Акобир Риоев,
корманди Донишкадаи ҷумҳуриявии
такмили ихтисос ва бозомӯзии
кормандони соҳаи маориф

Дар замони навини таҳсилот технологияи муосири таълим ҷанбаи меҳварӣ дорад, аз ин дидгоҳ, олимони соҳаи илмҳои педагогикаю психология роҷеъ ба ин масъала таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуда, дар шарҳу тафсили он андешаҳои аниқу баҳсбарангез изҳор кардаанд.
«Маҳорати педагогӣ» гуфта, санъати дараҷаи баланди амалан ба роҳ монда тавонистани таълиму тарбияро меноманд, ки бо истифодаи якҷояи донишҳои касбӣ, қобилиятҳои касбӣ, одобу кори педагогӣ амалӣ мегардад.
Омӯзгори соҳиби маҳорати педагогӣ бояд масъалаҳои бисёрро донад ва корҳои зиёдеро сомон бахшида тавонад.
Маҳорати педагогӣ, пеш аз ҳама, натиҷаи меҳнати пурсамари эҷодии омӯзгор, саъю кӯшиш, такмили мунтазами кори таълиму тарбия ва усули корбарии шахс мебошад.
Омӯзгоре, ки маҳорати педагогии суст дорад, усули аз худ кардани донишро ба хонанда фаҳмонда наметавонад, андеша ронданро талаб намекунад.
Агар хонанда фикр кунад, ҳавасаш бедор мегардад ва зарурияти донишро фаҳмида, бо завқ мехонад. Барои ин усулҳои таълимро иваз кардану мисолҳои шавқовар овардан кифоя аст.
Ҳақ ба ҷониби устод Назирии Нишопурист, ки фармудааст:

Дарси адиб агар бувад замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.

МАҲОРАТИ КАСБИИ ОМӮЗГОР

Ду фарзияи муносибат нисбат ба фаҳмиши маҳорати педагогӣ.
• маҳорат аз дидгоҳи Ю.П.Азаров;
• андешаи А.С. Макаренко.

Маҳорат аз дидгоҳи Ю.П.Азаров.
Маҳорати педагогии омӯзгор, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки ӯ тавонад раванди омӯзишро дар такя ба таҷрибаи касбӣ, дар шароити гуногун, ҳатто, ниҳоят душвор дар сатҳи хеле баланд ташкил намояд.

Андешаи А.С. Макаренко.
Маҳорати мавҷударо метавон ба се гурӯҳ ҷудо намуд:
1) маҳорати расонидани маълумот аз ҷониби омӯзгор;
2) маҳорати пайдо намудани роҳҳои нави таълим;
3) маҳорати кор кардани усулҳои нави азхудкунии донишҳо.

«Шунидаамро фаромӯш мекунам.
Дидаамро ба хотир меорам.
Чизеро, ки худам иҷро кардаам, меомӯзам».
Конфутсий.

Роҳҳои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгор аз:
мутолиаи китоб, рӯзнома ва дигар маводҳои ёрирасон;
табодули таҷриба;
худомӯзӣ;
истифода аз шабакаҳои интернет:
гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос;
омӯхтани техника ва технологияҳои муосири педагогӣ;
омӯхтани таҷрибаи пешқадами омӯзгори собақадор;
иштирок ва баромад намудан дар семинарҳо, мизҳои мудаввар, коференсияҳо, чорабиниҳои илмӣ-амалӣ иборат аст.

Роҳҳое, ки барои баланд гардонидани маҳорати касбии омӯзгор кумак мерасонанд:
Саволу ҷавоб;
Робитаи мутақобила;
Ангезиши зеҳн;
Кори инфиродӣ ва ё ҷуфтӣ;
Хаттӣ, пешниҳодҳои савол;
Имову ишора;
Истифодаи ҷадвали ММД;
Истифодаи бозиҳои нақшӣ;
Истифодаи энерҷайзерҳо;
Методи тадқиқотӣ дар таълим;
Технологияи таълимӣ-проблемавӣ.

Роҳҳои зикршуда ҷиҳати сайқал додани маҳорати касбии омӯзгор хеле муҳим мебошанд. Маҳз ба воситаҳои зерин донишу маҳорати педагогии омӯзгор устувор мегардад. Ҳар яки ин тарзҳо хусусиятҳои хосси худро доранд.
Мисол: Саволдиҳӣ муҳимтарин воситаи санҷиш ва муайян кардани дониши хонандагон (чиро дар кадом сатҳ медонанд), мустаҳкам ва амиқ кардани сатҳи он (такрор кардани нуқтаҳои асосӣ), восита ва ангезаи инкишофи фикрронӣ (андеша ва омода кардани ҷавоб ба савол) ва роҳи пурсамари ба вуҷуд овардани робитаи мутақобила (маводро то чӣ андоза фаҳмиданд) ба ҳисоб меравад.

Маҳорати саволдиҳӣ се малакаро талаб мекунад:
— Савол додан
— Ҳамаи ҷавобҳои пайдошударо гирифта тавонистан;
— Ба саволҳои хонандагон/шунавандагон ҷавоб додан.

Маъмулан, саволҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд, ба таври мисол:
Саволҳои мустақим: мустақиман ба як нафар (касе, ки бояд ҷавоб диҳад) равона карда мешавад: “Шабнам, шумо дар бораи истифодаи методҳо чӣ гуфта метавонед?”
Мақсад:
кушодани баҳс;
пурсидани шахсе, ки ҷавобро медонад;
берун рафтан аз ҳолате, ки ба ҳамаи саволҳо як нафар ҷавоб медиҳад;
эътироф кардани фаъолнокии сарвар (лидер);
ба баҳс ҷалб кардани шахсе, ки аз фаъолият канораҷӯйӣ мекунад.
Савол бояд:
кӯтоҳ бошад, шарҳ талаб накунад;
танҳо як фикрро дар бар гирад;
ба мавзуъ вобаста бошад;
ҷолиби диққат бошад;
бо забони фаҳмо дода шавад;
ба таъкиди нуқтаҳои муҳим ва ба хотир гирифтани онҳо равона шавад;
бо маводи пешина алоқаманд бошад;
фаҳмишу дониши хонанда ва фикри онҳоро инъикос карда тавонад;
ба хонанда барои фикрронӣ ва расидан ба мақсади мавзуи дарс ёрӣ диҳад;
омӯзгор дар баробари савол додан, ҷавоби онро низ дошта бошад;
омӯзгор шарму беҷуръатии хонандаро ҳангоми ҷавоб додан бартараф кунад;
ба хонанда барои пурра кардани ҷавобаш имкон диҳад;
агар саволи хонанда аз мавзуъ (мавод) берун бошад, ҷавобро бояд ба таъхир гузошт;
қоидаҳои робита ва муошират риоя шаванд.
Муайян намудани сатҳи донишазхудкунии хонандагон /шунавандагон оид ба маълумоти пешниҳодгардида лаҳзаи зарурии дарс мебошад, ки талабот ва хоҳиши хонандагонро муайян месозад.

«Робитаи мутақобила» аз калимаи англисии “Feedback” гирифта шудааст. Ба ақидаи мутахассисон барои ба даст овардани самараи хуб аз робитаи мутақобила қоидаҳои зеринро, ки аз таҷриба ба даст омадааст, риоя намудан лозим аст:
ба мақсад равона карда шавад;
бамаврид бошад;
бояд дар рафти таълим мунтазам ва аз рӯйи нақша гузаронида шавад.
барои ҷамъоварии фикру ақидаҳо, маълумот дар бораи ҳолати ҷараёни таълим (машғулият, хизматрасонӣ);
барои муайян намудани камбудиҳои машғулият хеле муфид аст.

Муносибати (робитаи) ғайринутқ
Бояд қайд кард, ки шавқу ҳавасмандии хонандагон чанде зиёд бошад, самаранокии омӯзиш ҳамон қадар афзунтар мегардад. Аз тарафи дигар онҳо бояд дилпур бошанд, ки аз омӯзгор дониш ва малакаҳои навро меомӯзанд. Мушкилоти омӯзгор дар он аст, ки ҳамкории ӯ бо гурӯҳи иштирокчиён на танҳо ба воситаи нутқ (сухан), инчунин бо истифодаи воситаҳои ғайринутқӣ амалӣ мегардад.
Воситаҳои ғайринутқӣ аз ҷузъҳои зерин иборат мебошанд:
Қиёфа ва намуди зоҳирӣ
Тарзи рафтор
Тарзи нигоҳ
Имову ишора
Қомат, тарзи истодан
Ҳаракати дастҳо ва пойҳо
Масофаи байни мусоҳибон

Аз ин бармеояд, ки мо бояд мавриди гузаронидани дарс ба дуруст истифода намудани воситаҳои ғайринутқӣ аҳаммияти махсус диҳем. Аломатҳо (сигналҳо)-и ғайринутқие, ки омӯзгор ба хонандагон мефиристад, таъсири калон, вале ноаёнро дорад. Агар мо ҳамчун омӯзгор маънои ҳар як имову ишора, таъсири тарҳи рӯй, тарзи нигоҳ, қиёфаамон ва ҳаракати дасту пойро хуб донему моҳирона истифода барем, метавонем ба хонандагон таъсири мусбат расонида, самаранокии ҳамкориамонро бо онҳо афзун гардонем.
Аз тарафи дигар, хуб донистани маънои воситаҳои ғайринутқӣ ба мо имкон медиҳад, ки хонандагонро хубтар фаҳмем.
Тарзи рафтори шумо бояд чунин бошад:
• Хайрхоҳона;
• Самимӣ, кушодадил;
• Обрӯмандона, боэътимод;
• Дилпурона.
Яке аз усулҳои одитарин ва самараноки намоиши муносибатҳои хайрхоҳона ва самимӣ ин табассуми шумо мебошад. Табассуматон бояд табиӣ ва ором бошад. Хонандагон табассуми ғайритабиӣ ва асабиёнаи омӯзгорро мефаҳманд ва ин сабабгори рафтори нооромонаи онҳо мегардад. Дар навбати худ, мувофиқи қонуниятҳои робитаи мутақобила, рафтори нооромонаи хонандагон метавонад ба шумо таъсири манфии худро расонад. [13.88-91]
Бозии нақшӣ яке аз усулҳое мебошад, ки барои инкишофи малакаҳои муошират ва робитаҳои байнифардӣ ёрӣ мерасонад, дарсро ба воқеият наздик сохта, шавқовар ва хотирмон будани онро таъмин месозад. Хонандагон ҳолати «воқеӣ»-ро тибқи нақшҳои қаблан муайяншуда “иҷро” мекунанд.
Бозии нақшӣ имкони иҷро кардани амалҳои наверо медиҳад, ки дар фаъолияти минбаъда истифода шуданашон мумкин аст.
Хусусиятҳои зерин ба бозии нақшӣ хос аст:
1. Бозии нақшӣ ҳангоми таҳияи нақшаи дарс бо зикри миқдори иштирокчиён, нақшҳо ва вақти ҷудошуда сабт мегардад;
-барои ҳар як кас дастури фаъолият омода карда мешавад.
2. Пеш аз гузаронидани бозии нақшӣ муҳим аст, ба мушоҳидон таъкид кард, ки ба кадом нуктаҳо диққат диҳанд ва ҳангоми муҳокима фикрҳои худро тибқи он баён кунанд. Барои мушоҳидон (экспертҳо) омода кардани саволнома самараи дарсро афзун месозад.
3. “Саҳна” ё муҳити иҷрои нақш бояд тарҳи умумии ҳолати воқеиро дошта бошад.
4. Бозии нақшӣ бо мақсади таҳлили минбаъда метавонад, дар видео сабт шавад.
5. Агар иҷрои нақш бо эҷодкорӣ вобаста бошад, омӯзгор метавонад ба охир расонидани нақшро ба ихтиёри «бозингарон» гузорад (то расидан ба мақсад).
6. Омӯзгор бояд боварӣ ҳосил кунад, ки ҳар як хонанда вазифаи худро ҳангоми иҷрои нақш дуруст фаҳмидааст.
барои бозии нақшӣ маъмулан аз 3 то 10 дақиқа (вобаста ба мураккабии нақш) вақт ҷудо карда мешавад;
дар бозии нақшӣ одатан аз 2 то 6 нафар иштирок мекунанд;
дар бозии нақшӣ фақат як супориш иҷро ва як малакаю маҳорат бояд инкишоф дода шавад;
хонандагон бояд дорои маълумоти зарурӣ бошанд;
беҳтар аст, ки супориш аз рӯйи нақшҳо дар коғаз навишта шавад;
бозии нақшӣ бояд баррасӣ ва ҷамъбаст шавад.

