Аслинисо касирова,
омӯзгори калони кафедраи химияи органикӣ ва биологии
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Методикаи таълими химия яке аз илмҳои педагогӣ буда, мазмун, мундариҷа, вазифаҳои фанни химия ва қонуниятҳои азхудкунии онро меомӯзад. Моҳияти методикаи таълими химия ҳамчун илм аз он иборат аст, ки қонуниятҳои омӯзиши химияро муайян менамояд. Он аз мақсади таълим, мундариҷа, методҳо, воситаҳо, фаъолияти муаллим ва талабагон таркиб ёфтааст. Вазифаи методикаи таълими химия аз он иборат аст, ки он роҳҳои муътадили аз тарафи хонандагони мактаби умумӣ аз худ кардани далелҳо, мафҳумҳо, қонунҳо, назарияҳоро дар асоси хусусиятҳои ба химия хос муайян менамояд. Бо ин мақсад, мо дар мавзуи «Спиртҳо» дарси зеринро (барои синфҳои 10) нашр менамоем. Умедвор ҳастем, ки барои омӯзгорони ҷавон ҳамчун маводи методӣ хидмат мекунад.
Мақсади дарс:
• Пайдо намудани маълумот оид ба спиртҳо ва аҳаммияти онҳо.
• Муайян кардани формулаҳои умумии спиртҳо.
• Хосиятҳои физикӣ ва химиявии гурӯҳбандӣ кардани спиртҳо.
Эҷодкорӣ:
Маҳорати таҳияи ягон чизи нав, мустақилона пайдо кардани роҳҳои ғайримаъмулии ҳал дар масъалаҳои нав, тахайюлпазирӣ ва образнокии фикрронӣ, ҳамгиро кардани усулҳои маълуми фаъолият бо фаъолиятҳои нав, ҳалли комилан нави вазъияти проблемавӣ, ки ба ақидаҳои нав ва кашфиёт боис мешаванд.
Мавзуи спиртҳоро дида мебароем. Барои гузаронидани мавзуи нав аз ҷадвали зарб истифода мебарем. Ин ҷадвал алоқамандии фанни химия ва математикаро нишон медиҳад.

Нақшаи дарс
1. Водорнамоӣ
а) Ангезиши зеҳн: Ҷамъи ақидаҳо (3 дақиқа).
Дар ин қисмати дарс мо ақидаҳои хонандагонро муайян мекунем ва аз диограммаи Т – нақша истифода мебарем.
Омӯзгор ба хонандагон дар бораи мавзуи «Спиртҳо» суҳбат мекунад. Савол ба хонандагон пешниҳод карда мешавад. Аз диограммаи Т–нақша истифода мебарем. Ин ҳолат саволҳоро пешниҳод мекунем ва ҳар як хонанда ба саволҳои додашуда ҷавоб медиҳад. Масалан, ба фикри шумо:

Дар диограммаи истифодабурдаамон хонандагон дар бораи обу спирт — фарқият ва монандӣ, инчунин, формуларо муқоиса мекунанд.
б) Супориш ба хонандагон дар шакли кори гурӯҳӣ: фаъолгардонии донишҳои мавҷуда, бунёди вазъияти ҷустуҷӯӣ, барқарорсозии алоқамандиҳо бо мавзуъҳои гузашта (6 дақиқа).
Супориш:
а) Спирт чист?
б) Формулаи умумии спирт.
в) Спиртҳо чанд намуд мешаванд?
г) Спиртҳо чандатома мешаванд?
д) Бори аввал спиртро кӣ кашф намудааст?
е) Атомнокии спиртҳоро чӣ гуна муайян мекунанд?
ж) Дар таркиби спиртҳо кадом гурӯҳи функсионалӣ буда метавонад?
з) Спиртҳо аз рӯйи таркиб ба кадом пайвастагиҳои органикӣ дохил мешаванд?
Гурӯҳҳо дар бораи саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои донистаи худро мегӯянд.
Пас аз 3 дақиқа омӯзгор мулоҳизаронӣ гузаронида, бо хулосаҳои асосӣ натиҷаҳои кори гурӯҳҳоро ҷамъбаст менамоянд.
2. Даркнамоӣ: Саволҳо барои таҳлил имкон медиҳанд, ки сохтори том фаҳмо гардад, алоқамандии байни қисматҳо ошкор гардад, маълумотҳо арзёбӣ шаванд (3 дақиқа).
Саволҳои фронталӣ:
а) Спиртҳо аз чӣ таркиб ёфтаанд? (формула).
б) Спирт кадом хосияти физикӣ ва химиявиро дорост? (реаксияҳо).
в) Спиртҳо аз рӯйи таркиб ба кадом пайвастагиҳои органикӣ дохил мешаванд?
г) Шарҳи тарифи спиртро аз рӯйи формула.
д) Аз рӯйи формулаҳои умумӣ спиртҳоро ҳосил карда тавонистан.
е) Навиштани реаксияҳои химиявӣ (усули истеҳсол ё хосиятҳои химиявӣ) (6 дақиқа).
Хондани матни мавзуи «Спиртҳо, саҳифаҳои 151 — 171».
ё) Татбиқи донишҳои нав: аз худ кардани тарзҳои нави фаъолият.
Кори гурӯҳӣ: Аҳли синф ба гурӯҳҳои хурд ҷудо карда мешаванд.
Супориш: Формулаҳои спиртҳоро дар ҷадвал ҷой диҳед.

1) Формулаҳои спиртҳои якатома: метанол, этанол, пропанол, бутанол ва пентанол.
2) Формулаҳои спиртҳои дуатома: этилен, гликол.
3) Формулаҳои спиртҳои сеатома: глитсерин.
4) Формулаҳои спиртҳои бисёратома: глюкоза, фруктоза, рибоза ва дезоксирибоза.
в) Пурра кардани тасаввурот ва амалҳо:
Муаррифии корҳои гурӯҳӣ (12 дақиқа).
3. Мулоҳизаронӣ.
а) Татбиқи дониш ва малакаҳо дар гурӯҳҳо (8 дақиқа).
Супориш барои кор: Дар бораи ҳар як спирт, усули ҳосилкунии реаксияҳои химиявӣ навишта, маълумоти зарурии тахминан 4-5 реаксияро иншо намоед.
б) Робитаи мутақобил — ҷамъбасти натиҷаҳо.
Рефлексия: якдигарбаҳодиҳӣ, таҳлили таҷриба ва малакаҳои андӯхтаи якдигар (арзёбии фаъолияти гурӯҳҳо ба якдигар) (5 дақиқа).

Эзоҳ: Ба ҳар як гурӯҳ 5 варақа дода мешавад ва як гурӯҳ ба 5 гурӯҳи дигар баҳо дода, арзёбии кардаашонро ба нишонии гурӯҳҳо пешниҳод менамоянд. Ҳар як гурӯҳ аз тарафи 5 гурӯҳи дигар арзёбӣ карда мешавад.
в) Супориши вазифаи хонагӣ: (2 дақиқа).
1) Дар асоси матн аз саҳифаҳои 151 — 171 реаксияҳо ва масъалаҳои додашуда, мисол ҳал намоед.
2) Дар бораи аҳаммият ва зарари спиртҳои интихоб кардаатон Эссе нависед.
а) Усулҳои ҳосилшавии спиртҳоро бо реаксияҳои химиявӣ навишта, нишон диҳад.
б) Хосиятҳои химиявии спиртҳоро бо реаксияҳо дар озмоишгоҳ нишон диҳед.
в) Аҳаммияти спирт дар тиб чӣ гуна аст?

Омӯзгор варақаҳоро ҷамъ оварда, пас аз дарс натиҷаҳои татбиқи дониш ва малакаҳо дар гурӯҳҳоро таҳлил намуда, арзёбӣ менамояд. Барои дарсҳо ва фаъолияти оянда самтҳоро муайян менамояд.
Салоҳиятҳои зарурии омӯзгор
• Маҳорати ташкил, гузаронидан ва назорати фаъолияти ҳамкории хонандагон.
• Қобилияти ташкили фазои эҷодии хонандагон.
• Салоҳияти ҳамкории омӯзгорӣ дар дарс.
• Салоҳияти эҷодкорӣ.
• Салоҳияти машваратдиҳӣ ва роҳбаладӣ ба хонандагон.
• Қобилияти муошират бо гурӯҳҳо.
• Қобилияти идоракунии вақт.
• Салоҳияти арзёбӣ ва таҳлил карда тавонистани натиҷаҳои кор ва салоҳияти хонандагон аз натиҷаҳои дарсҳо ва раванди таълим.
• Салоҳияти муайян кардани вазифаҳои наздик ва дурнамои таълим.
Бо чунин раванд дарси мазкур хатм шуда, барои ташаккул ва таҳрики донишҳои химиявии хонандагон шароити созгорро муҳайё месозад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *