Саодат Сатторӣ, 

омӯзгори мактаби №43-и 

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Дарси табиатшиносӣ яке аз мавзуъҳои муҳимми барномаҳои таълимии мактабӣ ба ҳисоб рафта, дуруст муносибат намудани наврасон бо табиат ва оқибатҳои хунукназарӣ бо унсурҳои табииро меомӯзонад. Махсусан, муносибат бо об, оташ, газ ва барқ, ки ҳамеша дар зиндагии инсонҳо ба кор бурда мешавад аз масъалаҳое мебошанд, ки барои наврасон омӯзонидани тарзи муносибат бо ин унсурҳои табиӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад. Дар ин шумора тасмим гирифтаем, ки як дарси кушод дар ин мавзуъ манзур намоем, то барои омӯзгорони ҷавон василаи муҳими омӯзиш бошад.

МАВЗУЪ: АЗ ОТАШ, ОБ, ГАЗ ВА БАРҚ ЭҲТИЁТ ШАВ!

Мақсадҳои таълим: Дар хонандагон бедор кардани эҳсосоти баланди табиатдӯстӣ, парваридани муҳаббат ба тамоми мавҷудоти муҳити зист, зебогии зиндагӣ ва дар шароити амну осоишта зистану эмин будан аз тамоми ҳодисаҳои нохуш.
Бо омӯзиши мавзуъ хонандагон бояд сабаби хатарнок будани оташ, об, газ ва барқро донанд ва фаҳмонанд;
— роҳҳои беҳтари муносибат бо онҳоро гӯянд;
— ҳангоми сар задании яке аз ин хатарҳо ба хизматрасониҳои дахлдор занг зананд;
— оид ба тарзи дурусти муносибат бо яке аз ин хатарҳо иншои хурд (эссе) нависанд. Аёният: Расму масаввараҳо, китоби дарсӣ, мавод доир ба бехатарии кӯдакон аз об, оташ, барқ ва газ, рӯйнамоҳо (слайдҳо)-е, ки дар он ҳодисаҳои нохушу пешгирӣ кардани он, ҳифзи муҳити зисту биноҳои истиқоматӣ ва манзили зист тасвир ёфтаанд. Харитаи сиёсии ҷаҳон, тахтаи электронӣ ва истифода аз фонограмма.
Равиши дарс:
1. Ташкили дарс. Пазироӣ аз хонандагон.
2. Навбатдори 1:
Салом эй кӯҳсори Тоҷикистон, Диёри пурсафои хубрӯён. Ғазалхон омадам монанди булбул, Ба боғат парзанон бар дидани гул.
Навбатдори 2:
Баландӣ он қадар дар қадду қомат, Ки ҳатто «Боми дунё» гашта номат. Сарат аз барф гарчанде сафед аст, Дилат аммо ҷавону пурумед аст… Ахбороти навбатдор бо шарҳи навигариҳои навини рӯз дар ҷаҳон ва кишвар. Баён кардани нуктаҳои асосии соли 2025 эълон шудани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва ҳамасола таҷлил кардани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, инчунин таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.
Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири боз ҳам хубтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2022 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шудааст, — қайд карданд навбатдорон ва вазифаҳои худро дар ин ҷода баён намуданд.
Саволу ҷавоби хонандагон бо навбатдорон аз ма-водҳои китоби дарсӣ.
3. Хонандагон ба се гурӯҳ – «Оташнишон» — (оташ фурӯ нишонанда), «Оташбор» — (оташфишон, сӯзон) ва «Оташгар» — (касе, ки бо оташ кор мекунад, 2. ба вуҷуд оварандаи оташ). Пас аз муаррифии гурӯҳҳо ба пурсиши вазифаи хонагӣ, ки мавзуъи он «Тарзи ҳаёти солим» аст, шуруъ менамоем. – Хонандагон ба саволҳои зерин ҷавоби саҳеҳ медиҳанд: Маънои «Ҳаёти солим»-ро шарҳ диҳед. 2) Кадом қоидаҳои тарзи ҳаёти солимро медонед? 3) Шумо кадоме аз ин қоидаҳоро дар ҳаёт риоя мекунед? Хонандагон дар бораи «Риояи тозагӣ», «Истеъмоли ғизои тоза», «Меҳнат ва истироҳат», «Аз одатҳои бад даст кашидан» сухан ронда, қайд менамоянд, ки бояд шахс бадан, пойафзолу либосро тоза нигоҳ дорад. Фаромӯш набояд кард, ки «Тозагӣ гарави саломатӣ аст». Истеъмоли ғизои тоза шарти асосии тарзи ҳаёти солим аст. Ғизо баяд гуногун ва аз меваю сабзавот иборат бошад. Ҳамчунин вақтҳои холии худро мо метавонем ба сайругашт дар ҳавои тоза, бозиҳои гуногун ва хондани китоб гузаронем. Аз одатҳои бад – носкашӣ, сигоркашӣ, нашъамандӣ ва майнӯшӣ, ки ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад, бояд худдорӣ кард. Одамони гирифтори одатҳои бад на танҳо худашон, балки атрофиёнро низ нороҳат мекунанд. Олимон ҳисоб кардаанд, ки агар одам як дона сигор кашад, умраш 15 дақиқа кӯтоҳ мешавад.
