Гулчеҳра Худойназарова,
мудири кӯдакистони №80-и
ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе
Бозиҳои зеҳнӣ ҳамчун воситаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои инкишофи равонӣ, ташаккули фаъолияти маърифатӣ ва хусусиятҳои фардии ӯ кӯдакон васеъ истифода бурда мешаванд.
Бозӣ ба инкишофи қобилияти кор кардан дар асоси нақшаҳои андешидашуда, мутобиқ кунондани амалҳои шахсӣ бо фаъолиятҳои атрофиён мусоидат намуда, воситаи муҳими ташаккули сифатҳои аъзои ҷомеа ва коллективии кӯдакон буда, он зинаҳои муайяни муттаҳидшавиро дар бар мегирад. Бозии зеҳнӣ фаъолиятест, ки он олами эмотсионалии кӯдакро бою рангин сохта, ӯро ба дунёи бою рангини муносибатҳои инсонӣ ворид менамояд. Дар тадқиқоти олимони ватанӣ М. Лутфуллозода, Б. Маҷидова, олимони хориҷӣ Г. Либшер, К.Г. Юсупов, В.И. Истомин, В.И. Устименко, Д. Н. Узнадзе ва дигарон асолати бозӣ, нақш ва аҳаммияти он дар ҳаёти ҷомеа, шахс ва дар фарҳанги инсонӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифта шудааст.
«Бозӣ – ин равзанаи бузурги равшание мебошад, ки он ба дунёи маънавии кӯдак ҷараёни ҳаётбахш, дарки муҳити атрофро ворид месозад. Бозӣ – ин шарораи даргиронандаи шуълаи кунҷковӣ ва мароқ мебошад”, — таъкид намудааст педагоги маъруф В. А. Сухомлинский.
Муҳаққиқон арзиши бозӣ ва қоидаҳои онро қайд намуда, аҳаммияти онро дар ташаккули рафтори иҷтимоӣ, худидоракунии шахс ва муошират муайян намуданд.
Бозии нақшдори мавзуӣ навъи асосии бозии кӯдакони синни томактабӣ мебошад. С.Л. Рубинштейн қайд намудаст, ки бозӣ ин зуҳуроти ногаҳонии кӯдак аст ва дар ҳамкорӣ бо калонсолон ташаккул ёфтааст. Хусусиятҳои асосии бозии мазкур чунин аст: ҳиссиёти баланд, шавқмандии зиёди кӯдакон, мустақилиятнокӣ, фаъолиятнокӣ ва эҷодкорӣ.
Хусусияти асосии бозии нақшдори мавзуӣ ин мавҷудияти вазъияти тахайюлотӣ мебошад. Тадқиқоти сершумори педагогҳо ва равоншиносон Д. Б. Элконин, Д. В. Менжеритская, А. В. Черкова, П.Г.Саморукова, Н.В. Королева ва дигарон собит карданд, ки мундариҷаи асосии бозиҳои нақшдори мавзуӣ аз ҳаёти иҷтимоӣ ва зуҳуроти гуногуни калонсолон тартиб дода шудааст.
Дар давраҳои аввали инкишофи бозиҳои нақшдори сужетнок сифатҳои ахлоқӣ-иродавии зерини шахсият дар кӯдакон ташаккул меёбад: қобилияти ихтиёрона идора карда тавонистани амалҳо, ҳамдардӣ, ҳиссиёти дӯстию рафоқат, якҷоя бо ҷамъият кор кардан ва монанди инҳо. Кӯдакони хурдсол бо ҳамдигар муошират кардан, хоҳишу илтимос намудан, ба фикри дигарон розигӣ баён намудан, ба ҳамдигар ёрӣ расониданро меомӯзанд. Агар кӯдакон аз хурдсолӣ дар алоҳидагӣ бозӣ кунанду ба ҳамдигар халал нарасонанд, минбаъд бояд ба бозиҳои якҷоя ҷалб карда шаванд.
Бозиҳои якҷоя шавқи кӯдакро на танҳо ба амалиёт, инчунин, нисбат ба шахсияти кӯдакони дигар низ зиёд мекунад. Дар бозӣ таҷрибаи иҷтимоӣ, ки дар муносибат ва муошират бо одамони гуногун, бо қаҳрамонҳои афсонавӣ инъикос меёбад, васеъ мешавад. Кӯдакон муносибати худро ба муҳити атроф муайян мекунанд (рӯбоҳ — маккор, гург — бадҷаҳл, Бобои барфӣ – меҳрубон мебошанд). Мураббиён (педагогҳо) бояд машғулиятро бо суханон ва усулҳои гуногун пурра карда, таваҷҷуҳи кӯдаконро ба бозӣ ҷалб намоянд.
Барои дар кӯдакон пайдо шудани муносибатҳои гуногуни байнаҳамдигарӣ нақши калонсолон хеле бузур мебошад. Дар ин давра кӯдакон ба калонсолон тақлид мекунанд ва агар калонсолон байни худ суҳбат ва муносибати дуруст кунанд, он гоҳ кӯдакон ба онҳо диққат дода мефаҳманд, ки бо якчанд нафар якҷоя бозӣ ва суҳбат кардан шавқовар аст ва барои ҳамин ҳам онҳо дар бозӣ барои худ рафиқи ҳамдам меҷӯянд, ки ин заминаҳои аввалини инкишофи коллективона ва роҳ пайдо кардан дар ҷомеа барои онҳо мебошад.
Бозиҳои нақшдори сужетнок набояд аз тарафи мураббиён маҷбурӣ гузаронида шаванд, чунки дар чунин ҳолат метавонад ба тафаккури эҷодии кӯдак таъсири манфӣ расонад. Ба ақидаи педагогони машҳур К.Д. Ушинский, Н.К. Крупская, А.С. Макаренко – бозӣ ин фаъолияти мустақилонаи эҷодии кӯдакон мебошад, ки асосашро на нусхабардорӣ, балки ташаббускории худи кӯдак ташкил медиҳад.
Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабии “Рангинкамон” баргузории бозиҳои гуногунро мутобиқ ба синну соли кӯдакон дар тамоми гурӯҳҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ ҳатмӣ медонад. Барнома таъкид мекунад, ки бозии ҷолиб фаъолияти зеҳнии кӯдакро меафзояд ва ӯ метавонад вазифаҳои мушкили дар машғулиятҳо гузошташударо ҳал намояд. Дар бозӣ ҳама ҷиҳатҳои шахсияти кӯдак дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ ташаккул меёбанд. Бозии эҷодиро ба вазифаҳои нисбатан хурди дидактикӣ тобеъ кардан мумкин нест, балки бо ёрии он вазифаҳои асосии таълимӣ ҳал карда мешаванд.
Бозӣ на танҳо рафтори кӯдак, балки ҳаёти ботинии ӯро низ ба танзим медарорад, барои фаҳмидани худ, муносибати ӯ ба ҷаҳон кумак мерасонад. Ин амалан ягона фаъолиятест, ки ӯ метавонад ташаббус ва эҷодкорӣ нишон диҳад ва дар айни замон, маҳз дар бозӣ кӯдак назорат ва баҳо додан, фаҳмидани кори кардаашро меомӯзад, дуруст рафтор карданро аз худ менамояд. Маҳз танзими мустақили амалҳо кӯдакро ба як субъекти бошуури ҳаёт табдил медиҳад, рафтори ӯро бошуурона ва мустақилона мегардонад.
Ҳамин тариқ, бозӣ барои кӯдакони синни томактабӣ муҳимтарин фаъолияти мустақилона буда, барои рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва ташаккули шахсияти ӯ аҳамияти калон дорад.