Энерҷайзер — машқ
«Энерҷайзер» (машқ, машқҳои равонӣ-психо — гимнастикӣ) бахши ҷолибу фаъоли усулҳои интерактивӣ буда, аз машқҳои кӯтоҳмуддате иборат аст, ки ба ҳар як хонанда имкони нишон додани фаъолияти зеҳниву ҷисмонӣ ва қобилияти ҳамбастагӣ бо гурӯҳро фароҳам меорад.
Маъмулан энерҷайзер барои дигар кардани ҳолати руҳиву ҷисмонии хонандагон истифода мегардад.
«Мо на ба сабаби пирӣ бозиро тарк мекунем, балки барои он пир мешавем, ки бозиро тарк мекунем», — гуфтааст Бернард Шоу.
1. Машқҳо метавонанд, вербалӣ ва ғайривербалӣ (бесухан), хаттӣ ва шифоҳӣ бошанд, дар гурӯҳҳои 2-3 нафарӣ ва ё бо тамоми гурӯҳ баргузор шаванд.
Хонандагон метавонанд барои машқи хотир ё диққат, ҳушёрию зиракӣ, мушоҳидакорӣ ва чолокӣ аз онҳо истифода баранд.
2. Ҳадафҳои машқ: ҳолати гурӯҳро тағйир медиҳад ва қобилияти кориро афзун мекунад (бедор ва фаъол кардани гурӯҳ);
▪ ҳолати ҳар як хонандаро тағйир медиҳад, ки худро озод ҳис кунад ва фаъол бошад;
▪ ҳолати 2-3 нафар шахси инҷиқро дигар мекунад ва пеши муноқишаву зиддиятро мегирад;
▪ ба шиносоии гурӯҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди кори гурӯҳӣ кумак менамояд.
3. Омӯзгор тартиби иҷрои энерҷайзерро мухтасар шарҳ медиҳад, назорат ва идора мекунад. Ӯ метавонад дар энерҷайзер иштирок намояд, ташаббус нишон диҳад ва дигаронро ҷалб кунад.
барои энерҷайзер маъмулан 5-10 дақиқа вақт ҷудо карда мешавад;
бо иштироки 3-10 нафар хонанда баргузор кардани энерҷайзер хубтар аст;
энерҷайзер новобаста аз мавзуъ доир мешавад ва саволи “Ин ба мо чӣ лозим?” аз ҷониби хонандагон ба миён намеояд;
ҳайати гурӯҳро (ҷинс, синну сол, шартҳои бозӣ, ҳолати ҷисмонӣ) ба назар гирифтан лозим аст;
дастури энерҷайзер бояд равшан, фаҳмо ва маълумоти кофӣ дошта бошад;
вақти муайяни кофӣ барои иҷрои энерҷайзер ҷудо шавад;
тартиби иҷрои энерҷайзер бояд назорат ва раҳнамоӣ шавад;
интихоби энерҷайзер ҳангоми банақшагирии дарс;
муайян кардани мақсади энерҷайзер;
ба гурӯҳ пешниҳод кардани қоида ё дастури машқ/энерҷайзер;
тартиби пешниҳоди дастур аз тарафи омӯзгор бояд риоя шавад;
дар марҳилаҳои гуногуни дарс истифода бурдан мумкин аст;
робитаи хеле фаъол байни хонандагон;
имконияти мушоҳида ва омӯзиши гурӯҳ мавҷуд аст;
дар хонандагони шармгин ҷасорат ва боварӣ пайдо мешавад;
ҳама ба фаъолият фаро гирифта мешаванд;
руҳияи солими мусобиқа вуҷуд дорад;
вақти зиёд сарф намешавад;
муттаҳидӣ ва муҳити боварибахш ба миён меорад;
самаранокии дарсро таъмин месозад;
якрангӣ ва ҳолати хобоварандаро аз байн мебарад.
Хулоса, ҳангоми таълим омӯзгоронро зарур аст, ки аз пешравиҳои технологияи муосири педагогӣ бохабар бошанд ва онҳоро ба хонандагон фаҳмонида тавонанд, ин барои баланд бардоштани самараи кори омӯзгорон ва сифати таълим таъсири амиқ мерасонад ва сифати таълим дар муассисаҳо хуб ба роҳ монда мешавад.
Рушди фикрронии хонандагон раванди бошууронаи такмилдиҳии дониш, малакаю маҳорат буда, имконият медиҳад, ки хонандагон объекти омӯзишшавандаро чун тадқиқот тасаввур карда тавонанд.
Ин усулҳо яке аз усулҳои кашфиётӣ-тадқиқотӣ ва ташаккули тасаввуроти эҷодӣ буда, дар беҳтар кардани таъмини сифати таҳсилот ва дар назар доштани ақидаҳои нав мувофиқи мақсад мебошад.