Мутаассифона, баъзе одамони сигоркаш рӯзе то 2 қуттӣ сигор мекашанд. Акнун худатон ҳисоб кунед, ки чунин одамон чӣ қадар умри худро кӯтоҳ мекунанд. Лаҳзаи дамгирӣ: Садои нағмахонии парандагон бо ҳамҷурии навои дутор. Баёни мавзуи нав: Аз оташ, об, газ ва барқ эҳтиёт шав! Номи мавзуъро дар тахтаи синф менависем. Наворе аз сар задании ҳодисаҳои нохуш ва пешгирии он нишон дода мешавад. Омӯзгор: Аксар вақт аз беэҳтиётӣ дар хона ҳодисаҳои нохуш – сар задании сӯхтор, ҷорӣ шудани об, хориҷ шудани газ ва ғайра рӯй медиҳанд.
Чӣ бояд кард, ки чунин ҳодисаҳо ба амал наоянд.
Агар бо ягон сабабе дар хона сӯхтор рух диҳад, зуд оташро хомӯш кардан лозим. Роҳи аз ҳама осони хомӯш кардани сӯхтор ба болои он пӯшонидани кӯрпа ё гилеми ғафс аст. Дар ҳолате, ки оташро хомӯш карда наметавонед, зуд ба рақами 01 ба сӯхторхомӯшкунандагон занг занед. Дар хонаҳои бисёрошёна баъзан ҳодисаи кафидани қубур ё вайрон шудани мурвати обдиҳак рӯй медиҳад. Дар ин ҳолат чӣ кор мекунед? Пеш аз ҳама, обро аз ҷойи асосӣ маҳкам кардан лозим. Сипас аз волидайн ё ягон шахси боваринок маслиҳат пурсед ё ҳамсояро барои кӯмак ҷеғ занед… Мо дар рӯзгорамон аксар вақт аз газ истифода мебарем. Агар шумо дар хона бӯйи газро ҳис кардед, зуд тирезаҳоро кушода, ҳавои хонаро тоза кунед ва мурвати лӯла ё зарфи газро маҳкам намоед. Дар ин ҳолат чароғи барқӣ, гӯгирд ё дигар асбобҳои барқиро фурӯзон накунед. Дар ин маврид ба рақами 04, ба кормандони газ занг занед. Барқ низ ба монанди оташу газ хатарнок аст.
Бояд ба сими лучи барқ даст нарасонем. Агар дар симҳои барқи хона ё асбобҳои барқӣ ҷойи лучро мушоҳида кардед, ба падару модаратон хабар
диҳед. Дар набудани онҳо аз додару хоҳари хурдатон эҳтиёт шавад, ки ба он даст нарасонанд… Омӯзгор пас аз фаҳмонидани мавзуи нав диққати хонандагонро ба саволҳои зерин ҷалб мекунад:
1) Оташ, газ ва барқ ба ҳаёти одам чӣ хатар доранд?
2) Хатари онҳоро чӣ гуна пешгирӣ кардан мумкин аст?
3) Оид ба ҳодисае, ки аз беэҳтиётии касе боиси сар задании сӯхтор гаштааст, нақл кунед. 4) Ҳангоми сӯхтор чӣ гуна рафтор мекунед?
5) Агар қубури оби хона вайрон шавад, шумо кадом амалҳоро анҷом медиҳед? 6) Аз барқ худ ва дигаронро чӣ гуна эҳтиёт кардан лозим аст?
Луғат ва истилоҳот:
1) Қубур – лӯлаи сафолӣ, оҳанӣ, пластикӣ ё симентӣ барои гузаронидани об, газ ва ғайра. 2) Мурват – асбобест, ки бо ёрии он роҳи обгузар маҳкам ё кушода мешавад.
Кори амалӣ: Гурӯҳҳо супоришро аз рӯйи китоби дарсӣ иҷро менамоянд ва мехонанд. Бо айби кӣ чунин ҳодисаҳои нохуш сар мезанад ва пешгирии онро шарҳ медиҳанд.
Ҷумларо пурра кунед: Дар ҳолати сар задании сӯхтор зуд ба рақами ____ занг зада, аз хона мебароем ва дари хонаро ________________________
Ҷавоби дурустро интихоб намоед: Дар кадом ҳолат даҳону биноро бо латтаи тар маҳкам кардан лозим аст?
А. Сими барқ луч бошад.
Б. Бӯйи газ бошад.
В. Бӯйи дуд бошад.
Г. Об аз қубур ҷорӣ бошад.
Мувофиқ гузоред (ҷавоби дурустро аз сутуни боло ёбед). Хатарҳоро бо рафтори дурусти одам мувофиқ гузоред: Хонандагон ҳодисаҳои сар задании сӯхтор ва роҳи пешгирии онро дар таблитса ҷо ба ҷо мегузоранд. Мустаҳкамкунӣ: Саволҳо доир ба мавзуъ ва ҳодисаҳои нохушро дар диаграммаи Вен тасвир кардан. Супориши вазифаи хонагӣ: Мавзуи имрӯзаро бо аҳли оилаатон муҳокима карда, дар бораи қоидаҳои бехатарӣ маслиҳат пурсед.
Оид ба қоидаҳои бехатарӣ аз барқ иншои хурд нависед. Хондан ва нақл кардан. Ба саволу супоришҳо ҷавоб гардондан.
Баҳогузорӣ: (Ба ҳар як фаъоли гурӯҳҳо баҳо гузошта мешавад).

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *