиёз, сирпиёз, лӯбиё, нахуд, гандум, ҷав, помидор, сабзӣ, лаблабу ва дигар растаниҳо аз наздик шинос мекунем, онҳо тиррешаро аз патакреша, решаи асосиро аз решаҳои иловагӣ ва паҳлуӣ фарқ карда тавониста, дониши худро мукаммал мегардонанд. Бисёр натиҷаи хуб медиҳад, агар мавзуъҳои “Гул ва мева”, “ Тӯдагул”, “Гулро гардолуд кардани ҳашарот, шамол”, ки гузаронидани ин мавзуъҳо ба фасли баҳор, айёми гулшукуфт ва гардолудшавии растаниҳо рост меояд, дар қитъаҳои замини назди мактаб гузаронида шавад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки хонандаи имрӯзаи мо иҷрои кори мустақилонаро зиёд меписандад. Аз ин рӯ, ҳоло мо ба шумо чанд намунаи онро пешкаш менамоем.