Адабиёт:
1) Асосҳои назариявии усулҳои фаъоли таълим ва омӯзиш (ITLM)/
2) Абдуллоев И. Мавқеи бозиҳои таълимӣ дар дарсҳои забони модарӣ, соли 2008.
3) Атутов П.Р. Технология и современное образование // Педагогика. 1996.-№ 2. С. 11-14.
4) Афанасьева И.В. Особенности педагогической технологии управления самостоятельной работой учащихся в техническом лицее: Автореф. дисс. канд. пед. наук. М., 1999. — 43 с.
5) Брушлинский А.В. Психология мышления и проблемное обучение.- М.: «Знание», 1983.-96с.
6) Беспалько В.П. Педагогика и прогрессивные технологии обучения. -М., 1995.
7) Добряков В.М. Дидактические условия подготовки учащихся средних учебных заведений к применению информационных технологий: Диссерт. канд. пед. наук. Волгоград, 1991. — 160 с.
8) Педагогикаи умумӣ ва касбӣ. Шарифзода Ф., Миралиев А.М. Педагогикаи умумӣ ва касбӣ. Зери назари академик М. Лутфуллоев. Душанбе: Ирфон, 2012,-562с.
9) Педагогикаи касбӣ (дастури таълимӣ). Томас Люкс, ш. Душанбе 2008с.
10) Лутфуллоев М. Дарс. Душанбе, 1995.
11) Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. Душанбе, “Маориф ва фарҳанг”, 2010. 432 саҳ.
12) Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилал (USAID), Академияи рушди таҳсилот (AED), Лоиҳа оид ба такмили маълумот, дониш ва иштироки ҷомеа (PEAKS)
13) Таълими ҳамгиро: проблема, ҷустуҷӯ ва мулоҳизаронӣ. Қ.2. Душанбе, 2000,- 12ҷ.ч.
14) Эҳёи педагогикаи Аҷам. ш.Душанбе, «Маориф», 1997, -4 ҷ.ч.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *